Навидҳои рӯз

- Чоршанбе, 12 Июн 2024
ЧИД (ХОНАИ ИСТИҚОМАТИИ КӮҲИСТОНИЁН) НУСХАИ КИШТИИ НАҶОТБАХШ
ХУДОЁРБЕКЗОДА Хосият Қамчибек – унвонҷўйи шуъбаи фолклор ва
адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии
ба номи академик Б.Искандарови АМИТ
ЧИД (ХОНАИ ИСТИҚОМАТИИ КӮҲИСТОНИЁН) НУСХАИ КИШТИИ НАҶОТБАХШ
Ман гиря кардам. Дилам эҳсосоти аҷибе дошт- омехтаи таассуф, пазмонӣ, ифтихор. Хеле мехостам худро аз гиря боз дорам. Натавонистам. Ҳамсуҳбатам Евгений Шаталов - ҷаҳонгарди рус дар хиҷолат афтод аз ҳолати ман. Пиёлаи обро дароз кард. Ин сайёҳи закӣ дарк намуд, ки гиряи ман бо хотироте тавъам аст. Баъди нӯшидани об, ором шудам. Ба худ омадам. Ин ҷаҳонгард, ки на танҳо сайёҳ буд, балки худро ҳамчун таърихшинос ва фарҳангнигор низ муаррифӣ мекард, боз пурсиши худро такрор намуд. Инак, лутфан бигӯед, ки хонаи урфии ин мардум чӣ маъно ва фалсафа дорад. Чаро сохт ва тарҳи ин хона маҳз чунин аст, шояд ҳикмате дар он ниҳон бошад.
Бо ин пурсишҳо хотиротам маро ба айёми кӯдакӣ бурд. Бибиҷамоли нозанин- модаркалони ситорагарму нуронӣ ва бобои басо хирадмандам Худоёрбекро ёд намудам. Кошки зинда мебуданд - хоки зери пойи онҳоро ба дидагонам мемолидам...
Оби чашмонам ҷорӣ буд, ба хотирам омад, ки то чӣ андоза нисбати хонаву дари аҷдодӣ эҳтироми хоса доштанд. Хонаи аҷдодиро ҳамчун ибодатхона медонистанд. Амаки ман Алибек, макони руҳи покаш фирдавси муҷалло бошад, пайваста мегуфт, ки ин ҳама баракату савлате, ки насиби мо ва фарзандонамон гардидааст, аз ҳалолкорию ҳалолнонию поктинатии Бибиҷамолу Худоёрбек аст. Бале, яқинан чунин аст...
Худоё, кошки он рӯзҳо ҳамин замону соат мебуданд. Ҳар як тори мӯйи момои Бибиҷамолро сила мекардаму кӯдаквор мебӯсидамаш.
Рӯзе момоям аз оғилхона бузғолачаи навзодро ба хона овард. Дар пойгаҳи даҳлези хона монда, дар рӯймоли куҳнаи хеш печонаш намуд. Бузғолача садо мебаровард ва модари худро мекофт, вале ба по истодан натавонист. Момоям равғани маскаро гирифта, бо ангушти худ ба даҳони ин ҷонвари навзод тела медод. Ман, ки дар синфи якум мехондам ва аз пастиву баландиҳои рӯзгор, аз ҳикмати ҳаёт ханӯз ноогоҳ будам, аз ин кори момоям норозиёна зуд пеши бобоям барои додхоҳӣ давидам. Маро, ки навакак рӯбучини хонаро ба итмом расонидаму бояд дарс тайёр мекардам, ин амали момо андаке асабонӣ намуд. Пеши бобоям шикоят бурдам, ки хонаи одамон макони бузғолача нест. Магар ман боз маҷбур ҳастам, ки пойгаҳи даҳлези хонаро дубора поку тоза намоям. Бобом хандиду гуфт, ки бузғолачае, ки онро лоиқи таваҷҷуҳ намедонам, дар баробари одам назди Худованд азиз аст ва гуфт, ки дар хонае, ки мо зиндагӣ дорем, дар он барои ҳамаи инсу ҷинс ва ҳатто ваҳшу тайр ҷой дода шудааст. Ин қисса аз забони Пайғамбар аст- гуфт бобои Худоёрбек.
Ман, ки маънои ҳамаи ин гапро намефаҳмидам, боз пеши момоям Бибиҷамол омадам ва гуфтам, ки мумҷон магар ин хона ҷойи ҳайвонот аст? Бибиҷамол, ки ҳам ба зоҳиру ҳам ба ботин зани зебо буд, қиссаи хонаи Бадахшониро оғоз кард:
- Хонаи Бадахшонӣ аз даромадгоҳи хона, ки дупеча ном дорад, оғоз мешавад. Дар дупеча ду сутун ҷойгир аст, ки бо тахтачӯбе - дар қисмати болоӣ бо ҳам мепайванданд ва он тахтачӯб бучкаγӣҷ (бузкуш) ном дорад. Баъди ин даромадгоҳ пойгаҳ ҳаст, ки дар байни хона мавқеъ дорад. Аз як тарафи пойгаҳ даромадгоҳ ва аз се тарафи он се суфа(се дӯкон) ҷойгир аст. Як суфа (дӯкони)-и он воγӡ- нêх (ҷойи нишасти ҷавонон), суфа (дӯкон)- и дигар бар-нêх (ҷойи нишасти калонсолон) ва тарафи сеюм чāлак (ҷойи нишасти кӯдакон) ном дорад. Дар чāлак ҷойи хурокхӯрӣ ва макони бозии кӯдакон ҳаст. Аз чāлак болотар боз суфа (дӯкон)-и иловагӣ ҳаст, ки онро кицор мегӯянд, яъне ҷойи нишаст барои занону бонувон.
