Мақолаҳо
- Чоршанбе, 31 Май 2023
ДАРАХТИ ТУ ГАР БОРИ ДОНИШ БИГИРАД
Саҳми донишманди намоёни соҳаи помиршиносӣ, доктори илмҳои филология, профессор Додихудо Карамшоев дар бунёд ва рушди помиршиносӣ хеле калон буда, аз тарафи аҳли илму фарҳанг эътироф гардидааст. Фаъолияти илмии Ӯ ҳануз аз солҳои дар аспирантура таҳсил карданаш оғоз ёфта буд. Вай тамоми умрашро барои омӯзиш ва таҳқиқи илмии забонҳои помирӣ ва дигар арзишҳои мардуми Бадахшон сарф карда, дар ховаршиносии муосир чун яке аз муҳаққиқони маъруф ва асосгузори помиршиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шудааст.
Асарҳои пурқиммати олими пуркор барои илми помиршиносӣ мавқеи муҳимро доро буда, аввалин кори илмӣ-тадқиқотии ӯ бо номи “Лаҳҷаи Баҷувии забони шуғнонӣ” нашр шуда буд. Ин асар дар тадқиқоти муаққиқ нахустин асари оид ба забонҳои помирӣ-забони шуғнонӣ аз муҳимтарин тадқиқот маҳсуб мешавад.
Монографияи дуҷилдаи профессор “Категорияи ҷинсият дар забонҳои помирӣ” дар илми забоншиносии тоҷик мавқеи калони илмӣ дорад. Муаллиф маводи зиёди забонҳои номбурдаро бо методи муқоисаи таърихӣ равшан нишон дода, бо далелу бурҳони қотеъ нишонаи грамматикиро ҳаматарафа тадқиқ ва таҳлил намудааст. Дар асар яке аз масъалаҳои муҳими нишонаҳои грамматикии ҷинсиятро дар забонҳои помирӣ нишон дода, бо маводи зиёди илмиаш дар эроншиносии муосир кашфиёти назаррасро рӯи кор овард, ки он асоси диссертатсияи доктории ӯ гардид.
Гурӯҳбандӣ намудани топонимҳо ва микротопонимҳои номгӯи шаҳр ноҳияҳо, қишлоқҳо, ҷойҳои нуқтаҳои аҳолинишин, айлоқҳоро аз рӯи маъно ва ҷиҳати морфологиашон тақсимбандӣ намуда, бо мисолҳои мушаххас дар забонҳои гуногуни помирӣ мавриди таҳлил қарор додааст. Бояд хотиррасон намоем, ки категорияи ҷинсият яке аз проблемаҳои муҳимми грамматикаи забонҳои помирист ва то ин давра омӯхта нашуда буд. Соли 1978 дар мавзуи мазкур таҳти унвони “ Воситаҳои морфологии ифодаи ҷинсият дар забонҳои помирӣ” монографияи Д. Карамшоев аз чоп баромад. Дар ин асари илмӣ ифодаи ҷинсият ба таври синхронӣ тадқиқ шуда, дар мавридҳои алоҳида масъалаҳо дар алоқамандии таърихӣ шарҳу эзоҳ ёфтаанд.
Дар асар дар баробари тадқиқи ҷинсияти грамматикӣ инчунин дар хусуси масъалаҳои дигари ҳалнашудаи забонҳои помирӣ, аз қабили муайян нашудани ҳудуди истилоҳи забон, шева ва лаҳҷа нисбат ба забонҳои помирӣ ақидаҳои ҷолиб ронда шуд, ки дорои аҳаммияти махсус аст.
Ковиш ва ҷустуҷӯйҳои донишманд минбаъд низ инкишоф ёфта, баъдан нашри дуюми китоби нашршуда (соли 1986) бо иловаҳои зиёд сурат гарифт. Муаллиф дар он барои таъин намудани хосияти маънавӣ ва ҷанбаъҳои грамматикии категорияи ҷинсият лексикаи номии гурӯҳҳои мухталиф, қабатҳои муродифӣ ва истилоҳотро тасниф намуда, дар мавриди зарурат кӯшидааст, то андозае мақоми категорияи ҷинсиятро дар забоншиносии ҳиндуэвропоӣ низ муайян созад. Ҳамчунин воситаҳои наҳвии ҷинсият - муайянкунандагӣ, хабарӣ ва ҳолӣ ба тариқи дақиқ ташреҳ ёфта, ба сифати замимаи китоб 20 адад ҷадвал барои ифодаи мансубияти ҷинси исмҳои предметие, ки намуди морфологӣ надоранд, оварда шудааст.
