wrapper

Навидҳои рӯз

ТААССУБИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА ОЗОДАНДЕШИИ ҶОМЕА

 

ОФАРИДАЕВ Назрӣ- доктори илмҳои филологӣ,

сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирии

Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ

 

ТААССУБИ  ДИНӢ-ТАҲДИД  БА   АМНИЯТИ  МИЛЛӢ  ВА  ОЗОДАНДЕШИИ  ҶОМЕА

 

Таассуб категорияи психологиву иҷтимоӣ буда дар зеҳнҳои аҳли ҷомеа ба шаклҳои гуногун зуҳур меёбад. Таассубро метавон ба хелҳои гуногун ҷудо намуд, ки ба фаъолияти инсон вобастагии қавӣ доранд. Яке аз чунин падидаҳои иҷтимоӣ, ки ба падидаи дигари иҷтимоӣ - таҳамулпазирӣ муқобил меистад, таассуби динӣ мебошад, ки заминаҳои равонӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ ва  фарҳангию  сиёсӣ дорад. Дар робита ба заминаҳои хуруҷи таассубгарӣ метавон таассуби сиёсӣ, таассуби миллӣ ва ҳатто таассуби маҳаллиро низ номбар кард, ки дар заминаи омилҳои муайяни иҷтимоӣ зоҳир мегарданд ва то андозае хусусияти фардӣ ва  куллиро касб мекунанд.

Тарбияи таассуб ва хурофотпарастӣ дар ҷомеае сурат мегирад, ки ғояҳои мафкуравии заиф ва халоҳи муайяни идеологӣ (мафкуравӣ) вуҷуд  дошта бошанд. Бояд ёдовар шуд, ки халоҳи бавуҷудомадаи идеологӣ ва вазъи мураккаби иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказии пасошўравӣ ба эмиссарҳои хориҷӣ ва хизматгорони дохилии онҳо дар муддати кутоҳ муясар гардид, ки тафаккури қишри муайяни аҳолиро ба дарки  арзишҳои исломӣ ба сифати асосҳои идеологӣ (мафкуравӣ) моил созанд, ки муносибатҳои шахсӣ ва ҷамъиятиро  танзим намоянд. Дарки бешууронаи арзишҳои ислом, сатҳи пасти дониш ва ҷаҳонбинии динӣ ва дунявӣ боиси хуруҷи таассуби динӣ мегардад. Таассуби динӣ дар муҳите рушд мекунад, ки ҷаҳонбинии илмӣ, дастовардҳои илм ва арзишҳои дунявӣ шадидан пахш гардида, дар ҷомеаи муҳити равонии маҳдуд дар омезиши ба эҳсосоти динӣ ба вуҷуд биёяд.

Таълиму тарғиби нодурусти арзишҳои дину мазҳаб, ки ба маҷрои носолим яктарафа равона карда мешаванд, ба руҳияи новустувори наврасону ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.

Сатҳи рушди тафаккури мардуми минтақа то ҳол ба дарки воқеияти имрўз, ки рушди ояндаро таъмин менамояд, ба кундӣ сурат  мегирад. Танҳо фикри озод, андешаи солим, рушди илму маърифат метавонад таассубро аз байн барад. Рушди руҳию равонии аҳли ин ё он ҷамъият агар ҷанбаи созандагию бунёдкориро касб намояд,  дар он ҷомеа ҷой барои таассуб боқӣ намемонад.

Доман задани таассуби динӣ дар мамолики исломӣ дар баробари ифротгароӣ, терроризм, ҳаросатафканӣ ва  дар амал татбиқ намудани аҳдафи доираҳои сиёсӣ, иқтисодию молиявӣ мебошад, зеро дин  сарчашмаи  ғоявии  пурқудрат барои расидан ба ҳар гуна аҳдоф аст. Сарчашмаи ғоявии пурқудрати ислом метавонад ҳам созанда бошад ҳам сўзанда. Таассуби динӣ ба дараҷае дар ниҳоду равони инсон реша давондааст, ки ҳаётро ба сифр баробар  карда, маргталаб  худро дар як лаҳза қурбони ҷаҳолат месозад. Яке аз омилҳои пайдоиши терроризми иломӣ таассуби динӣ мебошад.

Таассуб дар қалби фарде, ки ба ин мараз мубталло шудааст, нафрату адоват ва одам бадбинро тарбия мекунад. Таассуби динӣ  шахсро танҳо дар доираи худу ҳаммаслакони худ банд мекунад,  руҳияи худбинӣ тарбият мекунад.

Дар ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки ифратгароӣ, тундгароӣ, терроризм аз таассуби динӣ сарчашма мегиранд. Мубориза ба муқобили чунин падидаҳои хатарзои асри XXI аз вазифаҳои мубрами замони имрўза ба ҳисоб меравад.

