Ҳақназар Имомназар, ходими
илмии шӯъбаи тадқиқоти иҷтимоиёту
иқтисодиёти Бадахшони ИИГ АМИТ
ТАРБИЯИ ФАРЗАНД МУҲИМИЯТ ВА МУАММОҲОИ ОН ДАР ЗАМОНИ МОДЕРН
(дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш)
Дар мавриди тарбияи фарзанд, ҳамчун муҳимтарин рукни пайванди наслҳо дар бақои башар, вобаста ба воқеиятҳои ин ё он замон ва ба хусус, муҳити воқеӣ, маводи хеле фаровони илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ мавҷуд аст. Аммо дар ин сатрҳо вазъи он, муҳимият ва арзиши фавқуллодаи он дар ҷомеаи тоҷикистонӣ, ҳамчунон муаммоҳои он дар замони модерн дар баробари он қарор гирифта, андешаронӣ мешавад.
Тарбияи фарзанд дар тӯли таърихи фарҳанги халқи тоҷик, ҳамеша нуқтаи марказии ҳар оила буда, ҳамчун масъулияти бевосита ва аввалиндараҷаи оила дар сатҳи миллат ва дар замони муосир, дар сатҳи башар арзёбӣ мешавад, зеро маҳз сатҳи он дараҷаи такомули миллат ва давлатро нишон медиҳад. Тарбияи фарзанд дар баробари инъикоси васеи он дар мероси адабӣ, илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ мавзуи асосии асарҳои сирф ахлоқӣ, чун «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Бӯстон»-у «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ ва асарҳои дигар мебошад.
Вожаи “масъулият” дар робита ба мафҳуми тарбия, як эҳсоси табиӣ-ботинии инсонӣ, аст, ки инсони комили ҷомеаи мутамаддин, дар баробари виҷдони худ, оила, иҷтимоъ ва миллати худ эҳсос мекунад ва онро ба душ мегирад. Аммо агар иддае аз одамон, бино бар иллатҳои гуногун ба дарки ин масъулият расида наметавонанд, дар он сурат, давлат ин масъулиятро ва он ҳам ба хотири беҳбудии ҳаёти ҷамъӣ, тариқи низоми қонунгузорӣ дар аъзои ҷамъият бедор мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя бар таҷрибаҳои талхи замонҳо, ба хусус, баъд аз паси сар кардани имтиҳоноти ҷиддии замони оғози истиқлолияти комили давлатдории худӣ ва даврони аз он печидатари ба ном “гузариш ба низоми нав”, ҳамчунон бо муносибати воқеъбинонаи роҳбарияти олии мамлакат ба ояндаи давлати миллӣ, масъалаи таълим ва тарбияи насли наврасро дар қатори афзалиятҳои аввалиндараҷаи далатӣ қарор дод ва онро аз нигоҳи мақоми қонунӣ ва пояи моддӣ ба дараҷаи баланд тақвият дод.
Дар ин робита, дар қисми дуюми моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд”. Яъне вазифаи падару модарро барои муҳайё кардани шароити мусоид, ба хотири инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва рӯҳӣ- равонии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама, масъулият барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои хилофи миллӣ ва башарӣ, ки ба сабаби бемасъулиятии волидайн, фарзандонашон ба он кашида мешаванд, маҳз дар сатҳи Сарқонуни мамлакат мушаххас шудааст, ки муҳимияти хоси тарбияро нишон медиҳад. Дар пояи меъёрҳои Конститутсия ва пояи фарҳанги миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” (02.08. 2011) қабул гардид, ки дар низоми қонунгузории Тоҷикистон ва ҳаёти ҷомеаи мамлакат аллакай мақоми махсусро ишғол кардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси хос дар ин маврид қайд намудаанд, “Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад”.
Мафҳумҳои марказии дар қонуни мазкур таъкидшуда, дар ибораи “таълиму тарбия”, бо таърифи ҳар дуи он оварда шудааст;
1) тарбия - раванди ҳадафмандонаи ба воя расондани кӯдак аз ҷониби падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ;
2) таълим - фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кӯдак, донишомӯзӣ, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти ӯ.
