wrapper

Навидҳои рӯз

Замира Карамхудоевна, табрикоти самимӣ ва орзуҳои неки кулли кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаровро қабул намоед!

Замира Карамхудоевна, табрикоти самимӣ ва орзуҳои неки кулли кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаровро қабул намоед!

Шумо дар коллективи Институт ба ҳайси роҳбари иттифоқи касаба барои моҳирона ба роҳ мондани муносибатҳо дар сохтори иҷтимоӣ, ҳифзи манфиатҳои кормандон, эчодкорона дарк кардани ҳар як падидаи нав ва пос доштани анъанаҳо сазовори эҳтироми беандоза гардидаед.

Мо аз шумо дӯст доштани ҳаёт ва қадр кардани одамон, гузоштани ҳадафҳои бузург ва роҳҳои зуд пайдо намудани ҳалли онҳоро меомӯзем. Ҳар як корманди Институт дар мавридҳои лозимӣ китфи боэътимоди роҳбари иттифоқи касабаро эҳсос мекунад, суханони нек ва дастгирии Шумо метавонад дар ҳама гуна вазъияти душвор шиддатро рафъ созанд.

Дар чунин рӯз, ба чунин шахс мо чиро орзу карда метавонем? Албатта, саломатӣ, нерӯи тоза барои амалӣ гардондани ҳамаи нақшаҳо дар пеш гузоштаатон!

Хушбахт бошед, бигзор зиндагии шумо пурсафо, фаъолу пурмазмун ва дар иҳотаи одамони ҳамфикре, ки шуморо эҳтиром мекунанд ва дӯст медоранд, солиёни хеле тӯлонӣ давом ёбад!

 

 

Муфассал ...

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чорабинии бахшида ба Рӯзи илм

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чорабинии бахшида ба Рӯзи илм олимони соҳаҳои мухталиф, ки солҳои тӯлонӣ барои пешравию рушди илми тоҷик заҳмат кашиданд аз тарафи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,. доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор. Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҷоизаву ифтихорномаҳои роҳбарияти Академия ва олимони ҷавон бо дипломҳои номзадиву докторӣ қадршиносӣ гардиданд.

Боиси ифтихори тамоми кормандони илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаров аст, ки дар байни олимоне, ки сазовори мукофот гаштанд, сарходими шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ, доктори илмҳои филологӣ Охониёзов Варқа Дустович низ қадрдонӣ гаштанд.

Мо ифтихор аз он дорем, ки аз нахустин солҳое, ки пойдевори Институти илмҳои гуманитарӣ, ки ҳамсоли Истиқлолияти кишвар аст, Устоди гиромӣ дар фаъолияти ин боргоҳи илму маърифат, дар як минтақаи дурдасти кишвар саҳмгузор буда, дар пойдориву рушди он нақши хеле назаррас доранд. Имрӯз Варқа Дустович сарходим, роҳбари лоиҳаи панҷсолаи як шуъбаи хеле пурмаҳсули Институт ҳастанд.

Мо устод Охониёзовро бо ин қадрдонии Раёсати АМИТ аз самими қалб таҳният гуфта, барояшон саломатии қавӣ, саодатмандӣ ва комёбиҳо дар фаъолияти илмӣ орзумандем.

 

 

Муфассал ...

БЕҲТАРИН ИНСОН НАФЪРАСОН АСТ

Имомназаров Машҳур ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти

Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи

Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

БЕҲТАРИН ИНСОН НАФЪРАСОН АСТ

(Дар ҳошияи мулоқоти Роҳбари давлат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар)

 

Чанде қабл мулоқоти Роҳбари давлат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар ҳоле сурат гирифт, ки дунё дар вазъи тағйироти босуръати кулливу пешгӯинашаванда қарор дошта, инсоният ба дарки моҳияти ҳамзистии мусолиматомез, дурӣ ҷустан аз зиёдаравию сариштакорӣ дар зиндагӣ, пешгирии ифротгароии диниву терроризм ва дигар ҳолатҳои манфури ҷомеа ва дигар аъмолу одатҳои бад воқеан ниёз дорад. Ин вохӯрии навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қиёс бо дигар вохӯриҳо, албатта, аз рӯи муҳтавою муҳиммият, давру таърих, ҷолибияту оммафаҳмӣ ва дарбаргирии тамоми масоили маънавиёту моддиёт воқеан камназир буд.

Нахуст Сарвари давлат беҳуда ба масъалаи рӯзадориву парҳезгорӣ тамаркуз нашудаанд, зеро инсони ворастаю комилро мебояд, ки дар тӯли зиндагӣ, ҳар давру замон ва тамоми ҳолату вазъият парҳезгор бошад, яъне, нигоҳ доштани ин мизону таъодул дар ҳамаи кору фаъолият калиди муваффақиятҳои ӯст. Ба таъкиди Пешвои миллат: «… ҳикмати парҳезгориву рӯзадорӣ танҳо дар тарки хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад».

