wrapper

Таърихи

шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмҳои гуманитарии

ба номи академик Баҳодур Искандарови АМИТ

Пажўҳишгоҳи илмҳои инсоншиносӣ зодаи Истиқлол аст ва он дар заминаи шуъбаи помиршиносӣ ташкил шуда буд. Шуъбаи помиршиносӣ гуфта, бахши забонҳои помирии Институти забон ва адабиёт ба номи Рўдакии АФ РСС Тоҷикистон дар назар дошта мешавад, ки соли 1967 ташкил шуда буд. Таҳқиқи масъалаҳои забон ва фолклори Бадахшон дар базаи сектори фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ анҷом мешуд, вале бо таъсиси шуъбаи помиршиносӣ ин масъала куллан ба масъулияти шуъбаи мазкур табдил ёфт. Соли 1989, бо қарори Президиуми Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон шуъба ба маркази ВМКБ – шаҳри Хоруғ интиқол ёфт ва 9-уми сентяри соли 1991, дар асоси Қарори Раёсати АИ ҶТ дар заминаи он Пажўҳишгоҳи илмҳои инсонии АИ ҶТ таъсис дода шуд. Соли 1991 шуъбаи помиршиносӣ ба ду шуъба: забонҳои помирӣ ва адабиёту фолклори Бадахшон табдил ёфт. Аз 1 июли соли 1993 шуъбаи забонҳои помирӣ бо шуъбаи адабиёт ва фолклори Бадахшон ҳамроҳ гардида, шуъбаи филологияи Помир таъсис ёфт ва мудирияти онро номзади илмҳои филология, ходими калони илмӣ Нисормамад Шакармамадов ба уҳда гирифт.

Вобаста ба талаботи таҳқиқи масоили мухталиф ва васеъ гардидани ҳаҷми масъалаҳои таҳқиқшаванда, Раёсати ИИГ АИ ҶТ соли 1999 шуъбаи филологияи Помир ба ду бахш – фолклор ва адабиёти Бадахшон ва забонҳои помирӣ ҷудо шуд, ки мудири шуъбаи он номзади илмҳои филологӣ Варқа Охониёзов таъин гардид, ки то соли 2003 дар ин вазифа адои хизмат намуд. Аз соли 2003 то соли 2007 вазифаи мудириро боз доктори илмҳои филология Н.Шакармамадов ба уҳда дошт. Аз соли 2010 то соли 2014 вазифаи мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшонро номзади илмҳои филологӣ Л.Давлатбеков иҷро кардааст. Аз соли 2014 то 2016 номзади илми филологӣ Ризвоншоева Гулнисо ва аз соли 2016 то соли 2020 мудирияти шуъбаро ходими калони илмии шуъба Қурбонхонова Нуриҷаҳон ба зимма доштанд. Аз аввали соли 2020 то соли 2022 вазифаи мудири шуъбаи фолклор ва адабиётро доктори илми филология Абдулназаров Абдулназар ва аз соли 2022 то кунун номзади илмҳои филологӣ Қурбонхонова Нуриҷаҳон адо намуда истодааст.

 

Дастовардҳои шуъбаи фолклор ва адабиёти ИИГ АМИТ

Омўзиши фолклори Бадахшон аз нимаи дуюми асри XIX оғоз гардидааст ва аз ҷумлаи нахустин муҳаққиқони фарҳанги мардумии Бадахшон сайёҳи англис Р.Б. Шоу маҳсуб мешавад. Ў солҳои 1876–1877 намунаи афсонаҳои мардуми Шуғнону Вахон ва Сариқулро ҷамъоварӣ ва нашр намудааст. Вале ҷамъоварӣ, таҳқиқи ҷиддӣ ва вусъатноки фарҳангу адаби ин сарзамин аз ибтидои қарни XX дар замони пойдоршавии Ҳукумати Шўравӣ сурат гирифтааст. Соли 1924 муҳаққиқи рус И.И. Зарубин аз мардуми деҳаи Сипонҷи ноҳияи Рўшон 41 суруди «Лалаик» («Алла») – ро ҷамъоварӣ намуда ба чоп расонид, ки қисмати сурудҳои бо забонҳои маҳаллии рўшонӣ ва шуғнонӣ гуфташудаи ин намунаҳо соли 1937 низ нашр гардида буданд. Олими мазкур инчунин, зимни таҳлили хусусиятҳои яке аз шеваҳои гурўҳи забонҳои шуғнонӣ-рўшонӣ - шеваи рошорвӣ 6 матни афсона ва дар солҳои 1960 ду матни афсонаро чоп намудааст. 

Мардумшинос М.С. Андреев соли 1927 афсонаеро бо номи «Шоҳдухтари морон», ки мазмун ва сюжети он барои бисёр халқҳо маълум аст, ба чоп расонд. М.С. Андреев онро аз забони яке аз сокинони водии Хуф навишта гирифтааст. Дар ибтидои солҳои 30 - юм эроншиноси немис Ленц Вольф Ганг афсонае дар бораи Баҳром ва олими Швеция Шелд Ханнес чор афсона ва се суруди маҳаллиро чоп кардаанд.

         Муҳаққиқ В.С. Соколова дар китобҳои «Рушанские и Хуфские тексты и словарь» ва «Бартангские тексты и словарь» дар баробари пажўҳиши хусусиятҳои забонии мардумони ин мавзеъҳо инчунин, дар ҳаҷми 30 матн афсонаҳои гуногунмавзуъро дар шакли асл ва тарҷумаи русӣ нашр намудааст.

         Соли 1970 «Фолклори Вахон» ном мақолаи И.М. Стеблин-Каменский ба табъ мерасад, ки қисми аввали он маълумот дар бораи мавқеи ҷуғрофии водии Вахон, дараҷаи омўзиши ҳаёти моддӣ ва маънавии сокинони он, маълумот дар бораи жанру намудҳои асосии фолклори мардум, нашру табъ ва хусусиятҳои дузабонии онҳоро фаро гирифта буд. Тибқи шаҳодати мазмуни мақола, Стеблин-Каменский аз байни сокинони Вахон 52 матни афсонаро навишта гирифтааст.

Бо ибтикори помиршиносон А.Л. Грюнберг ва И.М. Стеблин- Каменский соли 1976 китоби «Сказки народов Памира» ба чоп расид. Дар ин маҷмўа матни 80 афсона ба забони русӣ дарҷ гардидааст. Соли 1990 бошад, маҷмўаи «Сказки и легенды горных таджиков» дар силсилаи китобҳои «Сказки и мифы народов Востока» ба табъ расид, ки дар он 59 афсона, 26 ривоят ва 10 латифа гирд оварда шудаанд.

         Аз солҳои 60 - уми асри XX бо саъйи ходимони Инсититути забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ РСС Тоҷикистон ҷустуҷў ва ҷамъоварии осори шифоҳии мардум вусъат меёбад ва дар ин замина ба Кўҳистони Бадахшон экспедитсияҳои фолклорӣ фиристода мешаванд. Дар тўли панҷ соли экспедитсия бо кўшиши фолклоршинос Нисор Шакармамадов соли 1965 маҷмўаи «Рубоиёт ва сурудҳои Бадахшон» ба табъ расонда шуд, ки дар он 274 рубоиву дубайтӣ ва 30 суруд гирд оварда шудаанд. Номбурда соли 1975 китоби «Назми халқии Бадахшон»-ро ба нашр расонд, ки дар он роҷеъ ба хусусиятҳои умдаи назми шифоҳии Бадахшон, қолабҳои шеърии он, мавзуъ, мундариҷа ва ҷиҳатҳои ғоявию бадеӣ ва эстетикии ин назм баҳс карда мешавад.

Ахбороти Н.Шакармамадов аз хусуси феҳрасти илмии рубоиёт (аз чап ба рост: Мардон Неъматов, Тоҷигул Исроилова, Раҷаб Амонов, Баҳром Шермуҳаммадов ва Фаруха Зеҳниева). Соли 1965.

Дар ҳар ду соҳили дарёи Панҷи Бадахшон аз асрҳои миёна адабиёти бойи хаттӣ ба забони дарии тоҷикӣ дар шакли дастхатҳо ва мусаввадаҳо боқӣ мондааст. Агарчӣ дар солҳои Ҳокимияти Советӣ дар қисмати рости ҳавзаи дарёи Панҷ тавассути фаъолияти илмии Болдирев А.Н. аз аввалҳои солҳои 40 уми асри XX омўзиши адабиёти хаттӣ оғоз гардида бошад ҳам, таҳқиқоти мукаммал дар ин соҳа ҳанўз ба итмом нарасидааст. Аз охири солҳои 50 ва ибтидои солҳои 60-уми асри сипаригашта, бо ибтикори АИ РСС Тоҷикистон, ҷамъоварӣ ва омўзиши адабиёти хаттии Бадахшони аз ҳар ду соҳил қувват гирифт ва дар ин самт саҳми адабиётшинос Амирбек Ҳабибов хеле назаррас буд. Дар баробари мақолаҳои ҷудогона, олими мазкур тадқиқоти илмиашро дар шакли китобҳои алоҳидаи «Аз таърихи адабиёти тоҷик дар Бадахшон» (Душанбе: 1971), «Чанд шоири номаълуми Бадахшон» (Душанбе: 1989) ва «Аз таърихи равобити адабии Бадахшон бо Ҳиндустон» (Душанбе: 1993) ба чоп расонид, ки дар онҳо бисёре аз масъалаҳои марбут ба адабиёти форсӣ-тоҷикии Бадахшон нахустин маротиба мавриди пажўҳиш қарор гирифтанд. Дар мақолаву асарҳои А. Ҳабибов сухан аз хусуси густариши адабиёти форсу тоҷик аз асри XI то ибтидои асри XX ва ташаккулу таҳаввули он дар сайргоҳи таърих, доираҳои адабӣ ва намояндагони он дар қаламрави Бадахшон, шаклҳо ва анвои шеърӣ, равобити адабии шоирони ин минтақа бо доираҳои дигари адабӣ, алалхусус, бо доираҳои адабии Ҳиндустон меравад.

Дар дастрас намудани ҳолу аҳвол ва намунаҳои эҷоди шоирони Бадахшон хизмати Тилло Пўлодӣ низ калон буд. Ў китоберо бо номи «Шоирони халқии Бадахшон» (Душанбе: Шарқи Озод, нашри дуюм, 1999) таҳия ва чоп намуд, ки дар он доир ба аксари шоирони дар миёни мардум машҳури ин диёр маълумоти мухтасар бо намунаҳои шеъриашон дарҷ гардида буданд.

Бо вуҷуди ин, равнақи тадқиқоти илмӣ ва нашри осори чашмрас дар ин самт ба фаъолияти шуъбаи фолклору адабиёти Бадахшони ПУИ АИ ҶТ дар даврони Истиқлолият рост меояд. Пеш аз ҳама, олимон ва кормандони илмии шуъба тавонистанд муҷаллади Куллиёти фолклори мардуми Помирро дар чаҳор ҷилд таҳия ва нашр намоянд. Чунин маҳсули илмӣ дар таърихи помиршиносии олам бесобиқа мебошад.

Ҷилди аввали «Фоклори мардуми Помир» (Душанбе:Дониш, 1992) 1486 матни 590 зарбулмасалу мақоли аслӣ (типпӣ)-ро ба забонҳои шуғнонӣ-рўшонӣ ва тоҷикӣ дар бар гирифтааст.