Воқеаю ҳодисаҳои солҳои охир аз он шаҳодат медиҳанд, ки таассуби динӣ, махсусан дар мамолики исломӣ ба ваҳшонияти  гўшношунид зоҳир шуда истодааст, ки на танҳо мамлактро ба хатар мувоҷеҳ сохтааст, балки ба суботи ҷомеа ва амнияти давлатҳо низ таҳдид мекунад.

Яктарафа пахш гардидиани назару ҷаҳонбинии  қишри муайяни сокинони ин ё он минтақа, истифода аз ҷаҳонбинии яктарафаи одамон, аз диди маҳдуди шахшуда ва ба маҷори тахрибкорӣ равона намудани эътиқоди одамон метавонад хатарҳои ҷиддиеро ба бор оварад.

Нохун задан ба торҳои ҳиссёти мазҳабии мардум ва зомбӣ намудани афкори умум ба суботи мамлакат метавонанд хатареро эҷод намоянд ва таассуби динӣ аз қонунҳои давлатӣ бартарӣ пайдо кунад.

Ба назари мо, дар ҷомеае, ки фарҳанги сиёсӣ рушд накардааст, заминаҳои таассуби динӣ аз байн нарафтаанд, татбиқи сиёсии озодандешӣ мувофиқи мақсад нест.

Имрўз ҷаҳони ислом ноором аст. Даҳҳо созмонҳои  ифротӣ арзи вуҷуд намудаанд, ки ҳадафҳои бесуботгардонии мамлакатҳои Осиёи Марказиро доранд, ки ба таассуби динӣ асос ёфтаанд ва гўё барои  ислом ва пайравони он хизматеро ба ҷо меоварданд.

Чунин созмонҳои террористию экстермистии байналхалқӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои алоҳидаи хориҷӣ барои ҷомеаи башарӣ хатар доранд.

Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз чунин хатару таҳдидҳо дар канор монда наметавонад ва сабабгори ба амал омадани хатарҳои ҷиддӣ барои ҷамъият ва давлат гарданд.

Мо низоми дунявии давлатдориро интихоб кардем. Аммо нақши руҳоният дар ҷомеа торафт зиёд шуда истодааст. Гаравидани ҷавонон ба  созмонҳои ифротию тундгаро нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Афзудани шумораи масҷидҳо нисбат ба муассисаҳои таълимӣ боиси он гардидааст, ки ҳаёти маънавии шаҳрвандон зери нуфузи уламои  ислом қарор гирад.

Аз ин рў зарур аст, ки ба қишри дигари созандаи ҷомеа- омўзгорон таваҷҷуҳи бештаре зоҳир гардад, ки тафаккури  маънавии шаҳрвандон, аз он ҷумла насли ҷавонро ба маҷрои дуруст ва солиму созанда равона намоянд.

Таҳсили ғайрирасмии наврасону ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои динии давлатҳои хориҷӣ ва иштироки зодагони Тоҷикистон дар созмонҳои экстермистӣ байналхалқӣ таҳдиди ҷиддиест ба амнияти  суботи ҷумҳурӣ. Тавре маълум аст, аксари ин гуна толибилмонро нафароне ташкил медиҳанд, ки дониши дунявӣ надошта, ҷаҳонбинии онҳо дар асоси ғояҳои таассуб ташаккул меёбад.

Инчунин таассуб метавонад, дар мактабхои ғайрирасмии динӣ зуҳур меёбад. Зеро мударрисони чунин мактабҳои ғайрирасмӣ маълумот ва дониши кофии динӣ надошта, аз донишҳои ҳуқуқӣ ва дунявӣ огоҳӣ надоранд.

Саъю талоши қисме аз намояндагони дин баҳри нуфуз пайдо намудан дар ҷомеа саъю талоши зиёдеро ба ҳар баҳона ба харҷ медиҳанд. Аз баҳси ришу  ҳиҷобу сатр  сар карда, то паҳн намудани овозаҳо дар бораи фаъолияти  мақомоти давлатӣ ба он нигаронида шудааст, ки  қонунҳои дунявии давлатро баҳри эҳёи рушди арзишҳои миллӣ зери суол гузоранд ва дар зеҳни мардум шубҳа ва нобовариро эҷод намоянд.

Ин гуна фаъолиятҳо ба манзури бунёд намудани мафкураи тахрибкор, заминаҳо барои афзудани таассубу ҳурофоти динӣ, зуҳури радиколизми динӣ нигаронида шудааст ва қудратҳои ҷаҳонӣ ҳизбу ҳаракатҳои хусусиятҳои динӣ доштаро дар амалӣ сохтани аҳдофи геополитикӣ ва стратегии худ метавонанд истифода баранд.

Бино ба иттилои расмӣ айни замон дар мамлакатҳои Ироқ ва Сурия беш аз 2000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳайати гурўҳҳои террористиву экстермистӣ дар муқоматҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд. Теъдои аз онҳо кушта шуданд, теъдоди дигар бошанд аз доми хоҷагони худ раҳоӣ ёфта наметавонанд. Аксари чунин ҷавонон саводи кофӣ надоранд, мавқеи худро дар ҷомеа пайдо накардаанд. Даъват ба ҷиҳод ва иштирок дар он низ як шакли таассуби динӣ аст.

Бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  фаъолияти хастанопазири мақомоти давлатӣ теъдоди зиёди шаҳрвандони мамлакат,аз ҳисоби занону кўдакону наврасон аз урдугоҳҳои Ироқу Сурия  ба Ватан баргардонда шудаанд.

Таҳаввулот ва паёмадҳои минтақа ва мамлакатҳои исломӣ моро водор месозанд, ки таассуби диниро дар мамлакат  пешгирӣ намоем ва нагузорем, ки чунин мафкура хусусияти умумӣ пайдо намояд.

Барои баланд гардидани маърифати динии мардум ва, махсусан насли ҷавон, шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Барои густариши ба истилоҳ «Исломи муътадил» дар мамлакат заминаи мусоидро ба вуҷуд оварда, ҷиҳати фаъолияти созандаи мазҳабҳои суннатии кишвар шароити мусоидеро фароҳам оварда шавад.

Тарбияи мутахассисони диниро дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монда, онҳое, ки ба хориҷа мераванд, таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шаванд ва ин раванд пешгирӣ карда шавад.

Фаъолияти иҷтимоии ҷавонон дар дохили мамлакат васеъ  гардад, ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд оварда шаванд, муҳоҷирати меҳнатӣ коҳиш дода шавад.

Барои тарбияи мутахассисони диншиносе, ки дорои донишу ҷаҳонбинии муосири дунявӣ ва динӣ бошанд, тадбирҳои амалӣ  андешида шавад.

Масоили вазъи динии мамалкат, густариши дин, таҳаввулоти ҷаҳонбинии пайравони дин мавриди тадқиқ қарор гирад.

Муаммоҳои  мушкилоти  мазкур равшан гардида, ҷиҳати ҳалли онҳо тадбирҳои амалӣ андешида шавад.

Мақомоти амнияти мамлакат фаъолияти ҷараёнҳои тафриқаангези мазҳабиро таҳти назорат гирифта, амалҳои тахрибкоронаи онҳоро пешгирӣ намоянд.

Оид ба фаъолияти зарарноки ҳизбу ҳарактаҳои ифротӣ корҳои  ташвиқотию тарғиботӣ ба таври густурда ба роҳ монда шавад. Ба тарбияи насли наврасу ҷавон аз макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ сар карда то муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар руҳияи  худшиносӣ, пойбандӣ ба арзишҳо ва ифтихороти миллӣ, ғояҳои ваҳдати миллӣ, дастовардҳои истиқлол таваҷҷуҳи ҷиддӣ равона карда шавад.

Доир ба таваҷҷуҳи давлат нисбат ба дину диндорӣ, фароҳам овардашудани шароити мусоид барои пайравони дини ислом, ҳимояи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дини мубини ислом ва суханронии эшон дар мулоқот бо ходимони дин ва фаъолони ҷомеа  корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ба таври густурда ба роҳ монда шавад.

Таассуби динӣ бо озодандешӣ ва ақлгароӣ дар тазод қарор дорад. Озодандешӣ ва ақлгароӣ дар таърихи ислом дорои нақши хосе мебошад. Тибқи ақидаи исломшиносон ин падида дар самти мазкур табиати духўра дорад.

Аз як тараф наздик шудан ба ин масъала бо ақлу диди равшан ва бо талаботи ақлу мантиқ аз зуҳури озодандешӣ дарак дода, ҷанбаи мусбат дорад. Аммо вақте ба ин ё он масъалаи динӣ аз лиҳози ифротӣ наздик шуда, назариёти бепояеро бо таври сунъӣ эҷод менамоем- ин ҷанбаи манфии озодандешӣ ба ҳисоб меравад. Дар таърихи афкори исломӣ борҳо мушоҳида шудааст, ки муллоҳо аз моҳият ва таъиноти иҷтимоии дин бехабар аз дин илме сохта, мехоҳанд худро чун олим муаррифӣ созанд.

Дар замони  имрўза ва шароити имрўза уламои дин, ки аз дин илм месозанд, нерўи зеҳнии ҷавононро аз омўзиши масоили илмӣ боз медоранд ва заминаи зуҳури таассуби диниро ба вуҷуд меоранд. Зеро ин қабил уламо ва домуллоҳо ба дарки он масъала то ҳол  нарасидаанд, ки асли дин эътиқод асту ҳеҷ умумияте бо илм надорад.

Таърихи афкори исломӣ саршор аз аслҳои озодандешист. Вале мутафаккирони ислом дар ин самт мушкилӣ ҳам доранд. Назарияпардозони ислом борҳо фирқаву мазабҳои  ҳамдигарро санги маломат заданд. Баъзеҳо дар атрофи масоили арзишҳои исломӣ ва  назарияҳо оид ба онҳо, мутафаккирони динро ба кўчаи сарбаста ворид намудаанд. Зеро аз дин илм сохтан кўшишест, ки ба пояҳои дин  зарба ворид намоянд.