Ба тариқи дигар, тарбияи фарзанд як ҷузъи ҷудонопазири маҷмуаи ба ном “таълиму тарбия”, (ба назари мо он ба тарзи “тарбия ва таълим” дурусттар аст), ки онро ба маънои ибтидоӣ “ба ҳаёти воқеӣ омода кардани насли ҷавон” номидан мумкин аст. Аз диди мо, “тарбия” дараҷаи аввалтар дошта, инсонро аз нигоҳи маънавӣ ба муносибатҳои иҷтимоӣ бо дигар аъзои ҷомеа, арзишҳои он омода ва ворид мекунад, ки дар илми ҷомеашиносӣ (сотсиология) ба унвони “социаликунонӣ”, яъне “иҷтимоӣ шудан”(“сотсиализатсия”) номида мешавад. Дар ин маҷмуа (тарбия ва таълим), ба назари мо, қисми “тарбия” муқаддамтар ва муҳимтар мебошад, зеро тарбия аз рӯзи таваллуд оғоз ёфта, дар тӯли умр идома меёбад.
Ҷузъи дигари ибораи таълиму тарбия, “таълим”яъне аз решаи “илм” (омӯзиш) мебошад, ки вазифаи аслии он, тибқи тақозои илми муосир, фарди ҷавонро ба сатҳи ҳаёти моддӣ-маънавӣ, арзишҳо ва талаботҳои мавҷудаи он, аз ҷумла, ба суръати баланди рушди тафаккури илмӣ ошно ва омода мекунад. Ва ин просес аз омӯзиши даврони томактабӣ, мактабӣ то донишгоҳӣ ва ғайра идома дошта, тариқи дастовардҳои илмӣ одамонро ба яке аз касбҳои ҷомеа омода месозад. Ҳарчанд нуктаи таъкиди мо сари мафҳуми “тарбия” мебошад, аммо дар ин ҷо зикри нуктаи муҳими дигареро зарур медонем. Яъне дар замони “постмодерн”, бино бар суръати баланди илмӣ-техникӣ, мафҳуми “касб” (“профессия”) ба тадриҷ маҳдудтар шуда, ҷои онро “ихтисос”, “тахассус” ишғол хоҳад кард. Зеро тахассус “касби мушаххастару замонавӣ” буда, дар шароити муосир, ҳар 7-10 сол ба такмил ва бозомӯзӣ ниёз дорад.
Тоҷикистон аз назари геосиёсӣ дар қалби Осиёи Марказӣ, дар марзи ҳавзаи бо азимтарин тамаддунҳои дунё, аз ҷумла Хитой, Афғонистон, Қирғизистон ва Узбекистон қарор дорад. Ва низ мусаллам аст, ки тарбияи инсон ҳамчун мавҷуди иҷтимоӣ-биологӣ дар умум, инъикоси муҳити хоси физикӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ, пурзӯр намудани масъулияти ҳамагонӣ (оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа) дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми фарҳангу арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намудани фарзанд мақоми калидӣ дорад. Аммо ба қавле, оила аввалин меъмор, хиштгузори ивазнашавандаи бинои фард (кӯдак) аст.
Бояд ёдовар шуд, ки сарзамини кунунии тоҷикон, дар замонҳои гузашта ба ҳавзаи тамаддуни ба ном ориёӣ, ки яке аз нахустин гаҳвораи тамаддуни башарӣ мебошад, мансубият дорад. Аз ин рӯ, имрӯз низ ин масъулияти баландро ба душ дорад, то онро ҳифз кунад, ба наслҳо интиқол диҳад ва барои дигарон намуна бошад. Вале дар ҷаҳони пурхилофи мудерн, кушишҳои халалдорсозии масири ин сарзамини куҳанфарҳанги дар шакли давлати мустақили миллии худӣ эҳёшуда, бештар ба назар мерасанд. Муборизаҳои иттилоотӣ, таблиғотҳои зидди фарҳанги маънавии миллӣ, ки аз ҷониби ҳар гуна неруҳои манфиатҷӯйи чӣ хориҷиву чӣ дохилӣ, ки бештар аз пеш, аз эътиқодоту боварҳои мардум, ҳамчун абзори сиёсӣ сӯистифода мекунанд, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо ҷойгузин кунанд. Натиҷаи чунин вазъи “ташкил ва таҳмилшуда”, низои харобиовари шаҳрвандӣ буд, ки зарари он пеш аз ҳама, ба раванди таълиму тарбияи ҷавонон расид, эътибори таълиму тарбияро ба ҳошия бурд ба хусус, ба зеҳни наврасону ҷавонон асари амиқи манфӣ ворид кард. Дар ҷомеаи анъанавӣ зуҳуроти номатлуб, бегонаи номутобиқ ба фарҳанги миллӣ, хурофотпарастӣ, таассубгароӣ, манфиатҷӯиҳо авҷ гирфт, ки дар таърихи ин миллати куҳанфарҳанг собиқа надошт.