Ҷилди дуюми «Фолклори Помир» (Душанбе, 2005) 132 матни аслӣ (интихобӣ) ва дар маҷмуъ 200 матни асотир, ривоят ва нақлро дар бар гирифта, онҳо, аз як тараф хусусиятҳои асосии ҳар яке аз ин навъҳои фолклориро дар алоҳидагӣ бозтоб кунанд, аз тарафи дигар, ба ҳамдигар алоқаи зич доштани онҳоро барҷаста нишон медиҳанд. Ривоят ва нақлҳо (асотир низ дар назар аст), ки ба ҷилди китоб дохил гардидаанд, тибқи мундариҷа ва мазмун ба ҳашт гурўҳ ҷудо шуда, онҳо дар маҷмуъ баёнгари воқеии таърихи тўлонии рўзгор, дину оин, расму суннатҳо, тасаввуроту ақидаҳои қадимии мардум оид ба ашё ва ҳодисаҳои зиндагӣ, муҳит, ҳодисаҳои фавқуттабиӣ ва ғайра мебошанд. Аз ривоят ва нақлҳо рўшан пайдост, ки мардуми Кўҳистони Бадахшон дар тўли таърихи ҳазорсолаҳо ба ҳар навъе ба халқу кишварҳои дуру наздик дар равобити сиёсӣ-иҷтимоӣ, моддӣ-иқтисодӣ ва маънавӣ-фарҳангӣ қарор доштааст. «Фолклори Помир» аз рўи таҷрибаи нави фолклоршиносӣ таҳия ва чоп гардида буд.

Соли 2012 ҷилди сеюми фолклори Помир бо номи «Афсонаҳои ҳаётӣ-маишии мардуми Бадахшон» бо муқаддима, тавзеҳот ва луғоти корманди шуъба Г.Ризвоншоева рўи чопро дид, ки дар он зиёда аз 40 матни афсона бо забонҳои асл (рўшонӣ, шуғнонӣ ва бартангӣ) ва тарҷумаи онҳо ба забонҳои тоҷикию русӣ гирд оварда шудаанд.

Ҷилди чоруми Куллиёти фолклори мардуми Помир дар заминаи маводи Фонди дастхатҳои ИИГ ва тадқиқоти профессор Нисор Шакармамадов бо дарбаргирии афсона, ривояту нақлҳо, таърихи пайдоиш ва мартабаи ҷойҳои муқаддас ва зиёратгоҳҳо бо номи «Остонҳо – осори таърих ва фарҳанги мардум» (Душанбе, 2015) нашр гардид.

Фаъолияти кормандони шуъба танҳо бо ҷамъоварии мавод ва мунтишири муҷаллади фолклор маҳдуд нагардида, балки таҳқиқи унсурҳо, жанрҳо ва мазмуну мафҳуми он низ ба таври густурда ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, бо ташаббуси муҳаққиқи фолклори Бадахшон Нисормамад Шакармамадов маҷмўаи «Сурудҳои тўии Помир» (Хоруғ: Помир, 1993) мураттаб ва нашр гардид. Дар маҷмўа 86 матни сурудҳо гирд оварда шуда буданд, ки қисми асосии онҳо хоси лаҳзаҳои маросими тўй мебошанд ва бархе дигарашон аз ягон ҷиҳат ба ин маросим алоқа доранд. Сурудҳои маҷмўа аз рўи мавзуъ ва тарзу усули иҷро ба ҳашт гурўҳ ҷудо шудаанд. Боиси қайд аст, ки маҷмўа минбаъд ба ҳайси яке аз сарчашмаҳои асосӣ барои тадқиқоти ин қабил сурудҳои мардумӣ қарор гирифт.

Соли 1993 ин муҳаққиқи шаҳир асари арзишманди «Даргилик – жанри махсуси фолклор»-ро ба табъ мерасонад, ки дар он машҳуртарин ва қадимтарин жанри адабиёти шифоҳии мардуми Бадахшон ба доираи баҳси алоҳидаи илмӣ кашида шудаст.

Бо заҳмати устод Шакармамадов Н. ва дар ҳаммуаллифӣ бо Ориф Шакармамадов соли 2003 китобчаи «Наврўзи Бадахшон» (Хоруғ: Маърифат) рўи чопро мебинад, ки дар он таҳлилу таҳқиқоти олимони тоҷик дар хусусии ҷашнгирии Наврўз дар ҳудуди Кўҳистони Бадахшон то андозае тақвият ва аз ҷиҳати мазмуну мафҳуми маросимҳои марбут ба ҷашни Наврўз як навъ ҷамъбаст гардида буданд. Ба назар мерасад, ки устодро мавод ва хулосаҳои таҳлил қонеъ насохта, ў соли 2012 рисолаи «Наврўзи Бадахшон»-ро таълиф ва чоп менамояд. Рисолаи мазкурро дар ҳоли ҳозир яке аз мукаммалтарин таҳқиқоти илмӣ дар масъалаҳои тарзи иҷро ва мазмуну мафҳумҳои маросимҳои марбут ба Наврўзи Бадахшон донистан ҷоиз аст. Тавассути ин рисола онҳое, ки ба расму оину таомули мардумӣ вобаста ба Наврўзи кўҳанбунёд ё худ таърихи фарҳанги мардум таваҷҷуҳи беше доранд, маълумоти комилтар пайдо хоҳанд кард. Рисола барои таҳқиқи муқоисавӣ-таърихии кешу оини мансуби ҷашнҳои суннатии халқу қавмҳои дигар аз манбаи муҳим маҳсуб мешавад.

Симои Носири Хусрави Қубодиёнӣ (1004-1088) ҳамчун пири Кўҳистон ҳамоно дар миёни мардум пойдор ва мавриди эҳтироми хосса мебошад. Ривоёт ва афсонаҳо нисбати ин шахсияти таърихӣ, ки ўро ба як мусаввари хаёлӣ табдил додаанд, то ба ҳол мавриди таваҷҷуҳ ва истеъмоли мардум қарор гирифтаанд. Инро ба инобат гирифта, Нисормамад Шакармамадов маҷмўаи «Лаъли кўҳсор», ки аз ривоятҳо ва афсонаҳо дар бораи Ҳаким Носири Хусрав иборат аст, аз чоп баровард (Хоруғ: Маърифат, 2003). «Лаъли кўҳсор» нахустин маҷмўае аст, ки дар он миқдори зиёди ривоёт ва афсонаҳои лафзӣ ва хаттӣ дар бораи ин файласуф, адиб ва мубалиғи тавонои ҳикмату фарҳанги форсу тоҷик  фароҳам оварда шудааст. «Сарчашмаи ривоят – воқеият» (ривоятҳои Вахон, Хоруғ, 2007) яке аз маҷмўаҳост, ки доир ба ривоятҳои водии Вахон маълумоти муфассал медиҳад ва бо ибтикори Н. Шакармамадов фароҳам оварда шуда буд.

Асари «Бадахшон дар масири тамаддуни умумибашарӣ» (Душанбе, 2007) бошад, маҷмўаи мақолаҳоеро фаро гирифтааст, ки аз нигоҳи мазмун ва муҳтаво мантиқан дар алоқамандии ҳамдигар қарор дошта, дар онҳо дар бораи таърихи таҳқиқи фолклори Бадахшон, хусусияти асосии он, таърихи сукунату таркиби этникии аҳолӣ, сабабҳои вуҷуд доштани лаҳҷаҳо ва забонҳои гуногуни гуфтугўӣ дар Кўҳистони Бадахшон, дар давоми таърихи ҳазорсолаҳо дар равобити иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, моддӣ ва маишӣ, фарҳангӣ ва адабӣ будани сокинони ин вилояти баландкўҳ бо халқҳои дигар ва ғайра мулоҳизаҳо баён ёфтаанд.

Соли 2011 профессор Н. Шакармамадов китоби дигари пурарзиш, вале муттассифона охиринаш – “Остонҳо – осори таърих ва фарҳанги мардум” (тадқиқи зиёратгоҳҳои Кўҳистони Бадахшон)-ро интишор намуд. Остонҳо аз унсурҳои муҳими таърихӣ-мазҳабӣ ва фарҳанги мардум буда, онҳо аз як тараф, ифодагари пиндошту дарки ашёву ҳодисаҳои табиат ва фавқуттабиӣ, ихлосу эътиқод ва боварии мардум нисбати он ашёву ҳодисаҳо бошанд, аз ҷониби дигар, онҳо баёнгари воқеии паҳлуҳои гуногун ва мухталифи ҳаёти моддӣ ва иҷтимоӣ, маишӣ ва фарҳангии мардум маҳсуб мешаванд. Ҳамаи ин масъалаҳо мавриди баҳси асари мазкур қарор дода шудаанд.

Дар самти адабиёти ин диёр низ тадқиқот идома дода шуда, аз тарафи корманди шуъбаи фолклор ва адабиёт Варқа Охонниёзов тарафҳои мухталифи мавзўи адабиёти соҳибмуаллифи Бадахшон ба риштаи таҳлилу таҳқиқ кашида ва зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ дар ин самт ба табъ расонида шуд. Натиҷаи таҳқиқ бошад, соли 1997 дар шакли рисолаи илмии “Пайдоиш ва таҳаввули шеъри муаллифии Бадахшон” дар заминаи намунаҳои гурўҳи забонҳои шуғнонӣ-рўшонӣ омодаву дифоъ гардид. Бар замми ин, мавсуф ашъори шуғнизабони Нодир Шанбезодаро таҳлил ва ба чоп ҳозир намуд, ки соли 1988 дар шаҳри Хоруғ, дар матбааи “Помир” бо номи пештарааш “Гулғунча” интишор гардид.

Яке аз самтҳои таҳқиқ, ки муҳаққиқ Охонниёзов В.Д. ба он даст зад, инъикоси расму ойин ва суннату эътиқодоти мардуми тоҷик дар намунаҳои назми адабиёт буд. Муҳаққиқ дар ин самт доираи таҳқиқро васеъ намуд ва масъалаҳои номбурдаро дар назми оламшумули тоҷик ҷустуҷў кардан гирифт. Хулосаи ин ҷустуҷў ва таҳлил рисолаи докторӣ буд, ки дар шакли монографияи “Рамз ва мафҳуми рангҳо дар назми классикии форсу тоҷик” бо қарори Шўрои илмии табъу нашри АИ ҶТ соли 2010 (Душанбе: Дониш) аз чоп баромад. Солҳои 2010 ва 2011 инчунин асарҳои дигари олим бо номҳои “Берангӣ – хосияти Офаридгор” ва “Нодир Шанбезода ва адабиёти мусоири тоҷик” (Душанбе: Контраст) рўи чоп омада будаанд. Муҳаққиқ Охониёзов В. таҳқиқоташро идома дода, аз тарафи ў китобҳои илмии “Пайдоиш ва ташаккули шеъри муаллифӣ ба забонҳои помирӣ” (Душанбе: Эр граф, 2017. – 330 с.), “Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон, китоби аввал: Заминаҳои пайдоиш ва таҳаввули адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон” (Душанбе: Сифат – Офсет, 2022. – 328 с.), ки ба ҳайси мадхали омўзиш ва пажўҳиши мавқеъву мақоми адабиёти форсии тоҷикӣ, ки ба манзалати забони форсии тоҷикӣ бо тафаккур, фарҳанг ва эътиқоди мардуми Бадахшон тавҳам аст, баромад намуда, дар он масъалаҳои умдаи марбут ба таъриху фарҳанг, забону адабиёти дар ин сарзамин роиҷбуда сухан меравад.

Ҷои зикр аст, ки аз ҷониби В.Охониёзов асари тадқиқотии “Ташаккул ва таҳаввули адабиёти Бадахшон дар даврони Истиқлолият”, бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, аз чоп баромад, ки аз нахустин иқдомоти пажўҳандагӣ дар ин самт мебошад. Тадқиқот аз се қисмати асосӣ иборат буда, дар он мавқеъ ва ҳадафи мафҳумҳои худи Истиқлолу Ваҳдат, муқаддасоти давлатӣ, арзишҳои миллӣ, дигаргуниҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, футуҳот ва иншоотҳои бузургтарини кишвар, дигаргунии симои шаҳраку деҳот ва амсоли инҳо дар адабиёт, махсусан дар шеъри шоирони Бадахшон пурра ва ҳаматарафа таҳлил гардидааст. Қисмати асосии тадқиқот ба тасвиру тараннуми мақом, манзалат, симо, сират ва фидокориҳои асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди созандагӣ, ки дар шеъри шоирони Бадахшон инъикос ёфтааст, ихтисос дода шудааст.