Гароишҳои ақлгароӣ дар афкори донишмандони аҳли ислом вуҷуд дошта, як асли муқими таърихи таҳаввули онро нишон медиҳад.

Яке аз сарчашмаҳои зуҳури таассуб ривоятҳои ғайривоқеӣ ва ғайритабиӣ мебошанд. Чунин ривоятҳои ғайритабию ғайривоқеӣ дар таърихӣ афкори  исломӣ  зиёданд. Ин гуна ривоятҳо ҷавононро ба кўчаи сарбаста бурда,  имконияти ба таври мантиқӣ ва оқилона фикр  кардани онҳоро боз медоранд ва манбаи зуҳури ифротгароӣ дар ҳаллу фасли масоили динӣ ва дар мавриди ҳаллу фасли масоили сиёсӣ низ мебошанд.

Аз ин рў, зимни мутоилаи китобҳои динӣ бояд таваҷҷуҳро ба он масъала ҷалб намоем, ки  мундариҷаи  чунин  китобҳо мувофиқ ба зеҳни хонанда бошад. Бояд дар хотир дошт, ки ҳар як ҷое ки ақлгароӣ ҳукумрон набошад, эҳсосот ғалаба мекунад, эҳсосот дар навбати худ сарчашмаи таассубу ҳуруфот ва ифрот мебошад. Асли дин эътиқод аст ва эътиқод исботро намепазирад. Илм танҳо тавассути исбот вуҷуд дошта метавонад.

Озодандешӣ дорои аҳаммияти бузурги амалӣ мебошад ва  имконият медиҳад, ки ҷавонон ба омўзиши  масоили илми воқеӣ ҷалб шаванд, то аз нуфузи таассуби динӣ эмин монанд.

Барои озодандешӣ ба сифати падидаи зарурии иҷтимоӣ - фарҳангӣ дар  ҷомеаҳои динӣ таассуб монеа эҷод мекунад. Аз ин рў, дар рушди афкори динӣ озодандешӣ асли муҳим ба шумор рафта, чун василаи муҳими ақлгароӣ ва дарёфти роҳи солими ҳаёт ба аҳли башар хизмат мекунад ва имконият медиҳад, ки ҳама гуна таассубу ҳурофоту бидъатҳоро дар дин аз байн барад.

Барои пайдо намудани шаклу усулҳои нави ватандўстӣ тадбирҳои самарабахш амалӣ гарданд.

Бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ намудани насли наврас ва баланд  бардоштани сифати таҳсил дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ аз вазифаи аввалин дараҷаи аҳли маориф ба ҳисоб меравад ва барои тарбияи шогирдони босаводу худшинос аз мизи мактабӣ таваҷҷуҳи ҷиддиро равона созанд.

Дастовардҳои илм ҳар чӣ зиёдтар тарғиб карда шаванд, ҷавонону наврасон ба таҳқиқи илмӣ бештар ҷалб карда шуда, ба тарбияи тафаккури солими илмии ҷавонону наврасон таваҷҷуҳи бештаре зоҳир гардад.

 

Муфассал ...

Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ дар асоси Нақша-чорабиниҳои АМИТ ва ҳамзамон дар асоси Нақша-чорабиниҳои МИҲД-и ВМКБ, Нақша-чорабиниҳои дохилиро оиди хонишҳои сиёсӣ таҳияву баррасӣ намуда, онро мунтазами амалӣ

Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ дар асоси Нақша-чорабиниҳои АМИТ ва ҳамзамон дар асоси Нақша-чорабиниҳои МИҲД-и ВМКБ, Нақша-чорабиниҳои дохилиро оиди хонишҳои сиёсӣ таҳияву баррасӣ намуда, онро мунтазами амалӣ намуда истодааст.

Имрӯз дар толори ИИГ ба номи Б. Искандаров хониши сиёсӣ дар мавзуи «Таассуби динӣ – таҳдид ба амнияти миллӣ ва озодандешии ҷомеа» баргузор гардид. Доир ба мавзуи зикршуда доктори илмҳои филологӣ, профессор, сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирӣ Офаридаев Назрӣ баромад намуда доир ба арзишҳои сиёсии давлат дар шароити имрӯза маълумот доданд. Аз ҷумла арзишҳои динию мазҳабиро низ таҳлил намуда таъкид карданд, ки ин арзишҳо набояд дар муќобили ҳамдигар бошанд. Чорабинии хониши сиёсӣ бо саволу ҷавоб анҷом пазируфт.

Муфассал ...

