Азорабекова Ширингул Мамадмуродбековна - Ходими илмии шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Системаи рушди илми ҳуқуқ ҳамчун манбаи маърифати ҳуқуқӣ
Инъикоси фаъолияти системаи ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият яке аз мавзуҳои мубрами ҷомеаи муосир ба шумор меравад, зеро маҳз тадқиқотҳои олимон дар ин раванд барои рушди тарбияи ҳуқуқӣ дар ҷомеа мусоидат мекунанд. Вобаста ба ин, эълон шудани соли 2024 аз тарафи Пешвои миллат ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ дар назди системаи тарбияи ҳуқуқӣ вазифаҳои навро мегузорад ва яке аз онҳо ин ҷустуҷуи роҳ, усул, метод ва тарзҳои ба амалбарории ҳуқуқи давраи муосир мебошад. Вобаста ба мақсади амалисозии ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва фаъолияти системаи ҳуқуқӣ дар самти кор бо ҷавонон тағриби меъёрҳои Конститутсияи Ҷумхурии Точикистон, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (аз 10.12.1948), Конвенсияи Созмони Миллали Муттахид, Конститутсияи Точикистон (аз 6.11.1994), Конуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи муроҷиати шахрвандон», кодексҳои соҳавӣ ва дигар санадхои меъёри ҳуқуқӣ нақши асосӣ доранд. Дар пешгуфтори Конститутсияи Ҷумхурии Точикистон омадааст, ки халқи Тоҷикистон «қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
Дар асоси моддаи аввал, Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, хусусиятҳои давраи нави давлатдории Ҷумхурии Точикистонро инъикос менамояд. Ҳадафи асосӣ ва ниҳоии Конститутсия ин ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқи озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати дахлнопазирии шахс, фароҳам овардани шароит барои гуногунандешӣ, озодии сухан, кафолати дахолатнопазирии моликият, фаъолияти озодии иктисодӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мебошад. Вобаста ба ин меъёрҳо, дар мамлакат қонун ва санадҳои нав қабул шуданд ва ҳамвора дар соли 2006 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Шўъбаи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Бо кӯшиши олимони соҳаи ҳуқуқи Тоҷикистон ба монанди академик Ф.Т. Тоҳиров, професорон Р.Ш. Сотиволдиев, И.Б. Буриев ва дигар олимон номгўи китобҳои ҳуқуқӣ ва барномаҳои таълимӣ ба тасвиб расиданд, ки дар инкишофи илми ҳуқуқ ва беҳбудии раванди тарбияи ҳуқуқӣ саҳми калон гузоштанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи илми ҳуқуқ асоснок ва устувор рушд намуда, заминаҳои ҳуқуқии давлатдории тоҷикро барпо намуд ва ин ҳамчун системаи илм муносибатҳои нави ҷамъиятии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, молу мулкӣ ва дигар соҳаҳоро фаро гирифт. Инчунин фаъолияти олимон эътибори аҳолиро ба илми ҳуқуқ баланд бардошта, дар масъалаҳои тайёр ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқӣ, такмили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ ва тарбияи олимони соҳаи ҳуқуқ нақши босазо гузошт.