Дар баробари ин муҳаққиқ В. Охонниёзов яке аз муаллифони пурмаҳсули “Донишномаи Рўдакӣ” (Душанбе: 2008) маҳсуб гардида, инчунин дар мураттаб сохтани “Энсиклопедияи Бадахшон”, ҳамчун муовини сармуҳаррир, саҳми чашмрас дорад. Зиёда аз 120 мақолоти ў, ки дар ин асар ба табъ расидаанд, аз хусуси одамони наҷиб, симоҳои ривоятиву таърихӣ, ҷойҳои муқаддасу фарҳангии Кўҳистони Бадахшон нақл мекунанд.

Аз соли 2019 доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар фаъолияти илмиашро дар шуъба оғоз намуда, дар баробари муҳаррири масъул будан, инчунин қариб тамоми монографияву китобҳои дар Институт таҳиягардида, зери назари ў қарор доранд. Дар баробари ин Қаландариён Ҳоким Сафар муаллифи сарсухан ва мураттиби китобҳои “Муҳаққиқи моҳиятбин ва равандшинос” (Душанбе: Сифат-Офсет), бахшида ба 75-умин солгарди устод Абдухолиқи Набавӣ, “Бадахшон бо Эмомалӣ Раҳмон” (Душанбе: Сифат-Офсет), ки фарогири суханрониҳои асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 1993-2018 ва муаллифи китоби “Исмаилизм и персидско-таджикская литература (к проблеме взаимодействия религиозного и художественного мышления)” – (Душанбе: Сифат-Офсет) мебошад. Зиёда аз 300 мақолаҳои имлӣ, илмӣ-оммавӣ ва энсиклопедӣ ба қалами Қаландариён Ҳ. С. мутааллиқанд.

Аз соли 2001 то инҷониб корманди шуъба Давлатбеков Л. роҷеъ ба «Хусусиятҳои жанрӣ ва бадеии шоирони Бадахшон» (нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX) тадқиқот бурда истодааст. Номбурда роҷеъ ба ин масъала мақолоти зиёдеро ба табъ расонд ва соли 2004 бошад, рисолаи илмияшро бомуваффақият дифоъ кард. Натиҷаи тадқиқоти Давлатбеков Л. дар китоби «Ҳунари бадеии суханварони Бадахшон» дар худи ҳамон сол дар шаҳри Душанбе ба табъ расид. Муҳтавои рисола аз вижагиҳои жанрии ашъори шоирони Бадахшон, умумият ва тафовути он аз ашъори шоирони доираҳои манотиқи дигари форсизабонон, маҳорати бадеии суханварони мавриди назар иборат мебошад. Рисолаи дигари муҳаққиқ бо номи «Шоҳфутур – адиби донишманд», ки соли 2012 мунташир гардида буд, дар хусуси фаъолияти таърихнигорӣ ва эҷоди осори бадеии яке аз нахустин омўзгорон ва адибони давраи нави адабиёти Бадахшон – Охунд Шоҳфутур Муҳаббатшоҳзода баҳс мекунад. Ин рисола нахустин асари илмӣ-тадқиқотӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти нисбатан мукаммали адиб аст ва дар он то андозае ҳунари эҷод ва сабку услуби ў низ мавриди назари муҳаққиқ қарор гирифтаанд. Муҳаққиқ Лоло Давлатбеков фаъолияти тадқиқотиашро идома дода, рисолаи докториашро дар самти таҳлили тарафҳои гуногуни назми форсии тоҷикии адабиёти Бадахшон мураттаб намуд. Натиҷаи ин кўшишҳои муҳаққиқ рисолаи дигари илмӣ – «Рўзгор ва осори шоирони Бадахшон» аст, ки онро матбааи «Эр-граф» соли 2014 аз нашр баровардааст. Ин рисола доир ба вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, рўзгор, осор ва вижагиҳои жанрӣ, забону услуб ва маҳорати суханварии шоирони нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX-и Бадахшон маълумоти пурарзишро фароҳам меорад. Доираи таҳқиқи Давлатбеков Л. идома ёфта, соли 2018 китоби «Фарҳанги дузабонаи шеъри Бадахшон» (Душанбе: ЭР-Граф), соли 2021 «Дар ҳошияи андешаи соҳибназарон» (Душанбе: ЭР-Граф,) ва соли 2023 «Суннатҳои шифоҳӣ ва хаттии адабиёти тоҷик дар Бадахшон (нимаи дуюми асри XIX ибтидои асри XX)» (Душанбе: ИРАМ)-ро таҳия ва чоп намуд. Таҳқиқот дар хусуси вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ, мавқеи насри илмии фалсафӣ, таълимӣ, таърихӣ, тиббӣ ва насри гуфториву анвони он, вижагиҳои шеъри халқиву адабиёти китобӣ ва таъсири мутақобилаи онҳо ба ҳамдигар, қабатҳои гуногуни адабиёт дар ҳавзаи адабии номбурдаи нимаи дуюми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ, мавҷудияти шоирони дузабона дар ин ҳавзаи адабӣ баҳс мекунад.

Чуноне ки зикр рафт, доираи таҳқиқоти шуъба бо навъи жанр, мавзуъ ва мундариҷаи фолклору адабиёти Бадахшон маҳдуд набуда, кормандони он дар тамоми самтҳои адабиёти тоҷик таҳқиқ мебаранд. Аз ҷумла, ходими илмии шуъба Л.Мирзоҳасанов соли 2002 дар мавзуи «Тасвири табиат дар ашъори шуарои асри ХI» рисолаи номзадиро барои дифоъ омода намуд ва онро чун китоби алоҳида ба табъ низ расонид.

Таҳти роҳбарии Н.Шакармамадов корманди шуъба Таваккалов Ҳ. соли 2006 дар мавзуи «Анъанаи мадҳиясароӣ дар Бадахшон» рисолаи номзадиро ҳимоя кард ва онро соли 2014 ба таври китоби алоҳида интишор намуд. Дар рисола нахустин маротиба суннати мадҳияхонӣ бо таҳлили намунаҳои мадҳия – чун асари силсилавӣ ва аз жанрҳои калонҳаҷм дар шакли созию овозӣ, ки дар байни тоҷикони Кўҳистони Бадахшон густариш ёфтааст, таҳлилу тадқиқ гардидааст.

Соли 2006 Ризвоншоева Гулнисо дар шўрои диссертатсионии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ бо мавзўи «Афсонаҳои сеҳромези Бадахшон (таҳқиқи ғоя ва образ)» рисолаи номзадиашро бо муваффақият ҳимоя намуда, соли 2011 монографияи «Афсонаҳои сеҳромези Бадахшон (таҳқиқи ғоя ва образ)»-ро мунташир намуд. Таҳқиқот ба таҳлилу баррасии мундариҷаи ғоявӣ ва образҳои асосии афсонаҳои сеҳромези Бадахшон бахшида шудааст. Соли 2012 бошад, аз тарафи Ризвоншоева Гулнисо ҷилди сеюми «Фолклори Помир. Афсонаҳои ҳаётӣ-маишии мардуми Бадахшон» мураттаб гардид. Дар фароҳам овардани афсонаҳои дар миёни мардуми Бадахшон маъмулбуда, заҳмати Гулнисо Ризвоншоева беандоза мебошад. Олим ба ҷамъоварӣ ва таҳқиқи афсонаҳо чанд соли умрашро сипарӣ намуда, хусусият ва алоқамандии онҳоро бо маросиму суннатҳои дигар халқҳо, монандӣ ва тафриқаи онҳоро бо афсонаҳои кишварҳои ҳамҷавор, иртиботи онҳо бо руҳия ва ҳаёти маънавии соҳибонаш ва масъалаҳои ҳамсонро таҳлилу тадқиқ намудааст.

Ходими калони илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ АМИТ Нуриҷаҳон Қурбонхонова солҳои зиёдро ба ҷамъоварӣ ва таҳқиқи асотиру ривоёти гуногуни мардумиро марбут ба ҳайвоноту парандагон гузаронида, соли 2002 маҷмўаи аввалинашро дар ин самт бо унвони «Асотир ва ривоятҳо» (Душанбе: Нодир) аз чоп баровард. Соли 2011 бошад, асари тадқиқотияш таҳти номи «Устураи ҷонварон дар фолклори Бадахшон»-ро дар ҳаҷми 145 саҳифа дар нашриёти «Дониш» аз чоп баровард. Маҷмўа натанҳо саҳифаи тозаеро дар илми фолклоршиносӣ боз намуд, балки барои муҳаққиқони соҳаҳои мухталифи ҷомеашиносӣ дар тадқиқи масъалаҳои мансуби фалсафӣ, антропологӣ, этнологӣ, мардумшиносӣ ва ғайра мавод ва маълумоти арзишнок фароҳам овард. Муаллифи мазкур инчунин дар ҳаммуаллифӣ бо профессор Н.Шакармамадов маҷмўаи «Ёрномаҳои мардумӣ»-ро мураттаб намуданд ва он соли 2015 аз чоп баромад. Дар ин маҷмўа рубоиёте гирд оварда шудаанд, ки онҳо ҳасби ҳол, ҳиссу эҳсосоти рангин, ишқу ошиқии аёми ҷавонӣ, муносибатҳои ҳамаҷонибаи дилдодагонро дар давраҳои гуногуни таърихӣ акс ва ифода кардаанд.

Дар баробари ин, Қурбонхонова Нуриҷаҳон асари дигари тадқиқотии худро таҳти унвони «Устураҳои ҳайвоноту парандагон дар фолклори Бадахшон» (Душанбе: 2020) нашр намуд. Монографияи мазкур дар фолклоршиносии тоҷик ва омўзиши фолклори Бадахшон аввалин таҳқиқоти илмӣ буда, тасаввуроти бостонии мардуми Бадахшонро дар бораи ҳайвоноту парандагон равшан месозад. Ҳамзамон дар ин рисола намунаҳои эҷодиёти шифоҳии сокинони Бадахшон таҳқиқ шуда, ҷаҳонбинии бадахшониҳо дар давраҳои гуногуни инкишофи ҷамъият мавриди пажўҳиш қарор гирифтааст.

Монография дар асоси маълумоту маводи нав таҳқиқ шуда, ақидаҳои таърихии мардумро доир ба ҳайвоноту парандагон дар бар мегирад. Аз рўи ин таҳқиқот равшан гардид, ки мардум ба як қисми ҳайвонот ва парандагон муносибати некбинона дошта, онҳоро парастиш мекунанд ва ба қисми дигар назарашон баръакс мебошанд.

Соли 2023 ду монографияи дигари Қурбонхонова Н.М. рўи чоп омадаанд, ки яке «Жанрҳои асосии фолклори Бадахшон» (Душанбе: Ирам) роҷеъ ба жанрҳои маъмуле, ки дар фолклори мардуми Бадахшон вуҷуд доранд ва дигаре “Таҳаввули фолклори Бадахшон дар замони Истиқлолият” (Душанбе: Сифат-Офсет) доир ба вижагии фолклори Бадахшон, усули ҷамъоварии маводди шифоҳӣ, истифодаи забон, роҳҳои равнақу ривоҷи жанрҳои фолклорӣ, инкишофи фолклори Бадахшон дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон маълумоти пурарзиш додааст.

