Навидҳои рӯз
- Чоршанбе, 22 Май 2024
ДУШМАН АЗ НАЗАРИ ҚУРЪОН ВА ҚОНУН
ҚАЛАНДАРИЁН Ҳоким Сафар
ДУШМАН АЗ НАЗАРИ ҚУРЪОН ВА ҚОНУН
Шоири маҳбуби мо Салими Хатлонӣ байте дорад ватандӯстона:
Зи пои адӯ пок бояд Ватан,
Адӯро сар аз тан бояд задан.
Сарчашмаи ин андеша дар таърихи фарҳанги мо, албатта, решаи пештар дорад. Бигирем, барои мисол, як байти хеле машҳури Фирдавсиро:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Ҳамон беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Дар ин навиштор ба таври хеле фишурда дар бораи душман ва мафҳуми он аз назари Қуръон ва аз нигоҳи Қонун изҳори назар менамоем.
Муҳим будани ин мавзуъву мубрам будани ин масъаларо ба чанд далел шарҳ медиҳем:
Аввалан, ба таъкиди Пешвои муаззами миллат 99 фоизи сокинони кишвар эътиқодманди дини мубини ислом ҳастанд ва мусулмонони ватандӯсту муъминони меҳанпараст ба арзишҳои миллӣ ҳам аз равзанаи суннатҳои инсонгароёна ва арзишҳои созандаи эътиқодӣ назар меафкананд.
Дуюм, суханронии таърихии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони дин барои соҳибватанон ин гиреҳро кушоданд, ки дарки мо аз ислом ниҳоят сатҳӣ ва фаҳми мо аз Қуръон ба андозае кунд аст, ки аз нодонӣ онро силоҳе ба дасти мутаассибони худхоҳу муллоҳои худпараст додем ва ба он васила мардумро дар дасти худ бозича қарор доданд ва дар фурсатҳои лозима ин шуъбадабозон ба ғарази шахсии худ ва нафъи муштариёни чи дохиливу чи хориҷии худ аз он истифода менамуданд.
Сеюм, Сарвари мамлакат огоҳона ва дурандешона дар ин Суханронии худ чанд ояту ҳадисро ёдовар шуданд ва бо ин амалашон мусулмононро муътақид сохта буданд, ки Қуръони шариф ду чеҳра дорад: чеҳрае, ки муллоёну мазҳабиён ба хотири амалӣ сохтани андешаи шахсиву муғризонааш ошкор месозанду ҷудоиандозӣ пеша месозанд ва чеҳрае, ки аҳли фаҳму дарку биниш барои пеш бурдани ҷомеа онро ҳувайдо месозанду даъват ба ваҳдату иттиҳод мекунанд.
Агар савол шавад, ки чаро ба ин мавзуъ таваҷҷуҳатонро ҷалб намудем ва дар тарбияи ватандӯстӣ чӣ нақше дошта метавонад, боз ду масъалаи дигарро низ бояд аз мадди назарамон дур насозем:
Якум, ватандӯстӣ дастрастарин навъи диндорӣ аст, ва
Дувум, се душмани оштинопазири ватандӯстиро бояд ҷудо кард ва шинохт: нодонӣ, худхоҳӣ ва хиёнат.
Пас, бо қабули андешаи мусулмонии 100 фоизаи мардуми тоҷик ва омехтагии таърихии фарҳанги милливу мазҳабӣ мавзуъҳои тарбиявию ахлоқиро ҳамеша бояд аз ин ду зовия баррасӣ карду хулосаи мантиқӣ баровард.
Вақте ки мо дар бораи ин сухан мекунем, ки душмани инсон ва инсоният кӣ аст, пас, пештар аз ин бояд фаҳмид, ки инсон кӣ аст ва инсони комил чӣ тоифаест?!
Аз назари қонуни дунявият басанда аст, то сухани А.П.Чеховро ба ёд биёварем. Яъне: «В человеке всё должно быть прекрасно: и лицо, и одежда и душа, и мысли…». Яъне, инсон бояд чеҳраи зебои инсонӣ дошта бошад, либоси тозаву озода, рӯҳи болида ва андешаву афкори нафърасону фоидаовар ва дар тобеияти ин хел инсон ҷомеа камол меёбаду инсоният комил мегардад.
