wrapper

Навидҳои рӯз

ШУРОИ ҶАМЪБАСТИИ СОЛИ 2024

  Имрӯз дар Институти Илмҳои Гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров Шурои ҷамъбастиии соли 2024 баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти илмию таълимии институт ва дастовардҳои муҳими сол баррасӣ шуданд. 
     Дар ин ҷаласа, кормандон ва олимони муваффақи институт, ки дар таҳқиқоти илмӣ ва такмили таълим саҳми назаррас гузоштаанд, бо Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотирмон қадр гардиданд. 
     Мо бо ифтихор фаъолияти пурмаҳсули илмию таълимии институтро дар соли оянда низ дар соҳаи илму таҳқиқот ва таҳаввулоти таълимии кишвар мақсадҳои муҳим ва комёбиҳои назаррасро ба даст хоҳем овард.
     Ҳамзамон, ба муносибати фаро расидани Соли Нав, ба ҳамаи кормандон, олимон ва ҳамкорони арҷманди мо саломатӣ, шукуфоии зиндагӣ ва комёбиҳои тоза орзу менамоем. 
     Бигзор соли 2025 барои ҳамаи мо соли пурфайзу бурднок хоҳад шуд! 
Муфассал ...

ТАБРИКОТИ ЗОДРӮЗӢ

ТАБРИКОТИ ЗОДРӮЗӢ


      Ҳайати кормандони институт зодрӯзи ҳамкорамон, профессори соҳибтаҷриба ва доктори илмҳои иқтисод Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназарро бо самимияти хоса табрик мегӯянд.
       Бо фаъолияти худ дар соҳаи таълим ва илм, он кас ба пешрафти раванди таълимӣ мусоидат намуда, барои донишҷӯён ва ҳамкорон ҳамчун шахсияти бомаърифат ва кордон намунаи ибрат мебошанд. 
         Ба ин муносибат, аз самими қалб орзумандем, ки рӯзгори он кас ҳамеша пур аз саломатӣ , барору муваффақият бошад. Бигзор ҳамаи ташаббусҳо ва талошҳои минбаъдаи касбӣ бо дастовардҳои арзанда оро ёбанд. 

 


         Бо эҳтиром,
         Ҳайати кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров 

Муфассал ...

РУЗИ МАВЛУДИ УСТОД ВАРҚА ОХОНИЁЗОВ ХУҶАСТА БОД!

Рузи мавлуди устод Варқа Охониёзов хуҷаста бод!

          Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ ва дар заминаи он шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон аз нахустин рӯзи таъсисёбиаш беҳтарин муҳаққиқонро ба воя расонд. Нахуст мудирияти ин шуъбаро доктори илмҳои филология, профессор Нисор Шакармамадов ба уҳда дошта, ҷавонони лаёқатмандро ба омӯзиши фолклору адабиёти Бадахшон ҷалб намуд ва дар муддати начандон тулонӣ онҳоро ба камол расонд. Яке аз чунин чеҳраҳои шинохтаи илми фолклоршиносиву адабиётшиносӣ доктори илмҳои филология Охониёзов Варқа Дустович мебошанд, ки пас аз профессор Н. Шакармамадов мудирияти шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшонро ба уҳда гирифт. Дар давраи мудириаш дар шуъба як қатор корҳои таҳқиқотии назаррас анҷом дода шуда, тайи чандин солҳо роҳбарии лоиҳаҳои шуъбаро ба уҳда доранд. Дар баробари ин ходимони шуъба бо маслиҳату машварати ӯ таҳқиқоти зиёдро ба анҷом расонида истодаанд. Охониёзов В.Д. тавонист, ки пас аз профессор Н.Шакармамадов дар пешбурди шуъба, аз ҷумла таҳқиқи масоили мухталифи фолклору адабиёт ва омодасозии шогирдон сањми назаррас гузорад. Бояд қайд кард, ки шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ ба номи ин ду шахсияти нотакрор ҳамбастагӣ дорад.

