wrapper

ТОЗАГИИ ШАҲР - ТОЗАГИИ ХОАНАИ МОСТ

        Кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ дар доираи шанбегиҳои эълонгардида аз трафи МҲИД-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастаҷамъона тайи ду рӯзи охир ҳудуди қад-қади роҳи маҳаллаи Боғи ботаникиро аз ахлотпора тоза карда истодаанд.

        Шаҳри тоза на танҳо лаззати эстетикӣ, балки гарави саломатӣ ва некӯаҳволии ҳар як сокин аст. Муҳити тоза сифати ҳаворо беҳтар мекунад, паҳншавии бемориҳоро пешгирӣ мекунад ва шароити бароҳати зиндагӣ фароҳам меоварад.

       Ҳар яки мо бояд дар беҳбуди муҳити зист саҳм гузорем. Имрӯзҳо ҳар як калонсоли ҷомеа, ки дар шанбегиҳо ба хотири муҳити тоза иштирок меварзад, дар тарбияи насли наврас оиди муносибати ғамхор ба табиат саҳм гузошта истодааст, зеро дар фазои тозаву зебо ба воя расидан ҳисси зебопарастиву риоя намудани тозагиро дар фарзандонамон қувват мебахшад. Бо ин амали худ мо калонсолон як вазифаи волидайни худро иҷро карда истодаем. Ин як имконияти хубест ҳам барои анҷом додани кори муфид  ва ҳам барои тарбияи насли наврас. Боварии комил дорем, ки мо якҷоя метавонем шаҳри худро боз ҳам беҳтар созем ва дар кӯдаконамон меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватанро тарбия намоем.

       Чунин чорабиниҳо бояд мунтазам сурат гиранд, зеро танхо бо чидду чахди якчоя мо метавонем зебоӣ ва тозагии шаҳрамонро барои наслхои оянда нигоҳ дошта тавонем. ХОДИМОНИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ ҲАМАИ ШАҲРВАНДОНРО ДАЪВАТ БА МУТТАҲИД ШУДАН БАҲРИ ОБОДОНИИ ВАТАНАМОН ВА ДАР ИН АСНО БАҲРИ ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ФАРЗАНДОНАМОН ДАЪВАТ МЕКУНАНД.