ИБТИКОР БА ХОТИРИ ТОЗАГИИ ГИРДУ АТРОФ
Дар доираи шанбегиҳои ҳарҳафтаина дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуда, гирду атрофи бинои Институт обёрӣ ва аз ахлотпораҳо тоза карда шуд.
Шанбегиҳо анъанаи хубе ҳастанд, ки одамонро ба мақсади нек — нигох доштани тозагӣ ва тартиботи шахру минтақаҳо муттаҳид менамояд. Аммо чаро онҳо воқеан лозиманд? Биёед ҳамроҳ фикр кунем:
- Барои ҳифзи муҳити зист:
- Шанбегиҳо барои ҷамъоварии ахлотпраҳо, ки ба табиат зарар мерасонанд ва муҳити зистро ифлос мекунанд, кӯмак мерасонанд. Бо роҳи гузаронидани шанбегиҳо тоза кардани боғҳо, майдонҳо ва соҳилҳои обанборҳо амалӣ мегардад.
- Бо шинондани дарахту буттаҳо мо вазъи экологиро беҳтар месозем, минтақаҳои нави сабз ба вуҷуд меорем ва ҳаворо бо оксиген бой мегардонем.
- Манфиати ҷамъиятӣ:
- Ҳангоми шанбегҳо мо метавонем майдончаҳои бозиро таъмир кунем, деворҳоро ранг кунем, роҳравҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба тартиб орем.
- Ҳангоми шанбегиҳо муҳити бароҳат барои сокинон эҷод мегардад. Шаҳр ё деҳаи тоза ва хуб нигоҳдошташуда сифати зиндагии ҳамаи сокинонро беҳтар намуда, онро барои фароғат ва сайругашт ҷолибтар мегардонад.
- Аҳамияти иҷтимоӣ:
- Шанбегиҳо моро якҷоя кардан меомӯзанд. Тозакунии гирду атроф як имконияти хубест барои вақтгузаронӣ бо оила, дӯстон, ҳамкорон, шиносоӣ бо одамони нав ва таҳкими ҳисси муттаҳидӣ.
- Шанбегиҳо сарчашмаи ташаккули масъулиятанд. Иштирок дар ободонии ҷомеа ҳисси масъулиятро нисбати муҳити зист бедор мекунад ва мавқеи фаъоли шаҳрвандиро ташаккул медиҳад.
- Шанбегиҳо воситаи тарбияи насли наврасанд. Вақте ки калонсолон дар тоза кардани ҷомеа иштирок мекунанд, онҳо ба кӯдакон аҳамияти нигоҳубини хона ва сайёраро нишон медиҳанд.
- Таъсири психологӣ:
- Шанбегиҳо мояи эҳсосоти мусбӣ мебошанд. Якҷоя кор кардан, расидан ба ҳадафи умумӣ ва муошират бо дигарон табъи моро боло мебардорад ва эҳсоси қаноатмандӣ мебахшад.
- Шанбегиҳо мояи рафъи стрессанд. Фаъолияти ҷисмонӣ дар ҳавои тоза барои рафъи стресс ва хастагии дар давоми ҳафтаи корӣ ҷамъшуда кӯмак мекунад.