wrapper

  Аз дидгоҳи улуми ҷамъиятшиносӣ, асосан, таърих, филология, фалсафа, шарқшиносӣ ва санъатшиносӣ Бадахшон минтақаи дорои хусусиёти хос дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.

  Ин минтақа аз ҷиҳати теъдоди калони забонҳои мустақил ва гўйишҳои мавҷуд будааш (шуғнонӣ бо гўйишҳои баҷувӣ ва шоҳдарагӣ ва забонҳои хеши нисбатан наздики ин забон рушонӣ, хуфӣ, бартангӣ, рошорвӣ, сариқулӣ ва забони хеши нисбатан дури ин забон язгуломӣ ва инчунин забонҳои вахонӣ, ишкошимӣ, санглиҷӣ, мунҷонӣ) ҷои дуввумро пас аз Доғистон ишғол мекунад. Дар асоси забонҳои номбурда ва ҳамчунин фарҳангу суннати вижаи соҳибони ин забонҳо дар соли 1925 Вилояти Мухтори  Куҳистони Бадахшон дар ҳайати Тоҷикистони Шуравӣ таъсис ёфта буд.

  Вижагии хоси забонҳои помирӣ дар он аст, ки ин забонҳо дар якҷоягӣ бо забони осетинӣ дар Қавқоз давомдиҳандаи фарҳанги таърихии забонҳои қадимаи матрук, ки дар замонҳои пеш дар сарзамини васеи Осиёи Марказӣ густариш ёфта буданд (сакӣ (скифӣ), суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ, хутанӣ-сакоӣ), маҳсуб мешаванд ва ҳамчунин хешигарии наздике бо забони китоби қадимаи мардуми эронинажод – Авасто доранд. Густурдагии васеи ин забонҳо (Тоҷикистон, Хитой, Афғонистон, Ҳиндустон,  Покистон) ба соҳаи помиршиносӣ мақоми байналхалқиро ато мекунад.

  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оиди ин масъала дар китоби  худ “Назаре ба таърихи тамаддуни ориёӣ” чунин иброз намудааст: “... Имрӯзҳо Тоҷикистон аз ҷиҳати бойгарии забонӣ музейи зиндаи таърихӣ аст. Чанде аз забонҳои қадим, ки шомили гуруҳи забонҳои шарқи эронӣ мебошанд, дар Бадахшон ва савоҳили болоии дарёи Заравшон маҳфуз нигаҳ дошта шудаанд. Ин забонҳо хазинаи махсусе барои омӯзиши таърихи забонҳо дониста мешаванд, ки ҳифзу баррасии илмии онҳо бояд муҳайё карда шавад.

  Густариши ҷуғрофиёии забонҳои мазкур боис гардид, ки роҳи ассимилятсияи ин забонҳо бо забони тоҷикӣ пешгирӣ карда шавад. Адами васоити коммуникатсионӣ сокинони ин водиҳоро дар муҳити маҳдуди таҳҷоӣ қарор дода буд. Имрўзҳо сохтмони роҳҳои нав ба роҳ андохта шудааст. Сохтмони шоҳроҳи Кулоб-Хоруғ-Қулма-Қароқурум, роҳи мошингард тавассути ағбаи Девдара алоқа миёни Бадахшон ва маркази Тоҷикистонро дар давоми сол муҳайё месозад. Тағйироте, ки дар асоси талаботи давраи нави таърихи миллати мо ба вуқуъ мепайванданд, забонҳои помириро ба тағйироти сифатӣ дучор хоҳад намуд, вале мо бояд кушиш ба харҷ диҳем, то ин забонҳоро ба сифати бойгарии маънавии миллӣ нигаҳ дошта бошем”. Соҳибони забонҳои помирӣ асарҳои фолклории беназиреро, ки сарчашмаи арзишманде барои такмилу далелнок намудани соҳаи фолклористика шумурда мешаванд, эъҷод намудаанд. Феълан назм ва дигар анвои адабиёти бадеии ин забонҳо рушду нумуъ ёфта истодаанд ва ҳамчунин чорабиниҳо оиди омўзиш ва тадқиқи забонҳои помирӣ ба роҳ андохта шудааст. Дар баробари эъҷод намудани корҳои илмии фундаменталӣ оиди забонҳои помирӣ, фолклор ва адабиёт, таърих, мардумшиносӣ китобҳои мактабӣ, луғатҳо, маҷмуаҳои илмӣ-публитсистӣ барои истифодаи васеъ миёни соҳибони забон тартиб дода мешаванд. Аз ин ҷиҳат шуъба ҳои мухталифи Институти илмҳои гуманитарӣ на танҳо арзиши минтақавӣ, балки арзиши байналхалқиро барои улуми шарқшиносӣ касб мекунанд.