Аз ин бармеояд, ки дар ин хона одамон тибқи синну сол ва ҷинс ҷойи нишасти худро доранд. Кицор (оташдон), ки суфаи аз ҳама баландтар аст, макони бонувон аст. Аслан ягон мардина дар кицор намешинаду бидуни зарурат ба он намебарояд. Пухту паз ва шишту хези бонувон дар суфаи кицор аст, ва маҳз дар ин ҷо оташдони хона – чагдон ҷойгир мебошад. Мавқеи чагдон дар ин хона басо муҳим аст. Дар он ҳам нон пухта мешаваду ҳам хӯрок ва ҳам аҳли хонавода гирди он ҷамъ омада суҳбатороӣ менамоянд. Мадҳияву қиссахонӣ мекунанд. Ҷойи арӯс дар рӯзи тӯй фақат ва фақат дар суфаи кицор аст. Вақте ки домод арӯсро ба хонаи хеш меорад, ҳамакнун ҷойи нишасти якҷояи онҳо дар маросими тӯй ва баъд аз он дар давоми се рӯз дар воγӡ-нêх мебошад.
Суфа (дӯкон)-и воγӡ-нêх аслан ҷойи ҷавонмардони хонадон аст. Инчунин ҳангоми маросими азодорӣ ҷойи майит низ дар суфаи воγӡ – нêх ҳаст.
Суфа (дӯкон)-и бāр-нêх, ки ҷойи пирону калонсолон ҳаст, дар он бонувон намешинанду ҷойгузин намегарданд. Дар маъракаҳои муҳим дар он дуохонон, намояндагони дину ойин мешинанду дуову қиссахонӣ мекунанд. Ҳангоми туй бошад, дар суфаи бāр-нêх домодро куртаву ҷома мепӯшонанд. Сартарошон хонда, домодро ба сафари хонаи арӯс гусел менамоянд.
Дар хона панҷ сутун аст. Яке номи Биби Фотимаи Зуҳроро дорад, ки дар суфа (дӯкон)-и кицор ҷойгир аст ва пеш аз роиҷи дини Ислом номи Аноҳиторо дошт. Дар назди ин сутун арӯс оро дода мешавад ва то омадани домод дар назди он мешинад.
Сутунҳои хона ҳудудҳои хонаро аз ҳам ҷудо менамоянд.
Аз сутуни якуми даромадгоҳ, ки номи яке аз наберагони ҳазрати пайғамбарро дорад, то шаҳсутуни хонадон, ки номи худи Ҳазрати Пайғамбари Исломро дорад, ҳудуди бāр-нêх аст. Аз шаҳсутуни хонадон то сутуни сеюм, ки номи амакзода ва домоди ҳазрати Пайғамбар- нахустин имоми равияи шиаи Исломро дорад, ҳудуди воγӡ-нêх аст. Аз ин сутун то сутуни чорум- Биби Фотимаи Зуҳро ҳудуди бонувони калонсол, модарону момоён ва аз он то сутуни панҷум, ки номи набераи дуюми ҳазрати Пайғамбарро дорад, ҷойи ҷавондухтарон аст.
Ҳама чиз ҷой, низом, рабт ва тартиби худро дорад дар ин хонаи пурбаракат - гуфт момои Бибиҷамол.
Чун сухан ба фарҷом расид, мани нодон боз пурсидам, ки ин бузғола ба ҳамаи ин гуфтагиҳо чӣ муносибат дорад. Момом дигар табассум накард. Овози маҳини ӯ оҳанги ҷиддӣ гирифт. Гуфт, ки магар бобоят нагуфт, ки таърихи ин хона аз таърихи Пайғамбари Нуҳ (алайҳиссалом) аст. Ӯро Худованд мефармояд, ки барои наҷоти олам киштие бисозад ва ӯ ин хонаро сохт. Намуди берунии он киштӣ буд ва намуди дарунии он мана ҳамин хона буд. Дар аҳди паҳншавии дини ислом ин сутунҳо ба панҷ адад расиданд ва номи ҳазрати Пайғамбару аҳли байти ӯро гирифтанд, вале дар киштии наҷотбахши Пайғамбар Нуҳ ( а) ин сутунҳо 72 адад буданд. Аз як сутун ба сутуни дигар ҷойи ин ё он ҷинсу инс, хазандаю парандаю чаранда буд. Худованд инсонро дар ин киштӣ аз тӯфон наҷот дод ва дар баробари инсон ҳамаи олами набототу ҳайвонотро аз ҷумла бузу бузғоларо наҷот бахшид. Пас бармеояд, ки дар баробари инсон ҳар як ҷонвари наҷотёфта низ дар назди Худованд мартаба ва маҳбубият доштааст ва азиз аст. Ҳамин бузғола бо одамон дар ин киштӣ наҷот ёфт ва имрӯз хона маконаш ҳаст.