ЭКСТРИМИЗМ ВА ОҚИБАТҲОИ НОМАТЛУБИ ОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

МАМАДШЕРЗОДШОЕВ Умед Шозодамамадович-ходими

илмии шуъбаи таърих ва мардумшиносии

Институти илмҳои гуманитарии АМИТ

 

ЭКСТРИМИЗМ ВА ОҚИБАТҲОИ НОМАТЛУБИ ОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

        Асри XXI яке аз пуртаззодтарин давраҳои таърихи инсоният ба шумор рафта, дар ин давра бар асари муборизаи шадиди давлатҳои абарқудрат дар як қатор кишварҳои ҷаҳон чунин аъмоли номатлуб ба мисли хурофотпарастӣ, экстримизм ва терроризм рӯз то рӯз авҷ гирифта ин зуҳуроти номатлуб ба соҳибихтиёрӣ ва арзишҳои миллии бархе аз давлатҳо хатари ҷиддиро таҳдид мекунанд. Ин падидаҳои номатлуб имрӯз барои ҳаёти ороми башарият ва таъмини сулҳу субот миёни кишварҳоро зери хатар гузошта, ҳазорон нафар инсонҳо бар асари ин амалҳои зишт ё ҷони худро аз даст медиҳанд ё ба паси панҷара афтида, як умр маҳбус мешаванд.

Ба ин хотир барои ҳифз намудани худ аз ин зуҳуроти хатарнок  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари мулоқотҳо ва суханронҳои пурмуҳтавои худ шаҳрвандони Тоҷикистонро огоҳ мекунанд, ки фирефтаи созмонҳои экстремистӣ ва терористии исломӣ нашуда, дар чаҳорчўби сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати худ ва қонунҳои кишварашон кор ва зиндагӣ намоянд.

Тавре маълум аст, 9 марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе мулоқоти навбатии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат баргузор гардид. Дар ин мулоқоти муҳим  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон масъалаи муҳимеро, ки баррасӣ намуда буданд, ин муборизаи беамон бурдан бо хурофотпарастӣ, исломгароӣ, экстримизм ва терроризм буданд:  

    “Бояд гуфт, ки бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи андешаву назари донишмандони маъруфи улуми исломӣ хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ бо таълимоти инсонпарваронаи дини ислом робитае надорад.

Душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд”.

Тавре ҷомеашиносон иброз медоранд, сарчашмаи терроризм ин зуҳуроти хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва экстримизм мебошанд ва забоншиносон дар луғатномаҳо маънии ин истилоҳотро чунин шарҳ додаанд: Хурофот дар луғат ба маънии “асотир” ва “афсона” омадааст, яъне онҳо суханҳое мебошанд, ки ҳеҷ гоҳ пояи илмӣ надоранд. Ифротгароӣ бошад маънои зиёдаравӣ, тундравӣ, якравӣ ва зулму ситамро ифода мекунад. Он муодили вожаи фаронсавии экстримизм мебошад. Яъне ифротгароён шахсонеанд, ки аз доираи адолат ва эътидол хориҷ мешаванд ва рафтори золимона ва ситамгаронаро аз худ нишон медиҳанд ва ба фасод рӯй оварда, инкишофи илм ва озодандеширо дар ҷомеа боз медоранд.  

Аммо, вақте ки ифротгароён ҷинояти вазнинро содир мекунанд ва даст ба куштори инсон мезананд, одамонро ба гаравгон мегиранд, иншоотҳои истеҳсолӣ ва маишиву фароғатиро метарконанд, воситаҳои нақлиётро мерабоянд ин аъмоли зиштро тероризм меноманд. Яъне амалҳои хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, исломгароӣ ва экстримистӣ сарчашмаи терроризм маҳсуб мешаванд.         

Мутахассисон намудҳои экстримизмро баррасӣ намуда,  ин зуҳуроти номатлубро ба намудҳои экстримизми динӣ, экстримизми сиёсӣ ва идеологӣ  ҷудо мекунанд. Бархе аз мутахассисон бошанд, ҳатто иброз медоранд, ки экстримизм дар соҳаи илм ва варзиш низ вуҷуд дорад.  

Аммо аз миёни намудҳои экстримизми зикршуда, хатарноктаринашон экстримизми динӣ ва экстримизми сиёсӣ мебошанд. Экстримизми динӣ ё ифротгароии динӣ он аст, ки ҳадафаш ғасб намудани як ҳокимият ва ё аз байн бурдани як мазҳаб буда, маромаш таъсис додани як ҳукумати хатарноки радикалии исломӣ мебошад. Ифротгароёни ба ном исломӣ, ба мисли аъзоёни гурӯҳи ДОИШ, Алқоида, салафия, толибон ва дигар гурӯҳҳои тундрав ғайр аз иделогияи худ таълимоти дигар мазҳабҳои исломӣ аз ҷумла ҳанафӣ, исмоилӣ, шиаи исноашарӣ ва адёни ғайри исломиро намепазиранд ва онҳоро ба куфр мутаҳам мекунанд ва мехоҳанд бо роҳи зулму ситам ва хунрезӣ пайравони мазоҳиби дигарро аз байн бибаранд.