Муҳаққиқи шуъба Абдулназар Абдулназаров бошад, доир ба ҳолу ашъори Нодир Шанбезода тадқиқот бурда, рисолаашро таҳти унвони «Жизн и творчество Нодира Шанбезода» ҳимоя намуд ва онро ба ҳайси монография аз чоп низ баровард (Душанбе: 2015). Дар таҳқиқи ин муҳаққиқ нақш ва саҳми Нодир Шанбезода ҳамчун сиёсатмадор дар дигаргунсозии ҳаёти даврони шўравӣ ва ҳамчун шоир дар эҷоди ашъори он давр муайян гардидааст. Китоби «Нодир Шанбезода ва эҳёи шеъри помиризабон» соли 2017 дар нашриёти «ЭР-граф» (ISBN 978-99975-59-03-6) нашр гардидааст.

Пажўҳиши мазкур ба таҳкими ҳаёт, фаъолияти эҷодӣ ва ҳунари шоирии яке аз намояндаи намоёни адабиёти даврони шўравӣ Нодир Шанбезода ихтисос ёфтааст. Дар тадқиқот бархе аз масоили замони коммунистӣ, ки таҳти сиёсати ташаккули одами нав – бунёдкори коммунизм оғоз ва анҷом мешуданд ва таъсири худро дар адабиёт ва маданияти халқҳои таҳти империяи шўравӣ гузоштаанд, баррасӣ мешаванд. Таҳлили дурусту воқеии ҳаёту фаъолият, услубу усул ва тарзи нигориши адибони алоҳидаи адабиёти замони шўравии тоҷик боиси барқарор намудани воқеияти таърихӣ ва раванди адабии адабиёти он давра мегардад. Маҳз, ба ин масоил дар китоби мазкур зимни таҳлили ҳаёту эҷоди Нодир Шанбезода таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст. Тадқиқот дар асоси назари нав ва таҳлили воқеӣ, дар асоси муқоисаи факту рақамҳои таърихӣ фароҳам оварда шуда, аксари далелҳои дар ин китоб омада нахустин маротиба бидуни баҳодиҳии даврони коммунистӣ ҳаллу фасл гардиданд. Соли 2021 Абдулназаров А. монографияи «Танаталогические мотивы в таджикской литературе XX-XXI вв.» (Душанбе: Эр-граф, 2021) ва соли 2022 «Тазкираи шоирони шуғнизабон» (Душанбе -2022), ки доир ба шоирони шуғнизабон аз замони Инқилоби Октябр то давраи Истиқлолият маълумот дода шудааст, рўи чоп оварда буд.

Ходими калони илмии шуъба номзади имлҳои филологӣ Азорабеков Сардорбек аз соли 2021 ба шуъбаи мазкур ҷалб гардида соли 2023 дар доираи лоиҳаи панҷсола китоби «Занони суханофари Бадахшон» (Душанбе: Сифат-Офсет)-ро мураттаб намуд. Китоб ба тарзи тазкиранигорӣ мураттаб гардида, оид ба ҳар як бонуи шоир аз таърихи қадимтари адабиёти Бадахшон сар карда, то ҳоло ба тартиби алифбо маълумот медиҳад.

Инчунин, дар соли 2020 аз ҷониби ходими илмии шуъба Охонниёзов Қосум китоби «Таърихи Бадахшон», ки ба қалами Охон Салмон ва Саийд Шоҳфитур тааллуқ дорад, аз хати форсӣ ба криликӣ баргардон шуда, нашр гардид. Ташаббуси мазкур боиси дастрас гардидани китоби мазкур бо хатти криликӣ ба тадқиқотчиёну ҳаводорони таъриху расму одатҳои мардумӣ гардида, он яке аз сарчашмаҳои таърихии камёб мансуб меёбад ва минбаъд барои кушодани гиреҳҳои зиёди таърихи мардуми Бадахшон аз бисёр ҷиҳатҳо хизмат хоҳад кард. 

Ҳамин тариқ, шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон чун пойдевори ИИГ АМИТ баромад намуда, чаҳордевори Пажўҳишгоҳро дар даврони Истиқлолияти Ватанамон бо хиштҳои илмаш боло бардошт. Тибқи нақшаи панҷсолаи илмии шуъба барои солҳои 2016-2020 давом додани тадқиқоти густурда дар самти ҷамъоварӣ, таҳлил ва интишори фолклору адабиёти Помир дар заминаи усулҳои нави таҳқиқ ба назар гирифта шуда буд. Аз ҷумла, мураттаб сохтану ба чоп омода кардани ҷилдҳои минбаъдаи «Фолклори Помир» аз рўи таҷрибаи навтарини фолклоршиносӣ ва аз нигоҳи нави афкори илмӣ-эҷодӣ идома ёфта, чанде аз масъалаҳои умдаи марбут ба эҷодиёти бадеии шифоҳии аҳолии гуногунзабони Бадахшон дар қиёси фолклори халқҳои дигар ба таҳқиқ гирифта, баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон, бо дарназардошти он ки адабиёти тоҷик ва адабиёти ба забонҳои маҳаллӣ эҷодшудаи Бадахшон баёнгари бисёре аз масъалаҳои нокушодаи таърих, фарҳанг ва адабии миллати тоҷик мебошанд, омода намудан ва интишори таърихи адабиёти тоҷик дар Бадахшон яке аз фаъолиятҳои бунёдии шуъба дар давоми солҳои минбаъда маҳсуб мегардад. Рўи кор омадани асари бисёрҷилдаи “Таърихи адабиёти Бадахшон” бо дарназардошти сарчашмаҳо, давраҳои таърихӣ, тафриқаи мундариҷавию шаклӣ ва сохти композитсионӣ, боиси комилии адабиёт ва ғановати фарҳанги миллӣ мегардад. Дар маҷмуъ, анҷоми амалҳои банақшагирифташуда боиси таҳкими ҳуввияти миллӣ ва ҳамгироии маънавӣ мегардад.

Маҳз дастовардҳои арзишманди ходимони илм буд, ки заминаро барои таъсис додани Шурои диссертатсинонӣ, ки 30 марти соли 2022 дар базаи Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Руссия тасдиқ гардид, фароҳам овард. Феълан Шурои диссертатсионӣ дар аз рӯи ду ихтисос: 5.9.6. Забонҳои халқиятҳои мамолики хориҷ (забонҳои помирӣ) (илмҳои филологӣ) ва 5.9.2. – Адабиёти халқиятҳои ҷаҳон (адабиёти форс, адабиёти тоҷик) (илмҳои филологӣ) фаъолият карда истодааст. Бо мақсади дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ унвонҷӯён аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба Шурои диссертатсионии мазкур муроҷиат карда истодаанд. Дар баробари ин аз ҷониби кормандони шуъба ба рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ тақризҳои зиёди расмӣ ва ғайрирасмӣ навишта шуданд.

Аз соли 2020 шуъбаи фолклор ва адабиёт дар асоси лоиҳаи нав таҳти унвони “Ҷамоварӣ, пажўҳиш ва интишори манбаъҳои омўзиши фолклору адабиёти Бадахшон (Помир)” фаъолият намуда истодааст. Ҳадафи ин Лоиҳа то ҳадди имкон ҷамъ овардани асли сарчашмаҳои омўзишии фолклору адабиёти Бадахшон (Помир) ва анҷом додани пажўҳиши онҳо ба таври алоҳида мебошад, то ки аҳаммияти таърихӣ ва илмиашон барои илмҳои фолклор ва адабиёт ва ҳамчунон илми забоншиносии тоҷик аз нигоҳи арзишҳои фарҳангу тамаддуни миллӣ муайян гардад.

Вазифаҳои лоиҳа асосан аз тартиб додани руйхати сарчашмаҳое, ки барои омўзиши таърихи адабиёт ва фолклори Бадахшон (Помир) аҳаммияти аввалиндараҷа доранд, муайян намудани макони ҳифз ва барқарор намудани иртибот бо марказҳое, ки ин сарчашмаҳоро нигаҳдорӣ мекунанд, ҷамъоварии асл (дар доираи имконият) ё нусхаи асли сарчашмаҳо ва ба тартиб даровардани фонди захираҳои ИИГ АМИТ мувофиқи талаботи замони муосир, таҳлили сарчашмаҳои омўзиши фолклори Бадахшон, муайян кардани арзишҳои таърихӣ ва илмии онҳо барои фолклоршиносии тоҷик, таҳлил ва арзёбии таърихӣ, илмӣ, забонӣ, бадеӣ ва эстетикии намунаҳои фолклории дар ин сарчашмаҳо мавҷудбуда, муқоисаи матнҳои сарчашмаҳои омўзиши фолклор бо қаринаҳои муосири онҳо ва анҷоми таҳлили илмии ягонагӣ ва фарқияти онҳо, таҳлили сарчашмаҳои омўзиши адабиёти тоҷик дар Бадахшон ва нишон додани арзиши илмии онҳо барои адабиётшиносии тоҷик, пажўҳиши интиқодии сарчашмаҳои омўзиши адабиёти Бадахшон (Помир), муқоисаи матнҳои насрии (афсонаҳо, ривоятҳо, нақлҳо) дар сарашмаҳои омўзиш мавҷудбуда бо матнҳои дар захираи ИИГ маҳфузбуда, анҷоми таҳлили муқоисавии ашъори дар сарчашмаҳои омўзиши адабиёти Бадахшон мавҷудбуда бо намунаҳои дар фонди ИИГ маҳфузбуда, тартиб додани феҳристи сарчашмаҳои омўзиши фолклору адабиёти Бадахшон, нашри сарчашмаҳои омўзиши фолклору адабиёти Бадахшон (Помир) ва нашри натиҷаҳои таҳлил ва таҳқиқоти илмӣ оид ба сарчашмаҳои омўзиш ва пажўҳиши фолклору адабиёти Бадахшон (Помир) иборат мебошанд.

Айни замон дар шуъба 10-нафар корманд фаъолият намуда истодаанд, ки аз онҳо 4-нафар доктори илм, 3-нафар номзади илм, 3-нафар ходимони илм ва 1-нафар дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадӣ мебошад.

 

                   МУДИРОНИ ШУЪБАИ ФОЛКЛОР ВА АДАБИЁТИ БАДАХШОН

                       

      

 Доктори илмҳои филология,

 профессор Шакармамадов Нисормамад

аз соли 1999 то 2003, 2007-2010 ба сифати мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии АИ ҶТ (ҳоз. АМИТ) кор кардааст. Муаллифи беш аз 200 мақолаҳои илмӣ мебошад. Ба қалами ў чандин монографияҳо аз қабили: «Рубоиёт ва сурудҳои халқии Бадахшон»; «Назми халқи Бадахшон»; «Даргилик»(бо Х.Қурбонов); Фолклори мардуми Помир. Зарбулмасал ва мақолҳои сокинони Шуғнон ва Рӯшон; «Даргилик – жанри махсуси фолклор»; «Сурудҳои тӯии Помир»; «Лаъли кӯҳсор»; Фолклори Помир. Асотир, ривоят ва нақлҳо; «Бадахшон дар масири тамаддуни умумибашарӣ»; «Остонҳо – осори таърих ва фарҳанги мардум (Тадқиқи зиёратгоҳҳои Кӯҳистони Бадахшон)»; «Оинҳои наврӯзӣ дар Бадахшон»; «Наврӯзи Бадахшон» (бо О. Шакармамадов); “Ёрномаҳои мардумӣ”(бо Н.Қурбонхонова) тааллуқ доранд.

Доктори илмҳои филология

 Охониёзов Варқа Дустович

аз соли 2003 то соли 2007 ба сифати мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии АИ ҶТ (ҳоз. АМИТ) кор кардааст. Муаллифи беш аз 200 мақолаҳои илмӣ мебошад. Ба қалами ў чандин монографияҳо аз қабили: Берангӣ хосияти Офаридгор (маҷмӯаи мақолаҳо)”, “Мафҳум ва рамзи рангҳо дар назми классикии форсу тоҷик”, “Нодир Шанбезода ва адабиёти муосири тоҷик”, “Пайдоиш ва ташаккули шеъри муаллифӣ ба забонҳои помирӣ”,  “Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон, китоби аввал: Заминаҳои пайдоиш ва таҳаввули адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон”,  “Таҳаввули адабиёти Бадахшон дар даврони Истиқлолият” мутааллиқ аст.