Солҳои 1960-1968 Д. Карамшоев ба гирдоварӣ, таҳия ва танзими луғати забони шуғнонӣ ва шохаҳои лаҳҷавии он машғул шуда, беш аз 30 ҳазор калимаро ҷамъоврӣ намуда, дар асоси ин маводи ҷамъшуда, луғати сеҷилдаи “Фарҳанги шуғнонӣ ба русї”-ро таълиф намуд, ки дар даҳсолаи охири қарни ХХ дар шаҳри Маскав ба нашр расид. Фарҳанги мазкур аз рӯи тартиби алифбо ҳамаи калимаҳои мустақилмаъно ва ёридиҳандаи забони шуғнонӣ, инчунин шохаҳои лаҳҷавии он – лаҳҷаи баҷувӣ, шохаи шоҳдарагӣ ва гӯиши барвозиро фаро гирифтааст. Ин асари гаронмояро на танҳо ба сифати сарчашмаи воҳидҳои луғавӣ, балки ба ҳайси муқаддимаи маводи нави забон бояд пазируфт. Ин фарҳанг аз лиҳози ҳаҷм ва тафсири маънии вожаҳо дар забонҳои бехату алифбо беназир аст. Тартиб додани луғат кори заҳматталаб буда, он барои мутахассисони помиршиносӣ чун сарчашмаи муҳими илми луғатшиносӣ ба ҳисоб меравад. Манбаи асосии ҷилди дуюми луғат маводҳои дар давраи қариб 10 сол гирдовардаи муаллиф мебошад. Дар он калимоту таркиботи шуғнонӣ ва шохаҳои лаҳҷавии баҷувӣ, шохдарагӣ ба таври мукаммал инъикос ёфта, аз нигоҳи луғатсозӣ шарҳу эзоҳ дода шудааст.
Профессор Д. Карамшоев дар тӯли фаъолияти зиёда аз 50-солааш оид ба забонҳои помирӣ беш аз 100 асар эҷод кардааст.
Яке аз хизматҳои муҳими профессор Д. Карамшоев дар соҳаи помиршиносӣ аз он иборат аст, ки заҳматҳои пайвастаи ӯ ба ҳамаи забонҳои помирӣ маводи зиёдеро ҳам забонӣ ва фолклориву этнографӣ ҷамъ оварда, дар фонди Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров маҳфуз нигоҳ дошта мешавад. Аз ин фонди ҷамъовардаи олими дақиқкор чандин мутахассисони гуногуни помиршиносӣ истифода намуда, корҳои илмӣ тадқиқотиашонро пеш мебаранд. Арзиши ин ганҷи забоншиносӣ чун манбаи пурарзиш барои тадқиқгарони Бадахшон маҳсуб мешавад.
Д. Карамшоев чун роҳбари илмии экспидитсияҳои ҳарсола фаъолияти худро ба ҷамъоварӣ ва омӯзиши мероси хаттӣ низ равона кардааст. Вобаста ба ин дар бораи эҷодиёти шоирони муосир мақола ва рисолаҳо таълиф намуда, ба таблиғи онҳо дар байни омма иштироки фаъол дошт. Бахшида ба эҷодиёти Тилло Пулодӣ, Давлатшоҳи Помирӣ, Нодир Шанбезода, Ато Мирхоҷа, Сардор Раҳдор, Адими шуғнонӣ ва дигарон чандин мақолаҳо ва китобҳоро навиштааст.
Соли 1992 маҷмуае бо номи “Адими ду соҳил” нашр намуд, ки он ашъори ба забонҳои дарӣ ва шуғнонӣ эҷодкардаи шоири Бадахшони Афғонистон - Сайид Замониддиншоҳро фаро гирифтааст.
