Навидҳои рӯз
- Панҷшанбе, 04 Июл 2024
ТАШАККУЛЁБИИ ИЛМИ МУОСИРИ ТОҶИК
Шакармамадов О. – ходими илмии шуъбаи
фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ
ба номи академик Б. Искандаров
ТАШАККУЛЁБИИ ИЛМИ МУОСИРИ ТОҶИК
Агар ба таърихи начандон дур назар афканем ҳануз зиёда аз сад сол пеш муҳаққиқону сайёҳҳони хориҷ ба таърих, забон, расму оин ва уруфу одати, фарҳанги бои қадимии халқи тоҷик таваҷҷуҳи калон зоҳир намуда, ба ҷамъоварию омўзиши ин сарвати пурғановати маънавӣ шуруъ намудаанд.
Нахустин муҳаққиқони рус дар Осиёи Марказӣ аз ин анъанаҳои илмии халқи тоҷик бохабар буданд ва дар солҳои аввали Ҳокимияти Шуравӣ масъалаҳои муҳимтарини тарққиёти саноат ва хоҷагии қишлоқ, баланд бардоштани дараҷаи маориф ва илмро ба нақша гирифтанд. Соли 1924 дар Тошканд “Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва халқҳои Эрон” ташкил гардид. Дар маҷлиси якуми муассисони Ҷамъият олимони намоён, ба монанди географ ва сайёҳ Н. Л. Корженевский, муаррих А. А. Семёнов, филолог ва этнограф М. С. Андреев ва дигарон шомил буданд. Шарқшиноси барҷастаи рус В. В. Бартолд, ки дар омузиши таърихи халқи тоҷик ҳиссаи калон гузоштааст, аъзои фахрии ин Ҷамъият шуд. Фаъолияти Ҷамъият, ки аз соли 1925 то 1929 идома дошт, барои омӯзиши сарватҳои табиӣ, таърих, мардумшиносӣ, забон ва адабиёти Тоҷикистон аҳамияти калон дошт.
Конфронси байналмилалии илмӣ, ки соли 1999 дар шаҳри Санкт-Петербург дар мавзуи “1100 солагии таъсиси Давлати Сомониён” гузаронида шуд, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маърузаи худ маҳз саҳми ин муҳаққиқонро дар рушди илми тоҷик ишора карда гуфтанд, ки “тоҷикон ҳеҷ гоҳ хизмати бузурги олимони рус аз қабили В. В. Бартолд, М. С. Андреев, А. А. Семёнов, А. Ю. Якубовский, А. П. Окладников, И. С. Брагинский ва дигаронро аз ёд намебароранд”.
Илми муосир дар Тоҷикистон аз аввалин экспедитсияи, ки дар солҳои 20-30-юми асри сипаригишата гузаронида шуда буд, сарчашма мегирад. Экспедитсияи комплексӣ, ҷидду ҷаҳди геологҳо, биологҳо, иқтисодчиён ва олимони дигар ихтисосро, ки дар он солҳо дар ҳудуди Тоҷикситон фаъолият доштанд, муттаҳид намуда, дар натиҷа маводи зиёди илмӣ ҷамъоварӣ гардид, ки минбаъд барои пажуҳиши перспективӣ ва мақсадноки илмӣ ҳамчун асос хизмат намуданд. Онҳо доим баъд аз худ секторҳои базавиро боқӣ мегузоштанд, ки дар оянда онҳо ба марказӣ илмӣ табдил меёфтанд. Ҳамин тавр, соли 1932 базаи тоҷикистонии АИ ҶИШС ташкил карда шуд, ки он соли 1941 ба филиали тоҷикистонии АИ ҶИШС табдил дода шуд. Мартабаи филиал аз база бо он фарқ мекард, ки ба он институтҳои алоҳида дохил шуда метавонистанд. Масалан, Институтҳои таърих, забон ва адабиёт, геология, зоология, ботаника дар асоси ҳамон секторҳои амалкунанда таъсис ёфта буданд.
Дар ибтидои солҳои 50-уми садаи 20 маълум шуд, ки иқтидори илмии Тоҷикистон аз статуси филиалӣ доштааш болотар рафт ва роҳбарияти ҳамонвақтаи Ҷумҳурӣ бо сардории академик Бобоҷон Ғафуров дар назди Маскав масъалаи оиди таъсис додани Академияи илмҳо гузоштанд.