Аз ин рӯ ва бо дар назардошти “ҷаҳони бе субот ва хеле босуръат тағйиркунанда” –и муосир, дар назди давлату миллат масъулияту талаботҳои наву ҷиддитар ҳам қарор гирифтаанд, ки ҳифзи истиқлолият, давлатдории худӣ, дастовардҳои беназири он дар мақоми болотарин мебошанд.
Қобили зикри хос аст, ки соли равон боз як қонуни барои ҷомеаи кишвар ва ояндаи он муҳим, ба унвони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» (08.05. 2024) қабул гардид, ки бори дигар дарки муҳиммияти масъала ва воқеиятҳои айнии ҷаҳони нишон медиҳад. Аз ҷумла дар он возеҳан зикр шудааст, ки масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, (яъне наврасони то синни ҳаждаҳсола), ба принсипҳои зерин асос меёбад, ки мо ба муҳимтаринҳояшон ишора мекунем: эҳтироми кӯдак, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, риояи қатъии қонуният, адолат ва инсондӯстӣ дар баробари кӯдак;
Ин қонун ҳамчунон тақозо мекунад, ки муносибати инфиродӣ ба таълиму тарбияи кӯдак, аз ҷумла ба кӯдаки дар вазъияти номусоиди иҷтимоӣ қарордошта, пешгирии ҳар гуна зӯроварӣ нисбат ба кӯдак, иштироки аҳли ҷомеа дар таълиму тарбияи кӯдак, ногузирии ҷавобгарӣ барои вайрон намудани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои кӯдак, муносибати баробар ба кӯдак, новобаста ба ҷинс, синну сол, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва рӯҳии он ба шакли талаби қонуни конститутсионӣ мушаххас шудаанд.
Дар қонуни мазкур ҳар гуна таълими ғайриқонунӣ, бахусус, таълими ғайриқонунии динӣ ва ё таълими динии кӯдак дар хориҷи кишвар ҳам, бидуни розигии хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ иҷозат дода намешавад.
Акнун аз манзари ҷомеашиносӣ ва воқеиятҳои замони ба ном мудерн/муосир ва монеаҳои дар сари роҳи раванди тарбия қароргирифта, рӯ меорем. Замони мудерн ё муосир, тавре ҳамагон аз расонаҳои фаровон огоҳӣ доранд, як воқеиятест, ки кишвари ҷавони мо низ хоставу нохоста дар он қарор дорад ва бо ҳамаи пешрафту рифоҳ, ба маротиб мураккабтар ва печидатар гардида истодааст. Аввалан ба он хотир, ки замони постмодерн тақрибан ба ягон пешгӯиҳо ва ояндабиниҳо итоат намекунад. Аз як сӯ, дар ин замон раванди глобализатсия ва дар асари он “ба як хонаи умумӣ табдил ёфтани ҷаҳони муосир”, аз ҷумла, мафҳуми “таълиму тарбияи глобалӣ” бештар ба назар мерсад, ки нодида гирифта шуда наметавонанд. Ин раванди ҷаҳонишавӣ, бар иловаи ба ҳаёти сокинони сайёра натоиҷи фаровони мусбат ворид карданаш, бисер пайомадҳои дигари манфиро ҳам бо худ овардааст. Яке аз онҳо таъсиргузории фарҳангҳо ва тамаддунҳои “қисми пешрафта”-и ҷаҳони модерн ва бархурди он бо тамаддунҳои “қисми дигари дар ҳоли рушд”-и ҷаҳон мебошад, ки дар ин набард барои дастёбӣ ба қудрати бештар, аз стандартҳои мухталифи бар манфиатҳо асос дошта, истифода мешаванд. Аз сӯи дигар, муҳити физикӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии “хоси тоҷикӣ” тақозо мекунад, ки тарбияи фарзанд мутобиқ ба он сурат гирад, ҳарчанд дар ин ҳолат мухолифат пайдо кардани он бо воқеиятҳои замон ҳам вуҷуд хоҳад дошт.
