Номзади илмҳои филология
Муовини директор оид ба илм ва таълими Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
20-майи соли 1972 дар шаҳри Хоруғ таваллуд ёфтааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи №7-и ба номи Ю. Гагарин (ҳоло ба номи Шоҷон Шонаврузов) гирифтааст. Соли 1993 ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев ба факултети филологияи тоҷик бахши шарқшиносӣ дохил шуда, соли 1998 онро бо ихтисоси шарқшинос хатм намудааст.
Фаъолияти педагогиаш аз соли 1998 ба ҳайси муаллимаи калони кафедраи шарқшиносии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев оғоз гашта, то соли 2013 дар ин вазифа идома ёфт.
Ҳамзамон фаъолияти илмиаш аз соли 2000-ум дар шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарӣ шуруъ шуда, дар соли 2010 дар Шурои диссертатсионии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдаки рисолаи номзадии худро таҳти унвони “Этнолингвистическое и сравнительное освещение предметно-бытовой лексики шугнано-рушанской группы памирских языков” дифоъ намуд.
Солҳои 2013 то 2019 ба ҳайси котиби илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров кору фаъолият намуда, ҳамзамон дар ҳамин давра вазифаи шуъбаи кадрҳои институти номбурда бар уҳдааш буд.
Аз соли 2014 то инҷониб дар магистратура ва докторантура (PhD)-и Институти илмҳои гуманитарии АМИТ аз фанҳои ихисосӣ дар бахшҳои филологияи тоҷик ва забони англисӣ дарс медиҳад.
Аз соли 2019 то кунун дар вазифаи муовини директори Институти илмҳои гуманитарии АМИТ кору фаъолият намуда, тайи ду соли охир дар мавзуи “Лингвокогнитивные аспекты концепта ДОМ в шугнано-рушанской группе памирских языков” таҳқиқоти илмиро пеш бурда истодаат.
Дар давоми фаъолияти илмӣ-педагогиаш таҳти роҳбариаш як нафар рисолаи номзадӣ, 4 нафар рисолаи магистрӣ дифо намуда, феълан ба се нафар докторанти (PhD)-и Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев роҳбарӣ карда истодааст.