wrapper

Муҳтарам Хушвахтзода Кобилҷон Хушвахт

Ҳайати кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шуморо бо рӯзи мавлудатон аз таҳти дил муборакбод менамоянд!

Саъю талошҳои Шумо дар ҷодаи илм, дар беҳтар ва самаранок намудани сохтори таълиму тадриси донишгоҳи олии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳамагон маълум аст. Имрӯз сарварии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - яке аз муътабартарин ниҳодҳои илмии кишварро, ки дар гузашта донишмандони барҷастае чун Садриддин Айнӣ ва Муҳаммад Осимӣ онро роҳбарӣ мекарданд, бар дӯш доред. Ба ин вазифаи масъулиятнок таъин шудани Шумо - олими ҷавон дар таърихи Академия як саҳифаи нав аст.

Мо итминони комил дорем, ки Шумо чун роҳбари кордон ба ҷомеаи илмии Тоҷикистон таъсири муассире хоҳед бахшид. Мо мавлудатонро таҳният гуфта, ба Шумо аз таҳти дил тавфиқи кор, шукуфоӣ, саломатии бардавом ва нерӯю рӯйдодҳои дурахшону дастовардҳои беназири илмиву роҳбариро таманно дорем!