Дар ин давра илми тоҷик аз ҷиҳати методологияи омўзишу таҳқиқот дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ дар радифи илми пешрафтаи ҷаҳон қарор гирифта буд.
Сессияи якуми Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон, ки 14 апрели соли 1951 баргузор гардид, ба фаъолияти он ибтидо гузошт. Нависандаи барҷаста ва олими маъруф устод Садриддин Айнӣ аввалин президенти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон интихоб шуд. Ва ин боиси рамзӣ ҳам буд, зеро илми тоҷик, ки аз Ависенна оғоз ёфт, аз ин пайроҳа берун нарафата минбаъд ҳам бо ҳамин роҳ идома хоҳад дод.
Ташкил ёфтани Академияи илмҳои Тоҷикистон яке аз қадамҳое муҳиме буд дар кори ба вуҷуд овардани самтҳои нави инкишофи илмҳои бунёдӣ ва амалӣ бо назардошоти масъалаҳои васее, ки онро пешравии иқтисодиёт ва инкишофи фарҳангу маориф тақозо мекард.
Дар солҳои аввали Истиқлолият “доктрина”-и рушди илм дар Тоҷикистонро аз сари нав дида баромадн лозим буд. Лоиҳаҳои илмии олимони тоҷик, ки то аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун як ҷузъи барномаи калон ба ҳисоб мерафт, дигар имкони баррасӣ карданро надошт. Дар ин давра афзалиятҳои тадқиқоти илмӣ низ тағир ёфтанд. Лекин пеш аз ҳама сохтори системаи илмиро ҳал кардан лозим буд ва дар мадди аввал Академияи илмҳоро. Аз ин ҷиҳат 29 феврали соли 1996 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо олимони Академияи илмҳо мулоқот намуд. Бо эъломи муқаррароти асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ва технологияи муосир Эмомалӣ Раҳмон аз аъзоёни Академияи илмҳо даъват кард, ки аз масъулияти таърихии худ берун нараванд, ҳамеша омода бошанд то ин бори гарони шаҳрвандӣ ва илмиро бар дӯши худ бигиранд.
Ҳадафу вазифаҳои илм дар шакли “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015”, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, баррасӣ ёфтаанд.
Мақсади “Стратегия” аз он иборат аст, ки системаи самарабахши дастгирии давлат ва рушди илмро таъсис диҳад, то ки диққати неруи илмро барои самтҳои аввалиндараҷаи тадқиқоти илмӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ, тезонидани ташаккулёбии инфрасохтори инноватсионӣ ва дар амал истифода намудани онҳо равона созад.
Вақте ки сухан дар бораи инноватсия дар соҳаи илм меравад, мо бояд дарк кунем, ки инноватсия фаъолиятест барои татбиқ намудани кашфиёти илмӣ дар саноату истеҳсолот равона шудааст. Маҳз бо роҳи ба талаботи истеҳсолот наздик кардани илм бозори умум ҳам барои илм ва ҳам барои истеҳсолот имконпазир мегардад. Фаъолияти инноватсиониро метавон ба се марҳила тақсим кард. Аввал, тавлиди ихтироъоти илмии бунёдӣ, дуйум татбиқи ин кашфиётҳо дар сатҳи амалӣ намудани ин ҳадфҳо ва охирон натоиҷи ин кашфиётҳо истеҳсоли маҳсулоти мушаххас ва фурӯши он ба истеъмолкунанда мебошад. Чунин таҷрибаро дар кишварҳои мутараққӣ истифода мебаранд ва имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамин самтро пеш гирифта истодааст. Ҳалли ин гуна вазифа зоҳиран хеле мушкил аст ва бешубҳа, на танҳо сафарбар кардани қувваҳои худ, балки дастгирии ҷиддии давлатро низ тақозо мекунад. Ва чунин дастгирӣ дар “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология” дида мешавад. Он баҳри баланд бардоштани дараҷаи таъсири илм ва техника ба тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат, мустаҳкам намудани иқтидори илмӣ, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои инкишофи минбаъдаи тадқиқоти илмӣ нигаронида шудааст. Дар ин ҳуҷҷати асосӣ таъкид карда мешавад, ки истифодаи захираҳои зеҳнӣ ва ташаккул додани базаи илмӣ-техникӣ яке аз вазифаҳои муҳимми умумибашарӣ буда, ба вуҷуд овардани технологияи рақобатпазир, талаботи истеҳсолот, бизнес, соҳибкорон ба кашфиётҳои илмӣ, ташкил намудани шароити мусоид барои тайёр намудани олимони ҷавон ва мутахассисон, боло бардоштани неруи зеҳнии ҷомеа ба он дараҷае, ки барои тараққиёти кишварамон ва ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон мусоидат кунад.