  Бадахшон ва ноҳияҳои ҳаммарзи Помиру Ҳиндукуш ватани густариши мазҳаби исмоилия, равияи фалсафӣ ва дини чанде аз афроди бузурги шарқ маҳсуб мешаванд. Институти илмҳои гуманитарӣ имконияти омўзиши мероси бойи мазҳаби исмоилия ва алоқаи онро бо мазҳаби зардуштия ва дигар шохаҳои ислом дорад.

  Этнография ва санъати хоси мардуми Бадахшон дер боз таввуҷуҳи олимони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намудааст, вале мавҷуд набудани баъзе имкониятҳо моддӣ ва техникӣ баррасӣ ва омӯзиши ин соҳаҳоро ба дараҷае мушкил месозад.

  Баррасии ҷиҳатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Бадахшон ва бойгарии табии он метавонад инкишофи табии минтақаро муҳайё созад. Бояд тазакур дод, ки Бадахшон аз назари инкишофи худ дар сатҳи ҷумҳурӣ омўзиши пурраи худро то ҳол наёфтааст.

  Аз ҷиҳати илмӣ муносиботи генетикӣ миёни забонҳои помирӣ ва дигар забонҳои эронӣ, ҳинду эронӣ, ҳинду аврупоӣ муайян нашудааст. То ҳол асарҳои чандзабонаи фолклорӣ ва адабӣ таҳлили илмии худро наёфтаанд. Рўзҳои ахир ҳамчунин тадқиқоти этнографии минтақа то андозае қатъ гардидааст. Санъати мусиқии Бадахшон низ ниёз ба тадқиқоти илмӣ дорад, зеро он инъикоскунандаи афкори фалсафӣ ва мазҳабии соҳибони забонҳои помирӣ мебошад.

  Зарурияти омӯзиши ҳамаи ин масъалаҳо дар он аст, ки тамоми бойгарии маънавии сокинони таҳҷоӣ дар зеҳни афроди солхӯрда маҳфуз аст ва хатари аз байнравии табии ин иддаи сокинон вуҷуд дорад.

  Тағйироти босуръате, ки дар зиндагии иҷтимоии муосир рух медиҳад, талаб мекунад, ки фонди илмӣ оиди забон, жанрҳои фолклорӣ, санъат, этнография, таърих ва фалсафаи сокинони чандзабонаи Бадахшон мураттаб гардад. Танҳо омўзиши мукаммали илмии ин забонҳо аз нестшавии пурра онҳоро пешгирӣ хоҳад кард.

  Институти илмҳои гуманитарӣ ҳадафҳои зеринро дар мадди назар дорад ва хоҳад дошт:

- тадқиқи илмии забонҳои помирӣ, жанрҳои чандзабонаи фолклор ва адабиёт, таъмин намудани шароит барои ҳифз ва рушди баъдинаи онҳо;

- мураттаб намудани сарчашмаҳои илмӣ бо роҳи ҷамъоварии муназами маводи лингвистӣ, фолклорӣ, этнографӣ, мазҳабӣ миёни сокинон ва дар асоси онҳо мураттаб сохтани базаи забонҳо, фолклор ва адабиёт, этнография, санъати мусиқӣ, мазҳаб ва базаи дигар материалҳои моддӣ ва маънавии мардуми Бадахшон;