Дар Қуръони шариф ҳам мартаба дода шудааст ба соҳибони имону толибони илм: «Худо ононеро, ки аз миёни шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд кунад» (Сураи Муҷодала, ояи 17).
Пас, чун сурату сират, зоҳиру ботини инсони асилро кашф кардем, муҳим аст, ки мухолифони инсонро ҳам шинохт, то дар қайду доми онҳо наафтем.
Дар Қуръон панҷ навъи душман муаррифӣ шудааст:
1.Шайтон - душмани имони инсон аст. «Шайтон душмани шумо аст, пас ӯро душман бидонед» (Фотир, 6).
Шайтон кист? Нофармону саркаш дар олами осмонӣ ва дурӯяву кинавару бадандеш дар олами инсонӣ. Он аст, ки дар майдони ваҳдат дугӯиву дуҷӯӣ мекунад. Хатарноктарин афрод дурӯяҳо ҳастанд ва дар нозуктарин фурсат корд аз пушт мезананд. Ба ин нафарҳо набояд дар ягон вазъияту дар ягон маврид эътимод баст ва онҳоро душман шинохт, душмани ашаддӣ. Пардаи инсонӣ дар чеҳраи асили шайтонии онҳо кашида шудааст, шинохтанашон ниҳоят мушкил аст. Аммо барои амнияти миллат онҳоро бояд ошкор сохту аз майдони истиқлол решакан кард.
2.Мушрикон - душмантарини душманон. «Ба таври мусаллам мушриконро душмантарин мардум нисбат ба муъминон хоҳӣ ёфт» (Моида, 82).
Дар дунёи динӣ инҳо ҷоҳилону гумроҳонанд, ки барои Худо ҳам шарик мекобанд ва дар дунёи воқеӣ шубҳаафканону фитнаангезон, ки дар дили мардум нисбат ба ҳақиқат шубҳа меафкананд ва манбаи ошӯбу шӯру шаранд. Ин тоифаи фитнагарону фитнаамалону фитназоон маҳкум ба ҷазои сазоворанд. Ва ҳатто оятест дар бораи онҳо, ки «фитна ангехтан аз куштор бадтар аст».
3.Мунофиқон. Дар ислом инҳо нафароне ҳастанд, ки ҳарчанд мусулмонанд, аммо дорои бемории қалбианд ва нисбат ба аҳком ва шариат шакку тардид доранд. «Дар дилҳои онҳо як навъи беморӣ аст…» (Бақара, 10).
Дар корҳои динӣ инҳо ҳарчанд мегӯянд, ки имон овардаем, аммо дурӯғ мегӯянд ва дар корҳои дунявӣ одамонеанд мисли мушрикин дурӯя. Инҳоро дар сиёсати амнияти имрӯза рақибони пасипардагӣ меноманд. Ҳамеша интизори фурсати муносиб барои амалӣ сохтани амалҳои нопокаш ҳастанд.
4.Кофирон. Инҳо аз назари имонӣ монеа дар баробари ҳаракати тавҳидии мусулмонон ва аз нигоҳи илмӣ хурофотиёнеанд дар муқобили ҷараёни донишҳои замонавӣ.
Ҳар кӣ дар доми хурофотиён ғалтид, соҳиби дарду осебу зиён гардид. Инҳо гумроҳону нодононе ҳастанд, ки озорҳову офатҳои ҷон аз онҳо хезанд. Саноӣ беҳуда нагуфта буд:
Дӯстият мабод бо нодон,
Ки бувад дӯсти-ш офати ҷон.
Носири Хусрав тамоми умр аз онҳо озори ҷон диду теғи қалам бар чеҳраи дурӯғини онҳо кашид:
Аз ӯ машнав суханҳои хурофот,
К-аз он ояд туро дар охир офот, -
гуфта буд Носири Хусрав. Яъне, касе, ки ба суханҳои онҳо эътимод овард, худро соҳиби давлати офат кард.
Ҷомии ширинкалом мегӯяд, ки дари забонатро аз гуфтани суханҳои хурофотӣ бубанду дар равзанаи гӯшат аз шунидани каломи хурофотиёни оварандазиён пунба зан, зеро дар акси ҳол оқибат мубталои мамлакати офат мегардӣ:
Забон дарбанд дигар з-ин хурофот,
Биҷунб аз ҷо, ки «фиттаъхир офот».