Ё худ мисоли одие, ки метавон чорпоро хонагӣ кард ва ӯро чанд вақт дар оғил бе обу алаф нигоҳ дошт, вале воқеият тағйир нахоҳад хўрд, зеро дар ҳар сурат он ҳайвон мемонад. Пас, инсонро дар навбати аввал мебояд, то ки нахуст худро бисозад ва баъдан ба таълиму тарбияи ҷомеа бипардозад.

Дар идома Президенти кишвар аз он низ ёдовар шуданд, ки соли 2009 бо ширкати олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор кардани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид:

«Вақте ман барои баргузории чунин чорабинӣ чунин қарор қабул кардам, баъзе намояндагони аҳли зиёии мамлакат мухолиф буданд, ки мо ба кадом мақсад ин корро карданием? Онҳо як масъалаи муҳимро ба назар намегирифтанд, ки мардуми мо на мазҳаби худашонро медонанд, на пири мазҳаб мегӯянд, ҳатто бисёриҳо намедонистанд, ки мо дар кадом мазҳаб қарор дорем… На ҳаҷ буд, на ҳоҷӣ буд, на умра буд, на донишкадаи исломӣ ва на шумораи зиёди масҷидҳои панҷвақтаю ҷумъахонӣ…Вале бо вуҷуди чунин маҳдудиятҳои қатъии он замон на ифротӣ буд, на террористи динӣ ва на фитнаву дасисаи динӣ».

Мағзшӯӣ, шомилшавӣ ва иштироку даст доштани баъзе зодагони мамлакат дар амалҳои террористии ҷаҳону минтақа давоми солҳои охир боиси ташвиши ҷиддӣ ва латма бар ҳувияту шарафи миллат ва давлатдории муосир буда, дар ин ҷода аз усулҳои наву корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маълумотнокии васеи аҳолӣ, бахусус, ҷавонон бояд кор гирифта шавад. Зеро ба қавли бузургони давр падидаҳои терроризму экстремизм аз мушкилоти сиёсии ҷаҳон замина гирифта, бо тарҳрезӣ ва роҳандозии инқилобҳои ранга дар давлатҳои мухталиф решаи он устувортар хоҳад шуд. Зеро омили асосӣ аз як ҷиҳат агар фақру бенавоӣ, кашароитӣ ва бесаводӣ бошад, паҳлӯи асосии масъала дахолати беруна ба фаъолияти давлатҳои соҳибихтиёр, тарғиботи беасос ва мағзшӯии мардум, зӯран тағйир додани сохти конститутсионии кишварҳо, тамомияти арзӣ, барҳам задани суботи сиёсӣ ва истиқлоли онҳо, ба арсаи сиёсат овардани режимҳои худкома ва чун бозича идора кардани онҳо мебошад.

Пешвои миллат ҳам дар ин маврид ҳам равшану кушод фаҳмонда доданд: «Дар саҳифаҳои таърихи давлатдории миллати тоҷик фоҷиаву рӯйдодҳои сахту сангине сабт гардидаанд, ки бартарӣ пайдо намудани мафкураи тундрави динӣ, таассубгароӣ ва сиёсисозии ақидаҳои динӣ омили асосии онҳо буд…

 Барои мисол сарнавишти давлати Сомониёнро мегирем.Тибқи маълумоти аллома Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» давлати Сомониён дар заминаи худогоҳиву бедории шуури миллӣ ташаккул ёфта, 124 сол фаъолият кард ва маҳз дар натиҷаи тундгароии динӣ ва бегонапарастӣ ба шикаст рӯ ба рӯ гардид.Рӯҳониёни асолату ҳувиятбохта барои дастгирии бегонаҳо, ки ҳадафи ғасби давлати миллии тоҷиконро доштанд, замина муҳайё карданд».

Кӯшишҳои беисти табадуллоти давлатию зидди конститутсионӣ дар мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ низ кам набуданд. Кӯдакону наврасон ва ҷавонони зиёд маҳз аз дасти иғвоангезону бехирадон, фаъолияти сусти институтҳои давлатдорӣ ва бетарафию бешарафии қисме аз волидону аҳли зиё раҳгум шудаанд. Маҳз моддиётпарастӣ, канор гирифтани наслҳои ояндасоз аз китобхонӣ, маърифатомўзӣ ва дурӣ ҷустан аз илму адаб теъдоде аз эшонро бо ҷаҳолату хурофотпарастӣ мувоҷеҳ сохт.