- нашр намудани матнҳои чандзабонаи помирӣ оид ба лингвистика, фолклор, этнография ва дигар намудҳои матнҳо бо тарҷумаи илмӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ эзоҳот ва индексҳо бо ҳадафи пешкаш намудани онҳо ба шарқшиносони Тоҷикистону мамолики хориҷӣ;

- идома додани омўзиши синхронӣ ва диахронии забонҳои помирӣ бо усули муқоисавӣ-типологӣ, муайян намудани алоқа байни онҳо ва ҷойгоҳи онҳо миёни забонҳои дигари эронӣ, ҳиндӣ ва ба таври васеътар миёни забонҳои ҳиндуаврупоӣ;

- амалӣ намудани тадқиқоти сотсиолингвистии забонҳои помирӣ бо нишондоди таъсири байниҳамдигарии онҳо ва роҳҳои бой гардидани ин забонҳо аз таъсири дигар забонҳои ҳамҷавор; мураттаб сохтани фарҳангҳои муқоисавӣ, этимологӣ, ономастикӣ ва ғайраи забонҳои помирӣ ва ҳамчунин дар оянда тартиб доданӣ атласи лингвистии забонҳои помирӣ;

- мураттаб намудан ва тадқиқи илмии маҷмуаи бисёрҷилдаи фолклори Бадахшон ҳамчун давомдиҳандаи маҷмуаи фолклори тоҷик; давом додани тадқиқоти жанрӣ ва типологии фолклори Бадахшон;

- нашр ва тадқиқ намудани адабиёти хаттии помирӣ ва форсӣ-тоҷикии Бадахшон, матраҳ намудани кумаки илмӣ-методӣ дар тартиб ва шакл додани музейҳои хотиравӣ ва дигар намуди музейҳо барои бузургдошти шоирон ва нависандагони Бадахшон;

- тадқиқоти илмӣ ва нашри адабиёти фалсафӣ-исмоилӣ ва адабӣ, муайян намудани алоқаи онҳо бо мазҳаби зардуштия, суфизм, буддизм ва ғайра;

- амалӣ намудани тадқиқоти этнолингвистии гуруҳҳои этникии Помир бо ҳадафи мураттаб сохтани атласи этнографии мардуми Бадахшон;

- мураттаб сохтани таърихи мардуми Бадахшон ва фарҳанги моддӣ ва маънавии онҳо аз даврони қадим то имрўз;

- мураттаб сохтан ва нашр намудани алифбоҳо, китобҳои дарсӣ, луғатҳо, дастурҳои забонҳои помирӣ барои омўзиш дар мактабҳо ва афроде, ки мустақилона ин забонҳоро аз худ мекунанд;

- матраҳ намудани кумаки илмӣ-методӣ ба мактабҳои вилоят бо ҳадафи мукаммал намудани ҷараёни таълими забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ дар асоси забонҳои модарии гуруҳҳои этникии Бадахшон;

- амалӣ намудани ҳамкорӣ ва алоқаи илмӣ бо помиршиносони давлатҳои ИММ ва ҳамчунин эроншиносон ва помиршиносони хориҷӣ бо ҳадафи тадқиқи муқоисавии забонҳои помирии дар ҳудуди ВМКБ ва мамолики хориҷӣ мавҷуд буда; ташкил намудани экспидисияҳо ба ҳамаи ноҳияҳои густариши забонҳои помирӣ; ташкил намудани семинарҳо, конфронсҳо, симпозиумҳо ва бо ташаббуси ҳамаҷониба мураттаб намудани маҷмуаи корҳои илмӣ мутааллиқ ба соҳаи лингвистика ва фарҳангшиносӣ;

- амалӣ намудани тадқиқоти фундаменталии иҷтимоӣ-иқтисодии Помир ва дастёбии он ба ниёзҳои иқтисодии ВМКБ ва ҷумҳурӣ.