Маро ин суханони модаркалонам то ҳадде ҳайрон карданд, ки дар ҷоям шах шуда мондам. Гарчанд на ҳамаи ин бузургию шаҳоматро медонистам ва на ҳамаи ин ҳикматро мефаҳмидам, вале маро ҳаяҷон, як ҳолати ифтихору болидахотирӣ фаро гирифт. Дар хаёлам тасвири киштии калон, ки дарунаш ҳамаи ҷонварон оромона ҷойгиранд ва дар баробари ин кӯдакон дар чāлаки киштӣ, бонувон дар кицори он, муйсафедону ҷавонон дар бāр-нêх ва воγӡ-нêхи киштии калон шиштагиянд, чарх мезад. Якбора чанд савол дар тафаккурам дар гардиш буд. Ба равзанаи чаҳорхонаи бом чашм дӯхта, пурсидам, ки оё дар байни 72 сутуни хонаи киштисон низ чунин равзана вуҷуд доштааст.? Модаркалонам ҷавоб дод, ки ба шифти хона нигар. Магар аз ёд баровардӣ, ки чӣ хел бобоят аз рӯи даромади нурҳои офтоб тавассути ин равзана ба хона, соати рӯз ва вақтро муайян мекунад. Нури офтоб ҳар рӯз тибқи равзанаи боми хона ба даруни хона медарояд ва ҳар рӯз хатти нури офтоб бо камтарин нуқот аз ҳам тафовут мекунад. Ин тавр, бо нишонаҳои даромади хатти нури офтоб рӯзи баргузории Хирпичор, Хирчизон ва ҷашни Наврӯзро бобоят муайян месозад. Дар киштӣ низ чунин буд. Бо амри Парвардигор тамоми ҳайвоноту парандагону хазандагон ором буданд ва танҳо пайғамбари бузург ва дигар одамони наҷотёфта тавассути ингуна равзана рӯзу соатро бо даромаду баромади нури офтоб муайян мекарданд. Аз чунин равзана парандагонро ба ҳаво парвоз медоданд, то ки аз хушкӣ дарак бидиҳанд.
Дар шифти хона дар чӯбҳои дарози болои сутунҳо, ки боми хонаро мебардошт, макон барои хазандаҳо будааст-гуфт момои Бибиҷамол. Дар ёдат ҳаст, гуфт момоям, ки порсол ба хонаи холаи Гулбаҳор мори сафед роҳ ёфта буд. Мори сафед зуд ба ҳамин тирчӯби тори сутунҳои дароз баромад, зеро аз азал дар ин хона ҷойи худро медонад. Дар ёд дошта бош, ки дар ин хона агар мор пайдо шавад, ягон бор соҳибони хонаро намегазад, зеро ин низ амри илоҳист.
Бобои Худоёрбек, ки дар ин асно ба хона даромада, сари суфраи барнêх нишаста буд, ба гап ҳамроҳ шуд. Ба боло, ба шифти хона назар афканда, равзанаи хонаро нишон дода, гуфт, ки гирди равзанаи боми хона ана ҳамин чор қабат чаҳорчӯбаи чиндашуда маъно ва нерӯи худро доранд. Ин чор қабат, ки чаҳорхона ном гирифтаанд, таҷассуми чаҳор унсури табиат: обу хоку, ҳавою оташ ҳастанд. Вақте ки киштии Пайғамбари Нуҳ (а) сохта шуд, бо амри Парвардигор фариштаву малоика нерӯи ин чор унсурро дар чор қабати равзанаи хона ҷойгузин намуданд ва ин нерӯҳо ҳар яке пеши одамизод вазифадор шуданд, ки нофаҳмиву нооромиву ҷангу ҷадолро ба ин хона-киштӣ намонанд ва онро аз шари шайтон ва балоҳои осмон эмин нигоҳ доранд ва то рӯзи қиёмат бошандагони хонаро бонӣ намоянд.
Бобоям афзуд, ки тирчӯбҳои болои бāр-нêх, воγӡ-нêх ва кицор низ номи худро доранд. Номи сайёрагону моҳу ситорагони осмонанд, ки аз рӯи таҳлилҳои урфӣ,- гӯиё киштии Пайғамбар Нуҳ(а)-ро бо нерӯи худ бонӣ мекардаанд. То замони мо ин номҳо ҳанӯз ҳам роиҷ ҳастанд.
Момоям Бибиҷамол дар пойгаҳи даҳлези хона бузғоларо дубора гӯиё ҷон бахшид, гуфт: “Худованд, ки ҳамаи ҳайвоноту парандагону хазандагонро дар киштӣ ҷой дод, пас ҳамаи онҳо дар назди Худованд ҷойгоҳ, вазифа ва иноят доранд. Аз ин рӯ ба хона овардани ин бузғолача барои наҷот аст”. “Баъди фурӯ нишастани тӯфон ҳазрати Пайғамбар вазифадор шуд, ки ҳамаи он азизони Худовандро, ки дар киштӣ ҳамроҳи ӯ буданд, минбаъд низ нигоҳубинӣ кунад”- ба суханони момоям илова кард бобо.