Яке аз муаммоҳои бузурги дар баробари ҷомеаи мо, дар шароити таҳаввуллотҳои азими замон ва дар робита бо мавзӯи мазкур қарор дошта - ин интихоби равияи дурусти тарбия боқӣ мемонад, ки дар он тамаддуни гузашта ва фарҳангии ғании тоҷик, ба ҳеҷ сурат кам дида шуда наметавонад.
Аз сӯи дигар, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки мо узви комилҳуқуқи он ҳастем, талаботҳои мухталифу воқеиятҳои хоси умумибашарӣ, ҳамчунон суръати баланди прогресси илмӣ-технологӣ, селаи иттилооти шабакаҳои интернетӣ, рушди ҳуши маснуӣ ва бахусус, мафҳуми бузургу густурда ба номи “ҳаққу ҳуқуқ” ҳукмронӣ доранд, ки аз тамоми он ҳам, ба истилоҳ, роҳи фарор дида намешавад.
Тавре мушоҳида мешавад, дар замони кунунӣ низ, дар раванди тарбиявии қисми зиёди оилаҳо ҳамоно тасаллути тарбиявии суннатӣ-анъанавӣ бештар аст, ки дар гузашта худи волидайн дар ҳамон фазо тарбия ёфта буданд. Бо вуҷуди таъкиди бузургони маънавии миллат, ки тарбияро аз хурдтарин синни тифл, як амри зарурӣ собит карда буданд, аксари волидайн бо нишони “меҳрубонӣ”-и комилан хилофи мантиқ ба тифл (“ҳанӯз барои тарбия хурд аст”), ин фурсати тиллоиро аз даст медиҳанд. Дар фарҳанги суннатӣ-анъанавӣ, ба тарбия, бо як таъкиди умумӣ “мо дар замони худ ин тавру он тавр будем, чунину чунон кардем”-у, ба он монанд бархурд мешавад. Аммо ҳаракату пешрафти ҷаҳони воқеӣ, таҳаввулу тағйири он камтар “ҳис” мешавад. Ба ибораи дигар, ба мафҳуми калидии “замон” камтар таваҷҷуҳ мешавад, ки боиси нофаҳмии байни наслҳо ва дар фарҷом ба зарари онҳо анҷом меёбад.
Таҷрибаи башар нишон медиҳад, ки тарбияи кўдак бояд бо назардошти табиати ў, майлу завқи ӯ ва муҳиту замони воқеии ӯ анҷом дода шавад. Ҳадафи аслии тарбия, тавсеа ва густариши зарфияти ботинии кўдак буда, он набояд ҷабрӣ, ба воситаи зӯру танбеҳу ҷазо амалӣ шавад. Набояд фаромӯш шавад, ки оила барои кӯдак оина аст ва рафтору тарзи зиндагии волидайн, чӣ тарафи мусбат ва чӣ манфии он, муҳимтарин омили созандаи шахсияти кӯдак буда ва боқӣ мемонад.
Воқеияти дигари омӯзанда ва барои ҷомеаи тоҷикистонӣ қобили пайравӣ, ин тавсеаи корҳои тадқиқотӣ дар мавриди тарбия, дар ҷомеаи мушаххаси мо ва бо дар назардошти воқеиятҳои он мебошад.Тавре маълум аст, дар кишварҳои пешрафта аз тарафи олимони соҳа, равоншиносон, духтурон ва ғайра, дар мавриди рушди физикӣ ва равонии кӯдак, ба таври мунтаззам тадқиқотҳои мутадовим дар ҷараён буда, тавсияҳои илмӣ- методии зиёд ҳам ба нашр мерасанд. Мутаассифона, бо вуҷуди мероси ғании ниёгон, сохторҳои зиёди таълимӣ ва тарбиявии кишвар, ҳанӯз дар ин самти муҳим, саҳми назаррас нишон надодаанд.