Муфассал ...
- Чоршанбе, 03 Июл 2024
Забондонӣ – роҳкушои ҳаёти имрӯзу фардо
Зоолишоева Ш.Ф.
Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, аз 30.05.2024, ш.Душанбе.
Забондонӣ – роҳкушои ҳаёти имрӯзу фардо
Илму маориф, ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеа, ҳама вақт дар сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатамон дар мадди аввал меистанд. Ва дар мулоқоти навбатии худ бо аҳли илму маориф, Пешвои миллат олимонро “Захираи бузурги зеҳнии давлат” номида, таъкид намуданд, ки онҳо бояд дар пешрафти ҳамаҷонибаи давлат ва ҷомеа саҳми арзишманди худро гузоранд: “Дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад”.
Дар баробари баррасӣ шудани дигар масъалаҳо, масъалаи аз ҳама муҳим, ин аз худ кардани забонҳои русӣ ва ангилисӣ буд. Пешвои миллат доимо таъкид мекунанд, ки маҳз забондонӣ роҳкушоест барои беҳбудии зиндагӣ ва тарақиёти давлату ҷомеа.
Бояд гуфт, ки дар баробари ба забономӯзи даъват кардани аҳли ҷомеа, Пешвои миллат аз гиромидошти забони тоҷикӣ - модарӣ доимо суханҳои беҳтаринро ироа мекунанд: “Мо бояд забони шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳо ҳифз кунем..”.
Барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, лозим ва муҳим аст, ки забони давлатиро ҳаматарафа аз худ кунанд, то ки дар аз худ кардани забони хориҷӣ бо мушкилие дучор нашаванд.
Омӯзиши забонҳои хориҷӣ англисӣ ва русӣ ин талаботи замонӣ муосир аст, чунки ин забонҳо пояи забони техника ва технология ҷаҳонӣ мебошанд, ва ҳукумати мамлакат барои ҳалли ин масъала тамоми шароитҳои замонавиро муҳайё сохтаанд.
Қобили қайд аст, ки дар муддати чанд соли охир, барномаҳои давлатии Вазорати маориф такмил ёфта, дар баланд бардоштани сатҳи забондонии аҳолӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд. Пешрафти асосӣ дар ин ҷода, дар ташкил кардани барномаи “Кӯдакии барвақт” ё “Маркази инкишофи кӯдакони синни то мактабӣ” дида мешавад. Мақсад ва вазифаи асосии ин барнома тайёр кардани бачагон барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, ва асосан, аз худ кардани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ мебошад. Ин гуна барномаҳо ҳамҷун поягузор дар ин самт фаъолият мекунанд.
Барои такмил ва равнақ додани омӯзиши забонҳои хориҷӣ барномахои таълимии мактабҳои миёна низ мунтазам, пурра ва муккамал гардида истодаанд ва аксари хатмкунандагонӣ ин боргоҳи маърифат, мактабро ҳамчун забондони забонҳои англисӣ ва русӣ хатм мекунанд. Ва имрӯзҳо ҳазорҳо ҷавонони кишварамон дар беҳтарин мактабҳои олии чаҳон таҳсили илм мекунанд. Ва дар оянда чун кадрҳои баландихтисос ба халқу Ватани маҳбубамон хизмат хоҳанд кард.
Хушбахтона имрӯзҳо, на танҳо хонандагони муассисаҳои давлатӣ, балки тамоми шаҳрвандони мамлакат низ имконияти интихоби аз худ кардани забонҳои хориҷӣ - ба монанди: забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, форсиву арабӣ, ҷопонӣ ва хитоиро доранд.