Додарам, ки аз шунидани ин алфоз мисли ман мот монда буд, бобои Худоёрбекро саволборон кард. Чӣ хел баъд мардумон аз киштӣ мебаромаданд?. Филро аз он чӣ хел мебароварданд?. Шеру паланг чӣ хел одамонро дар киштӣ намехӯрданд?. Бобо шумо ҳам дар ҳамон киштӣ будед?....
Бобом дупечаро нишон дода гуфт, ки мана ҳамин ду сутун, ки бо поратахта (буҷкаγӣҷ-бузкуш) дар боло бо ҳам пайваст ҳастанд, нишони даромаду баромад буданд, зеро дигар сутунҳо аз ҳамдигар дур мемонданд. Дар мадди аввал парандагону хазандагону дарандагон киштиро тарк намуданд ва оҳиста - оҳиста байни сутунҳо холӣ шуд.
Одамон, ки баъд аз ин дар дунё паҳн шуданду барои худ хона месохтанд, тарҳи киштиро ба инобат гирифтанд. Ҳамааш аз шумораи аҳли хонавода вобаста буд. Хонавода, ки калон буд, масоҳати хонаро калон мекарданд. Шумораи сутунҳоро теъдоди фарзандон ташкил медоданд...
Додари закии ман боз пурсон шуд, ки бобо шумо ҳашт фарзанд доред, вале чаро дар хонаи мо ҳашт сутун нею панҷ сутун аст. Бобом гуфт, ки баъди солаҳои зиёд суннат шуд, ки хонаҳо панҷ сутун дошта бошанд, зеро ҳаёти мардум бо ҳастии панҷ фаришта тавъам гардид. Мана сутуне, ки модаркалонат дар назди он чāрх мересад, (дастгоҳи ресмонресӣ) имрӯз Биби Фотимаи Зуҳро ном дорад, ки то ислом бо номи фариштаи иффату покдоманӣ - бонии бонувон ва обу некӣ- Аноҳито буд. Шаҳсутуни хонадон, ки имрӯз бо номи Ҳазрати Пайғамбари ислом Муҳаммад(с) аст, то ислом Суруш ном дошт...
Ҳар қадаре, ки бобоям ҷавоб медод, пурсишҳои додарам кам не, балки зиёд мешуданд. Суруш кӣ бошад, Аноҳито кист. Замёду Заммеҳр киҳоянд. Чаро хоҳари ҳамсинфам Аноҳито ном дорад?...
Ҳамаи инро ба ёд оварда, боз гиря гулӯгирам кард. Дунёи зиққии ман нисбати ҷадди бузургам беканор буд. Ӯ хонаи истиқоматии мардуми кӯҳистонро ибодатхона мегуфт. Онро эъҷози Пайғамбар медонисту амри Худованд.
Намедонистам ба ҷаҳонгарди Рус Евгений Шаталов чӣ гуна ҳама инро бифаҳмонам. Аз чӣ оғоз кунам. Евгений Шаталов боз саволи навбатӣ баён дошт, оё дуруст аст, ки хонаҳои Бадахшониро хонаҳои ориёӣ мегуянд. Бале, гуфтам ман. Инҳо хонаҳои ориёиёнанд. Аслан маънои ориёӣ насли тоза, насли орӣ аз ҳамагуна деву дад аст. Насли одамизоде, ки аҷдоди онҳо бо дасти Худованд халқ шудаву пазирои бадиву хислати оганда бо бадӣ нест. Хонаи ориёиҳое, ки тавассути киштии чун ин хона, аз ғаждии замон наҷот ёфтанд. Тавассути ин хона –киштӣ онҳое, ки орӣ аз ҳама гуна бадиву зиштӣ, онҳое ки дар баданашон хуни тозаи Ҳазрати Одаму Момоҳаво буд, онҳое, ки бо деву ҷин олуда набуданд, дилу нияти пок доштанд ва шиори ҳастии рӯзгорони худро Пиндори нек, Кирдори нек ва Гуфтори нек интихоб намуданд, наҷот ёфтанд...
То ҳадде ки тавонистам, ҳикмати ин хонаи бузургро барои ҷаҳонгарди рус маънидод намудам. Ҳикмати хонае, ки дар он ҳар як чӯбу тахта маънӣ ва ҳикмати худро дорад. Хонае, ки он натанҳо дар қаламрави минтақаи Бадахшон сохта шудаву то ба имрӯз пойбарҷост, балки чанд даҳсола пеш дар водии Рашту Хуталони номдор ва дигар минтақаҳои куҳии Ватан низ сохта мешуду то кунун аз он ёдгориҳо боқист.
Евгений Шаталов ҳар як сухани маро сабт мекард ва худ дар ҳайрат буд аз ин муаррифии хонаи пешдодиён. “Мо дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон чунин хонаҳоро надидем”- гуфт ӯ.