          Охониёзов Варқа Дустович муаллифи монографияҳои илмии “Мафҳум ва рамзи рангҳо дар назми классикии форсу тоҷик” (Душанбе: Дониш, 2010. – 243 с.), “Нодир Шанбезода ва адабиёти муосири тоҷик” (Душанбе: матбааи Донишгоҳи славянии Тоҷикистон, 2012. – 189 с.), “Пайдоиш ва ташаккули шеъри муаллифӣ ба забонҳои помирӣ” (Душанбе: Эр граф, 2017. – 330 с.), “Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон, китоби аввал: Заминаҳои пайдоиш ва таҳаввули адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон” (Душанбе: Сифат – Офсет, 2022. – 328 с.) ва маҷмуаи мақолаҳои “Берангӣ хосияти Офаридгор” (Душанбе: ҶДММ “Контраст”, 2010. – 193 с.) ва “Таҳаввули адабиёти Бадахшон дар замони истиқлолият” мебошад. Ҳар яке аз ин асарҳо дорои арзиши баландӣ илмӣ мебошанд. Дар баробари монографияҳо мавсуф муаллифи зиёда аз 80 мақолаҳои сирф илмӣ ва 142 мақолаҳои энсеклопедӣ мебошанд, ки дар маҷаллаҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ нашр гардидаанд. Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Охониёзов Варқа ба аҳли кормандон ва шогирдон сазовори таҳсину офаринанд.

         Имрӯз, ки устод Охониёзов Варқа Дустович рӯзи мавлуд доранд, кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ бо камоли эҳтиром барояшон саломатии бардавом, умри бехазон, неруи тоза, дастовардҳои нави илмиро таманно доранд.

МАВЛУДАТОН ХУҶАСТА БОД!!!

 

 

 

 

 

Муфассал ...