Баъзе аз мақолаву корҳои илмии Карамшоев Д. ба забонҳои хориҷӣ тавассути нашрияҳои Фаронса, Олмон, Англия, Амрико, Эрон интишор ёфтаанд.
Профессор Д. Карамшоев дар пойдор гардонидани риштаи помиршиносӣ аз як тараф саҳми муносиб гузошта бошад, аз тарафи дигар дар тарбия ва ба воя расидани мутахассисони илмӣ низ хизмати шоёни таҳсин намуда буд. Вай аз давраи таъсис ёфтани шуъбаи забонҳои помирӣ (1967) дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ то соли 1992 мудирии онро ба уҳда дошт. Дар ин давра бо роҳбарии ӯ ҳамаи забонҳои гурӯҳи помирии Бадахшон ба таҳқиқи пурра гирифта шуданд. Бо роҳбарии устоди зиндаёд чандин нафар рисолаҳои номзадӣ ва рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соҳиби унвони илмӣ гардиданд. Аз ин ҷост, ки Д. Карамшоев сафи олимони забоншиносро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд намуда, доираи инкишофи илмиро дар Бадахшон такони бузург дод.
Карамшоев Д. дар мураттаб намудани лоиҳаи Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, дар татбиқи амалии он корҳои зиёдеро анҷом дода буд. Чун узви Комиссиёни Ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон прфессор ҷиҳати покиза ва беолоиш истифода бурдани забони давлатӣ ва ҳам забони байналмиллалии русӣ, забонҳои помирии Бадахшон чандин мақолаву дастурҳои илмиро таълиф намуд.
Забоншиноси пуркор Додхудо Карамшоев пеш аз ҳама шахси поквиҷдон, ватандўст, бекина, дилсоф, ғамхори шогирдон мебошад. Бисёр шогирдонаш чунин хислатҳои беҳтарини ӯро тавсиф намудаанд. Вай тамоми донишу малакаашро барои мустаҳкам кардани муассисаҳои илмии кишвар бо мутахассисони кордону донишдўст бахшида буд. Дилсузии ӯ буд, ки аксари забоншиносони соҳаи помиршиносиро ба воя расонда, имрӯз барои пешрафти илми забоншиносии тоҷик саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Саҳми Д. Карамшоев дар рушду пешрафти Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандаров хеле калон аст.
Дар охир аз Ҳаким Носири Хусрав ёдовар мешавем, ки барҳақ фармуда:
Дарахти ту гар бори дониш бигирад,
Ба зер оварӣ чархи нилуфариро.
Д.Фозилов- ходими калони илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ
Муфассал ...- Ҷумъа, 19 Май 2023
Оид ба яке аз қарорхои нахустин анҷумани забоншиносии Тоҷикистон
Дар солҳои сиюми асри гузашта сиёсати давлат марбути забон дар доираи самтҳои дигари сиёсати фарҳангии давлати Шӯравӣ дар раванди таҳаққуқи навсозиҳои «инқилоби маданӣ» тарҳрезӣ гардида, аз дидгоҳи замони имрӯз шебу фарозҳо ва каму костиҳои он сиёсат мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Нахустин анҷумани илмии забоншиносӣ (1930) дар самти рушди забони тоҷикӣ, барқарор гардидани меъёрҳои он, коркарди хату алифбои нав, коркарди усулҳои расмулхати нави забони тоҷикӣ қарорҳои бунёдӣ қабул намуд, ки на ҳамаи онҳо аз диди имрӯз қобили қабул мебошанд.
Сиёсати бахши забон дар Тоҷикистон дар асоси сиёсати забонии Давлати Шӯравӣ коркард шуда, ҷанбаи сиёсӣ дошта, дар раванди дигаргунсозии фарҳангии низоми ҷадид тарҳрезӣ шуда буд. Тағйири алифбои арабӣ ба лотинӣ (соли 1929 ба алифбои лотинӣ, соли 1940 ба алифбои криллӣ), соҳиби хату алифбо намудани забони шуғнонӣ аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои ин сиёсат буданд.