Донистан ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, дар ҳақиқат муҳим ва ниҳоят дараҷа зарур мебошад: аввалан, барои муккамал кардани илму дониши касбии худ, дувум, барои огоҳӣ ёфтан аз фарҳангу маданияти дигар халқҳо, савум, бе ягон мамоният тарҷума ва навиштани китобу мақолаҳои илмӣ ва ғайра.
Вале, мутаассифона, на ҳама ба забономӯзӣ диққати зарурӣ медиҳанд. Ҳатто олимон ҳам, одатан бо донистани як забонӣ хориҷӣ қонеъ мегарданд. Пешвои мамлакат дар ин бора дар баромадаш таъкид карда гузаштанд, ки: “Як камбудии дигари аксари олимони кишвар ин аст, ки онҳо ғайр аз забони русӣ забонҳои дигари илми муосири ҷаҳониро намедонанд ва аз дастовардҳои навтарини олимони дунё сари вақт огоҳ намешаванд.
Ҳол он ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои асосии илми муосири ҷаҳонӣ яке аз шартҳои ба сатҳи байналмилалӣ баромадани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои илмии кишварҳои пешрафта маҳсуб машавад”.
Лекин, ногуфта намонад, ки дар баробари камбудиҳо, пешравиҳои назаррас ҳам дар забоншиносӣ ва забондонӣ мавҷуданд. Бисёр олимони забондонӣ мо, пеш аз ҳама ҳамчун муаллим, баъзеҳо ҳамчун тарҷумон барои халқу ватани худ хизмат мекунанд. Тарҷума кардан ва тарҷумон будан ҳам, ин як масъулияти ниҳоят дараҷа баланд аст. Зеро, онҳо халқу миллатҳои дигарро бо фарҳангу тамаддуни мо ошно месозанд.
Бояд қайд намуд, ки тарҷумонони номдори ватанамон, аз ҷумла д.и.ф. профессор, узви Иттифоқи тарҷумони кишварҳои ИДМ ва Балтика Давронов Абдувалӣ Усмонович (тарҷума аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ, аз забони арманӣ ба тоҷикӣ, аз забони доғистонӣ ба тоҷикӣ), забоншинос, нависанда ва тарҷумони забони арабӣ Уктами Холиқназар, нависанда ва тарҷумон русӣ-тоҷикӣ Абдуғаффор Абдуҷаббор, д.и.ф., луғатнигор ва тарҷумони тоҷик профессор Мамадназаров А., д.и.ф. профессор Правона Ҷамшедов ва дигарон, ки дар тарҷумаи маводҳои илмӣ, умуман китобҳо, саҳми арзанда гузоштаанд ва ин хизматҳои илмии онҳо, аз мадди назарӣ Пешвои миллат дур нестанд.
Масалан, корҳои тарҷума кардаи профессор, доктори илмҳои филологӣ, луғатнигор ва тарҷумони тоҷик Парвона Ҷамшедов далели ин гуфтаҳо мебошанд, ки Устод, тавонистанд, бо маводи тарҷумакардааш, чаҳониёнро бо забон, таърих, фарҳангу маданияти халқи тоҷик ошно созад.
Устод Парвона Ҷамшедов китоби 2 ҷилдаи “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуров, “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва “Нигоҳе дар таърихи тамаддуни ориёи” - и роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон, “Ориён: фарҳанг ва тамаддун"- и Мухсин Умарзод, “Наврӯзнома”- и Умари Хайемро аз забони тоҷикӣ ба забони англисӣ тарҷума кардааст, ки ин нишонаи хизмати шоистаи Устод ба Ватан ва миллат мебошад.
Дар охир бояд, қайд кард, ки дар ҳақиқат забондонӣ воситаи муҳимест, барои барқарор кардани ҳамкориҳо ва муносибатҳои дӯстона байни халқу миллатҳои дунё на танҳо дар соҳаи илму маориф, балки барои ривоҷу равнақи тиҷорату сайёҳӣ низ хеле муҳим мебошад. Ва умед аз он дорем, ки тамоми маъсулини корхонаву идораҳо, ва асосан, ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, аз ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат пайравӣ намуда, ба аз худкардани забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.
