wrapper

  Шуъбаи тадқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар соли 1989 таъсис ёфтааст ва аввалин мудири ин шуъба  Хоналиев Назаралӣ таъин шудааст, ки дар илмӣ асоснок намудани тадқиқотҳои иқтисодии Бадахшон саҳми арзанда гузоштааст. Дар солҳои аввали таъсис ёфтани ин шуъба  корҳои илмиро се нафар корманди шуъба  пеш мебурданд.

Дар соли 1992 аз тарафи мудири шуъба Хоналиев Н. китобча таҳти унвони «Производственные силы ГБАО» таълиф ва аз чоп баромад.

Дар соли 1993 мудири шуъба  Муқбилшоев Мақсудшо таъин мегардад. Пас аз ду сол мудирии шуъба бар уҳдаи профессор Имомназаров Б. вогузор гардид. Дар ин давра миқдори кормандон ба панҷ нафар расид, ки аз ҷумла, вазифаи инженер-барномасоз низ таъсис меёбад. Ҳамзамон аввалин маротиба барномаи рушди иқтисодии ВМКБ аз тарафи ходими калони илмии шуъба  профессор Имомназаров Бекназар тартиб дода шуда, ба табъ мерасад. Аз соли 1998 вазифаи мудири шуъбаи тадқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ Ҷонмамадов Шермамад ба уҳда дошт. Аз соли 2000 ба ин вазифа Валимуҳаммадхон Валдош  таъин мегардад.

Дар давоми 30 соли фаъолияти шуъба теъдоди муайяни мутахассисони соҳа – номзадони илм тарбия ёфта, корҳои илмии мутаалиқ ба соҳа ба табъ расидаанд. Ба фонди корҳои илмии шуъба 5 монографияи илмӣ, беш аз 80 мақолаи илмӣ ва дастурҳои соҳавӣ ворид гардиданд. Аз зумраи ин корҳо монографияи Валимуҳаммадхон В. таҳти унвони «Роль сельского хозяйства в продовольствием обеспечении Памира», 2007 (Нақши хоҷагии қишлоқ дар таъмини маводи озуқа дар Помир) ба чоп расид.

Феълан дар шуъба таҳлил ва тадқиқи вазияти иқтисодӣ-иҷтимоии ВМКБ-ро 2 доктори илм, 4 номзади илм, 3 аспирант ва 2 докторант (PhD), 25 магистрант бар ӯҳда доранд. Самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар магистратура ҷиҳати муайян намудани ва омӯзиши потенсиали ноҳияҳои кӯҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ( дар мисоли ВМКБ) равона шудааст. Рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дар самти иқтисод ҷиҳати муайян намудани ҳалли мушкилоти иқтисодии минтақа равона карад шудаанд. Аз ҷумла корҳои илмии  «Пороговые значения экономической безопасности», «Пробки финансовых потоков кругооборота экономики», «Экономическая эффективность отраслевой

инвестиции», «Неформальная занятость в условиях свободных рыночных отношения», «Значение лизингом решения транспортной задачи потребительской инвестиции горных регионов Республики Таджикистан (на примере ГБАО)»-ро метавон номбар кард.                                          

Яке аз самтҳои афзалиятноки ояндаи корҳои илмӣ-тадқиқотии шуъба тадқиқот дар самти кишти сабзавот дар Помири шарқӣ ба шумор мервад. Дар баробари ин Номзади илмҳои иқтисодӣ         тадқиқот дар хусуси зиёд намудани минтақаи О. Сайфуллоева                     самарабахши заминҳои обёришавандаи гиёҳҳои шифобахш низ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, таҳлилҳои муайяне дар ин самт низ ба сомон расонида шудаанд.

Дар самти муайян намудани бузургии қиммати ададии сармоягузории соҳавӣ, таърихи ташаккул, рушди муносибатҳои иқтисодӣ дар солҳои 1925-2010 корҳои илмӣ тадқиқотии мутаададе ба итмом расонида шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки  модели иқтисодии минтиқаҳои куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мисоли ВМБК тартиб дода шавад.

Кормандони илмии шуъбаи тадқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ

 

Мудири шуъбаи тадқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ

номзади илмҳои иқтисод

Шоидарвозова М.

 

 

 

ходими пешбари шуъба, 

доктори илмҳои иқтисодӣ Х. Назаралӣ           

ходим илмии шуъба Ҷ. Сабоиева