  Мазоҳиби ифротӣ ҳарчанд худро мусулмони ҳақиқӣ пиндошта бошанд, ҳам, вале ягон рафтори онҳо бо таълимоти ислом ва Қуръон мувофиқат намекунад. Зеро мувофиқи таълимоти Қуръон ноҳақ резондани хуни як бародари ҳамдини худ гуноҳи азим шумурда мешавад. Мувофиқи иршодоти оёти Қуръонӣ вақте ки Худои таъоло Одамро офариданӣ мешавад, малоикаҳо назди Худованд омада, тақозо мекунанд, ки Парвардигоро шумо чунин махлуқеро халқ накунед. Зеро ӯ дар олам хунрезӣ намуда, даст ба фасод мезанад. Вале новобасста ба ин Худованд Одамро офарид ва бо ӯ паймон бастанд, ки дар рӯи замин фасод ва хунрезӣ накунад. Дар ин бора дар ояи 84 Сураи Бақара чунин омадааст: “Ва ёд кунед, ки аз шумо паймон гирифтем, ки хуни якдигарро нарезед ва якдигарро аз хона ва кошона наронед. Он гоҳ дида ва дониста гардан ниҳодед”.

Вале бартариҷӯӣ дар дини ислом ва инкор кардани таълимоти мазоҳиби исломӣ ва адёни ғайри исломӣ хилофи таълимоти Қуръони маҷид буда, ин аъмоли зишт мусулмононро ба экстримизм, хурофот ва терроризм оварда мерасонанд. Мувофиқи таълимоти исломӣ тамоми инсонҳо чи мусулмон бошанд ва чи ғайри мусулмон дар назди Худованд барбар мебошанд. Тавре дар ояи 13 сураи Ҳуҷуроти Қуръони маҷид омадааст: “Эй мардум мо ҳамаи шуморо нахуст аз мард ва зане офаридем ва онгоҳ шуъбаҳои бисёр ва фирақи мухталиф(мазҳабҳо ва миллатҳои гуногун) гардонидем, то якдигарро бишиносед. Ҳамоно бузургвор ва боифтихортарини шумо назди Худо ботақвотарини(парҳезгортарин) шумоанд. Ҳамоно Худо комилан доно ва огоҳ аст”  

Экстримизми сиёсӣ бошад, он аст, ки дар ин ё он кишвар аҳзоб ва созмонҳои сиёсӣ бо усули экстримизм раҳбарони ҳукуматро айбдор намуда, мехоҳанд бо ин роҳ нуфузашонро дар миёни мардум камранг созанд ва онҳоро аз мансаб барканор созанд. Бо ин роҳ ҳадаф доранд ҳукукумати кониститусиониро барҳам зананд ва идеологияи сиёсии худро ҷорӣ намоянд.

Тавре мушоҳида мекунем  исломгароёни тундрав ва ифротӣ идеологияи хатарноки худро аз тариқи сайтҳои интернетӣ дар миёни ҷавонон паҳн мекунанд. Барои ин ҷавонон бояд ҳушёр бошанд, ки ба ин дасиссаи ифротгароён дода нашаванд. Баъзан чунин ақидаҳои экстримистӣ аз ҷониби ифротгароён аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишварҳои исломӣ низ пахш мешаванд, ки ба ин барномаҳо низ набояд таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ҳамчунин чунин ба мушоҳида расидааст, ки имомхатибҳои тундрав, ки салафӣ шуданд, ақидаҳои экстримистиро дар масоҷиди Тоҷикистон тарғиб кардаанд ва садҳо нафар ҷавононро раҳгум намуданд. Чунин воқеа дар вилояти Суғд ба мушоҳида расид ва ин имомхатибҳо дастгир шуда ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Хуллас, зуҳуроти манфии хурофотпарастӣ, экстримизм (ифротгароӣ) ва терроризм дар қарни XXI  аз зуҳороти номатлуб маҳсуб шуда, оқибатҳои хеле нангин доранд ва ифротгароён метавонанд бо идеологияи зарарноки худ як мазҳабро аз байн бибаранд, ё як ҳукумати конститусиониро барҳам зананд ва ё як шахси бонуфузу баландпояро беасос сиёҳ намуда ба ҷони ӯ таҳдид намоянд. Пас барои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур аст, ки дар чаҳорчўби қонунҳои давлати конститусионии худ кор ва зиндагӣ намоянд ва фирефтаи ақидаҳои дурӯғ ва хатарноки исломгароёни хориҷӣ нагарданд.

Муфассал ...

