Навидҳои рӯз

- Чоршанбе, 24 Июл 2024
Вақти он расидааст, ки…
Ризвоншоева Нуринисо – ходими илмии
шуъбаи забонҳои помирии ИИГ АМИТ
Вақти он расидааст, ки…
Мулоқоти имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар ба таҳлили ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар ва корҳои анҷомдодаи илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат бахшида шуда буд.
Имрўз ҳатто ноогоҳтарин фарди ҷомеаи мо наметавонад гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба илм ҳамчун ба яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва ба олимон ҳамчун ба захираи бузурги зеҳнии ҷомеа муносибат надораду барои пешрафти ҳамаҷонибаи илм ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё наменамояд. Зеро Ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола бо дарназардошти мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра дастгирӣ менамояд. Албатта, анҷом додани ин иқдом аз Ҳукумати мамлакат саъю талоши зиёд, заҳмат ва хароҷоти бузургро талаб мекунад [1] ва дар суханронии Пешвои миллат ин нуқта бо далелҳои омории аниқ таъкиду баррасӣ гардиданд, ки дар ҳақиқат муассиркунандаанд.
Воқеан «… аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд». Акнун тақозои замон чунин аст, ки аз ҷониб худ олимон бояд «… барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд» [1].
Агар чунин як уҳдадории бузург бар зиммаи олимон гузошта шуд бошад, оё ҷомеи илмии имрўза, дар марҳили навин аз уҳдаи он баромада истодааст? Барои иҷрои чунин вазифаҳо неруи пурқудрати илмӣ ва сафи мазбути олимоне, ки сарсупурди илманд, ҳаётан муҳим аст. Пас, дар партави иҷроиши ин иқдомҳо шумораи умумии олимони тоҷик, ки танҳо бо илми соҳавии худ сару кор доранд, чи қадар бошад? Мутаассифона мо аз ягон омор маълумоти дақиқро пайдо карда натвонистем, ки дар ҳудуди кишвар чи қадар олим сирф ба корҳои илмӣ машғуланд?
Нуқтаи дигар он аст, ки дар замони муосир олим гуфта, мо киро дар назар дорем? Мувофиқи таърифи луғатномаҳо «олим шахсе, ки таҳсилоти махсус гирифта, бо фаъолияти илмӣ ё илмию педагогӣ бо камоли касбӣ машгул аст» [3]. Имрўз дар ҷомеаи мо нишондиҳанди олим ин соҳиб будан ба унвони илмӣ –номзади илм, доктори илм, доктор PhD ва зинаҳои минбаъдаи онҳоянд. Инчунин нишондиҳанди олим ин соҳиб будан ба унвонҳои илмӣ –дотсент, профессор, академик аст.
Аз назари оммаи васеи мардум олим соҳиби як қатор махсусиятҳост, аз он ҷумла олим - ин пеш аз ҳама шахси доно, донишманд ва дорои маълумоти олии хеле босифат аст. Олим шахсест, ки ба нафъи ҷомеа тариқи илм фаъолият дорад ва аз оммаи васеи халқ бо заковату дониши худ куллан фарқ дорад. Олим шахсест, ки дар як ё якчанд соҳаи илм мумайизи баландихтисос аст. Ин тавсифи хеле фишурдаи олим аз назари умум аст.
Агар ба таърихи башарият назар афканем, худи мафҳуми «олим» ва «илм» роҳи хеле тўлонии рушду тасҳеҳро тай намуданд ва дарки онҳо дар фарҳангҳои мухталиф низ аз ҳам тафовут дошт, вале дар замони муосир як ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ ташаккул ёфтааст, ки дар мамлакатхои гуногун андешаҳоро дар бораи илм ва олимон ба ҳам овардааст.
Аз нуқтаи назари илмӣ олими муосир шахсест, ки методологияи илмии иборат аз синтези далелҳои хуб санҷидашударо истифода бурда, тавлид ва санҷиши фарзияҳо, эҷоди назарияҳо ҳамчун далелҳои дараҷаи умумӣ, таҳияи тавсифи илмиро дар пажўҳиши илмии худ сармашқи кор месозад ва натиҷаи кори илмиаш бояд ба фоидаи ҷомеа ва кишваре, ки дар он ҳаёт ба сар мебарад, истифода бурда шавад.
Пас бар асоси тавсифи дар боло овардашуда саволе ба миён меояд, ки дар ҷомеаи мо оё ҳар як шахси унвони илмӣ дошта сазовори номи олим аст?