Роҳбари давлат аз хулосаи донишмандону коршиносон ва мутахассисони исломшинос мисол оварданд, ки тайи чордаҳ асри охир яке аз воситаҳои санҷидашудаи бозигарони геополитикӣ татбиқи барномаҳои «исломи сиёсӣ» мебошад, ки барои амалисозии ҳама гуна лоиҳаву нақшаҳои муғризонаву манфиатҷӯёнаи онҳо истифода мегардад: «Сабаби асосии чунин вазъият, пеш аз ҳама, дар он аст, ки кор бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст», - таъкид намудаанд Роҳбари давлат.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ албатта, як рӯйдоди талх ва сахту сангин дар қалбу хотираи шаҳрвандон монда, оқибатҳои он чӣ даҳшату пайомадҳои фалокаборро ба бор овард. Тавре Ҷаноби Олӣ ишора карданд: «Бисёриҳо фаромӯш кардаанд, ки ҷанг аз чӣ, аз куҷо ва бо чӣ сабабу омилҳо сар шуд. Дар ҳоле, ки он рӯзҳо ҳама сохторҳои зарурӣ буданд.Ҳатто зиёдтар аз имрӯза буданд, вале фақат ҳисобот буд, ҳама дар рӯи коғаз буд».

Воқеан бадтарин чиз аст, ки иҷроиши қонуну кору амал рӯи коғаз монаду сохтакорӣ болотар аз ҳама кор гирад. Бо ибораи дигар, маҳз худфиребию бесадоқатӣ дар ҳар кору фаъолият бар он оварда мерасонад, ки рушди пешрафти босуръати кишвар боз ба даҳсолаҳо қафо рафта, натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод. Яъне, агар воқеан тарақиёту музаффарияти ҳар соҳаи афзалиятнокро дидан хоҳем, бояд аз ҳарвақта бештар муттаҳид шавему дар рушду нумӯи меҳан саҳми арзандаи худро гузорем.

Аз ин рӯ Президенти мамлакат иброз доштанд, ки Худованди пок ҳам фармудаанд, ки «Беҳтарин инсон касест, ки нафърасон аст». Яъне на исрофкорону зиёдаравон, на риёкорону зоҳирпарастон, на ҳаҷрафтагону нафарони дигар, балки касоне, ки нафъашон ба пайвандону наздикон, ҳамсояҳову ҳамдеҳагон, ятимону маъюбон ва дигар ниёзмандон мерасад ва қалби ин қабил инсонҳоро шод менамоянд, шахсони ба Худованд наздик мебошанд».

Қайд шуд, ки халқи мо ба ҳар кору фаъолияти созанда, бунёдкориву созандагӣ қодир аст, бинобар ин, Ватани моро ба ҷуз худамон каси дигар ободу пешрафта намесозад. Аз ин ҷиҳат, ташаббускорӣ дар ҳар шуғлу кор, ботаваҷҷуҳ будан дар фаъолият ва обод кардани як гӯшаи меҳан худ нафъе барои ҷомеаву меҳан аст.

«Дур нест рӯзҳое, ки мову шумо барои худамон зиндагии аз ин ҳам беҳтарро месозем ва номи худро дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт месозем.Зеро халқи мо – мардуми сарбаланди Тоҷикистон – барои бунёди зиндагии аз ин ҳам босаодату осуда қудрату тавоноӣ доранд!» - хулоса кард Роҳбари давлат.

Гарчанд олам дар вазъияти хеле мураккаб қарор дошта, дархурду зиддиятҳои давлатҳои калидии дунё рӯз аз рӯз печидатару вазнинтар шуда истодаанд, моро зарур аст. ки ба қавлу амал, ҳарфҳои масарратбахши Пешвои миллат ва ояндаи дурахшону пурсаодати неки Ватан умед баста, ақлу идрок, фаҳмишу дониш ва тавоноии хешро ба аъмоли ваҳдабахшу созанда равона намуда, дар ин масир ҳамаи талошҳоро ба харҷ бояд бидиҳем.

Муфассал ...

Садриддин Айнӣ ва заминаҳои иҷтимоии рушди забони адабӣ


Назрӣ Офаридаев, доктори
илмҳои филологӣ, сарходими илмии шуъбаи
забонҳои помирии Институти илмҳои
гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ


