wrapper

Д.и.и. Ҷонмамадов Ш.Б.

 

Бардоштҳо аз суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар.

 

   30 май дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот карданд.

   Ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад.

   Чунонки дар му­лоқот таъкид гардид, соҳаи маориф ва илм дар сиёсати маърифатпар­варонаи Пешвои миллат ва Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бартарӣ дошта, илм ба масобаи “яке аз омилҳои асосии рушди кишвар” ва олимон ҳамчун “захираи бузурги зеҳнии ҷомеа” эътироф гардида, ҷиҳати пешрафти ҳамаҷонибаи илм ва “беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва илм ҳамаи имкониятҳо” муҳайё гардидаанд. Дар ин росто Президенти кишвар қайд карда буданд, ки: “Мо дар ин марҳала барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намудем, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал гардонидем ва соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил додем.

   Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд”.

   Масъалаи нигаронкунандаи дигар ва мубраме, ки дар мулоқот аз ҷони­би Пешвои миллат ба миён гузошта шуд, ба тақозои замон ҷавобгӯ набу­дани вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯйи баъзе ихтисосҳо мебо­шад. Дар ин росто президенти кишвар қайд карданд, ки “дар кишвар вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология ба тақозои замона ҷавобгӯй нест”.

   Дар ин замина таъкид шуд, ки “санҷиши вазъи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи математикаи Академияи миллии илмҳо муайян намуд, ки аз соли 2018 то соли 2023 дар ин муассиса 18 нафар ба докторантура аз рӯйи ихтисос аз ҳисоби буҷет ва 1 нафар ба таври шартномавӣ қабул карда шудааст. Вале, аз шумораи умумии хатмкардагон танҳо 2 нафар докторант рисолаи илмии худро ҳимоя кардааст”.

   Идомаи суннати устоду шогирд яке аз масъалаҳои муҳимми дигарест, ки дар мулоқот таъкид шуд. Президенти кишвар қайд намуданд, ки “Ба ақидаи ман, идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд”. Дар ин росто  пешниҳод шудани ду меъёри зерин “дар арзё­бии фаъолияти илмии ҳар як олим, махсусан, доктори илм” асосу асл ва комилан дурусту мантиқист: а) “посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисо­дию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар” будани натиҷаҳои таҳқиқот; ва б) “тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд”. 

   Дар мачмӯъ, ҳамин нуқтаро қайд менамоям, ки ин суханронии  таърихӣ барои аҳли зиёи кишвар дастури раҳнамо қарор гирифта, ба пешрафти илму маориф, рушди тафаккури техникиву технологӣ ва ҷаҳонбинии илмии ҷомеаи тоҷикистонӣ мусоидат хоҳад кард