Шояд ин яке аз иллатҳо бошад, ки ҳанўз ҳам баъзе падару модар ба ҷои он, ки таҳсили фарзандонро бо ҳар тариқу имкони мавҷуда маблағгузорӣ, кумак кунанд, баръакс ба монеъ мешаванд Кӯдаконро дар замони ташаккули шахсият ба хотири даромади пулӣ, берун аз таълимгоҳҳо сафарбар мекунанд, ки оқибати хеле ноггувори чунин муносибат возеҳ дида мешавад.
Нуктаи бе баҳси дигар ин аст, ки инкишофи ҳамаҷонибаи фарзанд қабл аз ҳама, ба нақши зан-модар вобастагӣ дорад, яъне илм собит сохтааст, ки модар барои фарзандон, аз ҷумла писарон, то синни 18-солагӣ, ҳамчун манбаи асосии тарбия ва пайравӣ мебошад. Аммо дар ҷомеаи мо, бо тафсироти нодурусту ғайримантиқӣ аз фарҳангу тамаддуни суннатӣ, динӣ, ба вижа эътиқодоти бо сиёсатҳои бегона сахт омезиш шуда, иддае талош мекунанд, то бо ҳар роҳ духтарфарзандҳояшонро аз таҳсил барканор кунанд, дар синни мактабӣ ба шавҳар диҳанд, ҳатто иддае омодаанд, ки ба мисли режими толибонӣ, занону духтаронро, ки ними пайкари инсониятанд, дар хона “бандӣ”, кунанд аз таҳсилот ва ҳаёти ҷомеа барканор кунанд.
Бузургон оиларо барҳақ оинаи кӯдак ном бурдаанд. Ӯ маҳз дар ин «оина» ояндаи худро мебинад ва онро пас месозад, ки дар тарҳи сохтаи кӯдак тамоми хислатҳо, гуфтору рафтори ҳам манфию ҳам мусбати волидайн инъикоси худро меёбад.
Падар ё модар набояд ба фарзанд дурӯғ гўянд, ё ваъдаи дурӯғ диҳанд, онро “кӯдаки ҳанӯз беақл” тасаввур кунанд, балки бо тифл ҳамчун шахсият баробар бархурд кунанд, хатоҳояшонро на аз роҳи хушунат, истифодаи зӯроварӣ, балки бо далелу мантиқ баҳс кунанд, ба онҳо вақташонро ҷудо кунанд, ки ҳамаи ин барои омода шудани он ба зиндагии муосири иҷтимоӣ муҳимияти фавқуллода дорад.
Дар зимн чанд пешниҳодро барои мутолиаи баъдӣ бо аъзои ҷомеа, ба хусус, бо коршиносони соҳа дар миён гузоштанием.
Пеш аз ҳама ба назар мерасад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ зарур аст, ки на танҳо “тарҳи тарбия”, инчунин “тарҳи таълим” ҳам ба таври куллӣ таҷдиди назар шавад.
Аз дидгоҳи мо, алҳол, низоми маориф ва ҷомеаи Тоҷикистон бояд ба ду масъалаи асосӣ таваҷҷӯҳашонро мутамарказ намояд. Аввалаш то ҳадди имкон мутобиқ кардани низоми таълиму тарбияи мавҷуда ба талаботи замони зуд тағйирёбанда ва интихоби шеваҳои беҳтар аз ҷумлаи стандартҳои таҳсилоти ҷаҳонӣ меббошад. Ва дуввум, ҳарчӣ баланд бурдани нақши омӯзгор дар ҷомеа, тариқи баланд бардоштани сатҳи ҳаёти маънавӣ (мақоми омӯзгор ) ва ҳаёти моддии ӯ (ҳақмузди сазовори меҳнат), ҳарчанд дар ин самт талошҳои зиёди давлат ҳам ба назар мерасанд. Ба қавли яке аз олимони машҳури рус, Наталя Черниговская “дар сайёра беҳтар аз касби омӯзгор ва табиб, ки аввалӣ инсонро месозад ва дувумӣ онро наҷот медиҳад, касби дигар вуҷуд надорад. Бояд беҳтарин ашхосии ҷомеа ба таълиму тарбияи кӯдакон, ба хусус, дар синфҳои ибтидоӣ ҷалб шаванд...”