Чанд фисад олимон ба ҷодаи илм танҳо ба хотири дарёфти унвону дараҷаи илмӣ омадаанд? Чаро маҳсули илмии чунин ашхос дар шакли маводи нашргардида ангуштшумор аст?
Чаро чунин олимон бештар дар миёни ашхосе, ки дар дигар соҳаҳои иҷтимоиву ҷамъиятӣ кору фаъолият доранд, бештар ба назар мерасанд?
Чаро имрўз теъдоди ниҳоят зиёди хизматчиёни давлатӣ дорандагон ё унвонҷўёни дараҷаҳои илмианд, вале саҳме дар пешрафти соҳаи худ надоранд? Масълаи марбут ба ин қишри ҷомеа махсусан нигаронкунанда аст. Зеро хизматчии давлатӣ, мувофиқи қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ», … мансаби давлатии хидмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол намудааст… ва хизматчии давлатии маъмурӣ - хизматчии давлатӣ, ки уҳдадориҳои мансабии ӯ ба таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсии хидмати давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ равона карда шудааст» [2].
Яъне фаъолияти касбии хидматчиёни давлатӣ барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудааст.
Пас омиёнатар карда гўем, хизматчии давлатӣ шахсест, ки мунтазам ба корҳои умуриву идоравӣ ва давлатӣ машғул аст, яъне шахсе, ки дар хизмати давлат аст. Бо назардошти фарогирӣ дар кори давлатӣ, ки бештари вақт рўзи кории бемеъёр доранд, ваколату салоҳиятҳое, ки бар дўшашон ҳастанд, хеле аҷиб аст, ки чунин ашхос, чи тавр фурсати омўзиш, пажўхиш ва таҳияи корҳои илмиро доранд?! Тавъам дар хизмати давлату дар хизмати илм будан оё маъно «хизматгори ду хоҷа» будан нест? Пас ё кори давлатӣ мусоҳилакорона анҷом дода мешавад ё кори илмӣ, ки ҳар дуяшон тамоми қувваю неруи ақлониву равониро талаб мекунанд. Пас оё давлат ба чунин «хизматчӣ» в илм ба чунин «олим» ниёз доранд?
Бархе аз ин «хизматчӣ-олимон» дорои унвонҳои дотсенту профессор низ ҳастанд, ҳоло он ки соате барои донишҷўе дарс нагуфтаанд ва ягон таҷрибаи тадриси академӣ надоранд. Ҳоҷати гуфтан аз таҳияи дастурамалу китоби дарсӣ, ки яке аз талаботҳои асосӣ дар ин самтанд, нест. Агар асли воқеа чунин намебуд, имрўз донишкадаву донишгоҳҳо дорои базаи ягонаи ғании китобҳои дарсии баландсифату аз нуқтаи назари илмӣ комил ба забони тоҷикӣ мебуданд ва толибилмон аз онҳо баҳравар мегардиданд.
Пас рў овардан ба илм аз ҷониби шахсоне, ки дар соҳаҳои дигар машғули фаъолиятанд, дар чист? Оё илм имрўз «чатри эҳтиётӣ» аст, ки дар ҳолати бенасиб гаштан аз кори давлатӣ чунин шахсон метавонанд рў ба илм оранд? Ба илме, ки барои он соатеро сарф накардаанд ва ҳарферо рўи қоғаз наовардаанд?
Шояд вақти он омадааст, ки ба қадри дастгириву ғамхорӣ дар соҳаи илму маориф, ки аз ҷониби давлат мунтазам амалӣ мегардад, расид?
Шояд вақти он расидааст, ки унвону дараҷаҳои илмӣ қадру манзалате, ки бояд дошта бошанд, воқеан соҳиб гарданд?
Шояд вақти он расидааст, ки сохтори мустақиме оиди назорату танзими ин раванди илм таъсис дода шаваду пеши роҳи ашхоси тасодуфӣ ба илми тоҷик баста шавад?
Шояд он гоҳ ба майдони илми тоҷик ашхосе ба мисли Бобоҷон Ғафурову Баҳодур Искандаров ва даҳҳо бузургони дигари илми тоҷик оянду номбардори миллат гарданд?!
Шояд вақти он расидааст, ки аз дидану шунидани «олиме» ботаассуф нагўем, ки «Э вой, хонаи илм сўхт!» …
Сарчашмаҳо:
- Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар / Source: Сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 30.05.2024.
- Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» / www. https: //majmilli.tj › қонуни- Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ».
- Новая философская энциклопедия. В 4 тт. / Под редакцией В. С. Стёпина. - М.: Мысль, 2001.
Муфассал ...