Бале, медонам, ки надидаст, зеро дар ҷустуҷӯ набуд. Надидаанд чунин хонаҳоро дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон онҳое, ки дидан намехоҳанд. Бозёфти боқимондаи чунин хонаҳои Ҷамшедӣ дар Ванҷи боло, водии Язғулому Қаротегину Дарвоз ва Хатлони таърихӣ бешумор аст. Дар боқимондаҳои шаҳри Карон (Дарвоз), ки тибқи маълумоти мутахассисон таърихи наздик ба чаҳор ҳазорсола дорад, бозёфтҳои археологӣ дар он далолат аз мавҷудияти чунин хонаҳои қадимаи мардумиро доранд. Аҷибаш ин ки дар аулҳои минтақаи Қафқоз, хусусан дар Озорбойҷон, ки низ яке аз маконҳои қадимаи Зардуштиён ба шумор меравад, чунин хонаҳо ҳанӯз ҳам арзи ҳастӣ доранд...
Талош мекардам, ки ба ҳамсуҳбати худ умдатарин маъно ва ҳикмати хонаи Ҷамшедиро бирасонам ва чизе ки нофаҳмо буд, дубораю себора маънидод кардам, зеро ки соҳибони ин хонаҳо бо табиат басо наздик буданд, худро ҷузъи табиат медонистанд, аз наҷоти киштии наҷотбахш дубора ҳаёти башариятро оғоз бахшиданд ва ҷавҳари аслии ҳастии худро некӯиву покӣ медонистанд. Дар Бадахшон аз он ҷиҳат то замони мо зиндаву пойбарҷоянд чунин хонаҳо, ки бонии ҳамаи ин шарофат куҳҳои гардунрасу сарбаланди минтақа буданд. Ин куҳҳо чун сипар ин мардуму урфу одат, расму ойин ва хонаҳову рӯзгорони онҳоро аз ҳайбати ҷаллоди замон эмин нигоҳ доштанд. Махз ин куҳҳои сарбаафлок садди роҳи тасарруфҳои Искандари Мақдуниву муғулу араб ба ин кӯҳистон гардида буданд ва ин хонаҳои аҷдодӣ дар баробари дигар ойинҳои ҳамвора арзишманд ҳифозат ёфтанд. Ҳамчунин муҷиби ҳифзи ҳамаи ин бузургӣ гузаштагони мо ҳастанд, инсонҳои оддӣ ва раҳим ба сони ҷадди бузургам Худоёрбек ва модарбузургам Бибиҷамол, ки тавонистанд, шукуҳи рӯзгоронро барои моён - имрӯзиён бе олудагӣ, бо тамоми покиву нафосат ба мерос гузоранд.
Ин хонаҳо макони зисти кӯҳистониён, муаррифгари фарҳанги қадимаву ҳикматҳои инсондӯстона мебошанд, ки яқинан омӯзиш ва муррифиро тақозо доранд.
PS: муаррифии ЧИД -хонаи урфии тоҷикони куҳистони Бадахшон –ҳамчун нусхае аз киштии наҷотбахш аз забони Алиёрбеков Худоёрбек ва Назирова Бибиҷамол, сокинони деҳаи Танги ҷамоати деҳоти Сучон, ноҳияи Шуғнон навишта шудааст.
Муфассал ...

- Чоршанбе, 12 Июн 2024
Дар санаи 11.06.2024 дар толори ИИГ хониши сиёсии навбатӣ дар мавзуи “Ҷаҳон ва ҷаҳонбинӣ:
Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ дар асоси Нақша-чорабиниҳои АМИТ ва ҳамзамон дар асоси Нақша-чорабиниҳои МИҲД-и ВМКБ, Нақша-чорабиниҳои дохилиро оиди хонишҳои сиёсӣ таҳияву баррасӣ намуда, онро мунтазами амалӣ намуда, истодааст.
Дар санаи 11.06.2024 дар толори ИИГ хониши сиёсии навбатӣ дар мавзуи “Ҷаҳон ва ҷаҳонбинӣ: биниш ва дониш дар масири таърих” аз тарафи ходими илмии шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшон Ҳақназар Имомназар баррасӣ гардид. Устод Ҳақназар Имомназар дар доираи мавзуъ, сайри таърихии мафҳуми ҷаҳонбиниро бо зикри 3 навъи асосии он (ҷаҳонбинии устуравӣ (мифологӣ), динӣ (моҳвароӣ), илмӣ-фалсафӣ) ҳамаҷониба шарҳ дод. Ҳамчунон дар мавриди ҳадафҳо ва нақши ҷаҳонбинӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ ва ба хусус, мақому арзиши ҷаҳонбиниҳои муосир (илмӣ ва ғайрилмӣ) дар ҷомеаи тоҷикистонӣ бо мисолу намунаҳои ҳаётӣ баён намуданд, ки мавриди алоқаи ҳайати кормандони ИИГ гардид. Дар поёни баёни мавзуъ, баҳсу мулоҳизаҳо сурат гирифтанд, ки актуалӣ ва ҷолиб будани мавзуъро нишон дод. Фишурдаи матни мавзуи мазкур дар рӯзҳои наздик дар сайти ИИГ ба маълумоти алоқамандон манзур хоҳад шуд.
Муфассал ...
