Рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар Тоҷикистони соҳибистиқлол
Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ба солимии сокинони кишвар аз тарафи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ва хамчунин аз тарафи Ҳукумати мамлакат диққати махсус дода мешавад.
Соҳаи варзиш, яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишварамон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳукумати мамлакат барои пешрафт ва тараққӣ додани он тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда истодааст. Дар баробари қабул гардидани қонун “Оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” инчунин барномаҳо аз қабили: «Барномаи маҷмуи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва ғайра таҳия шудаанд.
Сол то сол, барои равнақ додани тарбияи ҷисмонӣ ва умуман соҳаи варзиш дар мамлакатамон сохтмони ҳазорҳо иншоотҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла: толорҳо ва маҷмааҳои варзишӣ, майдончаҳои махсус барои футбол, баскетбол, волейбол, ҳавзҳои шиноварӣ, кортҳои теннис ва ғайра идома ёфта истодаанд. Бояд гуфт, ки маҳз дар даврони истиқлолияти кишвар, на танҳо дар назди мактабҳо, балки дар ҳар як маҳаллаю кӯчаҳо низ садҳо майдончаҳои варзишӣ бо тарҳи нави замонавӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
Пешрафти ин соҳа имкон медиҳад, ки на танҳо ҷавонон, балки тамоми сокинони минтақаҳои кишварамон метавонанд дар вақтҳои холӣ ва мусоид, ба машқу тамрин машғул шуда, барои бунёд кардани ҷомеаи солим саҳмгузор бошанд. Роҳбари давлат дар ин бора қайд карданд, ки: “Ҳадафи асосии мо аз амалӣ кардани сиёсати давлат дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, пеш аз ҳама, тарбия намудани насли худшиносу худогоҳ, донишманду созанда, соҳибмаълумоту соҳибкасб, аз лиҳози ҷисмониву маънавӣ обутобёфта ва бо ҳамин роҳ ба вуҷуд овардани заминаи боэътимод барои ҷомеаи ояндаи Тоҷикистон мебошад”.
Бояд қайд кард, ки халқи тоҷик, ҳанӯз аз давраҳои пеш дар бозии шоҳмот, камонварӣ, гӯштингирӣ, аспдавонӣ, бузкашӣ, чавгонбозӣ машҳури чаҳон буданд.
Дар даврони собиқ Шуравӣ низ варзишгарони тоҷик дар мусобиқахои сатҳи гуногун иштирок карда шарафу обрӯи Тоҷикистонро баланд мебардоштанд.
Масалан, варзишгари тоҷик - Азалшо Олимов соли 1954 дар мусобиқаи Қувваҳои Иттиҳоди Мусаллаҳи Шӯравӣ ва дар соли 1955 дар чемпионати СССР оид ба гӯштини тарзи самбо бар ҳамаи ҳарифонаш ғолиб омада, аввалин каҳрамони СССР аз Осиёи Миёна гардид, ва номашро дар саҳифаи таърихи варзиши тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт кард.
Соли 1958 паҳлавони ҷавони точик Сангалӣ Наврузбеков дар спартакиадаи халқҳои СССР дар гӯштини тарзи озод сазовори ҷои дуввум ва медали нуқра гардид. Паҳлавони мо бар ҳамаи ҳарифонаш ғолиб омада, дар финал ба паҳлавони номвари доғистонӣ Алӣ Алиев муқобилияти сахт нишон дод. Танхо бо бартарии чанд хол ғолибият насиби ҳарифаш гашт.
Чанде пас, соли 1964 волейболбозони мактаб интернати шаҳри Хоруғ таҳти сарварии муаллимашон Зоолшоев Фаросатшо дар намуди волейбол ғолиби мусобиқаи республикавӣ гардида, сазовори ҳуқуқи иштирок дар дуввумин бозиҳои умумииттифоқии пионерон дар “Артек” гардиданд. Волейболбозон - Алимамадов З., Имомназаров Х.,Шониёзов Н., Худододов М, Мамадсодиқов Х, Пиронов М, Мабатшоев А., Назокатшоев М, Садриев Р. бар ҳамаи ҳарифонашон ғолиб омада, дар байни 18 команда сазовори ҷои аввал, медалҳои тиллоӣ ва Кубоки хотиравии мусобиқаи умумииттифоқӣ гардиданд.
Акнун, номи варзишгарони барҷастаи тоҷикро ёдовар мешавем, ки дар давраи Шуравӣ шарафи варзиши тоҷикро дар арсаи байналхалқӣ ҳимоя кардаанд:
Иброҳим Ҳасанов - барандаи медали нуқраи чемпионати Ҷаҳон (1963), ва медалҳои нуқра ва биринҷии Чемпионати Европа (1961,1963, 1965) дар қаиқронӣ.