- Сешанбе, 23 Июл 2024
КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ АМИТ
КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ АМИТ
Тайи ду ҳафтаи моҳи июли соли ҷорӣ дар бинои Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъмири ошёнаи якум амалӣ шуда истодааст. Корҳои ободонӣ таъмири толори Шурои диссертатсионии назди ИИГ АМИТ, роҳрав, саҳни дохилӣ ва берунаи даромадгоҳи биноро дар бар мегиранд.
Бояд зикр намуд, ки чунин корҳои ободонӣ ва созандагӣ бо дастгирии доимии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисод, профессор, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатӣ дар ВМКБ, хоса дастгирии ҳамешагии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва шарикони рушд амалӣ шуда истодаанд.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки барои таъмири ошёнаи якуми бино зиёда аз 150 000 сомонӣ ҷудо гардида, дар баробари таъмир маблағ барои таъмин намудани толори Шурои диссертатсионӣ бо таҷҳизоти муосир ҷудо гардидааст.
Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ ва ҳамаи кормандони он аз дастгириҳои ҳамешагии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва МҲИД-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон миннатдор буда, сиёсати солиму хирадмандонаи Ҳукумати давлати Тоҷикистон ва зерсохторҳои онро комилан дуруст арзёбӣ намуда, бе шубҳа боварӣ бар он доранд, ки бо чунин иқдомоти пешгирифта соҳаҳои мухталифи ҷомеа, бахусус, соҳаи илм ва маориф бо суръат рушд хоҳанд кард.
Муфассал ...
- Сешанбе, 16 Июл 2024
САМАРАБАХШИИ НАТИҶАҲОИ ИЛМӢ АЗ ОМИЛҲОИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ
М. Имомназаров – ходими илмии
шуъбаи адабиёт ва фолклори Бадахшони
Институти илмҳои гуманитарии АМИТ
САМАРАБАХШИИ НАТИҶАҲОИ ИЛМӢ АЗ
ОМИЛҲОИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ
(Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли илм ва маорифи кишвар)
Ба туфайли пешрафти босуръати илму технологияи муосир инсоният на танҳо ҳар рӯз, балки ҳар дам ба кашфиёту навовариҳои зиёд ноил шуда, аз як унсур ё партов чизҳои барои ҳама лозиму қиматнок меофарад. Шояд дар гузашта номумкин буду барои худ фасона фаҳмидем, ки одам аз як сайёра ба сайёраи дигар сайёҳат хоҳад карду зиндагиро дар Моҳ ё Миррих интихоб менамояд, ё худи мошин, киштиву тайёра рӯзе мерасад, ки аз як қитъа то қитъаи дигар бе ронандаву сарнишин ҳаракат карда, ҳар гуна кору амалиётро анҷом медиҳанд ва ё мушаки фаросавтии истеҳсоли кишваре бо суръати то 28 мах, яъне 28 маротиба аз овози муқаррарӣ тезтар парвоз менамояд.
Аммо, ҳамаи ин дастоварду комёбиҳои илму технологияи муосир буда, маҳз бо ранҷу заҳмати шабонарӯзии олимону муҳандисон ва ихтироъкорони олам рӯи даст омада истодаанд. Яъне, барои олими боамал шудан ҷаҳонбинии васеъ, тадқиқоту таҷрибаҳои чандинсола, дар баъзе ҳолатҳо ҳатто асрҳо лозим омада, ғайр аз моддиёт, шароиту имкониятҳои дигар иродаи қавӣ, устуворию истодагарӣ дар кору мақсад ва албатта, худфидокунӣ баҳри ин амали шоиста зарур аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқоти навбатӣ бо аҳли илм ва маорифи кишвар махсус таъкид намуданд, ки "Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст...
Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд".
Аз гуфтаҳои Роҳбари давлат бармеояд, ки дар замони муосир танҳо он давлатҳои соҳибихтиёр мавҷудияту ҳастии худро таҳким мебахшанд, ки агар нерӯи ояндасозашон соҳибилму босавод ва иқтидори бузурги ақлониву зеҳнӣ дошта бошанд.
Аммо паҳлӯи асосии масъала ба камолот расондану худтакомулдиҳии чунин наслҳо аст ва он албатта, дар навбати аввал аз оилаву мактаб, донишкадаву донишгоҳҳо маншаъ мегирад.