- Сешанбе, 11 Июн 2024
Файзмамадова Гулазор
Файзмамадова Гулазор – бонуе, ки зиёда аз 30- сол дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Исканадарови фаъолият карда истодааст. Имруз ҷашни зодрӯз доранд. Аҳли кормандони Институт соҳибҷашнро аз самими қалб табрику таҳният гуфта, барояшон умри дарози бехазон, саломативу сарбаландӣ ва хушбахтии ҷовидонро таманно доранд.
Муфассал ...

- Ҷумъа, 07 Июн 2024
ХИЗМАТИ ДАВЛАТ БАРОИ ИЛМ ВА ХИЗМАТИ ИЛМ БАРОИ ДАВЛАТ
Варқа Охонниёзов
доктори илмҳои филологӣ
ХИЗМАТИ ДАВЛАТ БАРОИ ИЛМ
ВА ХИЗМАТИ ИЛМ БАРОИ ДАВЛАТ
(андешае чанд перомуни Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30-юми майи соли 2024)
Пеш аз он, ки ба умқи маънои суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқоташон бо аҳли илм ва маорифи кишвар фурӯ равем, зарурат ба таъкид аст, ки роҳбарони сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳеҷ ваҷҳ суханашонро ду намекунанд. Манзури банда аз ин таъкид он аст, ки асли масъалаи гуфтори Президенти кишвари мо, ҳамчун яке аз роҳбарони ҷаҳонӣ ва сатҳи олӣ аз нахустин суханрониҳояшон, ки аз минбари Қасри Арбоб оғоз гардида, то ба минбарҳои баланди Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо идома ёфтанд, тағйир накардаст. Ҳар як калимаи ин ҳомии миллат барои таҳкими мафҳумҳои сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, пешрафту рушд, илму амал ва кор гирифтан аз ақлу хирад равона шудааст ва дастури ҳамешагие аст барои пеш рафтани ҷомеа. Ба унвони мисол, банда нуктаҳои асосии мулоқоти чанд сол пеши Пешвои миллат бо аҳли илму маориф, вохӯрӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, паёмҳои се-чор соли охири ба аъзои парлумон ва кулли мардуми Тоҷикистон ироашударо баргашта мулоҳиза намудам, ки онҳо яке тақвиятдиҳандаи дигар ҳастанд. Дар ин замина нуктае фарогири андешаи ман гашт, ки чаро гурӯҳ ё муассисае ба таҳлили ин ҳуҷҷатҳо аз назари пайванди мантиқӣ, андешаронии пайдарпай роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҳаётӣ ва ояндабинии онҳо ба таври алоҳида сари кор нагиранд?! Ин ҳуҷҷатҳо якдафъаина нестанд, балки онҳо набзи саёраро давра ба давра месанҷанд ва ҳаёти мо шаҳрвандони Тоҷикистонро таҳлилу пешбинӣ менамоянд!
Ба фикри инҷониб, танҳо расондани мазмун ва мароми мулоқоту паёмҳои Пешвои муаззами миллат ба мардум ҳанӯз кам аст, балки дар асоси таҳлили амиқи онҳо нақшаҳои воқеъии амалро ба мардум, сохторҳо, муассисаҳо, мактабу донишгоҳҳо ва кулли қишрҳои ҷомеа пешниҳод кардан зарур мебошад. Ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки 30-юми майи соли 2024 дар Кохи Ваҳдат баргузор гардид, низ бояд аз ҳамин нуқтаи назар муроҷиат намуд, яъне муқоисаву таҳлили он бояд бо мулоқотҳои пешина ва дурбиниҳои ироашуда анҷом гардад. Чунин усули таҳлил метавонад моро ба сари он сабабҳое расонад, ки чаро илми муосири тоҷик, бовуҷуди доштани имкониятҳои зарурӣ, ҳанӯз посухгӯйи талаботи ҳаёт нест. Хулосаи охир маҳсули андешаҳои ман нестанд, балки онҳо дар заминаи гуфтаҳои зерини Пешвои миллат, ки нахустин ҷумлаҳои Мулоқот астанд, шакл гирифтаанд:
“Имрӯз тасмим гирифтем, ки натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар баррасӣ намоем”.
Мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз муҳимтарин таҳлилҳо ва дастурот роҷеъ ба имрӯзу фардои илму маориф иборат буд. Дар заминаи таҳлилҳои анҷомшуда аз ҷониби Роҳбари мамлакат ва Сарвари давлат ду ҷанбаи мулоқотро зикр кардан ҷоиз аст, ки бояд ҳар як шахси ба илму маорифи мамлакат иртиботдошта сари онҳо ба таври алоҳида ва холисона андеша ронад.
Ҷанбаи аввали мулоқот таҳлили арқом ва ибтикороти давлат барои пешрафти илми тоҷик дар давоми 25-соли охир ва ҷанбаи дуввуми он чашмандози холисона ба посухи илму маорифи кишвар ба ин ибтикороту имконоти фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон астанд. Мо бо такя бар таҳлилҳои Пешвои миллат роҷеъ ба ин ду масъала чанд андешаи хешро баён хоҳем намуд.