Ҳамчунон мушоҳидаҳои ҷомеаи хоси кишвар нишон медиҳад, ки дарёфти имконот барои ҷорӣ, кардани мазмунҳои нави вобаста ба маънавиёту рафтори иҷтимоии инсонҳо дар “замони модерн”, дар такя ба муҳити иҷтимоӣ ва ахлоқи анъанавии шарқӣ, дар раванди тарбия аҳамияти хос хоҳад дошт. Ба тариқи мисол (бо унвонҳои шартӣ), мазмунҳои ,,Инсоншиносӣ”, “Инсон ва ҷомеа” , “Оила ва ҷамъият”, “Таърихи адён ва мазоҳиб”, “Ҷаҳонбинии илмӣ ва ғайрилмӣ” ва ё мазмунҳои дигаре, ки коршиносони босалоҳият бояд дақиқтар зарурати онро омӯзанд ва мушаххастар пешниҳод кунанд.
Аз назари мо, яке аз таҷрибаҳои омӯзандаи замони собиқ (шӯравӣ), ки ба ҳадафи давлат ҳам мутобиқати комил дошт, ин ташаккули ҷаҳонбинии васеъ, ҳамчунон тарбияи шахсияти “пайванд бо ҷомеа” буд, ки одамро ҳамаҷониба “шахсияти иҷтимоӣ”-и дорои доираи масъулятҳо дар баробари ҷомеа месохт. Дар низоми муосири аксаран ғарбӣ, баръакс, набудани ҳатмияти барномаҳои таълимӣ, озодӣ дар интихоби мазмунҳои дарсӣ, озодии кӯдак дар тарбия ва маънавиёт, озодии “нисбӣ”-и шахсият аз қайду бандҳои ҷомеа, нақши низоми таълиму тарбияро комилан дигар кардааст, вале дорои бартариятҳои омӯзандаи зиёд ҳам мебошад. Ба назар мерасад, ки ҳар ду тарзи бархурд ба тарбия, барои интихоб ва пайравӣ имконият фароҳам месозанд, ки дар низоми миллӣ беҳтарин таҷрибаҳо оқилона истифода шаванд.
Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки дар ҷомеаи тоҷикистонӣ низ ҳанӯз ҳам дар мавриди он баҳсу андешарониҳо идома доранд - ин ташаккули ҷаҳонбинии солими фарзандон аст, ки бунёди он маҳз дар марҳилаи тарбияи кӯдак гузошта мешавад. Аммо муҳимтарин масъала, ин боз ҳам тарзи интихоби шеваи он аст, ки метавонад сирф суннатӣ-анъанавӣ ва ё комилан замонавӣ (муосир) бошад. Ба тарзи дигар, метавонад аз тариқи танҳо шеваи илмӣ, ва ё ғайриимлмӣ (мовароӣ ва суннатӣ) ва ё таркибе, маҷмуае иборат аз ҳамаи онҳо бошад. Барои интихоби дақиқтари ин шеваҳои тарбия, ба моҳияти ду ҷаҳонбинии мухталифи ҳам қарор дошта, як назар кутоҳ меандозем.
Бояд дар назар гирифта шавад, ки аксаран зери мафҳуми низоми таълиму тарбияи “анъанавӣ, суннатӣ”, пеш аз ҳама “фарҳанги сирф исломӣ” дар назар дошта мешавад, ки ба қиёси адёни дигар, дар тарбия тасаллути болотарин дорад. Аммо мушкили ин роҳи тарбия аз он оғоз мешавад, ки фарҳанги суннатӣ-исломӣ тамоми дарёфтҳо ва дастовардҳои илмиро сирф “моли худ” медонад. Тибқи он “тамоми илми дунё дар Қурон зикр шуда”, иддао дорад, ки илм наметавонад аз он “болотар по гузорад, зеро илм аслан дар хидмати дин” (ислом) аст ва рисолати дигар надорад. Нуктаи ҳассостарин ва ё таззоди бузург дар байни ин ду навъи ҷаҳонбинӣ (илмӣ ва динӣ, ё исботшаванда, санҷидашаванда ва мовароӣ, таваҳҳумӣ) дар он аст, ки тамоми таълимотҳои исломӣ ба итоату иҷрои бечуну чарои таълимотҳои динӣ ва фароизи динӣ равона шуда, дар он ҳеҷ гуна пурсишу савол умуман матраҳ нест, болотар аз он, дучори вокуниши хашини “исломи сиёсӣ” ҳам шуда метавонад. Донишҳои дунявӣ (илмӣ) дар пайи кашфи қонунҳои объективии табиӣ ё ба ибораи дигар, дар такя бар далелҳо ва шавоҳиди айнӣ дунболи