Садриддин Айнӣ ва заминаҳои иҷтимоии рушди забони адабӣ


Устод Садриддин Айнӣ дар арсаи фарҳангу адаби халқи тоҷик аз ҷеҳраҳои дуурахшон ва шахсияти намоёни миллӣ буда, дар давраи тақдирсози миллат хизмати бузурги таърихиро анҷом додааст. Дар як даврони пурихтилофу пуртаззоди таърих С.Айнӣ ба ҳайси шахсияти маъруфи фарҳангӣ ба хотири дифоъ аз арзишҳои миллӣ ва муаррифӣ сохтани таърихи миллати хеш ба майдони набарди шадиди мафкуравӣ ворид гардида, бо қатъияти тамом барои адолати иҷтимоӣ ва миллӣ мубориза бурдаааст.
Оид ба арзиши осори бадеӣ ва илмии устод Айнӣ донишмандони зиёде пажўҳишҳои муҳим анҷом додаанд [Аз он ҷумла ниг.: 8;9;10;11;12;13;14;15;16;17].
Садриддин Айнӣ дар бораи масоили забони тоҷикӣ, таърихи он, рушди забон, пайванди забони имрўза бо забони адабиёти классикӣ, баҳрагирӣ аз ғановати забону гўйишҳои маҳаллӣ ҷиҳати такмили забони меъёр, ислоҳи забони асарҳои алоҳидаи нависандагон,забони матбуот, наздик намудани забони гуфторӣ ва навишторӣ, самтҳои инкишофи забони адабӣ, луғатшиносӣ ва соири мавзўъҳои марбут ба забони тоҷикӣ асару мақолаҳои зиёдеро таълиф намудааст, ки то ҳол арзиши илмию амалии худро аз даст надодаанд.
Дар осори забоншиносии устод Айнӣ масоили иҷтимоии забони тоҷикӣ аз масъалаҳои меҳварӣ ба шумор меравад. Масъалаҳои забони тоҷикӣ аз ҷониби устод дар ду самти асосӣ шарҳу тавзеҳ дода шудаанд. Дар баробари ба назар гирифтани қонуниятҳои рушди дохилии забон омилҳои берунии таҳаввули забон низ мавриди таваҷҷуҳи устод қарор гирифта шудаанд. Омилҳои берунии таҳаввули забон ба тағйирпазирии қонуниятҳои дохилии он низ таъсир расонида метавонанд. Ин ду омил таҳрикдиҳандаи рушди забон мебошанд, ки ҳар кадом қонуниятҳои ба худ хосро доро мебошанд. Агар ба масоили иҷтимоии забони тоҷикӣ назар андозем, мебинем,ки дар таҳаввул ва рушди он нақши ин авомил асари густурдае доштааст.
Аз назари забоншиносии имрўза бори дигар баррасӣ намудани назару андешаҳои забоншиносии С. Айнӣ ба масъалаҳои ҳувияти забони тоҷики ва самтҳои рушди он дар даврони Истиқлолият хамчун забони расмӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад равшанӣ андозад ва ҷиҳати такмили ояндаи забон кўмак хоҳанд расонд.
Устод Садриддин Айнӣ рушди забонро аз таҳаввулоти ичтимоӣ ҷудо намекард. Эшон моҳияти ҳассоси давру замон ва вазъи иҷтимоию сиёсиро хуб дарк карда, дар пайи ҷустуҷўйи роҳхои ҳифзи асолат ва такмили забони адабии тоҷик кору пайкори созанда намудаанд.
С. Айнӣ дар осори забоншиносии худ доираи васеи масъалаҳои мубрами забоншиносии тоҷикро матраҳ намудаанд, ки то андозае ба рушди забон дар давраи нав мусоидат намуда, баҳри ҳифзи асолати он низ хизмат карда, то ба имрўз арзиши амалии худро нигох доштаанд. Ин масъалаҳо иборатанд аз:
• пайванди забони адабии тоҷикӣ бо забони адабиёти классикӣ;
• наздик намудани забони адабӣ ба забони омма;
• забони адабии тоҷик дар замони нав бояд чӣ навъ бошад;
• густариши забони адабӣ дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ;
• таъсири забони адабӣ ба забони гуфтугў;
• забони авоми тоҷик;
• гуфтугўи омма ва саводнокҳои куҳна;
• забони адабии софи оммафаҳм;
• тобеъ кардани забони адабӣ ба забони вайрон;
• тарбияи ҷавонони боистедоди забондон;
• роҳи нодурусти нашъу намои забонӣ;
• кор фармудани луғатҳои маҳаллии «классикона» - як роҳи инкишофи забони адабӣ;
• эҳтиёткорӣ дар кор фармудани луғатхои маҳаллӣ;
• рохбарӣ кардани забони адабӣ ба забони омма;
• истифода аз забони адабиёти классикӣ;
• ба танзим даровардани истилоҳот;
• дарёфти усулхои дурусти таълими забони тоҷикӣ дар мктабҳо;
• сифати китобҳои дарсии забони тоҷикӣ;
• сода кардани истилоҳоти забоншиносӣ;
• сифати китобҳои дарсии тарҷумашуда;
• масъалаи забони тоҷикӣ ва форсӣ;
• сода кардани забони матбуот;
• меъёрҳои кор фармудани суханҳои арабӣ;
• меъёрҳои забони адабӣ;
• таъсири номатлуби забони тарҷума ва пайдо шудани қолибҳои вайрон дар забон;
• бехтар намудани забони асарҳои тарҷумавӣ;