Солҳои 20-ум ва 30-уми асри гузашта баробари омӯзиши забони тоҷикӣ ва масоили марбут ба гузариш ба хати лотинӣ, масъалаи забони адабӣ, коркарди қоидаҳои имлои забон ва меъёрҳои он омӯзиши забонҳои помирӣ ва яғнобӣ низ вусъат пайдо намуда буд. Вазъи забонию фарҳангии Тоҷикистонро ба инобат гирифта вобаста ба навсозии фарҳангию иҷтимоӣ ҷомеаи нав ва ба вазифаҳои инқилоби фарҳангии давлати тозабунёди шӯроҳо масъалаи алифбои забонҳои «хурди» ҷумҳурӣ низ ба миён омад.
Он давра бисёре аз донишмандон дар ин ақида буданд, ки «забонҳои кӯҳистон» дар маҳдудаи густариши худ фаъол бошанд ва ба ин халқҳо «барои дар забони худашон пеш бурдани маданияти худашон имкон дода шавад». Яке аз эроншиносони маъруфи Аврупо Х.Шёлд, ки аз саромадони омӯзиши илмии забонҳои помирӣ ба шумор меравад, соли 1928 дар маҷаллаи «Роҳбари дониш» (№6) навишта буд:
«Ин забонҳои кӯҳистон барои забоншиносӣ бисёр аҳамият доранд. Бинобар ин агар бигуям, ки ин забонҳо аз тамоми забонҳои ҳиндӣ ва аврупоӣ пураҳамияттар ва омӯхтани онҳо барои фанни забоншиносӣ яке аз масъалаҳои муҳимме аст, муболиға накардам». Дар ҷои дигар ӯ қайд мекунад: «Тадқиқ намудани ин забонҳо танҳо аз ҷиҳати илми забоншиносӣ муҳим аст».
Х.Шёлд таъкид мекунад, ки барои инкишофи «забонҳои кӯҳистонӣ» деворро байни «забони ҳукуматӣ ва забонҳои майда» бояд бардошт. Ӯ менависад: «Миллатҳое, ки ба забонҳои кӯҳистонӣ (забонҳои яғнобӣ ва помирӣ - ОН) гап мезананд, ҳақ доранд талаб намоянд, ки ба онҳо барои дар забони худашон пеш бурдани маданияти худашон имкон дода шавад. Чаро ки забони онон ҳам аз забони тоҷикӣ ва ҳам аз забони форсӣ фарқ доранд ва миёни ҳамдигар як тӯда фарқиятҳои забонӣ доро мебошад»[13,182-179]. Табиист, ки ин ин масъала дар доираҳои илмӣ ва сиёсию ҷамъиятӣ мавриди истиқбол қарор гирифта буд.
Аз 23-ум то 28-уми августи соли 1930 дар поитахти Тоҷикистон шаҳри Сталинобод (Душанбе) нахустин анҷумани илмии забоншиносӣ баргузор гардид, ки дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ рӯйдоди арзишманд ва муҳим буд. Дар анҷуман чаҳор масъалаи асосӣ мавриди ҳаллу фасл қарор гирифта буд: 1.Забони адабии тоҷик, 2.Алифбо, 3.Имло, 4.Масъалаи алифбои шуғнонӣ. Мутаассифона мадорики мукаммали анҷуманро ба сабаби пурра мавҷуд набудани дӯхтаҳои рузномаҳои он давра дар бойгониҳо ба сурати пурра дарёфт кардан имкон надорад [8,27].
