Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна – номзади илми филология, муовини директори Институти илмҳои гуманитарии АМИТ
Истиқлолияти Тоҷикистон: Роҳ ба суи тараққиёт
Истиқлолияти давлатӣ мафҳуми калидӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ буда, маънои онро дорад, ки ҳар як давлат ҳуқуқи мустақилона қабул кардани қарорҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро дорад. Ин мафҳум ҳуқуқи муқаррар намудани қонунқои худ, идора кардани иқтисодиёти худ, сиёсати иҷтимоию фарҳанги давлати худ, ба роҳ мондани муносибатҳои дипломати бо дигар кишварҳоро дар бар мегирад. Истиқлолият инчунин маънои онро дорад, ки дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳақ надоранд ба корҳои ин давлат дахолат кунанд ва ё қарорҳои қабулкардаи худро бар души давлат бор кунанд. Худмухторияти давлат, ки асоси истиқлолияти он аст, ба миллат имкон медиҳад, ки сарнавишти худро озодона муайян кунад ва манфиатҳои миллии худро амалӣ намояд [2].
Бояд гуфт, ки эътирофи истиқлолияти кишвар нақши калон дорад, зеро он мояи эътирофи қонунияти давлат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Қонунан эътироф гардидани давлат дутарафа амалӣ мегардад: 1. эътирофи дохилӣ, ки эътирофи ҳокимияти давлатӣ ва қонунҳои он аз тарафи худи шаҳрвандони кишварро дар назар дорад ва ин нишондиҳандаи муҳайё гардидани дастгирии аҳолӣ ва ибрози боварӣ ба институтҳои сиёсӣ мебошад; 2. эътирофи беруна, ки эътирофи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалии дигар аз ҳокимияти давлатӣ ва қунунҳои онро дар назар дорад.
Дар Тоҷикситони имрӯза мо ҳар ду намуди эътирофи давлатиро мушоҳида карда истодаем. Бе шаку шубҳа, фоизи бештари шаҳрвандони кишварамон ҳокимияти давлатӣ ва қанунҳои онро эътироф карда истодаанд, ки як қатор омилҳо метавонанд шоҳиди ҳамин ҳол бошанд. Аз ҷумлаи онҳо иштирок дар интихобот бо фоизи калони ҳозиршавандагон, ба таври ихтиёрӣ пардохт гардидани ҳамаи намудҳои андоз аз тарафи шаҳрвандон, хизмати ихтиёрӣ дар сафи Артиши миллӣ, риояи қонунҳои давлатӣ аз тарафи фоизи бештари аҳолӣ, зоҳир намудани боварӣ ва эътимод ба институтҳои давлатӣ, вуҷуд надоштани эътирозҳои оммавӣ ва фаъолияти ҷамъиятии шаҳрвандон. Ҳамаи ин падидаҳои ҷамъиятӣ гувоҳ бар онанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳокимияти давлатии кишварамон ва қонунҳои онро эътироф менамоянд.
Истиқлолияти Тоҷикситон дар арсаи ҷаҳонӣ аз тарафи 150 давлат эътироф гардид [3] ва дар натиҷа кишварамон дар руйхати 196 давлати соҳибистиқлоли ҷаҳонӣ ворид гардид [4]. Қонунан эътироф гардидани давлат дар арсаи байналмилалӣ як навъ «тасдиқ»-и давлатҳои дигар оиди он, ки ин давлат воқеан тамоми ҳуқуқу ӯҳдадориҳои марбут ба соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти худро дорад. Ва мо хуб огоҳ ҳастем, ки эътироф намудани ҳокимияти як давлат ва қонунҳои он дар як ҷойи холӣ амалӣ намегардад. Барои ба даст овардани эътирофи давлатҳои ҷаҳонӣ аз ҳокимият ва қонунҳои худ давлат бояд як қатор принсипҳои давлатдорӣ дошта бошад. Аз ҷумлаи ин принсипҳо таъсис ёфтани давлат дар натиҷаи иродаи озоди шаҳрвандон, якпорчагии давлат, принсипи дахолат надоштани дигар давлатҳо дар сиёсати дохилии ин кишвар, принсипи ҳамзистии осоишта дар миёни кишварҳои ҳамсоя ва умумиҷаҳонӣ, принсипи идоракунии самаранок ва ғайраро номбар кардан мумкин аст. Ин аз он гувоҳ медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамон давраҳои ноором ҳам принсипҳои номбурдаи давлатдориро аз худ зоҳир мекард, ки дар акси ҳол 150 давлати ҷаҳонӣ кишварамонро эътироф намекарданд. Соли 1993 12 созмони байналмиллалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, дар соли 1994 8 созмони байналмилалӣ, соли 1995 2 созмон ва соли 1996 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 2 ташкилот намояндагии худро кушода, ба фаъолият шуруъ намуданд [3].
Тоҷикистони соҳибистиқлол: даврони навин
Истиқлолияти Тоҷикистон як рӯйдоди муҳиме буд, ки дар аснои пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва паиҳам ба даст овардани истиқлолият аз тарафи собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ба вуқуъ пайват. Ин раванди сиёсӣ осон набуд ва бо таҳаввулоти ҷиддии сиёсиву иҷтимоӣ ҳамроҳ буд. Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991, сарфи назар аз шароити душвор, аз қабили ҷанги шаҳрвандӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва чолишҳои геополитикӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Асоситарин дастовардҳо, ки самараи Истиқлолиятанд, ба таври хеле кӯтоҳ метавонем чунин номбар кард:
- Эътидоли вазъи сиёсӣ
Пас аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1997 Тоҷикистон тавонист вазъи сиёсии кишварро ба эътидол дароварад. Дар соли 1997 Созишномаи сулҳ баста шуд (1997 ... ), ки он ба низоъи мусаллаҳона хотима гузошта, барои муколамаи сиёсӣ шароит фароҳам овард. Ин созишнома имкон дод, ки нерӯҳои мухолиф ба раванди сиёсӣ ворид шаванд, ки ба дарозмуддатии суботу сулҳ дар кишвар мусоидат кард.