• табияи тачумонони ҷавоне, ки ҳар ду забонро ба дараҷаи баланд донанд;
• фаъолияти лексикографии С. Айнӣ;
• муносибати забонҳо ва қонуниятҳои таъсири байни ҳамдигарии забонҳо.
• зарурат ва меъёри иқтибоси калимаҳо аз забонҳои дигар.
Устод Айнӣ муҳимтарин омили рушди забони тоҷикиро дар шароити нави иҷтимоӣ дар идомаи дастурии забони адабиёти классикӣ медонист. «Модом ки классикони бузург, навишта буд Устод,- аз они мо буданд, мо бояд дар забони адабии имрўзаи худ ҳам меросхўрони ҳақиқии он классикҳо будани худро исбот кунем» [11,77].
Дар хусуси Луғати русӣ – тоҷикӣ сухан ронда, эшон қайд кардаанд: «мазраа», сарфу наҳв», матбах», ҳарчанд ин гуна калимаҳо дар забони ҳозираи адабӣ кам кор фармуда шаванд, дар адабиёти классикӣ бисёр вомехўранд, ба хонандагони адабиёти классикӣ ва тарҷумакунандагони онҳо ёрӣ додан ҳам ба вазифаи луғат медарояд»[11,97].
Дар асарҳое, ки С. Айнӣ ба Рўдакӣ,Абуалӣ ибни Сино, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Навоӣ, Восифӣ, Бедил бахшидааст, масъалаи забони осори онҳо ва муносибати он бо забони имрўзаи тоҷикӣ матраҳ шудааст. Дар забони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ калимаҳое кор фармуда шудаанд,ки дар забони оммаи тоҷик зиндаанд, вале дар забони адабии Эрон кор намефармоянд.[12,153].
Устод С. Айнӣ забони адабии имрузаи тоҷикро идомаи забони адабиёти классикӣ дониста, эзоҳ медиҳанд, ки вазъи нави иҷтимоӣ барои омўзиши забони модарӣ дар мактаб шароити мусоидро фароҳам овард. Ба акидаи С. Айнӣ дар даврони гузашта забони тоҷикӣ мавриди таҳқиқи амиқи илмӣ қарор нагирифта буд. Ба қавли эшон «муаллифони гузаштаи сарфу наҳв дар ҳуҷраи торик нишаста на забони адабиёти классикиро, на забони халқро ҳеч тафтиш ва тадқиқ накарда, он қоидаи нестандарҷаҳонро вазъ кардаанд….»[1,49].
Садриддин Айнӣ таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистонро дар ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ ҳамчун омили мухими рушди забони адабии миллии халқи точик ба ҳисоб мегиранд: «Забони адабии тоҷик ҳарчанд таърихи ҳазорсола ва грамматикаи мустаҳкам дошта бошад ҳам, то Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар ин мавзўъ асари дурусте ба майдон наомада буд. Чунки дар мактаб ва мадрасаҳои кухнаи мо забони модарӣ ба сифати як дарс омўхта намешуд. Баъд аз револютсияи мазкур чунон ки халқи тоҷик сохиби ҳар гуна ҳуқуқ шуда, мисли як миллати сотсиалистӣ ташкил ёфта, ба давлати советии худ доро гардид, забони ў хам ҳуқуқи омўзишро пайдо кард»[1,50].
Забони адабии тоҷик дар дар давраи Шўравӣ роҳи ноҳамвори инкишофро тай намуда, ба гуфти устод «бисёр моҷарҳо ва мунозираҳоро аз сар гузаронид». Дар идомаи сухан метавон чунин гуфтаҳои С. Айниро овард, ки дархўри баҳсҳои имрўза низ мебошанд: «Ман дар ин ҷо тафсилоти он мунозирахо ва моҷароҳоро накл накарда, ҳамин қадарро гуфтан мехоҳам, ки забони адабии оммафаҳми тоҷик дар байни задухўрдҳо роҳи худро гум накарда, инкишоф ёфтан гирифт, аммо ҳеч гоҳ аз ҳуҷумҳои «чап» ва «рост» тамоман халос нашуд»[1,51].
Самти муҳимми такмили забони адабӣ истифодаи бошуурона ва огоҳона аз дурдонаҳои забони халқ ба ҳисоб меравад. Масъалаи мазкур дар назариёти забоншиносиии устод Айнӣ масъалаи марказӣ махсуб меёбад. Эшон дар мактубу мақолаҳои ба ин мавзўъ бахшида ҳамвора таъкид мекунанд, ки аз забони минтақаҳои гуногун калимаҳои «классикона»-ро пайдо намуда, забони адабиро такмил диҳем. Дар яке аз мактубҳояшон Устод ба Лоҳутӣ менависанд: «Достони «Вахш»-и маро ба рафиқе барои таҳрири сиёсӣ додаанд. Вай дар қатори эътирозҳои сиёсии беасосаш эътирозҳои забонӣ ҳам кардааст ва ба ин далел овардааст,ки «автор» дар 72 саҳифа 124 эзоҳ додааст. Ва ҳол он, ки он эзоҳҳои ман бештарин дар бораи «нешбанд», «навбур», «поёноб», «варғбанд» барин калимаҳо буд, ки онҳоро деҳқонони бесавод медонанд, аммо ҷавнони саводи «сиёсинок» намедонанд (таҳрири забонӣ карда чанд мисраъро вайрон ҳам кардааст)»[11,70].