   

  Доктори илмҳои филология 

Давлатбеков Лоло Мирзоевич

 

аз соли 2010-2014 ба сифати мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии АИ ҶТ (ҳоз. АМИТ) кор кардааст. Муаллифи беш аз 50-мақола ва монгорафияҳои “Ҳунари бадеии  шоирони Бадахшон”, “Шоҳфутур – адиби донишманд”, “Рўзгор ва осори шоирони Бадахшон”, “Фарҳанги дузабонаи шеъри Бадахшон”, “Дар ҳошияи андешаи соҳибназарон”, “Суннатҳои шифоҳӣ ва хаттии адабиёти тоҷик дар Бадахшон (нимаи дуюми асри XIX ибтидои асри XX)” мебошад.

 

Номзади илмҳои филология Ризвоншоева

Гулнисо Нуралишоевна

аз соли 2014 то соли 2016 мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаров буд. Муаллифи зиёда аз 20 мақола ва китобҳои “Афсонаҳои сеҳромези Бадахшон”, “Фолклори Помир. Ҷилди 3. Афсонаҳои ҳаётӣ-маишии мардуми Бадахшон”, “Фолклори Помир. Ҷилди 5. Афсонаҳои сеҳромези мардуми Бадахшон” мебошад.

 

Доктори илмҳои филология Абдулназарзода

Абдулназар Абдулқодир

аз соли 2020 то соли 2022 мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаров буда, ба қалами ў зиёда аз 70 мақола ва китобҳои “Жизнь и творчество Нодира Шанбезода”, “Нодир Шанбезода ва эҳёи шеъри помиризабон”, “Танатологические мотивы в таджикской литературе ХIХ-ХХ вв”, “Тазкираи шоирони шуғнизабон” тааллуқ доранд.

Номзади илмҳои филология

   Қурбонхонова Нуриҷаҳон Мирасановна

аз соли 2016 то соли 2020 ва аз соли 2022 то инҷониб вазифаи мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаровро ба уҳда дорад. Муаллифи зиёда аз 60 мақола ва китобу монографияҳои «Асотир ва ривоятҳо (дар бораи ҳайвоноту парандагон)», «Устураи ҷонварон дар фолклори Бадахшон», «Устураҳои ҳайвоноту парандагон дар фолклори мардуми Бадахшон», «Таҳаввули фолклори Бадахшон дар замони Истиқлолият», «Жанрҳои асосии фолклори Бадахшон», «Ёрномаыои мардумӣ» (бо Н. Шакармамадов), «Дирўз ва имрўзи Наврўзи Бадахшон» (бо О.Шакармамадов ва Ш. Азорабекова) мебошад.

МУҲИМТАРИН ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБАИ ФОЛКЛОР ВА АДАБИЁТИ БАДАХШОН

                        

Шакармамадов Н. Рубоиёт ва сурудҳои халқии Бадахшон. – Душанбе: Ирфон, 1965. – 119 с.

Нахустин маҷмӯаи фолклорӣ бо саъю кӯшиши Н.Шакармамадов таҳти унвони «Рубоиёт ва сурудҳои халқии Бадахшон» соли 1965 аз чоп баромад. Маҷмӯа 273 рубоӣ ва дубайтӣ, 16 сурудҳои хоси маросими тӯй ва 12 матни сурудҳои ғайримаросимиро фаро гирифтааст. Бо ин маҷмӯа бори аввал ба таври барҷаста маълум шуд, ки назми халқи тоҷик, ба хусус рубоӣ аз давраҳои мозӣ аз унсурҳои муҳими ҳаёти маънавии мардуми гуногунзабони Кӯҳистони Бадахшон қарор доштааст.

 

               

 

                        

Шакармамадов Н. Назми халқи Бадахшон. – Душанбе: Дониш, 1975. – 128 с.

Китоб аз муқаддима дар ҳаҷми 10 саҳифа, чаҳор боб ва хулоса иборат аст. Боби якум доир ба мавқеи ҷуғрофӣ ва шароити таърихии Бадахшон баъзе маълумотҳо дода шудааст. Дар боби дуйум сурудҳои маҳаллии Бадахшон таҳлилу ташреҳ шудаанд. Боби сейум доир ба Назми халқии тоҷикӣ дар фолклори Бадахшон, аз ҷумла, рубоӣ, сурудҳо, мухаммас ва ғазал арзёбӣ шудаанд. Дар боби чаҳорум доир ба сурудҳои маросими тӯй, маврид ва тарзи иҷрои сурудҳо, доир ба мазмун ва сохти сурудҳои тӯй фикру мулоҳизаҳо баён ёфтаанд. Дар хулосаи китоб муаллиф хусусиятҳои асосии назми халқии тоҷикии Бадахшонро қайд кардааст.

 

 

                         

Шакармамадов Н. Фолклори мардуми Помир. Зарбулмасал ва мақолҳои сокинони Шуғнон ва Рӯшон.  Ҷилди I / Н.Ширинова. – Душанбе: Дониш, 1992. – 357 с.

Дар ин китоб 1486 матни 590 зарбулмасал ва мақоли аслӣ ба забонҳои гурӯҳи шуғнонӣву рӯшонӣ ва тоҷикӣ дохил гардидаанд. Ҷилди китоб, пеш аз ҳама, аз ҷумлаи жанрҳои асосии фолклори Бадахшон будани зарбулмасал ва мақолро барҷаста нишон медиҳад. Ин жанри фолклорӣ низ дар байни сокинони Бадахшон ҳам ба забонҳои маҳаллӣ ва ҳам ба забони тоҷикӣ дар истеъмол аст, ки хусусияти дузабонӣ будани эҷодиёти лафзии мардуми Кӯҳистони Бадахшонро нишон медиҳад. Барои истифодаи доираи васеи муҳаққиқон матнҳои аслии зарбулмасалҳои ба забонҳои шуғнониву рӯшонӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, матнҳои аслии зарбулмасалҳои ба забони тоҷикӣ ба забони русӣ

 

 

                          

Шакармамадов Н. Даргилик – жанри махсуси фолклор. – Душанбе: Дониш, 1992. – 214 с.

Дар рисола оид ба хусусиятҳои жанрии даргилик ибрози назар шудааст. Ба таҳлилу таҳқиқи ҳарҷонибаи даргилик ба сифати жанри махсуси эҷодиёти бадеии лафзии халқ то солҳои охир касе ба таври махсус машғул нашуда буд. Аз баёну тавзеҳи мундариҷаи маълумоту қайдҳои анҷом ёфта доир ба ин жанр маълум гардид, ки онҳо дар ниҳоят мухтасар ва иҷмолӣ буда, ягон паҳлӯи онро ҳам пурра фаро нагирифтаанд. Дар ин китоб намунаҳои фаровони даргилик гирд омада, дар асоси онҳо феҳристи мукаммали илмӣ мураттаб гардидааст, ки барои таҳқиқи паҳлӯҳои гуногуни ин жанр чун манбаи боэътимод хизмат мекунад. Дар ин рисола кӯшиш карда шудааст, ки моҳияти жанр ба қадри имкон равшан гардад ва муносибати махсуси вай ба ҳаёти воқеӣ ва тарзи тасвири бадеии он таъйин гардад.

 

 

                       

Шакармамадов Н. Сурудҳои тӯии Помир. – Хоруғ: Помир. – 1993. – 119 с.

Маҷмӯа 86 матни сурудҳоро, ки қисми асосиашон хоси лаҳзаҳои маросими тӯй мебошанд ва бархи дигари онҳо аз ягон ҷиҳат ба ин маросим алоқа доранд, фаро мегирад. Сурудҳо аз рӯи маврид ва тарзу усули иҷро ба ҳашт гурӯҳ ҷудо шуда, дар маҷмӯа дарҷ ёфтаанд.

 

 

                          

Фолклори Помир. Асотир, ривоят ва нақлҳо. Ҷилди 2. – Душанбе: Империал-групп, 2005. – 432 с.

Асотир, ривоят ва нақлҳо, ки ба ҷилди китоб дохил гардидаанд, тибқи мундариҷа ва мазмун ба ҳашт гурўҳ ҷудо шуда, онҳо дар маҷмўъ баёнгари воқеии таърихи тўлонии рўзгор, дину оин, расму суннатҳо, тасаввуроту ақидаҳои қадимии мардум оид ба ашё ва ҳодисаҳои зиндагӣ, муҳит, ашёву ҳодисаҳои фавқуттабиӣ ва ғайра мебошанд. Аз асотиру ривояту нақлҳо рўшан пайдост, ки мардуми Кўҳистони Бадахшон дар тўли таърихи ҳазорсолаҳо ба ҳар роҳу восита ба халқу кишварҳои дуру наздик дар равобити сиёсӣ-иҷтимоӣ, моддӣ-иқтисодӣ ва маънавӣ-фарҳангӣ қарор доштааст. Ҷилди дуйуми «Фолклори Помир» аз рўи таҷрибаи навтарини фолклоршиносӣ таҳия ва ба чоп гардид.

 

 

                 

Шакармамадов Н. Даргилик. / Х.Қурбонов. Душанбе: Дониш, 1987. – 144 с.

Маҷмӯа 464 даргилик, ки яке аз жанрҳои қадимаи эҷодиёти лафзии мардуми Бадахшон  ба ҳисоб рафта, то имрўз фақат байни соҳибони забонҳои шуғнониву рўшонӣ маҳфуз мондаанд, дар бар мегирад. Ба маҷмӯа луғат ва тавзеҳоти калима ва ифодаҳои душворфаҳм илова шудааст. Маводҳои ммаҷмўа барои муҳаққиқоне, ки бо фолклор ва сохти грамматикии забонҳои помирӣ сару кор доранд, аз манбаъҳои муҳим ба шумор меравад. Ҳамчунин аз нигоҳи таърихӣ, этнографӣ ва олимоне, ки ба омўзиши таърихи фарҳанги халқи тоҷик ва дигар мардуми эронитабор машғул машғул ҳастанд, арзиши илмӣ дорад.

 

 

                 

Шакармамадов Н. Бадахшон дар масири тамаддуни умумибашарӣ. – Душанбе: ДРТС, 2006.  – 187 c. 

Маҷмўаи илмии «Бадахшон - дар масири тамаддуни умумибашарӣ» мақолаҳои Н.Шакармамадовро фаро гирифтааст, ки онҳо аз нигоҳи мазмун ва муҳтаво мантиқан дар алоқамандии ҳамдигар қарор дошта, дар онҳо дар бораи таърихи таҳқиқи фолклори Бадахшон, хусусиятҳои асосии он, таърихи сукунату таркиби этникии аҳолӣ, сабабҳои вуҷуд доштани лаҳҷаҳо ва забонҳои гуногуни гуфтугӯӣ дар Кӯҳистони Бадахшон, дар давоми таърихи ҳазорсолаҳо дар равобити иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, моддӣ ва маишӣ, фарҳангӣ ва адабӣ будани сокинони ин вилояти баландкӯҳ бо халқҳои дигар ва ғайра мулоҳизаҳо баён ёфтаанд.

 

 

                   

Шакармамадов Н. Сарчашмаи ривоят – воқеият (Ривоятҳои Вахон). – Хоруғ, 2007. – 39 с.

Маҷмўа ривоятҳоеро дар бар мегирад, ки аз водии Вахон гирдоварӣ шуда, асосан доир ба қалъаву ҷойҳои муқаддаси таърихӣ ва остону зиёратгоҳҳо маълумот медиҳанд.

