АСОИ АЛЛОМА Б. ҒАФУРОВ ДАР ЯЗГУЛОМ
(Бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони халқи тоҷик Б. Ғафуров)
Моҳи ноябри соли ҷорӣ ходимони шуъбаи таърихи Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.И. Искандарови АМИТ барои анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ-майдонӣ ба водии дурдасти Язғуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ сафари корӣ доштанд.
Дар ин зимн бо сокинони куҳансоли он ҳамсуҳбат шуда, маълумотҳои шифоҳӣ оид ба таърих ва расму оини ин мардуми куҳанбунёд ҷамъоварӣ намуданд. Ҳангоми суҳбат бо сокини деҳаи Будуни Язгулом Азораев Ҳофиз Раҳимович маълум гашт, ки дар хонааш то ҳозир асои дастии академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун ёдгорӣ ба мерос мондааст.
Ҳофиз Раҳимович таърихи овардани ин асоро чунин ёдовар шуд:
> «Ман то синфи ҳаштум дар ҳамин мактаби деҳаи Будуни ҷамоати Язгулом мехондам. Дар он замоне ки мо мактаб мехондем, чунин мактабҳои ҳозиразамон мавҷуд набуданд. Ҳангоми мавсими боронгарӣ сар мешуд, аз боми мактаб чакраҳои борон ба синфхонаҳоямон ворид мегардид. Аз ин рӯ, дар вақти боронгариҳо бо як дастамон картон ё қоғазеро болои сарамон дошта, бо ҳамин аҳвол дарс мехондем.
> Албатта, ман шӯравиро танқид карданӣ нестам, вале он чизе ки дар ҳақиқат буд, ман ҳамонро мегӯям.
> Дар чунин шароит то синфи ҳаштум хондаму падарам гуфт, ки ман туро барои хондан ба як ҷои обод, ба Душанбе — пойтахти Тоҷикистон мебарам ва таъкид кард, ки барои дидани як домулло мо бояд 10 рӯз пештар сафар кунем.
> Мо ба Душанбе рафтем. Шаб дар хонаи як хешамон истодему саҳарӣ падарам гуфт, ки ман барои дидани домулло меравам. Ман он вақт аз куҷо медонистам, ки он домулло кист ва хоҳиш кардам, ки ман ҳам ҳамроҳатон равам, шаҳрро тамошо кунам.
> Падарам розӣ шуд ва ҳар дуямон баромадему ба боғи Ленини шаҳри Душанбе рафтем. Падарам гуфт, ки дар ҳамин боғ як сайругашт кунеду ман домуллоро бинам. Ман ба гапи падарам розӣ нашудам ва хоҳиш кардам, ки ман ҳам ҳамроҳатон рафта ҳамон домуллоро бинам, ки вай кӣ ҳаст.
> Ҳар дуямон рафтем. Он вақт кӯчаҳои танг буданд. Дар хонаи ҳамон домулло нишастем ва як хонум барои мо дастархони тоҷикона орост, ош овард. Ман надонистам, ки ҳамон хонум кӣ буд.
> Падарам бо он шахс ҳар дуяшон суҳбатро сар карданд ва ман баъдтар фаҳмидам, ки ин академик Бобоҷон Ғафуров аст. Б. Ғафуров гуфт, ки Шумо мардуми Язгулом ва Яғноб нигину гаҳвораи миллати тоҷик ҳастед.
> Ман солҳои 1953 шуморо ба ин водиҳои дашту ҳамвор ба муҳоҷират овардам. Замоне буд, ки мо тоҷиконро маҷбур сохтанд, ки аз ин дашту ҳамвориҳо ба кӯҳистон паноҳ барем. Акнун боз бояд ба ин ҳамвориҳо омада онро аз нав обод кунем.
> Вале Шумо гапи маро нагирифта баъди як сол боз ба ватантон ба кӯҳистон кӯчидед. Барои ин кор шуда, маро Г.М. Маленков дар маҷлиси партиявӣ қариб буд, ки танбеҳ диҳад. Ман то ҳол ҳам ризо нестам, ки Шумо боз ба кӯҳистон рафтед. Ҳоло ҳам дер нашудааст, биёед ба ҳамвориҳо ва дар ин ҷо зиндагиятонро давом диҳед.
> Баъд падарам гуфт, ки Шумо ҳақ ҳастед, вале ман барои ёдоварӣ аз хонаи Шумо ягон чизеро мегирам.
> Б. Ғафуров гуфт, ки марҳамат чизеро, ки мегиред. Дар ду кунҷи хона ду таёқи дастӣ меистоданд. Падарам яке аз онҳоро гирифт ва гуфт, ки ман барои ёдоварӣ ана ҳамин таёқро мегирам.
> Бобоҷон Ғафуров падарамро гуфт: "Биё ба ЦУМ равем ва ман барои Шумо ҳамин барин таёқи нав харида медиҳам".
> Падарам розӣ нашуд ва гуфт, ки ман ҳамин таёқро барои ёдоварӣ мегирам, вале ҳозир не, баъди он ки писарчаамро ба Ленинобод барои хондан мебарам.
> Баъди баргаштан омада таёқро гирифта мебарам.
> Баъди ин мо панҷ рӯзи дигар дар Душанбе мондем.
Рӯзи 12-уми июли соли 1977 ногаҳон хабари марги Бобоҷон Ғафуровро шунидем. Баъд аз он ки маросими кафну дафни Бобоҷон Ғафуровро бо дабдаба гузаронданд, падарам боз ба хонаи ӯ рафта асояшро гирифта овард ва моро васият кард, ки ин асо бояд аз насл ба насл дар хонаи мо ҳамчун ёдгорӣ боқӣ бимонад.
Ин асо то кунун дар хонаам маҳфуз аст».
Мусоҳиб: А. Шоинбеков