wrapper

Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ аз шуъбаҳои зерин иборат аст:

  1. Шуъбаи забонҳои помирӣ (мудири шуъба   ходими илмӣ Чилла Назаршоева),
  2. Шуъбаи фолклор ва адабиёт (мудири шуъба  номзади илмҳои филология Абдулназар Абдулназаров),
  3. Шуъбаи таърих, этнография ва фарҳанг (мудири шуъба  номзади илмҳои таърих Аловиддин Шоинбеков),
  4. Шуъбаи тадқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ (мудири шуъба  номзади илмҳои иқтисодӣ Марзия Шоидарвозова).

Неруи илмии Институт

  ИИГ дорои неруи илмии лозимӣ дар соҳаи филология, таърих, этнография, археология ва иқтисодиёт мебошад. Теъдоди кормандони ИИГ ба 44 нафар мерасад, ки аз онҳо 32 нафар ходими илмӣ, аз он ҷумла 7 нафар доктори илм, 14 нафар номзади илм ва 12 нафар корманди беунвон мебошанд. Дар ИИГ 54 нафар  машғули таҳсиланд, ки аз онҳо 45  нафар дар бахши магистратура ва 9  нафар дар бахши PhD (докторӣ) мебошанд.