Тибқи маводи нашршудаи анҷуман оид ба масъалаи чорум рафиқ А. Дяков маърӯза кардааст. Моҳияти масъалаи мазкур, аҳамияти он тибқи рӯйдодҳои сиёсии он давра дар иттилоияи ҷамъбастии анҷуман ба тариқи зайл баён ёфтааст: «Масъалаи охирин, ки алифбои шуғнонӣ буд, ин масъалае аст, ки алъон касе дар бораи он фикр накарда, ҳатто агар ин масъала дар замони амирӣ ё подшоҳии рус касе мебардошт, боиси ханда ва мазоҳ мешуд. Имрӯз диктатураи пролетарӣ замина ҳозир кард, ки барои якчанд миллати майда, ки ба забони алоҳида гап мезаданд, алифбои махсус тайёр карда шавад ва онҳо маданияти худашонро ба забон ва алифбои худ баранд. Ин масъалаи тозаро ҳамаи намояндагон бо чапакзанӣ қабул карда бо шавқу завқ музокираҳо менамуданд ва барои шуғнониён алифбои алоҳида карданро яке аз роҳҳои пешрафти маданияти анҷуман дониста ба тӯғригӣ ҳал шудани масъалаи миллӣ дар замони диктатураи пролетарӣ офарин ва таҳниятҳо мекарданд. Ҳақиқатан ин масъалае аст, ки танҳо дар замони диктатураи пролетариат ҳал мешавад ва шуд. Ва барои дигар миллатҳои майдаи Тоҷикистон будагӣ монанди яғнобӣ ва вахонӣ ва дигарон бо ин ки шумораи онҳо бисёр кам ва ба ҳазор аст, низ ба кори алифбои нави алоҳида сар карданро анҷуман ишорат карда гузашт ва ва барои роҳ ва чорабинӣ тайёр карданро лозим дид [5,126-133].
Бад-ин тартиб, анҷумани забоншиносӣ тартиб додан ва ҷорӣ намудани алифбои шуғнониро маъқул дониста, иҷрои ин кор дар сатҳи давлатӣ тарафдорӣ ёфт ва барои чопи китобу дастурҳои дарсӣ ба забони шуғнонӣ маблағҳои муайян ҷудо гардиданд. Соҳибхат намудани забони шуғнонӣ он замон дар заминаи татбиқи сиёсати забонии давлати Шӯравӣ амалӣ гардид. Маълум аст, ки дар даҳсолаҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ беш аз 50 забони бехату алифбои халқҳои Шӯравӣ соҳибхат гардиданд. Дар баробари ин масъалаи мазкур дар Тоҷикистон дар робита ба табдили хати арабиасоси форсӣ ба лотинӣ (1929) низ ба миён омад. Тавре аз маводи ҷамъбастии анҷуман бар меояд маҳз ба хотири бартарият додан ба низоми нави давлатдорӣ, ба маданияти пролетарии шӯравӣ ҷалб намудани халқиятҳои камшумор, ҳал намудани масъалаи миллӣ дар шароити низоми нави иҷтимоӣ «дар заминаи диктатураи пролетариат» масъалаи соҳибхат намудани забони шуғнонӣ низ ба миён омад. Аммо масъалаи дигари вобаста ба ин мавзӯъ ба эътибор гирифта нашуд. Оё шуғнониҳо ва дигар халқиятҳои майдаи Тоҷикистон то ин вақт забони хаттӣ надоштанд? Забони форсӣ - точики ба сифати забони хаттӣ дар умури мазҳабӣ, коргузорӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва илмӣ дар Шуғнон мавриди истифода қарор гирифта буд. Дуруст аст, ки забони модарӣ бозтобдиҳандаи фарҳангу маънавиёти халқ маҳсуб мешавад. Забони модарӣ метавонад дар баробари дигар забони хаттӣ мавриди истифодаи худро дошта бошад, ки чунин вазъи хоси забонӣ дар Кӯҳистони Бадахшон асрҳо боз шакл гирифта буд. Аз ин рӯ на ҳамаи эҷодкорон, зиёиёни он замон ҷонибдори ҷорӣ намудани таълим, эҷоди осори адабию илмӣ ба забони шуғнонӣ ва дигар «забонҳои хурди» минтақа буданд. Дар сатҳи роҳбарияти ҷумҳурӣ низ он замон дар ин бора ҳамфикрӣ вуҷуд надошт[4].
Ҳанӯз соли 1904 котиби намояндагии сиёсии Русия дар аморати Бухоро А. Черкасов дар ҳисобот оид ба сафар ба бекигариҳои Помир вазъи забонии минтиқаро тасвир намуда, навишта буд:
«Масъалае ки ба забонҳо иртибот мегирад, метавонад дар оянда мавзӯи баҳси тадқиқоти алоҳида қарор гирад. Ҳоло метавон гуфт, ки дар бекигариҳои камнуфуси Помир 3 забони аз ҳамдигар фарқкунанда вуҷуд доранд: забони шуғнонӣ дар Рушону Шуғнон, ишкошимӣ ва вахонӣ (забони язгуломи ном бурда нашудааст-ОН).