Сараввал, дар мактабу донишкадаву донишгоҳҳо сифати таҳсилу таълим на барои аломату ишора, балки воқеан барои ояндабинӣ ва рушду пешрафти муҳассилон бояд бардошта шавад ва ин ишораи Президенти мамлакат ҳақиқати раднопазир аст:
"Яке аз масъалаҳои ҳалталабе, ки солҳои зиёд дар назди ин муассисаҳо қарор дорад, таълифи китобҳои дарсии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй мебошад. Сифати таҳсилот асосан ба сатҳу сифати китоби дарсӣ, маводи таълимӣ ва маҳорати педагогии омӯзгор вобаста мебошад, ки ин масъалаҳо ҳанӯз беҳбудии ҷиддӣ мехоҳанд".
Ғайр аз ин, хонандагони макотиб аз кабинетҳои фаннӣ аз рӯи фанҳои дақиқ, риёзӣ, табиатшиносӣ, физикаю химия, асосҳои техникаи компютерӣ ва ғайра бояд самаровар баҳра гиранду дар ин кор пеш аз ҳама омӯзгоронро зарур аст, то на танҳо тавассути дарсҳои назариявӣ, балки дар амалия ҳам шавқу завқи толибилмонро боло бардоранд.
Ҳамин гуна, дар донишкадаву донишгоҳҳо низ ҳамаи имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла лабораторияҳо, паркҳои технологӣ, утоқҳои забономӯзӣ амалан бояд барои илму донишомӯзӣ истифода шаванд ва устодон чун машъалафрӯзони илму маърифат шогирдони ворастаю комилро барои ояндаи дурахшони давлату миллат омода созанд. Сарвари давлат беҳуда таъкид накардаанд, ки "яке аз авлавиятҳои илми донишгоҳӣ дар он аст, ки омӯзгор ба ҳайси муҳаққиқ барои дар амалияи таълимӣ татбиқ гардидани коркардҳои назариявӣ ва натиҷаҳои илмии бадастовардаи худ имкони бештар дорад. Яъне ӯ метавонад дар радифи донишҳои назариявӣ таваҷҷуҳи шогирдони худро ба дониши амалӣ ҷалб намояд".
Пӯшида нест, ки дар идораву ташкилот ва муассисаҳои зиёд баъзан ҷавононе ҳам ба кору фаъолият ҷалб мешаванд, ки умуман нисбати ин ё он кор ва касбу ихтисоси хеш маълумоти кофӣ надошта, гоҳҳо худашон ҳам иқрор мешаванд, ки бо "иродаи падару модар" ё ваҷҳи дигаре пешаеро интихоб намудаанду нисбати ихтисосашон “майлу рағбати комил надоранд” ва чунин баҳонаковии эшон, албатта, бо ин низ маҳдуд намешавад.
Ба қавли Роҳбари давлат: «… идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд. Фаромӯш набояд кард, ки ин анъана дар таърихи халқи мо собиқаи тӯлонӣ дорад».
Бинобар ин, муассисаҳои илмиву таълимӣ, омӯзгорону волидон нисбати омӯзиш, донишандӯзӣ ва балоғати шахсияти наслҳои ояндасоз набояд бетаваҷҷуҳӣ зоҳир кунанд, то имкониятҳои фароҳамовардашудаи давлат ва Ҳукумати кишвар барабас нарафта, масъала беш аз пеш бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа қарор гирад.
"Ҳоло даҳҳо ҳазор хонандагону донишҷӯёни кишвар намудҳои гуногуни стипендия, аз стипендияи президентӣ то стипендияҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро мегиранд. Ҳамаи тадбирҳои зикргардида далели ғамхориву дастгирии давлатӣ нисбат ба аҳли илму маориф буда, ҳоло ба дарёфти истеъдодҳо ва дастовардҳои нави илмӣ мусоидат карда истодаанд"- иброз намуданд Пешвои миллат.
Аз ин рӯ, наслҳои ояндасоз ва устодону волидонашон нисбати шароиту имкониятҳои фароҳамовардашудаи давлат ва Ҳукумати кишвар набояд назарногир бошанд, ҳамаи ғамхориҳоро дар тарозуи ақл бисанҷанд ва дар ҷавоб беҳтарин кӯшишҳоро баҳри таҳкими донишандӯзӣ бояд ба харҷ диҳанд.
Ба қавли Роҳбари давлат: "Дар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй нест".
Бо ҳарфи возеҳ, дар марҳилаи ҳозира ҳалқаи илми мамлакат бо истеҳсолот пайваст набуда, ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Инчунин, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ самараи дилхоҳ надода, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмиву навовариҳо, алоқаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин самт ба ҳисоб мераванд.
Дар мулоқот ҳамзамон ба таври хосса таъкид шуд, ки дар кишвар вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология ба тақозои замона ҷавобгӯй нест.
