Навидҳои рӯз

- Ҷумъа, 21 Феврал 2025
21-уми феврал - Рӯзи байналмилалии забони модарӣ муборак бод!
21-уми феврал - Рӯзи байналмилалии забони модарӣ муборак бод!
Имрӯз дар тамоми дунё мардум як рӯйдоди муҳимеро ҷашн мегиранд, ки он Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҳаст. Забоне, ки танҳо воситаи иртибот набуда, балки бахши ҷудоинопазир аз фарҳанг, таърих ва ҳувияти мо мебошад. Ин рӯз фурсати олӣ барои ба ёд овардану таъкид аз боигарӣ ва гуногунии забонҳои ҷаҳон, аҳаммияти ҳифзу ташаккули онҳо аст. Ҳар як забон ин таърих, қабати фарҳангӣ ва инъикоскунандаи эҷодиёти шифоҳии халқиятҳои гуногун ба ҳисоб меравад.
Забони модарӣ... Чӣ қадар калимаи ширин ва азиз аст ин! Ин нахустин суханон, нахустин ҳарфҳоест, ки мо дар кӯдакӣ аз модар мешунавем. Ин забонест, ки бо он мо фикр мекунем, эҳсос мекунем ва бо дигарон муошират мекунем. Забони модарӣ - ин ганҷи бебаҳост, ки аз насл ба насл мегузарад ва моро бо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллатамон пайванд медиҳад.
Дар ҷаҳони имрӯза, ки пур аз гуногунии забонҳост, ҳар як забон дорои арзиши беназир аст. Ҳар як забон - ин як олами бузург аст, ки дар он фарҳанг, таърих ва таҷрибаи халқ таҷассум ёфтааст. Гуногунии забонҳо - ин сарвати умумибашарист, ки бояд ҳифз ва қадр карда шавад. Дарку эҳтиром ба гуногунзабонӣ – ин роҳ ба тақвияту ҳамдигарфаҳмии байни милатҳову нажодҳои мухталиф мебошад.
Бигзор ин рӯз моро ба омӯзиши минбаъда ва нигоҳ доштани тозагӣ ва зебоии он илҳом бахшад. Бигзор он як такони қавӣ барои рушд ва шукуфоии забонҳо ва фарҳангҳои мо, таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар асоси эҳтиром ва фаҳмиши мутақобила бошад.
Муборак бошад!!!
Муфассал ...
- Панҷшанбе, 06 Феврал 2025
НАШРИ КИТОБИ НАВ – «ГӮЙИШИ ҒОРОН (ЛЕКСИКА ВА МОРФОЛОГИЯ)»

- Душанбе, 03 Феврал 2025
ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ ДАР БАДАХШОН
Бо қарори Шӯрои олимони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ (протоколи № 9, аз 15 ноябри соли 2024) ба чоп тавсия гардид.
УДК-94(575.3)
ББК 63,3 (2.точик) +74,265.1+72.3+74 тоҷик 7-4
A-50
Алимшоев Мамадризо Мамадасанович. Шукӯҳи истиқлол дар Бадахшон. Душанбе: "Сифат-Офсет" 2024. – 262 саҳ.
Зери назари узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳайдаршо Пирумшоев ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Қаландариён Ҳоким Сафар.
Муҳаррирони масъул: н.и.ф. дотсент Дорғабек Фозилов, н.и.ф. дотсент Азатшо Насрадиншоев.
Маҷмуаи мақолаҳо дар асоси мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва публисистӣ, ки қисмашон пештар нашр шудаанд, ва қисмашон барои аввалин бор ба нашр мерасанд, пешниҳод гардидааст. Мақолаҳо ба таҳлили воқеъбинонаи раванди давлатдории навини тоҷикон, шоҳкориҳои даврони истиқлол ва дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар се даҳсола бахшида шудаанд.
Шукӯҳи истиқлол дар Бадахшон — ин китоб як таърихи хос ва арзишманд аст, ки ба ҷомеаи тоҷик пешниҳод мешавад, то мо дуруст ва бе хато ба даврони истиқлол ва рушду нумӯи минтақаамон назар андозем. Муаллиф, ки бо донишу таҷрибаи фарогири хеш ин таҳлилҳоро гузаронида, муҳимтарин паҳлӯҳои таърихии минтақаи Бадахшонро бо муҳаббат ва эҳтиром ба гузаштагони хеш нишон додааст, таъкид мекунад, ки ин минтақа бо вуҷуди душвориҳо ва чолишҳо дар роҳи рушд, ҳамеша бо як ҷонибдории амиқ ва ҳимояти устувор аз истиқлолият ва арзишҳои миллии тоҷикон қарор гирифтааст.
Ин китоб барои мутахассисони соҳаи таърих, муҳаққиқони фарҳанг, омӯзгорон ва ҳамаи шогирдону хонандагони соҳаҳои гуманитарӣ муҳим ва мавриди омӯзиш мебошад. Ҳамзамон, хонандагони ғайрикасбӣ, ки ба таърихи кишвар ва шоҳкориҳои халқи тоҷик таваҷҷӯҳ доранд, метавонанд барои фаҳмидани равандҳои таърихии Бадахшон ва дигар минтақаҳо бо осори таърихии ва фарҳангии ин минтақа шеносо шаванд.
Маҷмуа барои мутахассисони соҳаи таърихи ВМКБ, донишҷӯён ва тамоми шахсоне, ки ба таърихи халқи тоҷик шавқ доранд, нигаронида шудааст.
ISBN 978-99985-77-35-0
© Алимшоев М.М.
Муфассал ...
- Душанбе, 13 Январ 2025