Мубориза бар зидди инҳо аз он ҷиҳат мушкил аст, ки хурофотиён беш аз 1500-2000 сол тори анкабути андешаашро дар тамоми дунё, махсусан дунёи мусулмонӣ танидаанд ва чунон офияткуш шудаанд, ки мусулмонони мутаассиб ҷуз парастиши сеҳрвориҳои онҳо дигар ҷӯёи сарчашмаи офиятхоҳ нестанд.
Хурофотиён душмани рушд ҳастанд. Рушд се маъно дорад: тараққӣ, роҳи рост ва ҳушёриву зиракӣ. Тамоми сиёсати инсонгароёнаву маърифатҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат дар гирди ин се истилоҳ - инкишофу тараққӣ, роҳи росту дурусти зиндагӣ ва аз даст надодани ҳушёриву зиракӣ чарх мезанад. Пас, хурофотпарастон зидди ҳамин сиёсат ҳастанд ва ба душмани дирӯзу имрӯзу фардои миллату давлат будани онҳо шакку тардиде намемонад.
Ҳар як оёти қуръонӣ эълони ҷанг аст ба муқобили зиндагии мутаассибонаву хурофотонаи асри шаши мардуми араб: ҷанг зидди хурофот, ҷанг зидди беахлоқӣ, ҷанг зидди нобаробарии иҷтимоӣ, ҷанг зидди нобаробарии ҷинсӣ, ҷанг зидди беадолатӣ, аммо агар мо барои ҳалли мушкилоти ҳаёти имрӯза бо кушодани равзанаи асри ҷоҳилият ба хонаи ҳастӣ қаноат варзем, боз ҳам ба нодонии худ тан медиҳем ва дар баробари хурофот таслим шудаем.
Ба як мисоли кучак қаноат меварзем. Шумо кадом муллову домуллову халифае дидаед, ки барои ҳалли иллати аҳле пешаш рафта бошеду вай ин оятро барои шумо гуфта бошад: «Ба Парвардигори субҳ паноҳ мегирам … аз бадии занони ҷодугари дар гиреҳҳо даманда; ва аз бадии ҳасуд, чун ҳасад барад» (Фалақ, 4-5). Ягон вақт дар ёдатон ҳаст, ки пеши муллое барои дилгармиву дилсардӣ, барои бахти забуну толеи вожгун рафтаеду ӯ гуфта бошад, ки ин коратон куфр асту беимонӣ, зеро Худованд мот гашт худ з-ин хурофот ва фармуда, ки «паноҳ мегирам аз бадии занони ҷодугари дар гиреҳҳо даманда». Неа, намегӯяд, ба ҳазор сол намегӯяд. Чаро? Зарбулмасали хуби халқӣ дорем: Иллат биравад, валек одат наравад. Одати ба фиреб соҳиби фоидаи муфт шудан лаззату ҳаловате дорад, ки дигар натавон аз он парҳез кард ва дигар барои ӯ бо меҳнат фоида гирифтан баробар аст ба хӯроки парҳезона хӯрдан.
5.Баъзе аз ҳамсарон ва фарзандон. «Эй муъминон, ба дурустӣ ки баъзе занонатон ва баъзе фарзандонатон шуморо душманонанд, пас, аз онҳо битарсед» (Тағобун, 14).
Аз як назар фикр мекунӣ, ки наход зан ва фарзанд душман мешудастанд, аз нигоҳи дигар, боз дилатро пур мегирӣ, ки «в семье не без урода», панҷ ангушт баробар нест, ҳар хонае бе бадафту хунукбашара намешавад. Аммо ин ҷо ҳикмате нуҳуфтааст. Тамоми бадбахтии мардуми мусулмон, махсусан миллати тоҷик дар ба никоҳ даровардани чанд зан ва аз ҳар зан таваллуд кардани чандин фарзанд оғоз меёбад. Бе тарбияи падар калон шудани фарзандон, тақсими нобаробари вақту амвол, риоя нашудани адолат, шурӯи ноилоҷиву беинсофӣ, оғози бадбиниву бадгумониву бадгӯӣ охируламр пунбаи кину адоват нисбат ба падар оташ мегирад, оташи ҷонсӯз. Падар як роҳ дорад: ба қамчини тарсафканӣ зану фарзандро дар чаҳорчӯбаи оёту аҳодис ва суннат нигоҳ медорад, аммо нигоҳдорӣ дер давом намекунад ва аз ин тоифаи зану фарзанд оқибат хусумату душмании сахт хезад, гули вафодории зан пажмурда ва дарахти муҳаббати фарзанд хурда мегардад. Инҳоро душманони дарунхонагӣ мегӯянд, заҳри кину интиқому қассосгириаш ниҳоят хатарзо аст, на танҳо барои як оила, балки барои кулли ҷомеа. Ба қавли Аҳмади Дониши бузургвор:
Кина ба ҳар сина, ки бинҳод рахт,
Дил шавадаш аз паи озор сахт.