"Мо, инчунин, ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорем"- тавзеҳ доданд Роҳбари давлат.
Ногуфта намонад, ки агар дар интихобу қабули довталабон ба муассисаҳои илмиву таълимӣ танҳо бо мақсади ғанӣ гардондани буҷаи ин ё он муассиса, ё дар раванди таълиму омӯзиш кору фаъолият бо кадрҳои илмӣ бо усули «фармоишӣ» таълиму омӯзиш сурат гирад, аз чунин тасмимгирӣ набояд пайванди илм бо истеҳсолотро интизор шуд.Чуноне ки Сарвари мамлакат дар масъалаи унвонҷӯён эрод гирифтанд: «Боиси нигаронист, ки як қисми унвонҷӯён рисолаи илмии номзадиро худашон наменависанд ва ҳатто моҳияти онро дарк намекунанд".
Камбудии дигари аксари аҳли илмро Президенти кишвар дар он гуфтанд, ки ғайр аз забони русӣ забонҳои дигари илми муосири ҷаҳониро намедонанд ва аз дастовардҳои навтарини олимони дунё сари вақт огоҳ намешаванд. Ҳол он ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои асосии илми муосири ҷаҳонӣ яке аз шартҳои ба сатҳи байналмилалӣ баромадани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои илмии кишварҳои пешрафта маҳсуб мешавад.
Хулоса, аз камбудиву норасогӣ ва эродҳои мавҷуда дар соҳаи илму маориф набояд ранҷид, ҳаросе дошт ё канорагирӣ кард, зеро на ҳамаи онҳо дар ҷойи холӣ арзи ҳастӣ намуданд. Баҳри ислоҳи онҳо чун фарзандони содиқ ба меҳан камари ҳиммат бояд баст, ба андозае саъйю талош кард, то аз натиҷаи тадқиқоту кашфиёти илми тоҷик ҷаҳониён баҳравар гарданд ва тоҷикистониён бошад, воқеан ифтихорманд шаванд.
Муфассал ...
- Душанбе, 15 Июл 2024
ИЛМ ВА ҶОМЕА ДАР МАРҲИЛАҲОИ ТАЪРИХӢ
Шоинбеков А. А. - Мудири шуъбаи бостоншиносӣ
ва мардумшиносии ИИГ ба номи
академик Б. Искандарови АМИТ
ИЛМ ВА ҶОМЕА ДАР МАРҲИЛАҲОИ ТАЪРИХӢ
Ҳар як нуқтаи паёму суханрониҳои Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чандин паҳлуҳо ва маъноҳо дорад, ки баҳри ҳар яки мо ҳамчун дастуру раҳнамо барои дар оянда роҳи дурусти амиқро ёфтан мусоидат мекунад.
Чуноне аз мӯҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (аз 30- майи соли 2024) бармеояд, дар ҳама давру замон илм ва ҷомеа бо ҳам тавҳаманд. Илм бе ҷомеа шудан наметавонаду ҷомеа бе илм. Илм бояд дар ҳар марҳилаҳои таърихӣ ба ҷомеа хизмат кунад, ҷомеаро рушд диҳад ва ҷомеа аз илм баҳра бигирад.
Олимони муосири тоҷик низ бояд дар ин марҳилаи таърихию тақдирсози Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазои худро дар рушди ҷомеа гузоранд, чуноне ки Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Э. Раҳмон дар суханрониашон қайд намудаанд: “Вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир ҳифз намоем. Ҳифзи ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон қарз ва вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо ба шумор меравад”.
Мо низ такя ба ин суханҳо карда мақолаи баррасӣ намудаамонро ба ду бахш тақсим кардааем. Дар бахши якум, назари хеле кӯтоҳе ба таърихи илми тоҷик намуда бо овардани як ду мисол аз давраи асрҳои миёна, давраи Шӯравӣ ва солҳои Истиқлолият, фарқиятҳои ин марҳилаҳои таърихиро бо ҳам муқоиса мекунем. Дар бахши дуюм, дар мисоли илмҳои мардумнигорӣ (этнография) ва мардумшиносӣ (этнология) баъзе фикру андешаҳои хешро баён мекунем, ки мо олимони ҷомеашинос бо ҷомеа бояд чӣ гуна робита дошта бошем.
Агар ба таърихи илми тоҷик назар андозем, илми тоҷик чор марҳилаи таърихиро аз сар гузаронидааст. Якум, давраи қадим - то давраи исломӣ. Дуюм, давраи асрҳои миёна - давраи исломӣ. Сеюм, давраи нав - давраи Шӯравӣ. Чорум, давраи навтарин солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳар як ин марҳилаҳо вобаста ба давру замон, авзои сиёсӣ, динӣ фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ доранд.