Мусаллам аст ва ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки талоши давлату Ҳукумати Тоҷикистон то соли 2000-ум аслан барои “қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарор кардани сулҳу оромӣ, аз кишварҳои дуру наздики хориҷӣ ба Ватан ва маҳалли зисташон баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ, ташкил кардани шароити зарурии зиндагӣ барои онҳо ва ба роҳ мондани раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ буд”. Ин вазъи собит аст ва бештар аз 80 фоизи аҳли ҷомеа шоҳиди зиндаи он мебошад.
Бовуҷуди ҳамаи ин носозгориҳои рӯзгор, “Ҳукумати мамлакат дар шароити бисёр мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-ум на фақат ҳамаи муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балки дар сохтори онҳо даҳҳо пажӯҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотиро таъсис дод”.
Чунонки зикр намудем, таҳлил ва пешниҳоди арқом роҷеъ ба ибтикорот ва ташаббусҳои давлату Ҳукумат барои баланд бардоштани сатҳи сифтаи зиндагии шаҳрвандони кишвар қисмати аввали мулоқотро фароҳам оварда буд. Бояд иқрор кард, ки на ҳамаи мо аз ин рақамҳо бохабар ҳастем ва ба онҳо диққати ҷиддӣ додаем. Воқеъан, агар даме чашм пӯшида ин рақамҳоро аз тасаввур ба воқеъият кӯчонем, хоҳем дарк кард, ки чӣ кору пайкори азимеро мардум ва Ҳукумати мо таҳти роҳнамоии Сарвари матиниродаву собитқадамашон анҷом додаанд. Агар гӯем, ки ин вазъ аз лиҳози таҳлили имконияти дар ихтиёрдоштаи Ватан ҳайратовар аст, муболиға нахоҳем кард. Ба як таҳлили дар мулоқот омада муроҷиат мекунем, ки роҷеъ ба лоиҳаҳои амалишуда аст:
“Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст”.
Сарвари давлат аз бунёду азнавсозии роҳҳои мамлакат, ки “Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид табдил дод”, аз боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, ки ба дарозумрии онҳо таъсири бевосита гузошт, афзоиши бемайлони теъдоди аҳолии малакат, сармоягузорӣ барои рушди соҳаи алоқа ва ба маротиб зиёд шудани муштариёни алоқаи мобилӣ, таҳким бахшидани системаи интернет, тақвият ва таҳкими низоми бонкӣ ва ташкилотҳои қарзӣ, афзоиши пасандозҳои аҳолӣ, афзудани шумораи меҳмонхонаҳо, тақсими қитъаҳои замин барои кишт ва истиқомат ба аҳолӣ, ташкил ва ба кор андохтани теъдоди зиёди корхонаҳои саноатӣ ва таъмини аҳолӣ аз ҷои кор, таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат ва соири пешравиҳову дастовардҳои хоҷагии халқ маълумоти бо рақамҳо ва далелҳои собитшударо ба аҳли илму маориф ироа намуданд. Дар ин миён, яъне ҳангоми ироаи маълумоти собит доир ба талошҳои давлату Ҳукумат баҳри фароҳам овардани шароити зисти мувофиқ ва мутобиқ ба замони имрӯз, албатта дар доираи имкониятҳои мавҷуда, Пешвои миллат аз хизматҳои давлат барои илм ва маориф низ ёд оварданд. Чунон чи:
“Мо дар ин марҳала барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намудем, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал гардонидем ва соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил додем”.
“Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд”.
“Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст”.
“Мо ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд кардем”.
Аз ин ба баъд Пешвои миллат ба масъалаҳое дар самти илму маориф дахл карданд, ки ҷавобгӯйи талабот нестанд ва онҳоро “омилҳои нигароникунанда” номиданд. Сарвари давлат аз кулли ин омилҳо ва муҳаррикони онҳо ба таври бояду шояд огоҳ ҳастанд ва ба ҳар якашон баҳои “сазовор” доданд. Агар касе гумон кунад, ки майдатарин норасоии ин ё он соҳа аз назари Роҳбари мамлакат дар канор мемонад, хато кардааст. Мо ба бозгӯйии муассисаҳо ва шахсони ба ҳайси “омилҳои нигароникунанда” муаррифишуда намепардозем, зеро дар ҳар як камбудии соҳаи илму маорифи кишвар ҳамаи мо, чӣ олимону донишмандон ва чи падарону модарон “саҳмгузор” ҳастем. Мо аз таҳлилҳои Пешвои миллат танҳо сабабҳоеро дарёфт карданием, ки боиси ба вуҷуд омадани “омилҳои нигароникунанда” дар соҳаи илму маориф гардидаанд, то дар оянда аз онҳо сабақ гирифта тавонем.
Ҳарисӣ. Ҳарисӣ, яъне чашмгуруснагӣ ва тамаъкорӣ. Илм танҳо дар як маврид бо ҳарисӣ дар тавозун аст, агар донишҷӯй ё донишманд ҳариси илм бошад. Дар дигар мавридҳо ҳарисӣ дар илм маънои заволи илмро дорад.
Осонгузорӣ. Маънои аввалияи калимаи “осонгузорӣ” беғамӣ, бепарвоӣ аст, ки дар илм умуман ҷоиз нест. Олими андешаманд нисбати раванду натиҷаҳои илми хеш ва заҳмату ба ҷойе расидани шогирдони худ набояд осонгузору бепарво бошад. Ҳимояи рисола ба хотири дарёфти диплом ва интихоби шогирд ба хотири дарёфти сармоя набояд ҳадафи олим бошад.