Размышления о противостоянии светского и религиозного начала

Ризвоншоева Нуринисо – ходими илмии

шуъбаи забонҳои помирии Институти

илмҳои гуманитарии ба номи академик

Б.Искандарови АМИТ

 

 Размышления о противостоянии светского и религиозного начала

 

Анализ реалий нашей страны показывает, что за годы существования независимой Республики Таджикистан страна прошла трудный процесс формирования и институционализации всех структур государства. Трудность заключалась прежде всего в выборе структуры, затем формирования и создания институтов власти, основанных на законах и принципах демократии во всех сферах государственного управления. Необходимо отметить, что за очень короткий исторический срок все ветви государственной власти справились с этой неимоверно трудной задачей. Однако с первых дней независимости страны возникла другая проблема – противостояние светских и религиозных факторов, то есть противостояние между сторонниками светского общества и формированием исламского государства и в этом противостоянии вторая часть была уже к тому времени оснащена достаточно популярными среди народа партиями и движениями. Несмотря на определённые потери, противоборство и коллизии в Таджикистане было создано светское государство, но конфронтации существующие в начале создания независимого государства продолжаются и поныне, отражаясь в той или иной степени в реалиях страны. И на этом этапе в игру вступили различные идеологии, подпитывающие данное противостояние. Как же идеология (даже в завуалированной форме) может способствовать или подпитывать определённые проблемы в той или иной стране?

Согласно определению общественных наук идеология, особенно в современном мире, возникает не на пустом месте и не создаётся народом или этническими группами, а является интеллектуальным продуктом высококвалифицированных специалистов, учёных и политиков, а также специализированных структур. Для формирования той или иной идеологии используются выработанные десятилетиями методы, на основе которых разрабатывается целая структурно обоснованная система конкретных доказательств морального оправдания любых акций, совершённых в рамках данной идеологии. И здесь уместно будет процитировать слова Лео Штрауса – американского политического философа, родоначальника философии неоконсерватизма, который утверждал, что «современность — это секуляризованная библейская вера в возможность создания небесного рая на земле. В этом смысле она охватывает последние пятьсот лет жизни человечества. Именно в этот период возникли главные идеологии современности. Каждая из них разрабатывала проекты строительства такого «рая». К чему они привели и всё ещё приводят, — мои соотечественники знают и испытывают до сих пор на собственной, как говорится шкуре. Зато в последние 20—30 лет возник ряд концепций — феминизм, экологизм, коммунитаризм и переосмысленный анархизм, которые являются попытками вырваться за пределы иллюзий, шаблонов, и карт, порождённых главными идеологиями современности». (Главные идеологии современности. — Ростов на Дону: Феникс, 2000. — 480 с.).

Действительно история современного общества наглядно показывает, что в истории человечества все существующие идеологические -измы, будь то либерализм, консерватизм, фашизм, анархизм, хорошо знакомые старшему поколению социализм, коммунизм, как и современные феминизм, национализм, радикализм, экстремизм, терроризм и т.д. в ракурсе конкретных исторических событий достаточно серьёзно противоречат общечеловеческим моральным нормам и ценностям. Это значит, что для достижения целей определяемых той или иной идеологии хороши любые средства и никакие моральные цензы в этом случае не срабатывают и не являются препятствиями. В таком случае можно ли констатировать, что идеология равняется вседозволенности на пути конкретной цели? Если это так то, исходя из мировой практики идеологических противостояний перед нашей страной, как страной исторически находящейся в формации становления демократических основ государства (33 года независимости Республики Таджикистан в хронологическо-историческом аспекте очень короткий период, сопровождающийся всеми видами и степенями трудности становления государства) стоит проблема решения идеологического противостояния религиозного и светского начала общества. Как и любому другому молодому государству Таджикистану приходится противостоять мощной, хорошо оснащённой идеологической силе современного мира в лице радикальных идеологий, имеющих только одну цель - установление абсолютной теократической власти, которая по сути является формой правления, при которой государство регулируется только религиозными нормами, а главой становится глава правящей религиозной организации. Данная организация в таком государстве обладает неограниченной высшей государственной властью. В данное время примерами государств имеющих абсолютную теократическую власть могут послужить такие страны как: Ватикан в христианском мире, Исламский Эмират Афганистан, Султанат Бруней и Королевство Саудовская Аравия в исламском мире.

Если совершить краткий экскурс в историю этих стран, то можно констатировать, что их идеология смогла разделить исламский мир, противопоставляя различные ветви ислама друг другу. А основной целью радикальных исламских идеологий является создание теократической власти, применяющей законы шариата, использующей массовое насилие для обеспечения покорности и послушания. Одним из основополагающих столпов этих радикальных идеологий является идеи исламского джихадизма (от слова джихад (от араб. الجهاد‎ [dʒɪˈhɑːd] — «усердие», понятие в исламе, означающее усердие на пути Аллаха, борьба за веру) - идеологии вооружённой борьбы за распространение ислама, основной целью которой является построение исламского государства, в котором основной способ вернуть мусульманское общество к единственно истинной вере и утверждению исламского порядка.