кашфи “ҳақиқати моддӣ” (илмӣ), вале “дидашавндаву таҷрибашаванда ё санҷидашаванда” мебошанд. Яке аз мушаххасаҳои хоси ҷаҳонбинии илмӣ дар он аст, ки илм ҳама гуна дастоварди илмиро “бетағйир, раднашаванда ё мутлақ” надониста, илмро як раванди пуё (динамикӣ) ва доиман дар ҷараёни давомдори дигаргуниҳо, ҷустуҷӯҳо ва кашфиётҳои тадриҷии нав медонад. Аз ҷониби худ, дин (ислом), таълимотҳои худро бетағйир, “мутлақ ва барои абад собит” медонад ва дар масири “замони воқеии тағйирпазир” далелҳои илмиро ҳам намепазирад. Дар дохили ҷаҳонбинии динӣ бартариятталабӣ барои “ҳаққиқати” дину мазҳаби худ ва “ғалат” пиндоштани эътиқодоту боварҳои дигарон (адёни дигар), напазируфтани дастовардҳои илмӣ, таҳамулнопазирӣ нисбат ба ҳуқуқи дигарбоварон, ки аслан раванди асосии ҷаҳони муосир ва глобалӣ мебошанд, “усули асосӣ” буда, байни ҷомеаҳо ва фарҳангҳо ташаннуҷ ва бархурдҳои фарҳангиро меафзояд.
Аз ин тараф ҳам, тарбияи сирф дар пояи “илм”, бидуни буди (қисми) маънавиёт, ахлоқ, муҳиту фарҳанги хоси миллӣ, завқу ҳиссу ғайра ҳам ҷаҳонбиниро “яксӯя месозад” ва одамро ба мошини “биоробот” наздик мекунад. Бинобар ин воқеият, таркиб (комбинатсия)-и раванди тарбия ва таълим дар шароити муосир муҳимияти бештар пайдо карда, риояи усули асосӣ “яъне ҷудо будани низоми маориф дар маҷмуъ, аз ниҳодҳои динӣ”, ки дар ҷаҳони пешрафта натиҷаҳои мусбати худро баръало нишон додааст, амри ҳатмӣ мебошад. Ҳамчунон тарбияву таълиму бояд ба “тафаккури озод ва интиқодӣ” такя кунад ва на сирф интихобӣ, ки “чи чизҳо ва чӣ тавр бояд таълим дода шавад”, бошад. Бинобар ин, агар ба тарбияву таълими насли наврасу ҷавон бо эҳсоси масъулияти бузург дар баробари миллат ва ояндаи он, бо назардошти воқеиятҳои замон, бархурд сурат нагирад, мафкураи миллии мо дар умум гирифтори зоҳирпарастӣ, пасмондагӣ, ҷаҳонбинии догматикӣ, таассубу хурофоти фарогиртар гашта, дар доираи ному дастовардҳои бузургони гузаштаамон, ки дар муҳити физикӣ ва маънавии хоси замони худ мезистанд, маҳдуд монда метавонад.
Мусаллам аст, ки рушду тараққиёти ҳар мамлакат, ба хусус кишвари ҷавони мо бевосита ба сатҳи саводу маърифат, ба хусус маънавиёти баланди (духовност)-и насли наврас, ки имрӯз дар фазои ҷаҳони мудерн ба мафкураи “умумибашарӣ” табдил ёфтааст, вобаста аст. Тамоми таърихи башар возеҳ нишон медиҳад, ки ҷомеаҳои мухталифи инсонӣ танҳо тавассути такмили тарбия ва таълим, ҳамчун ҷараёни муташаккил, дар такя бар фарҳанги миллӣ, пазириш ва ҳамоҳангии он бо фарҳанги умумибашарӣ ба дараҷаи баланди тамаддун расида тавонистанд.
Дар ин робита суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷомеаи кунунии мо бениҳоят бамавриданд: «Имрӯз, ки мо зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд, пеш аз ҳама, ҷавонони мо мазмуну моҳияти арзишҳои истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро аз худ намоянд».
Китобнома:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” (02.08. 2011).
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» (08.05. 2024).
- Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш (01.09.2024).