Суханамро кӯтоҳ мекунам ва бо каломи Пешвои миллат ҷамъбаст менамоям, ки гуфтаанд: «Худованд бандаро ҳаст кардааст, ақл додааст, чашм додааст, обу хоку заминро дар ихтиёраш гузоштааст, ки зиндагӣ кун, аз ин дунё баҳра бар, ақлатро кор фармо, ба замона мутобиқ шав, пойбанди хурофот нашав, илм омӯз, касб омӯз, ҳунар омӯз ва зиндагиатро пеш бар».
Худованд ҳам дар Қуръон сурае дорад бо номи сураи Нос (Мардум) ва дар он мефармояд, ки «Ба Парвардигори мардум паноҳ мегирам,
ба Подшоҳи мардум,
ба Худои мардум,
аз бадии васвасакунандаи бозпасраванда,
он, ки дар синаҳои мардум васваса меафканад,
аз ҷинниён бошад ё аз мардум» (ояҳои 1-6).
Бешак, ба Худои мардум эътиқод дорем ва ба Пешвои мардум эътимод!
Муфассал ...
- Чоршанбе, 22 Май 2024
НАҚШУАРЗИШИ МАОРИФ БАРОИ ҶОМЕАИ ДУНЯВИИ ТОҶИКИСТОНИ МУОСИР ВА ОЯНДАИ ОН ДАР ҶАҲОН
Ҳақназар Имомназар – ходими илмии
шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёт ва
иқтисодиёти ИИГ АМИТ
НАҚШУАРЗИШИ МАОРИФ БАРОИ ҶОМЕАИ ДУНЯВИИ ТОҶИКИСТОНИ МУОСИР ВА ОЯНДАИ ОН ДАР ҶАҲОН
Дар оғоз, ба ибораи дақиқи нависандаи форсу тоҷик Унсурулмаолии Кайковус, “маориф чеҳраи ақл аст”, таваҷҷӯҳ мешавад, ки дар замони муосир, барои бақову рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ арзиши ба маротиб баландтар ҳам пайдо кардааст. Ин таъкид шаҳодат медиҳад, ки гузаштагони фарҳанги бостонии ин миллат, яке аз аввалинҳое буданд, ки зарурати айнӣ ва муҳимияти хоси маорифу таҳсилотро дар таърихи ҷаҳон, ташаккули ҳаёти башар ва бақои он нишон дода буданд.
Мафҳумҳои таълиму тарбия дар маънои "ташаккули шахсият, ки дониш, хислат, эътиқоду ҷаҳони ботинии ӯ "муҷасаммасозӣ", "офарида” мешавад, ки аз шаклҳои соддатарин, ба номи донишҳои “бумӣ”, (“indigenous knowledge”) оғоз ёфта, дар умум шарти бунёдии бақои башар аст.
Дар замонҳои қадим мактабҳои аввалин дар Байнаннаҳрайн, Бобулу Хитой, Рим, Византия ва сарзаминҳои дигар, барои низоми таълиму тарбия, маънавиёти ҷомеаҳои баъдӣ ва аз тариқи он таъмини пойдории ҷомеаҳо заминаи бунёдӣ гузоштанд.
Дар ҷаҳони ислом ду зинаи таҳсилот, сатҳи ибтидоӣ - мактабҳои динӣ ва сатҳи дуюми таҳсил дар назди масҷидҳо ба вуҷуд омаданд.