Ба сифати забони умумӣ ( забони модарӣ барои аҳолии Ғорон) лаҳҷаи бадахшонии забони форсӣ хизмат мекунад, ки онро аз даҳ нӯҳ ҳиссаи аҳолии бекигарӣ ба шумули навҷавонон ва занон медонанд. Ин забон инчунин барои мукотиба хизмат мекунад; ба ин забон китобҳои муқаддаси тоҷикон таълиф шудаанд ва одамони босавод дар Шуғнон, Вахон ва Рӯшон бо адабиёти классикии форсӣ каму беш ошноӣ доранд» [9,672].
Консепсияи татбиқи забонҳои мардуми кӯҳистон он замон дар бахши маориф коркард нашуда буд. Алифбо тартиб дода шуд, китобҳои таълимии алифбо барои калонсолон, барои кӯдакон, китобҳои дарсии забони модарӣ, ҳисоб, табиатшиносӣ ва баъзе китобчаҳои бачагона аз забони русӣ тарҷума шуданд. Вале маълум нашуда буд, ки забонҳои маҳаллӣ то кадом синф тадрис мешаванд? Масъалаи таълими забони асосии ҷумҳурӣ – забони тоҷикӣ дар макотиби Шуғнон дар кадом сатҳ бояд қарор гирад, муайян карда нашуда буд. Илова бар ин алифбо ва китобҳои таълимӣ танҳо ба забони шуғнонӣ таълиф гардиданд, алифбо ва таҳияи дастурҳо ба забонҳои дигари Кӯҳистони Бадахшон дар анҷуман таъкид гардид, вале аз сабаби набудани мутахассисон ва тафтиш нашудани ин забонҳо дар солҳои сиюм он амалӣ нагардид. Ба ибораи дигар танҳо дар Шуғнон метавонистанд таълимро ба роҳ монанд. Дар ҳоле ки дар ҳудуди густариши забонҳои дигар алифбо ва таълим ҳамоно ба забони тоҷикӣ идома дошт.
Қарори анҷуман низ дар ин маврид бештар ҷанбаи сиёсию идеологии замон дошта, мавқеъ ва нақши забони тоҷикиро дар таълиму тарбияи «миллатҳои тоҷики кӯҳистон» муайян аниқ накардааст. Дар қарори анҷуман оид ба масъалаи мазкур омадааст:
«Қарор дар бораи забони таълим ва адабиёти оммаӣ барои миллатҳои тоҷики Кӯҳистон
1) Барои ба тезӣ тараққӣ додани маданияти аҳолии пасмондаи кӯҳистон, ки забони махсусе доранд ва кашидани онҳо ба маданияти пролетарӣ ва инчунин ҷалб кардани онҳо ба сохтмони сотсиалистӣ анҷумани илмии забоншиносони Тоҷикистон лозим медонад ва ба сиёсати миллии пролетариат мувофиқ мешуморад, ки дар мактабҳои миллатҳо таълим ва тарбия дар забони модарии худашон бурда шавад ва адабиёти онҳо дар забони модарии онҳо чоп ва нашр шавад
2) Барои ин ки барои ҳар як аз ин миллатҳо қуввакоркунӣ даркор мебошад ва барои ин ки рафъ кардани эҳтиёҷҳои мадании онҳо зарур ва таъхирнопазир аст, бинобар ин, онҳоро бо миллатҳои майдаи дигари Тоҷикистон баробар кардан лозим мебошад.