 

 

                 

Шакармамадов Н. Остонҳо – осори таърих ва фарҳанги мардум (Тадқиқи зиёратгоҳҳои Кӯҳистони Бадахшон). – Хоруғ: Логос, 2010. – 244 с.

Дар рисола бори нахуст дар асоси маводҳои фаровон ва аз нигоҳи илмӣ боэътимод аз боби таърих ва омилҳои арзи ҳастӣ кардани ҷойҳои муқаддас (остонҳо) ва мақому мартабаи онҳо дар рӯзгори мардуми Кӯҳистони Бадахшон аз замонҳои хеле қадим то замони мо мулоҳизаҳо баён ёфтаанд. Ин маводу маълумот ва мулоҳизаҳои илмӣ, барои таҳқиқи сотсиологӣ, муқоисавӣ – таърихӣ аз нигоҳи муносибати халқу қавмҳои гуногун ба зиёратгоҳҳо (ҷойҳои муқаддас) маъхази муҳим ва муътамади илмӣ маҳсуб меёбанд.

 

 

                

Шакармамадов Н. Оинҳои наврӯзӣ дар Бадахшон. – Душанбе: Дониш, 2012. – 100 с.

Рисолаи «Оинҳои наврӯзӣ дар Бадахшон» бо иловаи маълумоту маводи тоза ва бо таҳриру тафсири нав ба табъ расидааст. Доир ба ҷашнгирӣ ва мақоми Наврӯз дар Помир ё Кӯҳистони Бадахшон, ки аҳли таҳқиқ ин сарзамини баландкӯҳро «кишвари пурасрор» ва «осорхонаи зиндаи таърихӣ» мегӯянд, то ба ҳамин рӯз ягон таълифоти мукаммал вуҷуд надошт, ҳарчанд дар матбуоти даврӣ, асосан аз ҷониби таълифгарони ин рисола ва ҳам дар китобу рисолаҳо, алалхусус, дар таълифоти доктор Икромиддин Муҳиддинов ва доктор Аҳмад Ҷовид ба тариқи иҷмол ва нисбатан муфассал маълумот дода шудаанд. Рисолаи мазкур зимни маълумоту маводи тоза дар такмилу ташреҳи ин таълифот ба қалам омада, нахустин асари мукаммал аст, ки тамоми расму оинҳои ба ин ҷашни бузург алоқаманду ҳамбастагӣ доштаро дар худ фаро гирифтааст.

 

 

                   

Шакармамадов Н. Фолклори Помир. Ҷилди 4. Остонҳо – осори таърих ва фарҳанги мардуми Бадахшон. – Душанбе, 2015. – 269 с.

Дар ҷилди китоб маводу маълумоти шифоҳии доир ба остонҳои батаҳқиқгирифташуда барои тадқиқу тафсири масъалаҳои таърих, фалсафа, дину оин, урфу одату маросимҳои мардум, мавқеъ ва нуфузи остонҳо дар байни аҳолии маҳалу навоҳӣ ва водиҳои алоҳида чун манбаъ арзиши муайян пайдо хоҳанд кард.

 

 

                     

Шакармамадов Н., Қурбонхонова Н. Ёрномаҳои мардумӣ. – Душанбе: Дониш, 2015. – 1 18 с.

Дар китоби мазкур оид ба соҳибистеъдодҳои мардумӣ, ки дар ҳар  давру замон доир ба мҳимтарин паҳлў ва рўйдодҳои зиндагӣ рубоӣ гуфтаанд, ибрози назар шудааст. Табиист, ки вобаста бо дигаргуниҳои ҳаёти иҷтимоию моддӣ ва маишию маданӣ ба истифодаи қисми онҳо дар муҳит ва шароити нави таърихӣ зарурият  намемонад ва аз лавҳи хотири одамон фаромўш шудани онҳо ногузир аст. Аммо рубоиҳое, ки ҳасби ҳол, ҳиссу эҳсосоти рангин, ишқу ошиқии аёми ҷавонӣ, муносибатҳои ҳамаҷонибаи дилдодагонро дар давраҳои гуногуни таърихӣ акс ва ифода кардаанд, нисбати дигар рубоиёт серистеъмолтар мебошанд ва то замони мо бештар омада расидаанд. Ба ин рубоиёти «ёр»-дор гувоҳанд. Ин гурўҳи рубоиёт баёнгари паҳлўҳои ноаёнтарини ҳаяҷону изтироб, нияту ормон, шодию андўҳ ширинию талхӣ, комгорию нокомии ишқу муҳаббати дилдодагон буданд ва ҳастанд.

 

                      

Нодир Шанбезода. Гулғунча. Мураттиб ва муаллифи сарсухан Варқа Охониёзов. – Хоруғ: Помир, 1998. 111 с.

«Гулғунча» аввалин маҷмӯаи ашъори шуғнизабони Нодир Шанбезода дар хатти сириллик мебошад, ки бо кӯшиш ва сарсухани муҳаққиқ Варқа Охонниёзов мураттаб ва нашр гардидааст. Нахустин маҷмӯаи ашъори шоир бо ҳамин ном соли 1937 бо алифбои лотинӣ нашр шуда буд. Дар маҷмӯаи сонӣ шеърҳои солҳои мухталиф сурудаи шоир гирд оварда шуда, достонҳо ва манзумаҳои “Хẙнадẙмод”, “Wоӿ”, “Шоқарғиз маркāб”, “Тар курорт” бошанд, бори нахуст ба нашр расидаанд. Ёдномаи аҳли адаб дар бораи Шанбезода Нодир дар охири маҷмӯа ҷо дода шуда, симои Шанбезодаи шоирро дар назари хонанда бештар ва хубтар ошкор месозад.

 

 

                         

Охониёзов В. Берангӣ – хосияти Офаридгор. Маҷмўаи мақолаҳо. – Душанбе: Контраст, 2010. – 178 с.

Мақолаҳое, ки дар маҷмўа ҷамъоварӣ гардидаанд, асосан ба таҳлили яке аз масъалаҳои нисбатан камомўхташудаи илмҳои адабиёт ва инсоншиносии тоҷик – мафҳум ва рамзи рангҳо дар тафаккур ва осори миллатҳои эронитабор бахшида шудаанд. Муаллиф зарурияти омўзиши масъалаи мутазаккираро тавассути ҳар як таҳлил собит намуда, аҳамияти онро барои илмҳои дигар нишон медиҳад. Анҷоми пажўҳиши дақиқи бархе аз тарафҳои масъалаи баррасишуда қимати илмии маҷмўаро фароҳам овардааст ва онро чун яке аз аввалин сарчашмаҳои таҳқиқи оянда дар ин самт муаррифӣ менамояд.

 

 

                  

Охониёзов В. Мафҳум ва рамзи рангҳо дар назми классикии форсии тоҷикӣ. Душанбе: Дониш, 2010. – 243 с.

Масъалаи ранг ва мавқеи ранг дар адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ба ҳайси пажўҳиши алоҳидаи мураттаб (системавӣ)то ба ҳол анҷом дода нашудааст. Ошкор намудани сарчашмаҳо, пайдоиш ва рушди мунтазами афкору эътиқод ба рангҳо, муносибати онҳо бо рўҳияву равони соҳибонаш дар давраҳои муайяни таърихӣ, тасарруфи ин эътиқодот ба шаклҳои каломи бадеӣ, соҳиб шудан ба мавқеи махсус ва пайдо намудани рамзу намодҳои гуногун дар баёнҳои сўфиёнаву орифона, ки тавассути назми классикии форсии тоҷикӣ дастрас мегарданд, яке аз масъалаҳои муҳими илми адабиётшиносии муосир ба шумор меравад.

«Мафҳум ва рамзи рангҳо дар назми классикии форсии тоҷикӣ» нахустин асари нисбатан мукаммали илмӣ дар ин самт ба шумор рафта, дар он инчунин зарурияти омўзиши масъалаи мутазаккира тавассути ҳар як таҳлили собит мегардад ва арзиши он барои таҳқиқи масоили гуногуни улуми дигар нишон дода мешавад.

 

 

 

                 

Охонниёзов Варқа. Нодир Шанбезода ва адабиёти муосири тоҷик. – Душанбе: ДРСТ, 2012. 185 с.

Пажӯҳиш дар ҳолу аҳволи яке аз пурмаҳсултарин шоирони адабиёти муосири тоҷик Нодир Шанбезода (1908-1990) саҳифаҳои нави таърихиро боз намуда, инчунин намунаи беҳтарин осори ӯро ба ду забон – забони тоҷикӣ ва забони модариаш (забони шуғнонӣ) ба риштаи таҳлил мекашад. Масъалаҳои тартиб додани хат ва алифбо барои забони шуғнонӣ, саркашӣ аз тӯҳмат ба Устод Айнӣ, нашри маҷмӯаи ашъор ба забони шуғнонӣ, ки сабабгори зиндонӣ гардидани шоир дар даврони тазйиқи сталинӣ гардида буданд, нахустин маротиба ба таври густурда ва бо далелҳои нав таҳлилу таҳқиқ гардидаанд. Дар баробари ин, тадқиқот дар доираи нахустин маҷмӯаҳои шеъри Шанбезода, дидор ва эҳтироми устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ аз тарафи Шанбезода, иртиботи Шанбезода ба масъулияти раисии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, маҳорати эҷоди шоир ва хизмати Шанбезода дар дастрас намудани ашъори классикон ба хонандаи тоҷик низ маълумот медиҳад.

 

                 

Охонниёзов В.Д. Пайдоиш ва ташаккули шеъри муаллифӣ ба забонҳои помирӣ. Душанбе: Эр граф, 2017. – 330 с.

Тадқиқу таҳлили анвои мухталифи каломи бадеӣ ба забонҳои помирӣ боиси комилии қисмати таърихи адабиёти тоҷик гардида, барои ба ҷилва омадани рангорангии он мусоидат мекунад. Тадқиқоти мазкур кўшиши нахустин аст андар муайянсозии заминаҳои пайдоиш ва омилҳои устуворшавии шеъри муаллифӣ ба забонҳои помирӣ дар мисоли гурўҳи забонҳои шуғнонӣ-рўшонӣ. Қимати илмӣ-тадқиқотии корро масъалаҳои таърихи пайдоиш ва ташаккули шеъри муаллифӣ ба тариқи хронологӣ ва таҳлили мазмуниву шаклии ин навъи каломи бадеъ дучанд афзуда, намунаҳои ашъори намоёнтарин шоирони маҳаллӣ, ки ба забони модариашон шеър меофариданд, чун исботи мавҷудият ва пойдории ин қисмати адабиёти тоҷик дар он ҷо дода шудаанд.

 

 

                  

Қурбонмуҳаммадзода Охон Салмон, Сайид Шоҳфутур. Таърихи

Бадахшон. Таҳияи Варқа Охониёзов ва Қосум Охониёзов. – Душанбе: Сифат-Офсет, 2020. 168 с.

Ин асари таърихӣ бо сарсухани муҳаррири масъул, доктори илмҳои филология В.Д. Охонниёзов ва баргардонкунандаи он Қосум Охонниёзов зери назари доктори илмҳои филология Қаландариён Ҳоким Сафар ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ интишор ёфтааст. “Таърихи Бадахшон”, ки ба қалами ду нафар намояндаи маорифпарварони тоҷики аз миёни сокинони кишвари баландкӯҳи Бадахшон бархоста тааллуқ дорад, яке аз нодиртарин сарчашмаҳои натанҳо таърихи мардуми ин сарзамин, балки кулли масъалаҳои муносибат, муошират ва зисту зиндагонии сокинони ин минтақа маҳсуб мешавад. Тарзи баёни воқеа ва ҳодисаҳо дар асар анъанавӣ буда, он маводи пурарзишро барои таҳлили тарафҳои гуногуни ҳаёти таърихӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, хулқу атвор ва расми муоширату муносибати сокинони болооби Панҷро фароҳам овардааст.