САРЧАШМАИ ФАРҲАНГИ ОРИЁӢ АЗ НИГОҲИ ПРОФЕССОР РАВШАН РАҲМОНӢ

Н. Қурбонхонова
номзади илмҳои филология
САРЧАШМАИ ФАРҲАНГИ ОРИЁӢ АЗ НИГОҲИ ПРОФЕССОР РАВШАН РАҲМОНӢ
    Равшан Раҳмонӣ (Равшан Қаҳҳорович Раҳмонов) ягона ва беҳтарин профессори соҳаи фолклоршиносӣ дар айни замон дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Равшан Раҳмонӣ зиёда аз панҷоҳсоли умри хешро баҳри ҷамъоварӣ, пажӯҳиш ва тадриси адабиёти шифоҳӣ сарф намудааст. Ин муҳаққиқи соҳибназар ҳанӯз аз соли аввали донишҷӯ буданаш ба гирдоварӣ ва бознависии жанрҳои гуфторӣ машғул гардид. Ин буд, ки рағбаташ ба илми фолклор пайдо шуда, корҳои курсӣ ва кори дипломиашро дар ин замина ба роҳ монд. Р. Раҳмонӣ ҳанӯз дар замони донишҷӯиаш ҳамчун фолклоршинос ба камол расид. Минбаъд низ ин соҳаи илмро пайгирӣ намуда, ҳатто дар Донишгоҳи Кобул (Пуҳантуни Кобул), ки ҳамчун тарҷумон фаъолият менамуд, тавассути донишҷӯён маводди зиёди фолклориро гирдоварӣ намуд.
    Соли 1989 рисолаи илмиро бо роҳбарии В.Б. Никитина таҳти унвони «Назми гуфтории таълифӣ ба забони дарии Афғонистон» ҳимоя намуда, аз ҷониби муҳаққиқони барҷастаи рус Х.Г. Короглы, К.А. Лебедов, Г.Ф. Гирс, М.Рейснер баҳои сазовор гирифта буд [2,11]. Соли 1998 бошад, рисолаи докториашро дар мавзӯи «Афсонаҳои мардуми форсизабон дар сабти имрӯз (Масъалаҳои истилоҳ, хусусият, таърих, репартуар, вазъият ва маҳорати афсонагӯён дар асоси пажӯҳиши майдонӣ)» дифоъ намуд.
Пас аз ин профессор Р. Раҳмонӣ минбаъд дар риштаи фолклоршиносӣ фаъолияташро боз ҳам сидқан ба роҳ монда, муҳимтарин масъалаҳо ва мушкилоти илми фолклоршиносиро дар замони муосир ба миён гузошт, ки имрӯз он мушкилот ҳалли худро ёфта истодаанд. Ҳанӯз дар ибтидои асри ХХ1 ин муҳаққиқи барҷаста ба пажуҳиши як масъалаи муҳими илми фолклор, ки онро як сарчашмаи фарҳанги ориёӣ метавон номбурд, оғоз намуд. Ин масъала гирдоварӣ, нашр, пажӯҳиш ва ба ҷаҳониён нишон додани масъалаҳои муҳими фарҳанг ва анъанаҳои фарҳанги мардуми тоҷикро, ки падидае аз решаҳои бостонии ориёӣ мебошанд, дар бар гирифт. Дар ин замина профессор Р. Раҳмонӣ ибрози назар намуданд, ки таи солҳои охир муҳаққиқон ба гирдоварӣ ва пажӯҳиши суннатҳои шифоҳӣ кам таваҷҷуҳ намуда истодаанд ва барои тақвияти андеша мисолро роҷеъ ба созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО оид ба масъалаҳои илм, маориф, ва фарҳанг дар назди ССМ (Созмони Милиали Муттаҳид) оварда, соли 1989 қарори махсусе зери уновони «Пешниҳодот роҷеъ ба нигаҳдории фарҳанги суннатӣ ва фолклор” дастуре ирсол намуд [1,5.]. Дар ин замина профессор Р. Раҳмонӣ чанд мушкилоте, ки дар соҳаи илми фолклоршиносӣ вуҷуд доранд ва бояд ҳал гарданд, пешниҳод карда буд.
    Яке аз онҳо ин мавриди баррасӣ қарор додани асотири бостонӣ ва асотири шифоҳӣ ба ҳисоб мерафт, ки бо андешаи ин муҳаққиқ тавассути он розҳои дар таърихи башар ниҳонро ифшо карда гузаштаи дурро меомӯзанд ва пайванди имрӯзу ояндаро таъкид менамоянд.
    Баъдан, масъалаи «инсоншиносии тасвирӣ», ки айни замон нигоҳ доштан ва ба насли оянда интиқол додани мероси шифоҳии мардум тавассути тасвир ва видео хеле муҳим аст, ишора намуд, зеро бархе аз кишварҳо ба ин тарзи нигоҳдории фарҳанги миллиашон кайҳо даст зада будаанд.
    Сониян, таваҷҷуҳ намудан ба масъалаи гендерӣ, ки фолклор яке аз манбаъҳои аслии гендер ба ҳисоб меравад, ишора намуда, муносибати гендер ва фолклорро нишон дод.
Ҳамчунин масъалаҳои зиёдеро ба монанди этнолингвистика, этнопедагогика, этномузикалогия, этнопоэтика, этнописихологияро ба миён гузошт. Ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки бо суръат рушд ёфтани воситаҳои техникӣ дар як фурсати кутоҳ метавонад ҷомеаро аз суннатҳои аслии худ дур созад ва маводи нодири таърихӣ ва шифоҳии мардум бебозгашт ва ба дасти фаромӯшӣ равад [1,7].
    Қайд кардан зарур аст, ки масъалаҳои аз тарафи профессор Р. Раҳмонӣ бардошта шуда, барои дарки худшиносии миллӣ хеле муфид ҳастанд. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон мушкилоти зиёд, аз ҷумла масъалаҳои ибрознамудаи профессор Р. Раҳмонӣ, ки барои муаррифӣ намудани кишварамон дар миқёси ҷаҳон хеле зарур буданд, ҳалли худро ёфтаанд. Аз ҷумла, масъалаи гирдоварӣ ва пажуҳиши суннатҳои шифоҳӣ солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии муҳаққиқон қарор гирифт. Ин буд, ки солҳои охир аз ҷониби академик устоди арҷманд Абдуҷаббор Раҳмонзода ва профессор Равшан Раҳмонӣ якқатор таҳқиқот роҷеъ ба ҷашнҳои миллӣ интишор ёфта, 30-юми сентябри соли 2009 бо талошҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз ва аз 5 то 9-уми декабри соли 2023 ҷашни Сада расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардиданд.
Баъдан бархе аз масъалаҳои пажуҳиши асотири бостон, фолклор ва гендер, «инсоншиносии тасвирӣ» таҳти роҳбарии профессор Р.Раҳмонӣ амалӣ шуда истодаанд.
Бо камоли эҳтиром ва эътибор профессор Равшан Раҳмониро ба муносибати мавлудашон табрик гуфта, барояшон умри бардавом ва дастовардҳои нави илмиро таманно дорем.
Китобнома
1. Р. Раҳмонӣ. Яке аз сарчашмаҳои фарҳанги ориёӣ // Фолклор, адабиёт, забон . – Душанбе, 2004. –С. 5-9.
2. Равшан Раҳмонӣ (рӯзгор ва осор). Зери назари академики АМИТ Раҳмонзода А., академики АМИТ М. Имомзода.- Душанбе, 2021.
Муфассал ...