Умуман низоми таълимии шарқӣ ва исломӣ, марказҳои шабеҳи “университет”-ҳои кунунӣ, ки то авохири қарнҳои миёна рушди баланд дошта буд, ба поягузории таҳсилоти олӣ дар Аврупо низ таъсири назаррас расонданд.
Бо фаро расидани таҳаввулотҳои бузург дар ҳаёти башарият (қарни XIV-XVII), ба унвонҳои Ислоҳот, Эҳё ва Рӯшангарӣ, раванди таълимии то ин замон комилан динӣ буда, ба самти дунявият ва инсонмеҳварӣ (гуманизм) тағйир кард.
Алъон афзоиши платформаҳои таълимии интернетӣ раванди таълимро куллан тағйир дод, монеаъҳои ҷуғрофиро аз байн бурд ва дастрасӣ ба таҳсилоти босифатро умумӣ ва демократӣ кард. Дар замони мо, мафҳумҳои “синфи глобалӣ”, “маълумоти глобалӣ”, “таҳсилоти глобалӣ”, “Донишгоҳи байналмиллалии маълумоти глобалӣ” ба воқеияти замон табдил ёфтаанд.
Бояд зикр шавад, ки давлати Шӯравӣ ҳам, ҳокимияти худро дар Тоҷикистон, аз рушди маориф оғоз карда буд. Кумитаи инқилобии ҷумҳурӣ, дар аввалин маҷлиси худ (7.12.1924) оиди барқарор кардани ҷумҳурӣ ва соҳибмаърифат намудани аҳолиро, тариқи ташкили мактабҳои нави шуравӣ, яке аз вазифаҳои ба ҳам вобаста ва муҳимтарини ҳукумати нави Тоҷикистон эълон кард.
Дар тӯли танҳо 30 соли истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои эҳё ва мутобиқгардонии низоми маорифи кишвар ба воқеиятҳо ва ҷаҳони муосир корҳои бесобиқа анҷом дода шуданд. Аз ҷумла зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия, таҷдиди назар ва тасдиқ гардиданд. Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” (бори аввал соли 1993), таҳия шуда, ҳамчунон барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот ҳам қонунҳои алоҳидаи соҳавӣ таҳия гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дар назардошти вазъи воқеии кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон, ки неруҳои дохилӣ ва хориҷии дунболи манофеи мухталиф, онро ба вартаи нобудии воқеӣ ҳам расонда буданд, бо шуҷоат ва такя ба хиради миллати фарҳангӣ, фаъолияти худро аз роҳҳои берун овардани кишвар аз вазъи буҳрони шадид оғоз кард, ки эҳёи низоми маориф аз ҷумлаи иқдомҳои аввалиндараҷа буд.
Бо дарки зарурати мақоми маорифу илм, ҳамчун қудрат ва нуфузи кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2022, бори дигар, такроран қайд намуд, ки “мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.
Аз ҷониби дигар, бояд зикр шавад, ки дар низоми маориф масъалаҳои ҳалталаб ҳанӯз зиёд боқӣ мемонанд, ки аз диди мо, бештар аз фазои солҳои 90-уми Тоҷикистон, ба номи “солҳои пурташвишу номуайяниҳо” сарчашма мегиранд. Дар шароити дигаргуниҳои куллӣ, комилан хароб шудани арзишҳои мавҷуда, таълиму тарбия то ҳадде “нолозим ё дуввумдараҷа” шуд, фишорҳои иқтисодӣ мавқеи появии оиларо дар ин соҳа ба ҳошия бурд.
Аммо гаронтарин оқибат ин замон, аз ҷониби нерӯҳои мухталифаҳдофи дохиливу хориҷии зери таъсири сохторҳои гуногуни исломи сиёсӣ қарор гирифта, ташкил шудани тафриқаҳои маҳаллӣ, ҳизбӣ, ақидатӣ, гурӯҳӣ ва ғайра буд, ки дар натиҷа ба ҷанги бе оқибату харобиовари шаҳрвандӣ кашонда шуд. Нерӯҳои мухталиф ва мухолифи сохти нави давлатдории Тоҷикистон, ба унвони он “давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва бо низоми ҷаҳони мудерн ҳам комилан созгор, мушкилоту муқовимат эъҷод карда, истиқлолиятро ба таври худ “ тафсир ва истифода” карданӣ шуданд. Ин нерӯҳо, на танҳо мероси ғании маънавии миллат, дастовардҳои маориф ва илми муосирро “намедиданд”, балки қудрати дарки худи мафҳумҳои “замон”, “макон”ва “таҳаввулоти замони мудерн”-ро ҳам надоштанд. Онҳо дар баробари тамоми дастовардҳои илмии милливу умумибашарӣ, воқеиятҳои айнии замони мудерн, танҳо таълимотҳои 1400-солаи исломиро, ки дар тӯли ин замон, ба тафсироту таъбирҳо, “қироати гуногуни таълимотҳои бешумор” ҳам дучор шудаанд, муқобил гузоштанд.
