wrapper

РӮЗИ МАВЛУДИ УСТОД ШОИНБЕКОВ АЛОВИДДИН МУБОРАК БОД!
     Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ, бахусус шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносӣ, аз фаъолияти пурмаҳсул ва роҳбарии хирадмандонаи устоди муҳтарам Шоинбеков Аловиддин, ки яке аз муҳаққиқони шинохтаи илмҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд, ифтихор дорад.
     Дар тӯли солҳои фаъолияташон, устод бо таҳқиқотҳои пурарзиш, аз ҷумла корҳои бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, саҳми беназири худро дар рушду густариши илмҳои гуманитарӣ гузоштаанд. Таҳти роҳбарии онҳо лоиҳаҳои муҳим таҳия ва амалӣ гардида, пажӯҳишгарони ҷавон бо маслиҳатҳои бунёдии эшон ба сатҳҳои нави илмӣ расидаанд.
     Шоинбеков Аловиддин муаллифи як қатор таҳқиқотҳои илмии ҷолиб ва мақолаҳои сершумори илмӣ мебошанд, ки дар нашрияҳои бонуфузи ватанӣ ва хориҷӣ нашр шудаанд. Бо донишу таҷрибаи арзандаи худ онҳо на танҳо муассиси равишҳои нави тадқиқотӣ, балки дастгири устувор барои шогирдону ҳамкорон мебошанд.
     Имрӯз, ки рӯзи фархундаи мавлуди устод Шоинбеков Аловиддин аст, кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ бо самимияти зиёд барояшон тандурустии комил, нерӯи бардавом, дастовардҳои беназир ва умри пурбаракат таманно доранд.
     Мавлудатон муборак бод, устоди арҷманд!