Имрўз яке аз олимони пуркору пурмаҳсул, номзади илми таърих, ходими пешбари шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандаров, узви Иттифоқи журналистон ва аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аламшоев Қурбониддин Мирзовафоевич 64-умин солгарди умрашонро пешвоз мегиранд. Ҳайати кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б. Искандаров шарики ин рўзи фархундаи соҳибҷашн гардида, барояшон мегўем, ки МИЛОДИ НАКЎИ УМРАТОН ҲУМОЮН БОД! Барояшон умри босаодату рўзгори хуш, парвози баланди илмию эҷодӣ, баҳори бехазони умр ва дар канори пайвандону дўстон ва шогирдонатон саломат буданро орзу менамоем!