Кишвари ба амри тақдир, пас аз ҳазор сол ба истиқлолият расидаро фақат дар ҳалқаи фарҳанги исломӣ, яъне ҷудо аз фарҳангҳои “бегона”, дунявӣ ва умумибашарӣ, танҳо дар шакли давлати исломӣ медиданду халос. Илова бар он, дар солҳои 90-ум, раванди бештар бар эҳсосот асосдоштаи ба номи “эҳёи дин” боиси аз байн бурда шудани тамоми чорчӯбҳои танзимкунандаи “фаъолитяҳои сиёсии динӣ”, ба хусус, ба сатҳи беҳудуд расонда шудани “озодии мутлақи ходимони динӣ”анҷом ёфт.
Ҳарчанд ходимони гуногунсатҳи динӣ зоҳиран худро ҷонибдори донишу омӯзиш нишон медиҳанд, аммо масъалаи асосӣ сари “навъи дониш” аст; таълимоти сирф динӣ, сирф дунявӣ ва ё омехтаи аз онҳо, ки ба таҳқиқотҳои дақиқтар ниёз дорад. Ба ибораи дигар, ҳар ду навъи дониш (динӣ ва дунявӣ) ба ҳам омезиш, ё муштаракоти хеле ночиз (методологӣ, равишӣ, манобеъ ва ғайра) доранд, ки таърихи он ҳам ба қарнҳои XVI-XVII, ба мафҳуми “низои илму дин”, дар Аврупо бармегардад, ки натиҷаи он ба расман ҷудо шудани ниҳодҳои динӣ аз давлатӣ, ба шумули низоми маориф анҷомид. Бояд гуфт, ки низои машҳур, воқеан ҳам ба манфиати ҳар ду тараф анҷом ёфт, зеро ҳар ду ҷониб ба мавқеву рисолати аслии худ баргаштанд, аз рақобату низои доимӣ ногузир ба муколама водор шуданд, ки хушбахтона то ҳадде дар идома ҳам мебошад.
Нуктаи ҳассостарин ва таззоди бузург дар байни ин ду навъи ҷаҳонбинӣ (илмӣ ва динӣ, ё санҷидашаванда ва таваҳумӣ) дар он аст, ки тамоми таълимотҳои исломӣ ба итоати иҷрои бечуну чарои таълимотҳои динӣ ва фароизи динӣ равона шуда, дунболи “дарёфти ҳақиқати маънавӣ” мебошанд. Донишҳои дунявӣ (илмӣ) дар пайи кашфи қонунҳои объективии табииӣ, ё ба ибораи дигар, дунболи кашфи ҳақиқати “моддӣ”, вале “дидашавандаву санҷидашаванда” мебошанд.
Яке аз мушаххасоти хоси ин муколамаи байни дин бо илм дар он аст, ки илм эътироф мекунад, ки ҳар гуна дастоварди илмӣ бетағйир, раднашаванда, ё мутлақ набуда, он дар рушд ва ҷараёни доимии ҷустуҷӯҳои нав ба нав қарор дорад. Аз ҷониби худ дин (ислом), таълимотҳои худро бетағйир, “мутлақ ва барои абад собит” нишон медиҳад ва дар масири “замони воқеии тағйирёбанда” ягон далелҳои илмиро пазируфтан намехоҳад. Ба назар мерасад, ки аксари мушкилоти ҷомеаҳои исломӣ маҳз дар набудани фазои озод барои андешаҳои ҷадид, таҷдиди назари фарзияҳо ва часпидан ба “догмаҳои худ” мебошад.