Ҳангоми шарҳу эзоҳи воҳидҳои гуногуни луғавӣ Садриддин Айнӣ тамоми маъноҳо, тобишҳои маъно, мавқеи кор фармудани ин ё он калима, маъниҳои салбӣ ва эҷобии калимаҳоро пурра равшан менамояд. Андешаҳои устод дар ин маврид дар бораи вожаи « даҳанмард» таҳлили амиқи маъноии ин калимаро дар бар гирифтаанд: « Дар асари дигари ман дар «тоҷикгиз» яке аз роҳбарони шуъбаҳо калимаи «даҳанмард»-ро дидааст ва бо мактуб аз манн маъниашро мепурсад. Ва хол он ки ин калима ҳам мисли калимаҳои боло дар ҳеҷ луғат набуда танҳо дар даҳони мардум ҳаст, яъне тамоман халқист, пеш аз навиштаҳои ман дар адабиёт нагузаштааст ва маъниаш: даҳанмард – одамест, ки касони дар атрофаш буда ба гапи вай медароянд ва дар вақти лузум аз тарафи онҳо монанди як вакили расмӣ гап задан мегирад. Даҳанмард аз даҳанкалон фарқнок аст, даҳанкалон ҳамеша сифати салбии одамро ифода мекунад, аммо даҳанмард гоҳо дар маънои салбӣ ва гоҳо дар маънои эҷобӣ меояд»[11,70].
Забони адабӣ муҳимтарин падидаи фарҳанги миллист. Садриддин Айнӣ дар он давраи пуртаззод дар фикри рушду нумуъи забони адабӣ буд. Устод на танҳо бо осори адабиашон бунёди забони адабиро дар шароити нави иҷтимоӣ гузошта буданд, балки оид ба масоили назариявии забони адабӣ низ фикрхои арзишманд баён намудаанд. Забони адабӣ бояд забони оммаро аз паси худ барад. Рушди тадриҷии фарҳанг ва маориф таъсири забони адабиро дар байни омма афзоиш медиҳад. Забони тоҷикӣ ба сифати фанни алоҳида дар мактабҳо танҳо дар замони Шўравӣ ҷорӣ карда шуд. Ин иқдомро устод муҳимтарин омили рушди забон ва коҳиш додани тафовут миёни забони адабӣ ва гуфтугў мешуморад. Нуктаи муҳими назари эшон дар ин бора ин аст, ки забони адабӣ набояд ба ҳадди «забони кўча» расад, балки омма бояд забони адабиро фаро гирад. Устод дар ин бора менависад: « Забони адабӣ дар ҳар миллат аз забони оммавӣ - зинда фарқ дорад…..
Фарқи забони адабии тоҷик аз забони гуфтугў аз ҳад зиёд бисёр аст. Ҳатто онҳое ҳам, ки дар мактаб ва мадрасаҳои куҳна нисбат ба замони худ бомуваффақият хондаанд, дар байни худ бо ҳамон забон омма гуфтугў мекунанд. Аз ин бало шоирон ва нависандагони он замон ҳам бо вучуди забони адабиро аз худ карданашон берун намондаанд Сабаби асосии ин ҳолат дар ин аст, ки хеч гоҳ дар ҳеҷ асру замон ( то Революсияи Кабири Октябр) забон дар мактаб ва мадрасаҳои тоҷик ба сифати як дарс хонда нашудааст, ҳар кас забони модариро аввал аз модар ва пас аз он деҳа ва районҳои худ омўхта, ба ҳамон омўхта шуда (одат карда) мондааст ва ҳар чанд шоир ва нависандашудагон дар калонсолӣ аз китоб ва тафтишҳои шахсии зиндагӣ забони адабиашонро нисбат ба забони худ беҳтар ва мукаммалтар карда бошанд, ҳам, азбаски онҳо забони адабиро дар калонсолӣ омўхтаанд, ин забон - забони гуфтугўи аз бачагӣ одат карда омадаашонро дигар карда натавонистанд» [11,79-80].
Рисолати нависанда ва шоирон аз он иборат аст, ки забони адабиро байни омма густариш диҳанд, омма аз нависандагон шоирон , рўзноманигорон бояд забонро ёд гиранд. « …… вазифаи нависанда ва шоирон дар хусуси забон ин нест, ки ба забони вайрон аз паси касони забоннодон раванд, балки бояд инҳо дар хусуси забони оммаро аз паси худ кашанд» [10,81].
Садриддин Айнӣ таъкид кардаанд, ки забони адабӣ бояд ба забони омма таъсир расонад. Оммаро бояд ба забони адабӣ наздик намоем. Аз сўи дигар нависандагон бояд аз лаҳҷаҳои маҳали худ самаранок истифода бурда, забони адабиро ғанӣ гардонанд. Вале ин маънои онро надорад, ки вижагиҳои лаҳҷаи худро умумӣ гардонанд. Дар ин бора чунин нишондоди Устод ҳоло ва дар оянда низ раҳнамунсози эчодгарони мо хоҳад буд: «…..бояд инро кайд кард, ки маънии роҳбарӣ кардани забони адабӣ ба забони омма ин нест,ки нависанда чизҳои душворфаҳм навишта зимнан аз хонандагон омўхтани забони худашро талаб кунад, балки маънии ин сухан он аст, ки нависанда ба дараҷае содда ва оммафаҳм нависад, ки ҳар хонанда гуфтаҳои ўро равшан фаҳмад ва дар айни замон навиштаҳои ў мувофиқи қоидаҳои забон буда, дилчасп ва шавқангез бароянд» [11,87].
