МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – АСОСИ РУШДИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА!
Дар 22. 10. 2024 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи муҳим бо иштироки ҳайати олимони институт баргузор шуд, ки ба мавзӯи хеле муҳим – Соли маърифати ҳуқуқӣ бахшида шуда буд. Дар суханронии худ, Азорабекова Ширингул, ходими калони шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз аҳамияти бузурги маърифати ҳуқуқӣ барои ҳар як шаҳрванд ва барои рушди устувори ҷомеа сухан намуданд. Мазкур таъкид намуданд, ки донистани ҳуқуқ ва риояи қонун барои ҳар як шахс ногузир аст, то ҷомеа ба адолат ва устуворӣ ноил гардад.
Муҳимтарин нуқтаҳое, ки дар ин ҷаласа баррасӣ шуданд:
Қонун ҳамчун воситаи муҳофизати ҳуқуқ ва озодиҳои инсон.
Риояи қонун дар ҳар бахши ҳаёти шахс – аз оила то ҷои кор ва муассисаҳои ҷамъиятӣ.
Тарғиби маърифати ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ, махсусан ҷавонон.
Иштирокчиёни ҷаласа бо шавқу рағбат фикру андешаҳои худро баён карданд ва ҳама ба ин хулосае омаданд, ки маърифати ҳуқуқӣ яке аз муҳимтарин асосҳои тарбияи инсон аст.
Дар охир ба иштирокчиёни ҷаласа, барои баҳсу мунозира ва баён намудани ақидаҳои хеш имкон оварда шуд
Маърифати ҳуқуқӣ на танҳо василаи муҳофизати шахсият, балки асоси сулҳу оромӣ ва рушди устувори ҷомеа мебошад. Ҳар як шахс бояд қонунро донад ва онро риоя кунанд, зеро ин роҳ ба сӯи адолат, субот ва ояндаи дурахшони ҷомеа аст.
Биёед маърифати ҳуқуқии худро баланд бардорем ва ба ояндаи дурахшони кишвари худ саҳм гузорем!