Муфассал ...- Сешанбе, 02 Июл 2024
Андешаҳо дар боби суханрониҳои Ҷаноби Олӣ дар мулоқот бо аҳли илм
Қурбонхонова Н.М.
Андешаҳо дар боби суханрониҳои Ҷаноби Олӣ дар мулоқот бо аҳли илм
Вохўрии навбатии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 30.05.2024 баргузор гардид, хотирмон барои аҳли илми кишвар арзёбӣ мегардад. Дар ин вохўрӣ ҳалли мушкилоту баланд бардоштани сатҳу сифати илми кунунии кишвар, тарбияи кадрҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор ёфта буд. Ҳар як сухани Ҷаноби Олӣ барои тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ва пешрафти минбаъдаи давлат равона карда шудаанд.
Имрўзҳо тамоми сайёра ба ҷаҳонишавии бесобиқа рўбарў гардида, зуҳуроти манфии он махсусан, фарҳангу маънавиёти бегона ва ѓарази бархе аз афроди нотавонбин ба тамаддуни бостонии миллат хатар ба вуҷуд оварда истодааст. Аз ин рў ҳам Ҷаноби Олӣ таъкид намудаанд, ки барои мо меъёрҳои муқарраркардаи Конститутсия ва арзишҳои миллӣ, фарҳангиву таърихӣ ҳамеша афзалият доранд. Маълум аст, ки таърихи ҳазорсолаҳои миллати тоҷикро муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ таи садсолаҳо таҳқиқу таҳлил намудаанд ва натиҷагирӣ кардаанд, ки миллати тоҷик дар ҳама вазъияту бархўрдҳо дорои фарҳангу арзишҳои миллии худ будааст. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки “Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад”. Ин кори мусбат аз тарафи аҳли илму дониш то сатҳе анҷом дода шуда бошад ҳам, вале ба таъкиди Президенти мамлакат қаноаткунанда намебошад.
Дар ин раванд аҳли илми кишвар, ки ҳамчун нерўи зеҳниву пешрав шинохта мешаванд, зарур донанд, ки сарманшаи арзишҳои фарҳангиву миллии гузаштаи халқи тоҷикро таҳқиқу таҳия намуда, бо далелҳои муътамаду собитшуда ба тақлидгарону хурофотпарастон ҷавоб диҳанд. Ин арзёбӣ метавонад, насли наврасу ҷавонро минбаъд ҳам аз ҳақиқати таърих, фарҳанги ѓании миллати хеш огоҳ намуда, аз гаравидан ба фарҳанги бегонаро боз дорад ва нисбат ба ватан, забон, таърих, расму анъана ва либоси миллиашон ҳамчун унсурҳои асосии арзишҳои волои миллӣ арҷгузорӣ намоянд.
Дар радифи дигар масъалаҳо Ҷаноби Олӣ бори дигар масоили ҷалби ҷавонон ба илмомўзӣ ва густариши тафаккури илмӣ дар ҷаҳони муосирро ба миён гузошт. Рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад. Дар ин ҷода Ҷаноби Олӣ ишора намуданд, ки кишварҳое метавонанд, ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдўсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Масъалаи густариши тафаккури илмии ҷавононро дар марҳилаи кунунӣ ҳамчун вазифаи афзалиятноки рушди илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мушаххас намуданд. Аз ин рў бояд талоши ҷавонон дар раванди илм ҳамаҷониба дастгирӣ карда ва дар маркази таваҷҷуҳи ниҳодҳои дахлдори давлат гузошта шавад, то ки дар ҳал намудани чанд масоили дигари имрӯзу ояндаи кишвар мусоидат хоҳад кард. Аввалан, зарур аст, ки насли ҷавон ба арсаи байналмилалии инноватсинонӣ дохил шуда, дастовардҳои беназири миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам беҳтар муаррифӣ намояд. Аз тарафи дигар пайванди наслҳо, ки тўли ҳазорсолаҳо арзиши баланди халқи тоҷикро нишон дода, дар пояи он ҳастиашро аз даст надод, боз ҳам мустаҳкамтар мегардад. Баъдан, ҷалби ҳар чи бештари ҷавонон ба соҳаи илм ва дастгирӣ ёфтани ҷавонон метавонад сатҳи маърифатнокии ҷомеаро баланд