Садриддин Айнӣ амали доираҳои муайяни илмӣ ва сиёсии охири солҳои сиюмро дар мавриди «забонро ба халқ наздик кардан» зери тозиёнаи танқид гирифта, таъкид кардаанд, ки унсурҳои вайрони луғавию наҳвиро аз лаҳчаҳо гирифта, асолати сарфию наҳвии забони адабии тоҷикиро, ки асрҳо шакл гирифта устувор гардидааст, «мехостанд,ки бо грамматикаи қисман нав як «забони нави адабӣ созанд». Маҳз кору пайкор ва саъю талоши устод Айнӣ буд, ки асолати дастурии забони тоҷикӣ дар меҳвари забони адабиёти классикӣ боқӣ монд. Ў дар бораи ин хатари забонвайронкунӣ, ки метавонист забони адабии тоҷикро аз забони адабиёти классикӣ тамоман ҷудо мекард, чунин хушдор дода буд: «Ҳарчанд шоирон ва нависандагони забондон ин гуна вайрониҳоро кор нафармоянд ҳам, баъзе ҷавонони катаҷриба ва баъзе нависандагони маҳалчӣ дар асоси он лоиҳа ҳанўз ин гуна чизҳоро дар асарҳои адабии худ дароварда ба хонанда тақдим мекунанд»[1,52].
Тарҷума ва таъсири он ба рушди забони адабӣ, зарари он ба асолати забон, назарияи тарҷума, «тарҷумазадагӣ» дар мисоли забони адабии тоҷик дар осори илмии донишмандон мавриди баррасӣ қарор дода шудааст [Аз ҷуммла ниг: 17]. Дар осори забоншиносии Устод Айнӣ низ масъалаи мазкур аз мавзўъҳои марказӣ ба шумор рафтааст. С. Айнӣ вайрон шудани забони адабиро дар тарҷумаҳо зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Эшон ҳушдор додаанд, ки пеши роҳи забонвайронкуниҳо гирифта шавад. Тарҷумаҳои вайрон бештар дар матбуот пайдо шуда умумӣ мегарданд. Устод таъкид кардаанд, ки матбуот ба хонандагон забони адабиро меомўзад ва «забони вайрони адабӣ»-ро дар байни омма умумӣ мегардонад. Дар ин бора таваҷҷуҳ намоед ба суханони С. Айнӣ, ки дар мактубашон ба сармуҳаррири рўзномаи «Тоҷикистони Сурх» аз 21.IV. соли 1941 изҳор намудаанд: « Ман пештар қариб дар маъюсӣ ва ноумедӣ афтода будам ва дар дили худ мегуфтам: « Бо ин гуна тарҷума ва таҳрирҳо на танҳо забони тарҷумаҳо, балки забони нависандагони ҷавон ва хонандагон ҳам вайрон хоҳад шуд» Ман дар ин гуна ба навмедӣ афтодани худ ҳақ доштам. Чунки нависандагони ҷавон ва хонандагон забони адабиро аз матбуот меомўзанд. Азбаски бештарини чизҳо чопӣ аст, нависандагони ҷавон ва хонандагон аз матбуот забон- вайронкуниро меомўхтанд» [11,72].
Устод С. Айнӣ дар идомаи суханашон дар мактуби мазкур мисолеро меоварад, ки дар шароити имрўзаи рушди забони адабии тоҷикӣ низ арзишманд хохад буд: «Дар наздикӣ ба як нависандае, ки 10-11 сол «стаж» дорад, дар ин бора гап задам. Ў дар асарҳои «оргиналии» худ ҷумлаҳои вайрон ва луғатҳои ночаспонро оварда буд. Ман аз ў пурсидам: « Ту ин ҷумлаҳои вайрон ва луғати бемаъниро аз кӣ омўхтӣ» Ва ҳол он ки модарат, модаркалонат ва модарарўсат ба ин забон гап намезананд-ку» Ў ҷавоб дод: « Ман мисли ин ҷумларо ва ин гунна луғатро дар ин навъ мавридҳо дар тарҷумаҳо ва дар матбуот бисёр дидаам ва хондаам».
Устод забон вайронкунандагонро ба зоғе монанд кардааст, ки « ба равиши кабки хушрафтор тақлид карда, кадампартоии табии худро гум карда буд»[11,73].
Садриддин Айнӣ тарҷумононро ба омўзиши забони адабиёти классикӣ даъват мекунад, зеро барои худдорӣ намудан аз истифодаи вожаву таркибҳои сунъӣ ба забони классикон муроҷиат намоянд. Таваҷҷух фармоед ба чунин суханони устод дар рисолаи «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ў»: « Баъзеи онҳоро «суханони кўчагӣ» гўён ҳатто баъзе тарҷумон ва адибтарошони тоҷик ҳам кор намефармоянд. Аммо Фирдавсӣ кор фармудааст ва тоҷикон ҳам бо вай гап мезананд»[7,44].
Ҳамин тариқ, осори забоншиносии устод Садриддин Айнӣ масъалаҳои муҳими амалӣ ва назариявии забоншиносии тоҷикро дар бар гирифтааст. Омўзиши амиқи андешаҳои забоншиносии устод барои рушду инкишофи ояндаи забони тоҷикӣ чун забони давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аҳамияти илмию амалӣ дошта, дар амал татбиқ намудани нишондодҳои С. Айнӣ ба ҳифзи асолат ва таҳкими иқтидори забони адабии меъёрии тоҷикӣ мусоидат мекунад.