Ва агар ҳамаи ин чор марҳилаи таърихиро дар таърихи илми тоҷик гирем, дар ҳар марҳила ҳам ҷиҳатҳои мусбӣ ва ҳам манфӣ дида мешаванд. Масалан, дар асрҳои миёна аз як тараф маъруфтарин нобиғаҳои илм энсиклопедистони форсу-тоҷик маҳз дар ҳамин давру замон ба майдони илм омадаанд ва маъруфи ҷаҳон гаштанд. Вале аз тарафи дигар асрҳои миёна як давраи ҷоҳилият, давраи таъқибу куштори олимону донишмандон буд.
Дар давраи Шӯравӣ низ аз як тараф чандин олимон ба таъқиботҳои солҳои сиюм дучор шуданд, маҳдудиятҳои зиёди сунъии идеологию-сиёсӣ падид омаданд. Вале аз тарафи дигар давлати абарқудрати Шӯравӣ ба олимон шароити хеле хуб фароҳам овард. Давраи Шӯравӣ давраи гулгулшукуфии чандин илмҳо буд. Олимони маъруфи гуногунсоҳаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Осиёи Миёна аз ҷумла дар Тоҷикистон ба бисёр илмҳо бунёд гузошта бо фароҳам омадани шароит (амалӣ сохтани инқилоби маданӣ) аз миёни тоҷикон чандин касон, ки ташнаи илму дониш буданд, вориди илм гашта на фақат дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ, балки берун аз он ҳам маъруф гаштанд. Масалан, дар илми таърих аллома Б. Ғафуров ва академик Б. Искандаровро мисол оварем кофист.
Агар ба таърихи илм дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон назар андозем, дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аҳволи ходимони илмӣ ва ваъзияти Академияи илмҳо хеле баду ногувор гашт. Ҳатто хатари аз байнравии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба миён омад. Вале маҳз бо талошу заҳматҳо, ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо на фақат ба Ваҳдати миллӣ шарафёб гаштем, балки марҳила ба марҳила ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ гузашта, барои пешрафти минбаъдаи Академияи миллӣ шароити мусоид фароҳам омад.
Дар рӯзҳою солҳои аввал[1] ва солҳои минбаъдаи истиқлолияти Чумҳурии Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон муассисаҳои илму маориф таъсис дода шуданд. Чуноне, ки Пешвои миллат дар суханрониашон ин рақамҳоро нишон додааст: “ То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Яъне ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар афзудааст...... Ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи даҳҳо муассисаи бонуфузи илмии ҷаҳонӣ мебошад”. Ин далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол новобаста ба мушкилотҳои зиёд ба рушди илму маориф дикқати хосса дода истодааст. Вале чуноне, ки аз таҳлилҳои дақиқу эродҳои амиқи Ҷаноби Олӣ бармеояд.... “бо вуҷуди дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯи талаботи замон нест”.
Аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Э. Раҳмон бармеояд, ки дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вазъи дутарафаи илм дида мешавад, яъне аз як тараф барои олимон шароити хуб фароҳам омада истодаасту аз тарафи дигар бошад дар миёни олимон асардуздӣ асар кардаст.
Мо дар ин ҷо ба олимони ҷавон ишора карда гуфтанием, ки Давлати Шӯравӣ яке аз давлатҳои абарқудраттарин буд, вале, агар шароити кории олимони он давраро бо шароити кории олимони имрўза муқоиса кунем тафовутҳои хеле зиёд дида мешавад. Муҳимтарин фарқият ин буд, ки олимони тоҷик мустақилият надоштанд, побанди Академияи илмҳои СССР (ИҶШС) буданд. Хусусиятҳои хоси миллии тоҷикон кам ба назар гирифта мешуд. Бинобар ин дар замони Шӯравӣ аввалан, вориди илм гаштан хеле душвор буд. Дуюм, касе ки корҳои илмӣ тадқиқотӣ мебурд бисёр меҳнату заҳмати калон ба харҷ медод. Ман фақат як мисол дар соҳаи илми таърих меорам. Барои маводи бойгонӣ ё адабиёти зарурӣ ба даст овардан олимони тоҷик маҷбур мешуданд, ки ба бойгониҳою китобхонаҳои шаҳрҳои Тошканд, Москва, Ленинград ва ғайра рафта маводи зарруриашонро ёфта аз он нуқтаҳои ассосиро бо ручкаю қалам барои худ дар қоғаз қайд карда, картотекаҳои бешумор тартиб дода баъдан онро дар мошини чопӣ ба тартибу низоми илмӣ дароварда, чандин маротиба онро гаштаю баргашта ислоҳ карда, таҳлилу таҳрир карда, баъд рисолаи номзадии худро пешниҳод мекарданд.