бардошта, дар ҳифз намудани манфиатҳои миллии хеш устуворонатар саҳм гузоранд. Аён ба назар мерасад, ки ҷавонон аз ҷониби Роҳбарияти Олии кишвар мунтаззам дастгирӣ ёфта, барои онҳо имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, таъсис ёфтани Комиссия олии аттестатсионии миллӣ як намунаи олии ин дастгириҳо мебошад, ки ҷавонон бе ягон мушкилӣ ва монеа метавонанд дар кишвари хеш рисолаҳои илмиашонро таҳия ва ҳимоя намоянд. Инчунин баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи илм, стипендияҳо, тарҳрезии барномаҳо ва грантҳо барои анҷоми корҳои илмӣ шаҳодати ин ғамхориҳо ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд
Дар маҷмӯъ мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм барои тамоми аҳли ҷомеа ба хусус, илм ва низоми маориф хотирмон боқӣ монда, дар роҳи баланд бардоштани мақоми илм ва маориф дар ҷомеа, рушду пешрафти илми муосир, арҷгузорӣ ба давлату миллати куҳанбунёди точик раҳнамои боарзише мебошад.
Муфассал ...
- Душанбе, 01 Июл 2024
ИЛМ – ТАҲКИМБАХШИ САТҲИ МАЪРИФАТИ ҶОМЕА
Назрӣ Офаридаев, сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирии
Институти илмҳои гуманитарии ба номи
Б. Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ
ИЛМ – ТАҲКИМБАХШИ САТҲИ МАЪРИФАТИ ҶОМЕА
Илм яке аз омилҳои калидии рушди ҳар як мамлакат мебошад ва чун унсури шуури ҷамъиятӣ дар рушду такомули афкори созандаи иҷтимоӣ нақши назаррас дорад. Таърихи афкори илмӣ роҳи пурпечутобе тай намуда вобаста ба таҳаввулоти иҷтимоӣ тадриҷан инкишоф ёфта, ба нерўи тавонои инкишофи иқтисодӣ ва техникӣ табдил ёфт. Аз ин рӯ, тараққиёти илм дар сиёсати давлатҳо масъалаи марказӣ ба шумор меравад.
Лозим ба ёдоварист, ки халқи тоҷик бо афкори илмии мутафаккирони худ дар илми ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро ишғол мекунад ва имрӯз ҳам мо бояд дар пешрафти илм саҳми сазоворро гузорем. Ин нукта дар суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар борҳо таъкид гардид. Пас аз пошхӯрии Шўравӣ аксар кишварҳои ба мо наздик академияҳои илмиро барҳам доданд ё ба ниҳодҳои ҷамъиятӣ табдил доданд. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат Академияи миллии илмҳо ба сифати муҳимтарин ниҳоди илмии кишвар на танҳо барҳам хӯрд, балки ба шароити вазнини он солҳо нигоҳ накарда, дастгирӣ ёфт ва дар солҳои минбаъда дар сохтори он муассисаҳои нави илмӣ-таҳқиқотӣ таъсис дода шуданд. Аз ҷумла, таъсиси пажуҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва об, иқисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази Синошиносӣ, Пажуҳишгоҳи масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияи нав, Маркази пиряхҳои Тоҷикистон дастовардҳои солҳои охири АМИТ мебошанд. Дар баробари ин, дар сохтори Академияҳои соҳавӣ низ муассисаҳои нави илмӣ таъсис ёфтаанд.
Дар шароити имрӯза олимон бояд дар иҷро намудани барномаҳои стратегии давлат саҳмгузор бошанд ва дар таъмини рушди босуботи кишвар, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ фаъолияти густурда дошта бошанд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд, ки таҳқиқи дастовардҳои модию маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик вусъати бесобиқа пайдо намуд.
Садҳо нафар кормандони илмӣ барои саҳми арзанда дар иќтисодиёт, илм, фарҳанг, адабиёт, фаъолияти босамари давлатӣ, ҷамъиятӣ бо унвонҳо, ҷоизаҳо, мукофотҳои давлатӣ қадр гардиданд.
