wrapper

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПОЯГУЗОРИ МАБДАИ РУШДУ ТАКОМУЛИ АРЗИШҲОИ ОЛИИ МИЛЛӢ

       “Миллати тоҷик яке аз миллатҳои куҳанбунёд буда, дорои таърихи тулонии давлатдорӣ мебошад. Тоҷикон аз қадимтарин халқҳои соҳибмаданият ба шумор рафта, борҳо фоҷиаҳои хунин, хавфи завол ва маҳви миллиро паси сар кардаанд. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳоло давраи гулгулшукуфӣ ва пешравии бесобиқаи таърихиро аз сар гузаронида истодааст. Мардуми меҳанпарвар ва меҳнатдӯсти мо имрӯзҳо шукргузор аз он ҳастанд, ки дар замони Истиқлолият ба сулҳу оромӣ расидаанд” [1, 12].

       “Дар айёми бедорӣ ва нахустин қадамҳои мустақилият сарнавишт тоҷиконро ба имтиҳони сахту сангине рӯ ба рӯ намуд. Дар ин гирудори пуртаҳаввули таърих, сияҳкорони дохиливу хориҷӣ Тоҷкистони тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида, боиси харобӣ ва қурбониҳои зиёд гардониданд. Пояҳои иқтисодиву маънавӣ, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ намуданд. Дар чунин шароити душвори сиёсӣ шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавассути вакилони худ дар Шӯрои Олии кишвар масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ифода сохта, комёб ба он шуданд, ки барои аз нав барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ, таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намоянд. Вазъ то он дараҷае мураккаб гашт, ки кам нафаре пайдо мешуд, ки зимоми давлатдориро ба дӯш гирифта, истиқлолияти давлатиро ҳифз намояд” [2, 18].

       Дар чунин шароит барои наҷоти миллат ва таъмини Истиқлолияти давлатӣ роҳнамои хирадманд, сиёсатмадори қавиирода ва ватандӯст зарур буд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ бори амонати давлатдорӣ ва раҳоӣ аз ин бунбаст масъулияти сахту сангин ва ниҳоят ҷиддиро ба души роҳбари ҷавон  Эмомалӣ Раҳмон гузошт. Вақт ҳамчун устоди бузург нишон дод, ки ӯ ин бори амонатро ҷавонмардона дар доираи манфиатҳои имрӯзу фардои халқ то нуқтаи зурурӣ расонид. Роҳбари ҷавони ҳамагӣ чилсола бо халқи пароканда дар рӯ ба рӯи вазифаҳои бузурги таърихӣ бо фурсатҳои хеле кӯтоҳи таърихӣ қарор дошт. Дар замони ошуфтагӣ ва бенизомию бесуботӣ дар ҷомеа ва умури давлатдорӣ, ки умеди роҳи наҷот аз ҳеҷ самте ба чашм намерасид, шахсияте ба роҳбарияти олӣ интихоб шуд, ки бо эътимод ба фазли худодод ва рӯҳи ниёгони бузурги миллат мулку мардуми худро соҳибӣ намуд ва дар роҳи расидан ба саодати миллӣ ҳодиву раҳнамо шуд ва мардуми дар парешониву даҳшатафтода ва Тоҷикистони пора-пора шудаистодаро аз хатари фано эмин сохт.

       Аз Тоҷикистони ҷангзада имрӯз кишвари рӯ ба инкишоф ва дар арсаи олам мавқеи хос доштаро сохтани Пешвои миллат нишони хиради модарзодии миллати тоҷик аст, тамаддунофариву ваҳдатсароии роҳбари давлат обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар байни тамоми давлатҳои олам боз ҳам бештар намуд.

      Маҳз сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ тавонист, ки давлатро поянда гардонида, осоиштагии миллии онро таъмин намояд ва омили муҳими такмилбахши сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гардад. Сарвари давлат тавонист ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик, таҳаммулпазирию башардӯстӣ ва соҳиби қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсоз будани онро собит созад. Таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузурге дар сарнавишти халқи тоҷик гардид, ки он заминаи пешрафти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишварро фароҳам сохт. Дар замони истиқлолияти сиёсӣ Тоҷикистон тавонист фазои мусоиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтиморо ба вуҷуд оварад.