 

 

                 

Охониёзов В. Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон, китоби аввал: Заминаҳои пайдоиш ва таҳаввули адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон. Душанбе: Сифат–Офсет, 2022. – 328 с.

Китоби аввали силсилаи «Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон» ба ҳайси мадхали омўзиш ва пажўҳиши мавқеъву мақоми адабиёти форсии тоҷикӣ, ки ба манзалати забони форсии тоҷикӣ бо тафаккур, фарҳанг ва эътиқоди мардуми Бадахшон тавҳам аст, баромад намуда, дар он масъалаҳои умдаи марбут ба таъриху фарҳанг, забону адабиёти дар ин сарзамин роиҷбуда сухан меравад.

 

 

                  

Охониёзов В.Д. Таҳаввули адабиёти Бадахшон дар даврони Истиқлолият. – Душанбе: Сифат-Офсет, 2023. – 198 с.

Тадқиқоти пешниҳодшуда аз нахустин иқдомот дар омўзиши адабиёти навини тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор омада, ба қисмати адабиёти тоҷик дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ихтисос дода шудааст. Мусаллам аст, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Адабиёт, аз як тараф ба ҳайси инъикоскунандаи ин дигаргуниҳо ва аз ҷониби дигар, чун воситаи тарғиби сабақҳои гирифта баромад намуда, худ низ аз ҷиҳати шаклу сифат таҳаввул ёфт. Маҳз ҳамин дигаргуниҳои шаклӣ ва мазмунии адабиёт дар ҳудуди Бадахшони Тоҷикистон, ки дар тўли 30 соли охир ба вуқўъ омаданд, ба таври илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Аҳамияти амалӣ ва назарии тадқиқот аз он иборат аст, ки тавассути он нахустин маротиба мавзуъҳои адабиёти навини тоҷик, ки ба Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ марбут ҳастанд, ба баррасии илмӣ кашида шудаанд ва барои таълиму тарбияи насли нав маводи заруриро фароҳам меорад.

 

                   

Ризвоншоева Г.Н. Афсонаҳои сеҳромези Бадахшон (таҳқиқи ғоя ва образ). – Душанбе: Дониш, 2011. – 256 с.

Асаре, ки ба тваҷҷўҳи хонандагон пешниҳод мегардад, ба таҳлилу баррасии мундариҷаи ғоявӣ ва образҳои асосии афсонаҳои сеҳромези Бадахшон бахшида шудааст. Афсонаҳои сеҳромез дар байни дигар намудҳои ин жанр дар фолклори тоҷик мақоми хоса доранд ва фарогири доираи васеи масъалаҳои асотирӣ, таърихӣ ва иҷтимоӣ мебошанд.

 

 

                       

Фолклори Помир. Ҷилди 3. Афсонаҳои ҳаётӣ-маишии мардуми Бадахшон. Мураттиб, муаллифи муқаддима ва тавзеҳот Г.Ризвоншоева. Душанбе: Дониш, 2012. – 508 с.

Ба ҷилди сеюми «Фолклори Помир» афсонаҳои ҳаётӣ-маишии мардуми Бадахшон дохил гардидаанд. Афсонаҳои ҳаётӣ-маишӣ мавзўи рўзмарраи ҳаёти мардумро дар бар гирифта, афкори иҷтимоӣ, муносибатҳои ҳаёти оилавӣ, масъалаҳои муҳими шахсию ҷамъиятӣ ва ахлоқии одамонро возеҳтар баён намудаанд. Дар як гурўҳи калони ин афсонаҳо, агар нобаробарии иҷтимоӣ ва паҳлўҳои соири зишти даврони мозӣ бозтоб шуда бошанд, дар гурўҳи дигарашон камбудиҳои хислати инсонӣ мавриди ҳаҷву тамасхур қарор гирифтаанд.

 

 

                        

Давлатбеков Л. Шоҳфутур – адиби донишманд. – Душанбе: ДРТС, 2012. – 173 с.

Дар китоб бори нахуст дар бораи рўзгор ва фаъолияти эҷодии яке аз намоёнтарин шахсиятҳои фарҳангӣ ва адабии Бадахшони Тоҷикистон, хаттот, таърихнигор, адиби маъруфи охири асри XIX  ва нимаи аввали асри XX Шоҳфутур Муҳаббатшоҳзода ва паҳлўҳои осори адабӣ ва таълифоти дигари ў маълумот дода шудааст. Муаллиф кўшиш ба харҷ додааст, ки симои эҷодии ин адиби машҳури кўҳистони тоҷикро дар заминаи ашъор ва осори таърихияш бо аснод ва далоили илмӣ возеҳ намояд.

Китоб алалхусус барои адабиётшиносону таърихнигорон, оммаи васеи хонандагон ва кулли ҳаводорони шеъру шеъри форсии тоҷикӣ пешниҳод гардидааст.

 

 

                     

Давлатбеков Л. Фарҳанги дузабонаи шеъри Бадахшон. – Душанбе: Эр-граф, 2018. – 286 с.

Дар рисола доир ба вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву адабӣ, хусусиятҳои шеъри халқиву адабиёти касбӣ, омилҳои рушду инкишофи он ва таносуби назми мардумӣ бо адабиёти хаттии охири асри XIX ва нимаи аввали асри XX баҳс меравад. Муаллиф дар доираи таҳқиқоти хеш собит намудааст, ки дар доираи адабии Бадахшон чанд қабати адабиёт мавҷуд аст, ки онҳо бо ҳамдигар робитаи зич дошта, дар алоқамандии ҳамдигар буруз намудаанд ва аз ҷониби дигар ба ҳамдигар таъсир мерасонанд. Муҳаққиқ роҷеъ ба шоирони дузабона маълумот додааст, ки ашъорашон дар заминаи забонҳои шарқиэронӣ (яке аз забонҳои мардуми Бадахшон) ва забони форсии тоҷикӣ эҷод шудааст ва дорои арзишҳои баланди фарҳангӣ мебошанд. Китоб барои адабиётшиносону таърихнигорон ва кулли ҳаводорони санъати сухан пешниҳод мегардад.

 

 

                       

Давлатбеков Л. Рўзгор ва осори шоирони Бадахшон. – Душанбе: Эр-граф, 2014. – 179 с.

Рисола доир ба вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, рўзгор, осор ва вижагиҳои жанрӣ, забону услуб ва маҳорати суханварии шоирони нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX Бадахшон маълумот дода мешавад. Китоб барои адабиётшиносону таърихнигорон ва кулли ҳаводорони шеъри форсии тоҷикӣ пешниҳод мегард

 

 

                   

Давлатбеков Л. Суннатҳои шифоҳӣ ва хаттии адабиёти тоҷик дар Бадахшон (нимаи дуюми асри XIX ибтидои асри XX). – Душанбе: ИРАМ, 2023. – 234 саҳ.

Таҳқиқот дар хусуси вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ, мавқеи насри илмии фалсафӣ, таълимӣ, таърихӣ, тиббӣ ва насри гуфториву анвои он, вижагиҳои шеъри халқиву адабиёти китобӣ ва таъсири мутақобилаи онҳо ба ҳамдигар, қабатҳои гуногуни адабиёт дар ҳавзаи адабии номбурдаи нимаи дуюми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ, мавҷудияти шоирони дузабона дар ин ҳавзаи адабӣ баҳс мекунад.

 

 

                    

Қурбонхонова Н. Асотир ва ривоятҳо. – Душанбе: Нодир, 2004. – 39 с.

Дар маҷмўа намунаи асотир ва ривоятҳое дохил гардиданд, ки дар солҳои охир аз байни аҳолии навоҳии Кўҳистони Бадахшони Тоҷикистони Афғонистон гирдоварӣ шудаанд. Онҳо баёнгари воқеии ақида, эътиқод ва боварҳои қадимаи ин мардум мебошанд.

Маҷмўа барои фолклоршиносону мардумшиносон ва ҳам барои  доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

 

 

                              

Қурбонхонова Н. Устураҳои ҳайвоноту парандагон дар фолклори Бадахшон. - Душанбе: Эр-граф, 2004. -39 с.

Дар китоб устураҳои ҳайвонот ва парандагон дар фолклори мардуми Бадахшон, алоқамандии онҳо бо расму маросимҳои мардумӣ ва ҷанбаҳои бадеии онҳо таҳқиқ ёфтаанд. Хулосаҳои тадқиқот метавонанд дар омўзиши масъалаҳои умумии фолклори Бадахшон ва фолклоршиносии тоҷик истифода шаванд. Инчунин маводи он барои омўзиши илмии асотир, ривоят ва афсонаҳои ба ин мавзўъ бахшида дар манотиқи Тоҷикистон мусоидат мекунад. Маводи рисола барои муҳаққиқони соҳаҳои мухталифи ҷомеашиносӣ, аз ҷумла фалсафа, антропология, этнология, мардумшиносӣ чун сарчашмаи илмӣ ва оммавӣ хизмат мекунад. Таҳқиқоти мазкурро дар дарсҳои фолклори тоҷик, дар навиштани китобу дастурҳои тахассусии методӣ-таълимӣ барои омўзгорону донишҷўёни мактабҳои олӣ метавон истифода кард.

 

 

                        

Қурбонхонова Н. Устураи ҷонварон дар фолклори Бадахшон. – Душанбе: Дониш, 2011. – 1 45 с.           

Дар ин китоб маълумоту маводи нави шифоҳӣ, доир ба ҳайвоноту парандагон, ки аз байни сокинони Шуғнону Рўшон, Ишкошиму Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва чанд вулусволии Бадахшони Афғонистон  гирдоварӣ гардидааст, мавриди таҳқиқ қарор ёфтааст. Нишон дода шудааст, ки боварҳои асотирие, ки тавассути ҳайвонот ва парандагон арзи ҳастӣ кардаанд, аз қадимтарин шаклҳои тафаккури инсонӣ ба шумор мераванд. Муҳаққиқ муайян намудааст, ки олами ҳайвонот ва парандагон одамонро дар тамоми мавҷудияти таърихи башарият ҳамроҳӣ карданд ва ҳар як халқу кишвар марбут ба он ақидаҳои гуногуни тотемистӣ (намодпарастӣ) доранд.

Дар миёни мардуми тоҷик, аз ҷумла аҳолии Бадахшон, боварҳои асотирие, ки ба ҳайвоноту парандагон робита доранд, зиёд буда, дар маросиму оинҳои гуногун ва фолклори мардум ба мушоҳида мерасанд. Дар рисола оиди чунин маросимҳои мухталиф андешаронӣ шудааст.

 

 

                     

Қурбонхонова Н. Жанрҳои асосии фолклори Бадахшон. – Душанбе: Ирам, 2023. – 192 с.

Дар китоб жанрҳои асосии фолклори Бадахшон, ки дар навоҳии ВМКБ маъмуланд, гирдоварӣ ва таҳлил шудаанд. Маводи китоб метавонад барои муҳаққиқони соҳаҳои мухталифи ҷамъиятшиносӣ, мардумшиносӣ чун сарчашмаи илмӣ ва оммавӣ хизмат намояд.

 

 

                       

Қурбонхонова Н.М. Таҳаввули фолклори Бадахшон дар замони Истиқлолият. – Душанбе: Сифат-Офсет, 2023. – 242 с.