Он вақт номзади илм шудан осон набуд. Номзади илм шудан маънои онро дошт, ки худро қурбони илм мекунӣ, аз худ мегузарӣ. Ҳамаи ин мушкилотҳою машаққатҳои рӯ ба сӯи илмро академик Б. Искандаров дар китоби худ “Трудный путь к знание” (М.: 1999), “Раҳи мушкил ба илм” хеле хуб нишон додааст. Ва ман ба тамоми кормандони соҳаи илм тавсия мекунам, ки ин китобро хонанд, дарк кунанд, ки то кадом дараҷа дар замони Шӯравӣ корҳои илмӣ, тадқиқотиро анҷом додан мушкил буд.
Дар замони Шӯравӣ дар баробари ин ба шаҳрҳои Москва, Ленинград ва ғайра рафта ҳимоя кардан ҳам кори хеле вазнину душвор буд. Барои ҳалли ин мушкилот дар худи Тоҷикистон “Комиссияи олии аттестатсионии миллӣ” ташкил карда шуд, чуноне ки мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ дар суханронии хеш кайд намудааст: Мо Комиссияи олии аттестатсионии миллии худро таъсис додем, то ки мушкилоти ҳимояи корҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмиро бартараф намоем ва имконият фароҳам оварем, ки муҳаққиқони мо имкони ҳимояи диссертатсияҳои худро дар кишварамон дошта бошанд. Ҳозир дар ватани худ, ҳатто дар вилояти худ метавонанд бо забони тоҷикӣ дар баъзе илмҳои ҷомеашиносӣ рисолаи номзадӣ дифоъ намоянд.
Ҳадаф аз ин муқоисаҳою гуфтаниҳо он аст, ки дар ин давраи дастрасии васеъ ба маводи илмӣ ва адабиёти илмӣ, асардуздӣ бояд набошад, сифату мазмуну мундариҷаи рисолаҳои илмӣ ба талабот ҷавобгӯ бошанд, чуноне ки худи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон қайд намудааст ....”таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сифати корҳои илмӣ, аз ҷумла диссертатсияҳо хеле нигаронкунанда мебошад. Мӯҳтарам Ҷаноби олӣ дар идомаи сухани худ чунин ибрози ақида намудааст: ...ва мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд.... Дар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй нест”.
Ҳақиқатан ҳам бояд иқрор шавем, ки мутаассифона раванди робитаи илм бо истеҳсолот илм бо ҷомеа хеле заиф аст. Барои ҳамин бахши дуюми мақолаамонро ба ин масъала мебахшем. Ҳатто дар илмҳои ҷомеашиносӣ робитаи олимони ҷомеъашинос бо ҷомеа ба талабот ҷавобгӯ нест. Олимони ҷомеашинос бояд ҳамеша дар миёни мардум бошанд ва дар робитаи зич бо ҷомеа фаъолият намоянд. Ҷомеа аз онҳою онҳо аз ҷомеа наъф гиранд.
