Умед Мамадшерзодшоев
Ходими илмии шӯъбаи таърих,
этнография ва археологияи
Институти илмҳои гуманитарии АМИТ
НАЗАРИ УСТОД АЙНӢ ПЕРОМУНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Агар мо ба таърих назар афканем аз қадимулайём халқиятҳо ва миллатҳои гуногун барои соҳибистиқлол шудан ва озод будан аз салтаи давлатҳои абарқудрат ва якпорчагии кишварашон муборизаи беамон мебурданд. Зеро ба даст овардани истиқлолияти миллӣ дар ҳаёти ҳар як давлат барои рушди комил бахшидани паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ дорои аҳамияти хеле бузург мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат аз таърихи 4 июли соли 2013 масъалаи аҳамияти бузург доштани истиқлолияти миллӣ дар ҳаёти миллати тоҷикро баррасӣ намуда , чунин ибрози назар намуда буданд: «Албатта ҷои ифтихор ва хушнудист, ки арҷгузории воқеъӣ ба арзишҳои миллӣ ва динӣ, хусусан арзишҳои дини мубини ислом ва эҳёи суннатҳои беҳтарини таърихиву фарҳангӣ ба мо маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид.
Яъне истиқлолияти давлатӣ барои дарк ва решадор гардидани худшиносии милливу динӣ ва озодиву ифтихори миллӣ шароит ба вуҷуд овард. Ва дар навбати худ эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамчун омили муҳимтарини маънавӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ мусоидат намуд
Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи мо ба таъриху фарҳанг ва оину суннатҳои миллии худ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад».
Ба осори гаронқимати нависандаи бузург, қаҳрамони халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ муроҷиат намуда,чунин натиҷагирӣ намудем, ки дар тамоми асарҳои ин донишманди забардаст баррасии масъалаи худшиносии миллӣ дар канор намондааст ва устод як умр бо душманони миллати тоҷик даст ба гиребон буда, барои истиқлолияти воқеъии миллӣ мубориза мебурд. Тавре устоди донишманд академик Муҳаммадҷон Шукуров перомуни ин масъала менигорад: «Ҳар миллат ё гурӯҳи миллатҳо муҳити зисти хоса доранд, ки таърихан шакл ёфтааст, яъне ин муҳит маҳсули такомули хосаи таърихӣ буда, руҳи миллатро таҷассум додааст. Танҳо дар чунин муҳити зист ё муҳите наздик ба он аз нашъу намои миллат, аз рушди табии ва падидомади мукаммали ҳастии вай метавон умед кард.
Миллате, ки худро бишинохт хоҳад донист, ки муҳити зисти хоси ӯ кадом аст, чи гуна буд ва чи гуна бояд бишавад. Дар ҳар марҳилаи таърих ин шинохти хештан амиқтар меравад, донистаҳои миллат дар бораи хислату хусусиятҳои худ ва ва чигунагии муҳити зисти худ такомул меёбад. Дар охири саддаи 20 чунин марҳилаи таърих фаро расид, ки миллати тоҷикро зарур аст, ки хештаншиносиро амиқ барад, хосиятҳои зисти таърихии худро муайян созад ва бидонад, ки минбаъд зистгоҳи иҷтимоъии ӯ чигуна бояд бошад.
Чунин худшиносии таърихии маънавӣ ба дастовардҳои илм такя дорад. Пояи илмии худшиносии миллӣ ҳар чи устувортар бошад, мазмуну мӯҳтавои иҷтимоии он мукаммалтар хоҳад буд».
Чуное ки аз мақолоти публитсистии устод Садриддин Айнӣ аён мегардад, пояи асосии истиқлолияти давлатӣ ин худшиносии воқеъии миллӣ мебошад. Албатта андешаҳои устод С. Айнӣ перомуни истиқлолият ва худшиносии миллӣ мисли як баҳри бекароне мемонанд, вале мо дар ин маќолаи илмӣ танҳо ба баъзе аз паҳлӯҳои онҳо ишора мекунем. Ба ақидаи ин донишманди бузург худшиносии миллии ҳар як миллат пеш аз ҳама аз рушди соҳаи илм ва маориф сарчашма мегирад.Чуноне ки устод Айнї мефармояд: «Ҳеҷ шубҳа нест, ки инсон барои муомила кардан бо миллати мухталифа, барои ҳуқуқ гирифтан аз ҳукумат, барои омезиш кардан бо хешу ақрабо, барои тарбият кардани авлод ва оила, барои пеш бурдани касб ва ҳунари шахсии худ, барои таъмини маишати ҳаррӯза, хулоса барои зиндагӣ кардан дар дунё , агарчи якрӯза ҳам бошад ба фикри соиб ва хатти ҳаракати дуруст муҳтоҷ аст. Фикри соиб ва хати ҳаракати дуруст пайдо намешавад инсонро магар ба воситаи илму дониш. Илму дониш ҳосил намешавад магар аз мактаб ва мадорис». Устод Айнӣ тоҷикони он давраро, ки дар майдони мубириза барои расидан ба истиқлолияти комил фаъолияти сустро нишон медоданд ва дар ин ҷода бетарафиро зоҳир мекарданд онҳоро мавриди танқиди шадид қарор медод. Масалан устод рафтори ин қабил ашхосро дар мақолаҳои публитсистии худ чунин ба қалам додааст: «Лекин мо туркистониён умуман дар зарфи 50 соли асорати ҳукумати [мустабидон]… мактаб ва мадориси куҳнаи худро барбод дода, дор-ул-илмҳои нав кушода натавониста, билкалла аз илм ва маърифат маҳрум мондем. Моро ҷавонони коркун, одамони доно, роҳбарони соҳибфикр лозим аст. Барои расонидани ин гурӯҳ мо маҷбурем ба тарафи матбуот илтиҷо барем. Ҳама як дил ва як забон шуда, чанг ба домани рӯзнома занем. Яъне ҳеҷ фурсатро аз даст надода ба воситаи рӯзномаҷот фикри худро танвир ва маълумоти худро тавсиа намоем. Ба воситаи афкори соибае, ки аз матбуот мегирем, хати ҳаракати ҳозираи худро муайян ва роҳи истиқлоли худро равшан созем».