Саидмуъмин Раҳимов - чемпиони Спартакиадаи халқҳои СССР ва чемпиони чаҳон оид ба гуштини тарзи самбо соли 1975.
Зебунисо Рустамова - камонвардухтари тоҷик, дорандаи ҷоизаи биринҷии Бозиҳои XXI олимпӣ (1976), чемпионкаи чаҳон солҳои 1975, 1985, 1987. Ҳоло ӯ таблиғотчии фаъоли на танҳо варзиш, балки ҳаракати олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари соҳибистиқлол гаштан, ҳамчунин 24 сентябри соли 1993 ба узвияти Кумитаи байналмилалии олимпӣ пазируфта шуд. Варзишгарони тоҷик имконият пайдо карданд, ки дар мусобиқахои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гарданд. Барои тасдиқи суханони зикршуда, метавон, варзишгарон-каҳрамонони даврони соҳибистиқлолиро ёдовар шуд:
Соли 2008 дар Олимпиадаи Пекин пахлавонон - Расул Боқиев аз намуди дзюдо соҳиби медали биринҷӣ ва Юсуф Абдусаломов аз намуди гуштини тарзи озод - барандаи медали нуқра гаштанд ва ба ифтихорашон парчами миллии Тоҷикистон баланд гардид.
Мавзуна Чориева - варзишгардухтари тоҷик соли 2012 ҳам дар бозиҳои олимпии Лондон ва ҳам дар чемпионати чаҳон дар намуди муштзанӣ соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Боиси таҳсин ва ифтихори миллат аст, ки гурзпарто - Дилшод Назаров, дар Рио-де-Жанейро чемпиони Бозиҳои олимпӣ ва барандаи медали тиллоӣ гашт.
Хушбахтона, дар бозиҳои XXXIII олимпии тобистонаи имсола дар Париж хам варзишгарони тоҷик - Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, аз намуди дзюдо ва Давлат Болтаев аз намуди бокс соҳиби медали биринҷӣ гаштанд ва ба ифтихорашон парчами милии Тоҷикистон афрохта шуд.
Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат ҳаст, ки иброз доштанд: “Бо ифтихор изҳор менамоям, ки варзишгарони тоҷик бо иштироки фаъолонаи худ нуфуз ва эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд мебардоранд ва Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ карда истодаанд”.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шурӯъ аз соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис дода шудааст.
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ ҳам аз рӯи қонуни ҳукумат дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва дигар барономаҳои давлатӣ амал карда, садҳо чорабиниҳоро - аз қабили: Рӯзи Дави миллӣ, мусобиқаи велосипедронӣ, мусобиқаҳои сатҳи гуногун оид ба гӯштин, баскетбол, волейбол ва ғайра гузаронида истодаанд. Илова бар ин, бо собиқадорони соҳаи варзиш вохӯриҳо гузаронда, аз сӯҳбату ҳидоятҳои онҳо истифода мебаранд, то ки ҷавонон бештар ба варзиш ҷалб гарданду варзишро шуғли асосии худ қарор диҳанд. Дар натиҷа, дар вилоятамон сафи ҷавонон ва умуман, дӯстдорони варзиш дар даврони соҳибистиқлол гардидани кишварамон рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст ва наврасону ҷавонон бо рағбати калон машқу тамрин намуда, дар мусобиқаҳои шаҳрию вилояти, ва ҳатто берун аз ҷумҳури низ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар рушди варзиш дар вилоятамон саҳми устодони пуртаҷриба ба монанди Валдошев Д., Назришоев Н., Одинаев Н., Гадомамадов А., Ғайратов Ҳ., Бозоров Д., Мералишоев Н., Раҳматшоев С., Оғоназаров Ф., Вазирбеков Ш., Мавлоназаров Б., Хайлобеков Г. ва дигарон нихоят калон ҳаст, ки шогирдонашон шаъну шарафи варзиши тоҷикро дар мусобиқахои ҷумҳуриявию байналхалқӣ ҳимоя мекунанд.
Дар охир метавон, гуфт, ҷавонон, варзишгарони бонангу номуси тоҷик, бо ҳисси баланди ватанпарварию ватандустӣ ва ифтихори миллӣ, варзиши тоҷикро, минбаъд низ, дар арсаи ҷаҳони муаррифӣ намуда Парчами миллии Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро баланд мебардоранд.