- Рушди иқтисодӣ
Иқтисодиёти Тоҷикистон оҳиста-оҳиста, вале бешубҳа аз доираи таназзули шадиде, ки дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омад, барояд. Дар даҳсолаҳои охир кишвар ба шарофати рушди соҳаи кишоварзӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва сохтмон ба рушди устувори иқтисодӣ ноил гардид ва содироти алюминий, пахта ва неруи барқ низ нақши муҳиме дар вазъяити кунунии иқтисодии он доранд.
- Рушди инфрасохтор
Дар кишвар лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, аз қабили сохтмони роҳҳо, пулҳо, нақбҳо ва нерӯгоҳҳои нав амалӣ мешуданд ва шуда истодаанд. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва Себзорро мисол овардан мумкин аст, ки пас аз анҷомёбӣ ба яке аз бузургтарин нерӯгоҳҳои барқи обии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил хоҳанд ёфт. Ин ба Тоҷикистон имкон медиҳад, то тавлиди нерӯи барқро хеле афзоиш дода, ба кишварҳои ҳамсоя содир намояд.
- Маориф ва тандурустӣ
Тоҷикистон дар рушди системаҳои маориф ва тандурустии худ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Ба душвориҳои иқтисодӣ нигоҳ накарда, дараҷаи саводнокӣ дар кишвар аз аввали солҳои Исиқлолият дар сатҳи муайян нигаҳ дошта мешуд ва дар солҳои охир шумораи мактабҳо ва донишкадаҳои олӣ сол аз сол афзуда истодааст. Соҳаи тандурустӣ, махсусан дар бобати беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, муҷаҳҳаз гардидани муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосир ва мубориза бо касалиҳои сироятӣ низ пешравиҳо ба даст оварда истодааст.
- Рушди иҷтимоӣ
Дар солҳои охир дар Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳбуди вазъи зиндагии мардум, коҳиши фақр ва таҳияи барномаҳои дастгирии иҷтимоӣ, ки баланд бардоштани маоши шаҳрвандон яке аз мисолҳои он шуда метавонад, таваҷҷӯҳи бештар зоҳир шуда истодааст. Барои беҳтар намудани таъминот бо оби тоза, манзил ва қувваи барқ тадбирҳои назаррас андешида мешаванд.
- Рушди фарҳангии кишвар
Пас аз ба даст овардани Истиқлолият дар кишвар пайдарҳам таваҷҷӯҳ ба фарҳанг, забон ва анъанаҳои тоҷикон дода мешавад. Рушди фарҳангӣ ҳамчунин дар рушди адабиёту санъати миллӣ, дар эҳё ва ҳифзи мероси фарҳангӣ, инчунин дар мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ зоҳир мегардид.
- Муносибатҳои байналмилалӣ
Тоҷикистон мавқеъи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намуда, равобити худро бо кишварҳои мухталиф ва созмонҳои байналмилалӣ густариш дода истодааст. Кишвар дар ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) фаъолона ширкат меварзад. Тоҷикистон ҳамчунин бо аксари кишварҳои ҷаҳон равобити дипломатӣ дорад ва дар миссияҳои гуногуни посдори сулҳи СММ ширкат мекунад.
Ин дастовардҳо, ки самараи бевоситаи Истиқлолият ҳастанд, аз пешрафти Тоҷикистон дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, беҳбуди вазъи зиндагии мардум ва ҳамгироӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳанд. Албатта, мо наметавонем пешравиҳои соҳаҳои мухталифи кишварамонро дар даврони Истиқлолият инкор намоем, чун онҳо воқеан ҳам вуҷуд доранд. Шояд нафаре садо баланд карда аз боби нуқсҳои дар давлатдории кишварамон ҳарф занад, вале ҷоиз ҳаст пурсем, ки кадом давлате дар давлатдории худ нуқсе накардааст ва кадом шакли давлатдорӣ комил шинохта шуданаш мумкин? Албатта, ҳар давлате хусусиятҳои миллӣ, ҷуғрофӣ, таърихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайраи худро дорад, ки ба давлату давлатдории он таъсир гузоштанаш мумкин ҳаст. Вале ҳар як нафар бояд аз худ савол кунад, ки ӯ худаш барои пешрафти кишвари худ ва нигаҳ доштани истиқлолияти давлат чӣ корҳое анҷом додааст.
Ба таври хулосавӣ мехоҳем гуфт, ки ба назарамон, дар баробари дастовардҳои дар боло зикршуда, беҳтарин дастоварди Истиқлолияти давлати Тоҷикистон ин сулҳу суботи устувору ҳукмфармо дар саросари кишварамон мебошад, ки ба шарафи он кудакони ҳар як модари тоҷик аз гуруснагиҳои солҳои 90-уми асри гузашта хабаре ҳам надоранду, ҳар рӯза дар саҳни мактабҳо ва донишгоҳҳои олии ватаниву хориҷӣ ҳозир шуда, талош барои донишомӯзӣ ва илмомӯзӣ доранд, на талош барои зинда мондан.
Сарчашмаҳои истифодашуда:
- Желинская В.С. Легитимность госдарственной власти: теория и реальность / https://cyberleninka.ru/
- Акмалова М.А. Современное видение политической независимости / https://cyberleninka.ru/
- https://khovar.tj/rus/tadzhikistan-i-mirovoe-soobshhestvo/
- https://merkator.org.ua/ru/spravochnik/