Дар баробари ин дар суханронии Пешвои миллат таъкид намуданд, ки натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯйи талаботи замон нест.
Имрӯз саҳми илми ватанӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман қонеъкунанда нест. Аз ин рӯ, вазифа гузошта шудааст, ки Ҳукумат фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва таъкид карда шудааст, ки зарурати ислоҳоти ҷиддӣ, таҷдиди сохтории Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии он ба миён омадааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи кадрҳои илмии дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ зиёд гардидааст. Ҳоло дар мамлакат 5900 нафар кадрҳои илмии дорои дараҷаҳои илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо докторони илм (146 нафар занон, 16 фоиз) 4800 нафар номзадони илм,158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Таъкид гардид, ки ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд. Ихтисосҳое номбар гардиданд, ки вазъи омода нагардидани кадрҳо аз рӯйи ин ихтисосҳо ҷавобгӯйи замон нестанд: зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, металургия, биологияи молекулалӣ, генетикаи тиббӣ, селексия, биотехнология ва экология. Ихтисосҳои номбаршуда ба рушди иқтисодии мамлакат мусоидат мекунанд.
Инчунин кишвар имрӯз ба мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорад.
Ҷалби ҷавонон ба илм, рушди бомароми соҳаи маориф ва дарёфти шахсоне, ки таҳқиқоти арзишманди илмӣ анҷом дода метавонанд, аз вазифаҳои аввалиндараҷа муайян гардиданд.
Кормандони калонсоли илм бояд давр дар тарбияи донишмандони ҷавони соҳаҳои гуногуни илм саҳми арзанда гузоранд.
Гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат дар ин бора барои мо кормандони илм омӯзанда мебошад: “Масалан, имрӯз дар баъзе соҳаҳои илм, бахусус, дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ кормандони калонсол аксариятро ташкил медиҳанд, ки аслан ин падидаи манфӣ нест, зеро расидан ба камолоти зеҳниву илмӣ солҳои тўлонии омӯзишу таҳқиқро талаб мекунанд.
Аммо дар баробари ин, мо шоҳиди дастгирӣ наёфтани ҷавонон аз ҷониби олимону донишмандони калонсол ва камтаваҷҷуҳӣ нисбат ба талошҳои онҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди илмӣ ҳастем.
Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки барои чӣ баъзе устодону олимони номдори онҳо дар муддати беш аз панҷоҳ соли фаъолияти илмии худ ақалан чор-панҷ шогирди сазовор тайёр накардаанд?
Ба ақидаи ман, идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд”.
Олимон як қишри муҳимми зиёиёни кишварро ташкил медиҳанд. Дар шароити имрӯзаи набардҳои иттилоотӣ зиёиён, махсусан олимон бояд мавқеи солими шаҳрвандӣ дошта бошанд. Бетарафии донишмандону олимон, норозигии доимии баъзе кормандони илмӣ барои фаъолияти нерўҳои бадхоҳи давлату миллат роҳ мекушояд. Яке аз сабабҳои бесуботӣ ва нооромӣ маҳз бетарафӣ, хусумат, бепарвоӣ ва ҳатто дастгирии қувваҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби баъзе олимону донишмандони тангназар мебошад.
Эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” ба рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсиаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, мусоидат намуда, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад.
Инчунин дар суханронии Пешвои миллат масъалаҳои муҳимми пешрафти илми тоҷик матраҳ гардиданд. Сифати омода намудани диссертатсияҳои номзадию докторӣ, мубрамии мавзуъҳои илмӣ, беҳтар намудани кору фаъолияти шўроҳои диссертатсионӣ, комиссияи олии аттестатсионӣ, таъмин намудани муассисаҳои илмӣ бо кадрҳои илмӣ – аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки бояд дар сари ин масъалаҳо дар оянда кор бурда шавад. Дар баъзе муассисаҳои илмӣ ҳимояи рисолаҳои номзадии аспирантон ва докторантону унвонҷӯён нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар ин маврид муроҷиати Пешвои миллатро бояд ҳар як роҳбари муассисаи илмӣ ва роҳбарони илмӣ сармашқи кори худ намоянд: “Муҳтарам намояндагон ва кормандони муассисаҳои илмӣ, хусусан роҳбарони илмии унвонҷӯён, аспирантону докторантҳо! Бо назардошти вазъе, ки гуфта шуд, ман аз шумо мепурсам, ки чунин муносибат илми тоҷикро ба куҷо мебарад?