Фориғболӣ. Илм чизе нест, ки пас аз дарёфти як сатҳи он хотирҷамъу фориғбол шавӣ. Роҳи илмро дар тӯли умр паймудан зарур меояд то ба мақсад бирасӣ. Аз ҷониби дигар, олими мудаввом дар такопӯ ҳам худ ва ҳам халқу ватанашро аз натиҷҳои илмаш баҳравар месозад.
Вазифаи илмиро чун мансаб қабул кардан. Илм дараҷаи мансабӣ надорад ва ҳар он вазифае, ки дар муассисаҳои илмӣ аст, танҳо ба хотири мудирият (менеҷмент)-и дурусти кор асту халос. Онро чун мансабу мансабдорӣ қабул кардан ва талоши то охири умр аз даст надодан ба заъфи муассисаи илмӣ табдил меёбад ва пеши роҳи илми воқеъиро мегирад. Аз ҷониби дигар, чунин талош чашми мутахассисони ҷавонро бештар на ба илмталошӣ, балки ба мансабталошӣ мекушояд. Набояд фаромӯш кард, ки Пешвои миллат ба қувва ва матонати ҷавонон боварӣ ва эътимоди қавӣ доранд!
Нақзи меъёри ба кор қабул кардан аз рӯи донишу ихтисос. Ҷойгузини меъёри ба кор қабул кардан аз рӯи донишу ихтисос гардидани “меъёри шиносу худӣ” дар бисёре аз соҳаҳои илм теша бар решаи илм аст. Ҳангоме, ки мутахассис бекор, вале номутахассис кордор аст, илм ин заъфро ҳис мекунад ва онро қабул намекунад. Мисоли равшани ин омилро Президенти мамлакат дар ҷалб шудани мутахассисони ғайрисоҳавӣ ба баъзе аз марказҳои илмӣ нишон дода, бидуни адолат ва талабот анҷом гардидани ҷобаҷогузории кадрҳоро дар академияҳои илми кишвар ба таъкид гирифтанд.
Ҷустани роҳи бе заҳмат дар илм. Олими асил медонад, ки расидан ба ҳар як натиҷа ва дараҷаи кучаки илм бидуни заҳмати азим ба даст намеояд. Вале дар илми муосири мо ҳолатҳое ҷой доранд, ки хилофи ин андеша астанд. Бархе аз рисолаҳои илмӣ, ки барои ҳимоя пешниҳод мешаванд, танҳо дар унвонашон дигаргунӣ доранду аксари муҳтаво ва матнҳои онҳо якхела аст. Бар замми ин, плагиат (асардӯздӣ) аз маризиҳои хуруҷкунандаи илми тоҷик гардидааст, ки маҳз аз андешаи ҷустани роҳи безаҳмат дар илм пайдо шудаст.
Саҳлангорӣ дар илм. Аз ҷумла, саҳлангорӣ нисбати фаъолиятҳои “вобаста ба мубрам будан ё набудани мавзуъҳои таҳқиқотӣ, сифати корҳои илмӣ, натиҷаҳои бадастовардашуда ва аҳаммияти амалӣ, яъне татбиқи онҳо дар истеҳсолот”, алоқаманд набудани бархе “аз маводи илмии пешниҳодгардида ба самти фаъолияти озмоишгоҳ ё шуъбае, ки корманд дар он фаъолият менамояд” ва ҳамчунон, фаъолияти баъзе аз олимон дар доираи мавзуъҳое, ки "барои илм ва истеҳсолоти ватанӣ аҳаммияти назариявӣ ё амалӣ надоранд ё таҳқиқоти такрорӣ мебошанд, ҳеҷ алоқамандӣ надорад” ба илми тоҷик таъсири амиқи манфӣ мерсонад.
Ҳунари забондонӣ, аниқтараш надонистани забон ва надоштани ҳунари забондонӣ. “Як камбудии дигари аксари олимони кишвар ин аст, ки онҳо ғайр аз забони русӣ забонҳои дигари илми муосири ҷаҳониро намедонанд ва аз дастовардҳои навтарини олимони дунё сари вақт огоҳ намешаванд”.
Хуллас, заъфу камбудиҳои илми тоҷик, ки аз ҷониби Сарвари даалат ошкор гардиданд, аз реги биёбон зиёдтар аст ва аксари онҳо ба худи олимону муассисаҳои илмӣ иртибот доранд, зеро давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода ва мавҷуднабударо фароҳам овард, то илми миллӣ рушд ёбад ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Ба як сухан, давлат хизматашро барои илм софдилона анҷом дода истодааст, вале илм то ба ҳол посухи ин хизматро ба таври бояду шояд надодааст. Умед ва боварӣ аст, ки нуктаҳои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар ба таври воқеъӣ таҳлилу муқоиса гардида, натиҷаҳояшон дар наздиктарин солҳо дар тамоми муассисаҳои илму маорифи мамлакат мавриди амал қарор хоҳанд гирифт.
Муфассал ...