Ба назар мерасад, ки барои дар чавкоти мантиқии рисолат нигоҳ доштани муколамаи ҳар ду тарзи ҷаҳонбинӣ (динӣ ва дунявӣ), танҳо низоми мукаммал, ва сахт ба ҳам печидаи таълим бо тарбия ва маънавиёти баланд, бо таъкиди он дар доираи “моҳияти инсон”, дарки ҷаҳон чун “хонаи умумии башар”ва “маориф чеҳраи ақл аст”- ро гузоштан шарт аст.
Бояд таъкид шавад, ки дар ҳалли мушкилоти мураккабтарин, аз ҷумла бӯҳрони тамаддунҳои хусусияти ҷаҳонӣ ва ҳам миллӣ дошта, муколамаи тамаддунҳо ва ҷаҳонбиниҳо роҳи ягонаи муассиртарини эътироф шудааст, ки он фақат тавассути захираҳои иртиботии зеҳнии миллатҳо, яъне сатҳи маорифу маънавиёти ҷонибҳои муколама таъмин шуда метавонад.
Дастовардҳои илмии замони муосир ҳаёти моддӣ ва маънавии инсонро ба куллӣ дигаргун сохтааст. Вале вазифаи бунёдии маориф, ҳамчун муҳимтарин арзиш ва сармояи ҷомеаи инсонӣ ва тамаркузи он дар атрофи мафҳумҳои чун “ақл”, “фард” ва “шахсияти инсонӣ”, “тафаккури интиқодии омӯзандагон” ҳамоно боқӣ мемонад, ки барои Тоҷикистони ҷавони ҳанӯз дар замони гузариш қарор дошта, дорои арзиши фавқуллода мебошад.
Аз диди мо, агар рисолати маориф аз таъсироти таҳрифшудаи таассуботи динӣ, хурофоти фарогир амалан ҷудо нашавад, барои ҷомеа ва давлат дар ҷараёни ташаккули тарзи тафаккури созгор бо ҷаҳони ба ҳам вобастаи муосир, монеаҳои ҷиддитар ҳам пайддо шуда метавонанд.
Беҳуда нест, ки намояндагони мухталифи ислоҳгарону навандешони динӣ, ҳам беш аз пеш ба натиҷа мерасанд, ки бо чунин тарзи бардошти суннатии мухолифи воқеияту айнияти замон, ҷомеаҳои исломиро аз бознигарии тафаккуроти суннатӣ дар мавриди таҳаввулотҳову воқеиятҳои дигари ҷаҳони мудерн боз медорад ва ин таззод ба сатҳи муколамаи ҷонибҳо расида наметавонад. Намунаи возеҳи он дар ҷаҳони мудерн, бархурд бо зан (ҳамчун қисми баробари инсоният), манъи духтарон аз таҳсил ва занон аз кор дар режими кунунии хашини исломӣ (аморати толибонӣ)-и Афғонистони ҳамсоя, аст, ки пас аз чанд сол оқибатҳои гарони онро ҷомеаи ҷаҳонӣ мушоҳида хоҳад кард. Зеро зарбаи сахттарини он ба сатҳи огоҳӣ, маълумотнокӣ ва дониши фарзандон ва ояндаи худи Афғонистон ҳамчун давлат хоҳад расид, агар дар тарбияи насл нақши ивазнашавандаи занону модарони босавод маҳдуд ва беасар шавад.
Аз дидгоҳи мо, алҳол, низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба ду масъалаи амалии ҳалталаб, ки то ҳанӯз ҳам ба сатҳи қаноатбахш роҳи ҳал дарёфт накардаанд, бештар таваҷҷӯҳ намояд. Аввалаш то ҳадди имкон мутобиқ кардани он ба талаботи замони зуд тағйирёбанда ва стандартҳои таҳсилоти ҷаҳонӣ ва дуввум баланд бурдани нақши омузгор дар ҷомеа, тариқи баланд бардоштани сатҳи ҳаёти маънавӣ (мақоми омӯзгор) ва моддии ӯ (ҳақмузди сазовори меҳнат), ҳарчанд дар ин самт талошҳои зиёди давлат ҳам ба назар мерасанд.