Сегодня именно данная идеология главенствует в идеологии стран, приверженцев абсолютной теократической власти. То же самое, с некоторыми несущественными отличиями можно говорить и о идеологии исламского фундаментализма и его идеей возврата к истокам ислама или начальным ортодоксальным формулам. В настоящее время данная идеология прикрывается тем, что современный фундаментализм, является реакцией на модернизацию и глобализм общества. При этом напрочь забывается тот факт, что как культурный феномен, призыв вернуться к истокам веры (независимо от того какая вера имеется в виду) подрывает позиции действующих вероучений официальный статус которого подтверждён государством. Например, в рамке нашей республики согласно статье 1 Конституции Республики Таджикистан объявляется суверенным, демократическим, правовым, светским, единым и социальным государством, а свобода совести и убеждений, среди других основных прав и свобод, обеспечивается конституционными гарантиями. Вдобавок к данной статье государством Таджикистана были приняты законы «О свободе совести и религиозных объединениях», «О противодействии экстремизму», «О противодействии терроризму», «Об ответственности родителей в образовании и воспитании детей», «О регулировании традиций и праздников» и т.д., которые являются взаимодополняющими и направляющими векторами к демократическому, светскому развитию страны. Поэтому сегодня в Республике Таджикистан решениями Верховного суда запрещена деятельность 28 экстремистских и террористических организаций. Исходя из рамок Конституции Республики Таджикистан и принятых законов, не приемлемы идеи проникающие посредством пропаганды в жизни граждан Таджикистана, будь то запрет учиться и работать для женщин, программы религиозного обучения в  государственных образовательных учреждениях или ношение хиджаба женщинами и т.п., свидетельствующие о наличии элементов абсолютного теократического общества, внедренные в светское общество извне. Несомненно, это первые признаки, свидетельствующие о начале противостояния светского и теократического, т.е. религиозного начала в жизни общества, что приводит к постоянному противостоянию сторон, так как оба настаивают не только на существовании собственной идеологии, но и на её доминировании. Нельзя игнорировать тот факт, что согласно Конституции Таджикистан светское государство, объявившее отделение государства от религии, тем самым ограничивает влияние религии на государство, которое опираясь на историю, культуру и ценности народа, продолжает сохранять светское правление. Государство посредством законодательной системы ограничивает участие религиозных политических партий и движений в политической жизни общества. Исходя из этого в настоящее время государством реализуются все существующие возможности ведения планомерных работ по воспитанию образованного поколения именно в рамках светского образования.

Сегодня в мировом сообществе задача светских государств состоит не только в сохранении власти, но и в обеспечении равных прав членов общества по отношению к вероисповеданию, как коренных народов, так и представителей других религиозных конфессий, живущих на их территории. Поэтому в свете усиления радикальных идеологий, подпитывающих самые различные течения, светские государства вынуждены предпринять крайние меры по созданию системы противостояния этим идеологиям. Светские государства регулируют межконфессиональные отношения в обществе посредством создания законодательной базы на основе легитимности и в пределах своего суверенитета. Эти государства во всём мире призывают противостоящие им стороны к мирному сосуществованию в рамках закона государства, основанного на разделении государства и религии, а также их невмешательства во всех сферах деятельности друг друга.

Так может, пришло время каждому из нас задуматься над тем, к чему может привести в светском государстве вмешательство радикальных религиозных идеологий в систему политической власти и государственного управления? Приемлема ли сегодня, с учётом современных реалий сосуществование светского правления государством и религиозной политики в системе власти? Или все же вспомнить различные попытки государственных переворотов, революции под разными наименованиями (в случаях стран СНГ несмотря на нарекания их именами цветов, что не приуменьшает их негативные последствия) и гражданские войны, как нашей в недалёком прошлом и как наших ближайших соседов?

Стоит ли нам поддерживать идеологии тех, кто выдают свои террористические акты за действия того или иного народа, тем самым запятнав его имя и создав ему всевозможные проблемы различных степеней?

Стоит ли, пройдя довольно поучительный исторический урок опять с головой окунуться в то болото, где сегодня мало кто сможет разграничить и чётко определить различие между национальным, религиозным и региональным сепаратизмом, радикализмом и терроризмом?

Почему в XXI веке мы должны повернуться лицом к ненависти, предрассудкам, свержению, доминированию, причинению страдания, дискриминации, корысти, вседозволенности во имя достижения цели радикальных идеологий, чьим бы они не были?

Если мы так почитаем свою веру и называем себя народом, стоящим у истоков мирового просвещения, гордящимся именами Фирдоуси, Рудаки, Хафиза, Авиценны, Саади не можем извлечь уроки из истории Ирака, Сирии и ближайшего соседа – Афганистана?

Может нам стоит учиться у светских государств, где институт религии аполитичен?

Почему мы забываем, что основа светского государственного законодательства соответствуют и законам религии?

Если задуматься над этим, то можно найти ответы на вопросы, почему сегодня часть молодёжи вовлекается в радикальные организации и можно будет найти способ устранения их мировоззренческого кризиса и не дать другим заполнить её своими идеологиями?

Стоит ли нам терять своих детей, принося их в жертву радикальных идеологий для достижения их политических целей?

Почему мы забываем об известном постулате, что основным критерием цивилизованного общества является борьба за мир и мирное сосуществование? Может, настало время понять всем, что в светском государстве, государственные законы являются доминирующими и должны соблюдаться всеми без исключения…

 

 

 

 

 

 

 

Муфассал ...