Ин гуна хунукназарӣ нисбат ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ метавонад дар оянда оқибатҳои бисёр ногувор, аз ҷумла, паст гардидани сатҳи маърифатро дар байни ҷомеа оварад”.
Дар муҳит ва ҷомеаи илмӣ бояд фазои солими корӣ таъмин бошад, ки то андозае рақобати солимро фароҳам оварад. Дар ҷое ки фориғболӣ, бемасъулиятӣ, хусумати шахсӣ, рӯйихотирбинӣ, маҳалгароӣ, нотавонбинӣ носбат ба якдигар, рақобати носолим ҳукмфармо бошад, он ҷо илм пеш намеравад. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат моро ҳушдор медиҳанд: “ ...... аз роҳбарони муассисаҳо ва роҳбарони илмӣ қатъиян талаб менамоям, ки ба фориғболию бемасъулиятӣ, хусумати шахсӣ, рӯйихотирбинӣ, нотавонбинӣ нисбат ба якдигар ва рақобати носолим нисбат ба якдигар ва рақобати носолим миёни муассисаҳои илмии кишвар ҳар чӣ зудтар хотима бахшанд”.
Лозим ба ёдоварист, ки тайёр кардани кадрҳои илмӣ ба фаъолияти илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ робитаи зич дорад. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беш аз 12 ҳазор нафар омӯзгор фаъолият менамоянд, ки зиёда аз 5 ҳазору 500 нафар, яъне қариб 45 фоизи онҳо дорои дарачаҳои илмӣ мебошанд.
Таъкид гардид, ки барои равнақи корҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ танзими сарбории таълимӣ ва илмии омӯзгоронро амалӣ намудан лозим аст. Сарбории таълимии омӯзгорон нисбатан зиёд буда, ба фаъолияти илмии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Дар баробари мушкилоти таҳлилшуда дар суханронии Пешвои миллат ва ислоҳи камбудиҳои мавҷуда метавон чунин мулоҳизаҳоро дар ин замина пешниҳод намуд:
- Ҳангоми нашри мақолаҳо дар нашрияҳои академии тақризшавандаи ба қайдгирифташуда дар КОА – и Федератсияи Русия ва Тоҷикистон баррасӣ ва тақризи мутахассисонро ба инобат бояд гирифт. Зеро вақтҳои охир дар баъзе чунин нашрияҳо мақолаҳои аз ҷиҳати илмӣ бепоя ва ба талабот ҷавобгӯ набуда нашр мешаванд.
- Таъсиси китобхонаҳои ихтисосии электронӣ дар назди Институтҳои АМИТ. Иҷрои корҳои ҷиддии илмӣ бидуни шиносоӣ бо дастовардҳои самтҳои гуногуни илм ғайриимкон аст.
- Ташкили экспедитсияҳои илмӣ оид ба самти илмҳое, ки таҳқиқу омӯзиши таърих, археология, мардумшиносӣ, фолклоршиносӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва соҳаҳои дигари фарҳанги моддӣ ва маънавии халқи тоҷик машғуланд. Ҷудо намудани маблағ барои ташкили чунин экспедитсияҳо ба институтҳое, ки ба омӯзиши масъалаҳои зикршуда машғуланд.
- Таҳти назорати ҷиддӣ қарор додани кори Шўроҳои диссертатсиони КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия.
Илм таҳкимбахши маърифати миллат ва василаи рушди мамлакат мебошад. Кормадони соҳаи илм мутаккои давлат ва амалисозони сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд. Олимон рисолати бузурги миллатсозӣ ва давлатсозиро дар давраи тақдирсози мамлакат, дар шоҳроҳи Истиқлол бар дӯш дошта, таърихи давраи нави тоҷиконро меофаранд.
Муфассал ...