Таъсиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таҳти унвони “Неруи илм”
Сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар таърихи 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфтааст, ҳамеша дар ҳолати тавсеа қарор дошта, ҳайати аъзоёни он ҳаррӯза зиёд мегарданд. Афзоиши шумораи аъзои ин ҳизб нишондиҳандаи мақоми хуб ва эҳтироми он дар ҷомеа аст.
Имрӯз як ташкилоти ибтидоии дигари ин ҳизб дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Неруи илм” бо 22 нафар аъзои навворидгардида таъсис ёфт.
Дар чорабинии таъсисёбии ташкилоти ИИГ АМИТ директори Институт, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ишора ба аҳамияти чунин ташкилотҳои ибтидоӣ намуда, иброз доштанд, ки онҳо ба ҳайси асоси як ҳизби сиёсӣ такондиҳандаву таблиғгари сиёсати давлат мебошанд.
Ҳамчунини дигар дар чорабинӣ Раиси ҲХДТ дар сатҳи шаҳри Хоруғ Париноз Азизӣ дар баромади худ аъзоёни нав интихобшуда ба ҲХДТ-ро табрику таҳният намуда, оиди зиёд намудани сафи ташкилоти навбунёди “Неруи илм” аз ҳисоби ҷавонони фаъол ва ашхоси арзанда, инчунин сидқан талош намудан барои тарбияи насли наврас ибрози ақида намуданд.
Дар доираи чорабинӣ Раиси ташкилоти ибтидоии “Неруи илм” ва муовини раис тасдиқ гардида, кортҳои ҳизбӣ дар як фазои тантанавӣ ба аъзоён тақдим гардиданд.