       “Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон новобаста ба вазъи мураккаби сиёсии ҷомеа, дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта барои рушду такомули самтҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити мусоид фароҳам омад. Кишвари соҳибистиқлоли мо дар муддати 30 соли Истиқлолият ба дастовардҳои ниҳоят калони иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ноил гардида, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намудааст” [2, 14].

       Истиқлолияти давлатӣ эҳё ва мабдаи рушду такомули арзишҳои олии миллӣ мебошад ва инро худи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намудаанд: “Озодӣ ва Истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошад” [3, 15].

       “Ҷасуриву мушкилнописандии Президенти кишвар сабаб шуд, ки дар даврони истиқлолият ҳатто иншооти оғоз кардаву ба итмом нарасонидаи Шӯравӣ пурра ба истифода дода шуд. Он иқтидори иқтисодие, ки собиқ ИҶШС доштаву нақби “Истиқлол” ва НБО-и “Роғун”-ро ба истифода дода натавонист, имрӯз таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст” [3, 156].

       Имрӯзҳо бо нерӯи соҳибкасбони дохилӣ иншооти ниҳоят бешумори саноативу хизматрасонӣ, маданию маишӣ ва ғайраҳо сохта шуда истодаанд. Симои имрӯзаи тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аз солҳои пеш аз истиқлолият ба куллӣ фарқ мекунад, сатҳи зиндагӣ, фаҳмишу идроки мардум ҳам дар сатҳи зарурии замонавӣ боло рафтааст.

       Расидан ба ваҳдат, таъсиси мақомоти давлатӣ ва эҳёи қонунии вазифаҳои идораи он, муайян намудани роҳи таърихии давлат барои ояндаи наздику дур, муаррифии кишвар ба ҷомеаи чаҳонӣ, ҳифз намудани манфиатҳои миллӣ дар арсаи байнамилалӣ аз масъалаҳои мубраму аввалиндараҷае буданд, ки бояд дар муҳлати кӯтоҳтарин ҳалли худро меёфтанд. Имрӯз, мо агар ба он солҳои мудҳиши сипаришуда мунсифона назар намоем, бешак иқрор хоҳем шуд, ки ин як имтиҳони таърихии давлати мо буд, ки зери роҳбарии Пешвои худ аз он на танҳо бо сарбаландӣ гузашт, балки корҳои муайяни давлатсозию давлатдориро барои наслҳои оянда иҷро ва рушди ҳокимияти намояндагиро ба сӯи парламентаризми касбӣ таъмин намуд.

       “Махсусан, хизматҳои бесобиқаи Президенти кишвар дар рушди институти парламентӣ бениҳоят калон буда, то ба имрӯз аз ҷониби мақомоти олии қонунгузор 409 адад қонунҳо ба хотири пешрафти мардум қабул гардидааст. Бояд қайд намуд, ки қабули ду қонуни миллӣ - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳз бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки на танҳо дар ҷумҳурӣ ҳатто бурун аз марзи ҷумҳурӣ низ намуна барои омӯзиш ва қабули он гардидааст” [1, 22].

       “Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон аз чунин шахсиятҳои таърихи башарият аст, ки маҳз бо азму иродаи қавӣ, матонат, ҷасорат, устуворӣ, хидмати хастанопазир ба миллати хеш дар арсаи сиёсати бузург то ба шахсияте расидааст, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва тинҷию рифоҳи беш аз ду даҳсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи ӯ сахт марбут аст. Пешвои миллат бо иродаи қавии сиёсӣ, истодагарӣ ва ҷасорат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, амният ва суботро дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъмин намуданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди он шуд, ки миллати тоҷик дорои Пешвое мебошад, ки на танҳо дар муттаҳид намудани миллати худ, балки барои таъмини амнияти минтақа низ нақши калидӣ бозиданд. Дар воқеъ, фарзанди фарзонаи миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувваи худро дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ ва боз намудани роҳ ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ, рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз сафарбар намуда, сатҳи баланди эътироф ва эҳтироми милливу ҷаҳониро сазовор гардидааст” [3, 13].

       Ҳамин тариқ, расидан ба қадри истиқлолияту озодӣ, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва ҳифзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

                                Адабиёт

  1. Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои Истиқлол, - Душанбе, 2018.
  2. Мусо Диноршоев. Бунёди давлатдории навин.- М.:Радуниса, 2002.
  3. Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон. Масъалаҳои ташаккул ва рушд ҷилди 2.- Душанбе, 2022.