wrapper

Доктори илмҳои филология

Директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

26-уми майи 1976 дар деҳаи Анбави ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа таваллуд ёфтааст. Соли 1993 мактаби миёнаи рақами 29-и деҳаи Анбави ноҳияи Роштқалъаро бо медали тилло хатм кардааст. Соли 1998 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоевро бо дипломи аъло хатм кардааст. Устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев  (1998-1999). Омўзиши барномаи забони англисӣ ва дониши компютерии Институти мутолиоти исмоилии Лондон дар шаҳри Хоруғ (1999-2000). Аспиранти Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ (2001-2004). Дараҷаи номзади илмҳои филологӣ (2005). Ёвари президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007-2008). Мудири шуъбаи таърихи адабиёти классикии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ (2008-2011). Ҳимояи рисолаи докторӣ (2014). Мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015-2016). Муовини директор оид ба илм ва таълими Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ (2016-2019). Директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ (2019 то ҳоло). Бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (2019), «Аълочии фарҳанг» (2021) ва медали «Хизмати шоиста» (2020) сарфароз шудааст.