АДАБИЁТ
1.Айнӣ С. Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик.// Забоншиносӣ -2010.-№1. –С.47-55.
2.Айнӣ С. Сарфу наҳви забони тоҷикӣ // Забони тоҷикӣ бар мабнои мубоҳисаҳо. –Душанбе, 2010, -С 69-70.
3.Айнӣ С. Китобҳои тоҷикӣ // Забони тоҷикӣ бар мабнои мубоҳисаҳо. –Душанбе, 2010, -С 70 – 79.
4.Айнӣ С. Забони тоҷикӣ // Забони тоҷикӣ бар мабнои мубоҳисаҳо. –Душанбе, 2010, -С. 318-326.
5.Айнӣ С. Забони тоҷикӣ // Забони тоҷикӣ бар мабнои мубоҳисаҳо. –Душанбе, 2010, -С. 406-412.
6.Айнӣ С. Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ // Забони тоҷикӣ бар мабнои мубоҳисаҳо. –Душанбе, 2010, -С. 162- 166.
7.Айнӣ С. Куллиёт. Ҷилди 11, к.2 –Душанбе: Ирфон, 1964.
8. Забони тоҷикӣ бар мабнои мубоҳисаҳо. –Душанбе, 2010.
9. Забони форсии Фарорудӣ (тоҷикӣ). Пажўҳиши доктор Алии Равоқӣ. –Теҳрон 1383.
10. Маъсумӣ Н. Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик –Душанбе: Дониш, 1959.
11. Мухаммадҷон Шакурии Бухороӣ. Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорўд дар садаи бист. –Душанбе: Адиб, 2003.
12 Мухаммадҷон Шакурии Бухороӣ. Равшангари бузург. –Душанбе: Адиб, 2006
13. Мухаммадҷон Шакурии Бухороӣ. Хуросон аст инҷо. –Душанбе: Дониш, 2009.
14. Отахонова Х. Чанд масъалаи забон дар мактубҳои устод Айнӣ // Ҷашнномаи Айнӣ –Душанбе: Дониш, 2002.
15.Рустамов Ш. Забон ва замон. –Душанбе:Ирфон, 1981
16. Ҳалимов С. Садриддин Айнӣ ва баъзе масъалаҳои инкишофи забони
адабии тоҷик. – Душанбе, 1971.
17. Шукуров М. Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад.—Душанбе: Ирфон, 1985

 

Муфассал ...