Аз андешаҳои фавқи устод Айнӣ маълум мегардад, ки ӯ на ҳамчун адиб ва публитсист, балки ҳамчун сиёсатшиноси ҳирфаӣ роҳи ояндаи давлати комилҳуқуқи миллати тоҷикро пешгӯӣ кардааст ва норасоиҳоро дар ин замина бо далелҳои дақиқ нишон додааст.
Устод дар рӯзномаи «Шӯълаи инқилоб» мақолаи ҷолиберо доир ба худшиносии миллӣ ба табъ расонида буданд, ки дар он аз ҷумла перомуни нақши илм ва маориф дар ҳаёти тоҷикон чунин ибрози андеша мекунад: «Инқилоби муқаддасро ба ҳолате истиқбол кардем, ки на илм дорем, на идрок, на хат дорем, на савод, на фикр дорем на хаёл,на орзу дорем на амал». Ҳамчунин устод Айнӣ ба одамони аз илм безор муроҷиат намуда фармудаанд: «Қавми беилм имрӯз ё фардо маҳкуми заволанд. Аз ин ҷост, ки мо туркистониён аз беилмӣ ва ҷаҳолат аввал шаҳр-шаҳр, қария-қария ва фирқа-фирқа шуда якдигарро куштем хонаи якдигарро тороҷ ва яцмо кардем, ирзу номуси якдигарро барбод додем оқибат ба зери бандагии мустабидон… афтодем, боз ҳушёр нашудем, боз ба хонахаробии якдигар кӯшидем… ва дар солҳои охирӣ баъзе аз мутафаккирони аз байни мо сар барзада дарди моро ба худи мо нишон доданд, давои ин дард соҳиби илму маърифат буданро ба мо фаҳмонданд».
То цалабаи инқилоби сотсиалистӣ дар кишварҳои Осиёи миёна исломгароӣ, куштори ҳамдигар,хурофотпарастӣ, ҷудоиандозӣ ба авҷи аълои худ расид ва ин амали нодуруст ба худшиносии мардуми тоҷик таъсири манфӣ расонид. Ба андешаи устод Айнӣ ин исломгароӣ, ифротгароӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткорӣ аз беилмии мардуми мо ба вуҷуд омада буданд. Бархе аз исломгароёни дорои мафкураи куҳна ва хурофотпараст сохти ҷадидро напазируфтанд ва зидди сохти нав мубориза эълон намуданд.Онҳо ният доштанд, ки тараққиёти сохти навро боз садсолаҳо ба ақиб партоянд. Устод Айнӣ ин хатари исломгароёнро зуд дарк намуда фармуданд: «Ҳамватанони азизам! Миллати наҷибаи Бухороро пӯшида нахоҳад буд, ки муддате аст ихтилофи ҷадид ва қадим, ки мабдаъаш ба ҷуз иштибоҳкорӣ ва фасодангезии баъзе хоинони миллат чизи дигаре нест, ватани муқаддаси моро фуру гирифта, иҷмоъи мутаҳидаи аҳолиро ба унвони ҷадид ва қадим ду фирқа ва ҳар кадомро нохушнуди он дигар намуда, бадеҳӣ аст, ки сабаби умдаи хорӣ ва харобии мусулмонон нест магар ҳамин ихтилофи бемаънӣ. Бинобар ин ҳар ки худро ходими дини мубини ислом медонад мекӯшад то ин ихтилофи хона барандозро аз миёни мо бухороиҳо бардорад.»
Сухани худро ба охир расонида, аз андешаҳои устод С. Аёнӣ доир ба худшиносии миллӣ ва истиқлолият чунин натиҷагирӣ намудем:
- Сиёсат ва муборизаҳои мардуми тоҷик то инқилоби Шуравӣ ва пас аз пошхӯрии Шуравӣ ба ҳамдигар хеле монанд буда, дар ҳар ду давра исломгароӣ,хурофотпарастӣ, маҳалгароӣ,гурӯҳбозӣ, бегонапарастӣ истиқлолияти миллии моро дар хатар гузоштанд. Яъне тавре донишмандон собит намудаанд, таърих боз такрор меёбад ва мо набояд иштибоҳоти қаблии худро дубора такрор кунем ва истиқлолияти миллии худро зери хатар гузорем.
- Агар пояи асосии истиқлолият худшиносии миллӣ бошад ,худшиносӣ бар асари ба таври чуқур омӯхтани илму дониш ташаккул меёбад.Имруз ҷавононе, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни экстримистӣ ва ифротӣ мепайванданд, ин собит мекунад, ки онҳо таҳсилкарда набуда,аз илму дониш фарсахҳо дуранд ва андешаҳои худиро надошта, фикрҳои онҳоро қувваҳои беруна идора мекунанд.
- Агар мо бихоҳем истиқлолияти мо пойдор бошад мо бояд ба таърихи худ, ба эҳёи суннатҳои аҷдодии худ, осори гаронбаҳои илмӣ ва адабии гузаштагонамон рӯй оварем.