Эҷодиёти бадеии шифоҳӣ аз замони бостон пойдору устувор боқӣ монда, то имрўз ҳам бо шаклу усул ва шарту шароити нав дар байни оммаи мардум васеъ паҳн гардида истодааст. Дар ин замина, жанрҳои фолклорӣ ҳанўз ҳам робитаи анъанавии худро бо навъу намудҳои бостонӣ ҳифз намуда, моҳияти пешинаашонро бо услубу маъно ва андешаҳои нав баён карда истодаанд. Истиқлолият муҳимтарин вижагиҳои ғоявӣ-бадеӣ, гуманистӣ, ватандўстӣ, ҳамдиливу ҳамдастӣ, инъикоси бадеии воқеияти нави зиндагӣ, ҷавҳари милӣ, муносибати байналмилалӣ, симоҳои навро дар фолклори Бадахшон ба вуҷуд овыард. Дар асоси ин навгониҳо роҳи васеъ ба самти омўзиши маънавиёти мардумӣ кушода шуда, минбаъд ҳам он равнақи тозаро гирифта истодааст.

 

 

                

 

Абдулназаров А.А. Танатологические мотивы в таджикской литературе XX-XXI вв. – Душанбе: Эр-граф, 2021. – 312 с.

Книга молодого ученого Абдулназарова А.А. – наиболее полное на сегодняшний день произведение на русском языке, посвященное проблеме танатологии в современной таджикской литературе. Изучение данной темы представляется чрезвычайно важным в наши дни – в ситуации достаточно резкой смены социальных установок и ценностно-мировоззренческих ориентиров в творчестве таджикских писателей XX-XXI веков, поскольку в творчестве любого из них можно найти обращение к теме смерти и своеобразную авторскую интерпретацию. Исследование данной темы, на наш взгляд, отражает специфику национального мировосприятия и эффективно для разрешения многих противоречий в общественной жизни современного таджикского общества.

 

 

                     

Абдулназаров А.А. Жизнь и творчество Нодира Шанбезода. – Душанбе: РТСУ, 2015. – 124 с.

Дар рисолаи мазкур нахустин бор ҳаёту эҷодиёти яке аз шоирони шинохтаи Бадахшон Нодир Шанбезода мавриди баррасии илмӣ қарор дода шудааст. Дар ин тадқиқот бисёр санадҳои муҳим аз ҳаёти шоир, ки тарафҳои зиёди давраҳои эҷодиёт, таҳлили мундариҷаи эҷоди ӯ ва марҳилаҳои мухталифи зиндагии шоирро мушаххас мегардонанд, ба риштаи таҳлил кашида шудаанд. Ҳаёт ва эҷодиёти Нодир Шанбезода дар доираи ин тадқиқот бори нахуст бидуни таъсиру фишори ягон ҳизбу сохтор  пажӯҳиш шуда, дар баробари ин, хусусияти эҷодиёти дузабонаи шоир аз нигоҳи илмӣ таҳлил гардидааст, ки минбаъ ба ҳайси замина барои тадқиқи ашъори дузабонаи шоирони дигар адои хизмат менамояд.

 

 

                       

Абдулназаров А.А. Нодир Шанбезода ва эҳёи шеъри помиризабон. – Душанбе: Эр-граф, 2017. – 192 с. 

Пажўҳиши мазкур ба таҳқиқи ҳаёт, фаъолияти эҷодӣ ва ҳунари шоирии яке аз намоёнтарин намояндаи адабиёти даврони шўравӣ – Нодир Шанбезода ихтисос ёфтааст. Дар рисола ҳамчунин бархе аз масъалаҳои ҳаёти даврони коммунистӣ, ки таҳти сиёсати ташаккули одами нав – бунёдкори коммунизм оғоз ва анҷом мешуданд ва таъсири худро дар адабиёт ва маданияти халқҳои таҳти империяи шўравӣ гузоштаанд, баррасӣ мешаванд. Таҳлили дуруст ва воқеии ҳаёту фаъолият,  услубу  усул ва тарзи нигориши адибони алоҳидаи адабиёти замони шўравии тоҷик боиси барқарор намудани воқеияти таърихӣ ва раванди адабии адабиёти он давра мегардад.

 

 

                    

Мажнунов А.  Шоирони маҳалии Панҷакент. – Душанбе: Дониш, 2019. – 130 с.

Ин маҷмӯа ба муносибати 5500-солагии Саразми бостонӣ таҳия шуда, маводи фарогирифтаи он дар соли 2019 аз  деҳаҳои  Шинг, Хӯҷапанҷ, Мадовра ва Заврон гирдоварӣ гаштаанд.

Аз Панҷакент  ба миқдори фаровон гирд  омадани намунаҳои  назми халқӣ  ва таҳлили  ҷиҳатҳои  асосии онҳо  нишон медиҳад, ки фолклор яке  аз соҳаҳои муҳими маданияти маънавии мардуми ин сарзаминро такшкил  додааст. Назми  даҳанакӣ асрҳо  ҳамдаму  ҳамрози аҳолии  ин  минтақа буда, таърихи тӯлонӣ  дорад. Шоирони  маҳаллӣ  онҳоеанд, ки таълими расмии мадраса ва мактабро надидаанд. Адабиёти гуфторӣ ё фолклор  як ҷузъи ҷудонопазири  фарҳанги  миллии мардуми тоҷик буда,  ин мероси арзишманд дар тӯли  таърих ҳамеша таваҷҷуҳи адибон  ва донишмандонро ба худ  ҷалб  намудааст.

 

 

                 

Мажнунов А.  Марсия дар фолклор ва назми муосири тоҷик. Душанбе: Маориф, 2020. 154. с.

Китоби мазкур нахустин тадқиқоти мукаммал оиди масъалаи марсия дар фолклор ва адабиёти муосири тоҷик ба забони русӣ мансуб меёбад. Моҳияти назарӣ ва амалии кор: Аҳамияти назарии рисола, пеш ҳама, дар он аст, ки дар бораи марсияҳои тоҷикӣ ба таври муфассал сухан ронда, мазмун, сохтор, бадеият ва мавқеи истифодаи онҳоро нишон медиҳем. Ҳамчунин ҳангоми таҳқиқ ба андешаҳои назарии муҳаққиқони дигар такя намудаем, ки барои таҳқиқи баъдии корҳои минбаъда муфид хоҳад буд. Маводи рисолаи мо аҳамияти амалӣ низ дорад. Маводи он метвонад барои навиштани таърихи фолклоршиносӣ ва адабиётшиносии тоҷик ба кор равад. Ҳамчунин дар дарсҳои махсус метавон аз он истифода кард.

 

 

                     

Қаландариён Ҳ.С. Нақди адабӣ дар «Хизонаи омира». – Душанбе: ДРТС, 2005. – 30 с.

Дар ин рисолача оид ба ақоиди адабию танқидии Мир Ғуломалихони Озод пиромуни шеър ва ҳунари шоирӣ дар тазкираи «Хизонаи омира» баҳс рафтааст. Ҳарчанд баъзе баҳоҳои Мир Ғуломалихон дар хусуси шеъру шоирон хусусияти тавсифӣ дошта ва ё ба қатори нақди завқӣ дохил шуда бошанд ҳам, решаи қавии илмӣ доранд. 

 

                     

                      

Қаландариён Ҳ.С. “Хизонаи омира” ҳамчун сарчашмаи омўзиши таърихи адабиёти форсизабони асрҳои IX-XVIII. – Душанбе: Дониш, 2007. – 292 с.

Рисолаи мазкур ба яке аз тазкираҳои ҷамъбасткунанда дар адабиёти форсизабони Ҳинд, ки дар як давраи бисёр ҳассос, суқути забони форсӣ дар шибҳа қора ва рўи кор омадани забони урду таълиф  ёфтааст, бахшида шудааст. Дар асар дар асоси маълумоти сарчашмаҳои адабӣ, таърихӣ ва адабиёти мавҷуда дар бораи ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангиву адабии Мир Ғуломалихони Озоди Билгиромӣ, ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ў сухан рафта, оид ба сохт, хусусиятҳо ва аҳаммияти «Хизонаи омира» ҳамчун сарчашмаи адабӣ барои таърихи адабиёт ва равобити адабӣ, инчунин дар бораи афкори адабиётшиносии муаллифи тазкира маълумот дода шуда, аҳаммияту арзишҳои воқеии ин асар муайян ва шарҳу тавзеҳ ёфтаанд.

 

 

                   

 

Қаландариён Ҳ.С. Рўдакӣ ва исмоилия. – Душанбе: Эр-граф, 2012. – 236 с.

Рисола ба яке аз баҳсбарангезтарин мавзўоти зиндагиномаи Устод Рўдакӣ – тамоюли ақидатии ў бахшида шудааст. Муаллифи рисола бо такя бар аснод ва сарчашмаҳои таърихӣ, тафовутҳо байни мазҳаби исмоилия ва ҷараёни қарматияро муайян намуда, аз доираи ақоиди қаромита куллан берун будани устоди шоиронро зикр мекунад. Ҳамчунин, дар рафти таҳлили мавзўъ, ба баъзе аз таълифоти муғризонаи зидди исмоилия, ки вақтҳои охир эҷоду интишор ёфтаанд, посухҳои далелнок дода шудаанд.

 

 

                  

Қаландариён Ҳ.С. Исмаилизм и персидско-таджикская литература X-XII вв. (к проблеме взаимодействия религиозного и художественного мышления). – Душанбе: Сифат-Офсет, 2021. – 460 стр.

Муайян намудани  ҷойгоҳи адабиёти исмоилӣ дар тамаддуни тоҷикӣ ва хосса, нишон додани заминаҳо ва таъсирпазирии адабиёти исмоилию адабиёти форсии тоҷикии асрҳои Х-ХII аз зумраи он масъалаҳои таърих ва назарияи адабиёт мебошанд, ки гузашта аз мақолаю таълифоти ҷудогона ва ишора дар асарҳои ҷомеъ, то ҳанўз мавриди таҳлилу таҳқиқи пажўҳандагон қарор дода нашудаанд. Новобаста аз ибрози ақидаҳои инфиродӣ ва ишораҳои алоҳида, масъалаи мутазаккира ба тариқи пурра ва холисона на дар адабиётшиносии тоҷик ва на дар илми шарқшиносии ҷаҳон пажўҳиш наёфтааст. Ин рисола нахустин қадам дар роҳи нишон додани манзалату мақом, аҳдофу вазифаҳои  адабиёти исмоилӣ дар рушду такомули адабиёти форсии тоҷикии асрҳои Х-ХII мебошад.

 

 

                 

Азорабеков С. Занони суханофари Бадахшон. – Душанбе: ИРАМ, 2023. – 124 с.

Ин китоб оид ба ҳаёту осори занони шоир, ки дар қаламрави Бадахшон зиндагию эҷод намудаанд, иттилои мухтасар медиҳад. Таҳлили ҳаматарафаи эҷодиёти онҳо ба оянда вогузор шуд. Аз ин ҷиҳат, мўҳтавои китобро ба тарзи тазкиранигорӣ мураттаб сохта, оид ба ҳар як бонуи шоир аз таърихи қадимтари адабиёти занонаи Бадахшон сар карда, то ҳоло ба тартиби алифбо маълумоти кўтоҳе дода шудааст.

 

 

                

Қурбонхонова Н.М., Азорабекова Ш.М., Шакармамадов О.Н. Дирӯз ва имрӯзи Наврӯзи Бадахшон. – Душанбе: “Сифат-Офсет”, 2024. – 142 с.

Тасвиру таҳлили ҷашну маросимҳои наврӯзии мардуми Кӯҳистони Бадахшон, ки дар рисола дарҷ гардидаанд, бори аввал набуда, аз ҷониби муаллифони асар кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки таҳаввулоти ин расму оинҳо дар даврони муосир то андозае васеътар баррасӣ карда шаванд. Гарчанде ин урфу одатҳо ва эътиқодоти куҳани мардум нисбати ҷашнгирии Наврӯз бо рангу таровати нав иҷро мешаванд, ҳамон унсурҳои қадимаи аҷдодӣ дар онҳо нигоҳ дошта шуда, бо замони муосир мутобиқ гардидаанд.