Бо дар назардошти воқеиятҳои ҷомеаи тоҷикистонӣ, аз диди мо, дар низоми маорифи кишвар, масъалаи ворид кардани баъзе навовариҳои дигари ҷавобгӯ ба чолишҳои замон зарур мебошад. Низоми маорифи ҷаҳон дар маҷмӯъ, аксаран ба тайёр кардани кадрҳои кории барои талаботи бозори меҳнат самт дода шудааст, ки дар он қисми муҳими шахсият - тарбияи маънавии он ба худи донишомӯзон вогузошта шудааст. Ба хотири муҳимияти таъмини мувозинати амалӣ дар байни қисми таълим бо тарбия дар ҷомеаи хоси кишвари мо ва дар пояи он ҷорӣ кардани мазмунҳои нави вобаста ба маънавиёту ахлоқи инсон, дар такя ба муҳити иҷтимоӣ ва ахлоқи анъанавии шарқӣ, ба тариқи мисол (бо унвонҳои шартӣ), “Одамшиносӣ”, дар синфҳои поёнӣ ва ”Инсоншиносӣ”, “Инсон ва ҷомеа”, “Оила ва ҷамъият” ва ғайра дар синфҳои болотар, масъалаҳое мебошанд, ки ба омӯзиши дақиқтари коршиносони босалоҳияти соҳа ниёз доранд.
Шиддати таҳҳаввулотҳои босуръат ва дар пайи он таҳдидҳои нав ба нав, ки аксаран аз ҷониби абарқудратон эъҷод ва бештар ба кишварҳои осебпазиртар содир мегарданд, боиси пайдо шудани ҳаракатҳо, сохторҳову гурӯҳҳои гуногунманбаву мухталифманфиати ифротӣ дар ин кишварҳо мегарданд. Албатта таъсири онҳо дар ин ё он кишвар боз ҳам, ба сатҳи огоҳии ҷомеа, мақому мавқеи маориф, маънавиёт дар ин ё он ҷомеа вобастагии бевосита дорад.
Дар дунёи муосир, дар ҳавзаи тамадунии мухталиф, низомҳои гуногуни таълиму тарбия амал мекунанд, ки қазовати дурустии ин ё он равияи зикршуда мавзӯи тадқиқоти ҷудогона мебошад. Аммо ба ақидаи бисёре аз олимону коршиносон, тамоми масъалаҳои глобалӣ ва миллиро танҳо тавассути низоми мукаммали маориф, яъне тариқи истифодаи таҷрибаҳои беҳтарини низомҳои гуногун, дар таъмини ҳамбастагии таълим бо тарбия, ҳаллу фасл кардан имконпазир ва зарур аст.
Муфассал ...- Душанбе, 20 Май 2024
НЕКУШОЕВА ШАҲЛОРО БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАВЛУДАШОН ТАБРИК МЕКУНЕМ
Имрӯз зодрӯзи яке аз бонуи донишманду бомаърифат, муҳаққиқи борикбину хушзеҳн, пухтакору серталаб - номзади илмҳои филология Некушоева Шаҳло мебошад, ки дар баробари фаъолияти илмиашон вазифаи муовини директор оид ба илм ва таълими Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаровро ба ӯҳда доранд. Аз ин лиҳоз, аҳли кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандаров муаллима Некушоева Шаҳлоро ба ин санаи мубораки умрашон табрику таҳният гуфта, барояш тансиҳатӣ, умри бардавом, тани нерӯманд ва дар фаъолияти илмиашон комёбиҳои нав ба нав ва фатҳи қуллаҳои баландтаринро таманно доранд. Бигзор хуршеди толеашон партавафшон ва баҳори умрашон бехазон боқӣ монад ва муваффақияту сарбаландӣ ҳамеша ҳамроҳашон бошад.
Муфассал ...- Шанбе, 18 Май 2024
Сабоиева Ҷамиларо ба муносибати рӯзи мавлудашон табрик намуда, барояш тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоянд.
Кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ ходими илмии шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшон, Сабоиева Ҷамиларо ба муносибати рӯзи мавлудашон табрик намуда, барояш тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоянд. Бигзор ҳамеша тансиҳату хушрӯзгор бошанду баландтарин қуллаҳои илмро фатҳ намоянд.
МАВЛУД МУБОРАК!!!
Муфассал ...