Ҳайати кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо камоли эҳтиром 71-умин солгарди ҷашни мубораки сарходими шуъбаи забонҳои помирӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаевро фархундаву ҳумоюн гуфта, ба устод саломатӣ, офияти рӯзгор ва комёбиҳои навро таманно менамоем.
Ҳаёт ва фаъолияти Устоди гиромиқадр, доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаев намунаи барҷастаест, ки масири пурбаракати тайнамудаи на танҳо як олими сарсупурдаи арсаи илмро инъикос менамояд, балки ифшогари меҳру муҳаббати шахсиятест, ки ба касби интихобнамудаи худ, новобаста аз вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, садоқати бемисл дорад.
Саҳми Назрӣ Офаридаев дар пажӯҳиши забонҳои шарқӣ ва ғарбии эронӣ басо арзанда буда, кӯшиши ӯ дар пойдории сулҳу субот ва оромиши кишвар, тарғиб ва тарафдории сиёсат ва стратегияи пешгирифтаи имрӯзаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мақоми забони давлатӣ шуҳрати ин олимро дар байни аҳолии ватанамон афзудаанд.
Ба қалами профессор Назри Офаридаев беш аз 150 асару мақолаҳои илмӣ оид ба масоили топонимикаи Тоҷикистон, лексикологияи забонҳои тоҷикӣ ва помирӣ, усулҳои таълими забон, таҳлили синхронӣ, диахронӣ ва муқоисавӣ-типологӣ тааллуқ доранд. Ҳанӯз соли 1992 монографияи Назрӣ Офаридаев таҳти унвони “Микротопонимияи Ванҷу Дарвоз” бо забони русӣ чоп мешавад, ки доир ба топонимикаи водиҳои Ванҷу Дарвоз қадами нахустин маҳсуб меёбад. Дар ин асараш устод дар такя ба сарчашмаҳои таърихӣ бори дигар мавҷудияти забони азбайнрафтаи ванҷии қадим (ванҷивор)-ро дар ин водиҳо тасдиқ намуда, барои муҳаққиқон маводи муътамади илмиро пешниҳод мекунад.
Баъдан асарҳои илмии “Ойконимияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” (2002), “Топонимияи таърихии Кӯҳистони Бадахшон” (2013), Очеркҳо оид ба топонимия ва микротопонимияи Кӯҳистони Бадахшон (2024)-и ин олими шинохта аз чоп мебароянд, ки дар соҳаи топонимика арзиши бебаҳо доранд.
Воқеан, профессор Назрӣ Офаридаев сарсупурдаи касби хеш буда, умри худро сидқан фидои роҳи илму маърифат намудаанд.
ҶАШНИ МАВЛУДАТОН МУБОРАК, УСТОДИ АРҶМАНД!!!