Ман аз миёни фанҳои ҷомеашиносӣ фақат як мисол, дар мисоли илмҳои этнография, этнология ва антропология мебиёрам. Фолклоршинос профессор Равшан Раҳмонӣ вобаста ба вазифаҳои ин фанҳо номи ин фанҳоро ба забони тоҷикӣ хеле хуб тарҷума кардааст. Тибқи тарҷумаи ӯ этнография ин мардумнигорӣ, этнология - мардумшиносӣ ва антропология-инсоншиносӣ мебошад. Дар кишварҳои хориҷ бахусус дар давлатҳои англисизабон антропология мафҳуми хеле васеи ҷомеашиносиро ифода мекунад, бинобар ин антропологияро монда фақат як мисол дар доираи мардумнигорӣ ва мардумшиносӣ мебиёрем, ки олимони ин соҳаҳо бояд чӣ гуна бо ҷомеа дар иртибот бошанд. Аз худи ному мафҳуму вазифаи ин ду фан (мардумнигорӣ ва мардумшиносӣ) бармеояд, ки мо бояд бо мардум робитаи зич дошта бошем. Вазифаи илми мардумнигорӣ ин нигориш- тасвири (описать) мардум мебошад. Яъне сода карда гӯем, олими ин соҳа мардуми ин ё он минтақаро объекти тадқиқотии худ қарор дода чизеро ки бо чашми худ мебинад, бо гӯши худ мешунавад дурустии онро санҷида онро ба қайд мегирад. Яъне ӯ бевосита дар объекти тадқиқотии худ дар миёни мардум зиндагӣ мекунад, ё муваққатӣ дар он ҷо корҳои илмӣ тадқиқотӣ анҷом медиҳад, ё ин ки вақт ба вақт ба пеши мардум рафта ҳаёту рӯзгори онҳоро бевосита мушоҳида мекунад, меомӯзад, маводи шифоҳӣ-этнографӣ ҷамъ меорад ва ба қайд мегирад. Хулоса, вай дар ин марҳила бо рафтору кирдори хоси худ (эҳтиром ба фарҳанги мардуме, ки онро ҳамчун объекти тадқиқотиаш қарор додааст) ба боварии мардум медарояд ва аз миёни мардум мавод ҷамъ мекунад. Дар ин марҳила олим ба маълумоти мардум эҳтиёҷи сахт дорад, зеро чизеро ки мардум медонад ӯ намедонад. Дар ин марҳила (ҳангоми ҷамъ овардани маводи шифоҳӣ) мардум ба ӯ маълумоти зиёд медиҳанд ва ин маълумот моли мардум аст. Вале як хусусияти хоси мардум ин аст, ки онҳо дар ҳаёти рӯзмарраи худ вобаста ба тасаввурот, таъбиру боварҳо ва эътиқод чандин расму оинҳо анҷом медиҳанд, вале аксарияти мавридҳо барои чӣ онро анҷом медиҳанд, намедонанд. Бинобар ин, онҳо дар ин маврид ба кӯмаки олим эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Олими мардумнигор ин моли мардумро ҷамъ оварда дар утоқи кории худ ба марҳилаи дуюми тадқиқоти худ шурӯъ мекунад. Ӯ маълумотҳои ҷамъовардаи шифоҳии худро ба тартибу низоми илмӣ медарорад, дар муқоиса бо дигар халқҳо ва адабиёти нашршуда онро ҳама тарафа пурра такмил медиҳад, таҳлилу таҳқиқ мекунад ва сабабҳои иҷро кардани ҳар як расму оинҳоро муайян мекунад. Бинобар ин, ба фикрам хеле хуб мешуд, ки олими мардумнигор аввал, натиҷаҳои тадқиқотии илмии худро дар шакли китоби илмӣ- оммавӣ ва ҳатто оммавӣ дастраси ҷомеа гардонад, то ки вақти зарури аз даст нараваду талаботи мардумро қонеъ гардонад. Мардум аз тадқиқоти олими мардумнигор дар вақташ огоҳӣ ёфта аз натиҷаҳои тадқиқотии ӯ наъф-фоида мегирад. Мардум аз тадқиқоти олими мардумнигор хусусиятҳои хосу умумиятҳо, решаю сабабҳои пайдоиши ин ё он расму оини худро мефаҳманд ва ба хулоса мебиёянд, ки онро иҷро кунанд ё не. Ё онро ба талаботи замон мувофиқ кунанд. Агар олим дар вақташ ин корро анҷом диҳад, робитаи ӯ бо ҷомеа пайдо мешавад ва мардум ӯро эътирофу ҳурмату эътиром мекунанд. Вале мусаалам аст, ки дар доираи илм бо нашри мақолаҳо ва китобҳои оммавӣ ӯро эътироф намекунанд. Бинобар ин олими мардумнигор (этнограф) дар марҳилаи дуюми тадқиқотиаш ҳамчун мардумшинос (этнолог) амал карда барои ҳимояи рисолаи номзадӣ, нашри мақолаҳо, китобу монография вақти зиёдро (чандин солҳо) сарф карда дар доираи маҳдуди олимони соҳааш эътироф пайдо мекунад, вале аз мардум дур мемонад. Тадқиқоти илмиаш дар шакли илмӣ мақбули мардум намегардад. Бинобар ин, баъзан мардумшинос, вале ба маънои томаш мардумро намешиносанд ва мардум ҳам онҳоро намешиносанд. Ё ин ки забоншиносону фолклоршиносон ва умуман аксарияти олимони ҷомеашинос дар миёни илму мардум саргум мемонанд.
Бинобар ин, аз гуфтаҳои фавқулзикр ба хулоса меоем, ки ҳар як олими ҷомеашинос бояд корреро анҷом диҳад, ки ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар доираи олимони соҳаи худ ҷойу мавқеи муайян ишғол намояд.
Муфассал ...