3) Бинобар набудани қувваҳои маданӣ дар байни вахонӣ, язгуломӣ, ишкошимӣ, рушонӣ ва дигарон Анҷуман зарур медонад, ки дар ин соҳа кор сар карда шавад. Монанди тайёр намудани қувваҳои маданӣ ва тафтиш кардани забони онҳо. Аммо дар бораи шуғнониҳо Анҷуман ба ин фикр меояд: қувваҳое, kи дар миёни онҳо мавҷуд аст, роҳ мекушояд, ки дар мактабҳои онҳо ба забони модариашон таълим дода шавад ва дар ояндаи наздик барои онҳо ба забони модариашон китобҳо дарсӣ адабӣ чоп карда шавад.
4) Анҷуман лоиҳаи алифбои шуғнониро, ки ба анҷуман аз тарафи раис Дяков тақдим шудааст, асосан тасдиқ карда, зарур медонад, ки ба зӯдӣ ба асоси лоиҳаи мазкур ба тайёр кардани адабиёти оммагӣ сар карда шавад. Ба ин шарт, ки дар оянда баъд аз таҷрибаҳои илмӣ чуқуртар такмил карда шавад. Овози тоҷик, 14 сентябри 1930» [3, 671-672].
Аз матни қарор бар меояд, ки ҷорӣ намудани «таълиму тарбия дар забони модарӣ барои ба тезӣ тараққӣ додани маданияти аҳолии пасмондаи кӯҳистон, кашидани онҳо ба маданияти пролетарӣ ва ҷалб кардани онҳо ба сохтмони сотсиалистӣ» ва мувофиқ « ба сиёсати миллии пролетариат» дар амал татбиқ мегардид.
Дар қарори Анҷуман соҳибони ин забонҳоро «миллатҳои тоҷики кӯҳистон» ёдоварӣ намудаанд, вале дар банди дуюми таъкид мешавад, ки «онҳоро ба миллатҳои майдаи дигари Тоҷикистон баробар кардан лозим мебошад» Табиист, ки ин боиси баҳси дигаре гардид, мудоме ки инҳо «миллатҳои тоҷики кӯҳистон» бошанд, пас забони тоҷикӣ низ барояшон бегона набошад. Онҳо набояд ба қавмҳои майдаи дигари он вақтаи Тоҷикистон чун ақалиятҳои миллӣ баробар карда шаванд.
Чуноне дида мешавад, ки соҳибхат намудани забони шуғнонӣ сирф ҷанбаи сиёсӣ дошта, ҳамчун як рӯйдоди нави бунёди фарҳангӣ дар робита ба шароити сиёсию иҷтимоӣ зоҳир гардид. Ин масъала дар робита бо «лотонидани» расмулхати забони точикӣ ҳамзамон ба миён омад. То ин замон дар солҳои бистуми асри гузашта баҳри татбиқи барномаҳои инқилобӣ мактабҳои нахустин, ки дар Кӯҳистони Бадахшон ташкил шуда буданд, забони форсӣ -тоҷикӣ таълим дода мешуд ва таълим низ ба ин забон сурат мегирифт. Забони форсӣ - тоҷикӣ дар ин минтақа нуфузи зиёде дошта, мисли манотиқи дигари Тоҷикистон то солҳои сиюм дар Шуғнон низ даҳҳо суханвароне буданд, ки ба забони форсӣ - тоҷикӣ осори илмию адабӣ офаридаанд. Масалан, дар бораи мактаби адабии Саид Фарухшоҳу Шоҳзодамуҳаммаду Юсуфалишоҳ ва шоирону фозилони дигари Шуғнон дар осори илмӣ маълумоти фаровоне оварда шудааст. Бинобар ин роҳандозии эҷоди бадеӣ ба забони маҳаллӣ барои ҳама пазируфтанӣ набуд. Ба ибораи дигар алифбои шуғнонӣ ҷонибдорон ва муқобилони худро дошт ва таҳаққуқ напазируфтани он ба амри ҳизби ҳукмрону ҳокимияти замон он қадар вобастагӣ надошта, бо сабабҳо ва омилҳои айнӣ (обйективӣ) густариш пайдо накард. Он аз тарафи мардум қабул нашуд ва аз тарафи мақомоти ҳукуматӣ низ таҳмил нагардид. Мардум ба таври худихтиёрӣ забони таълимро интихоб намуд, ки он барои онҳо бегона набуд.
Шоири Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Давлатии СССР, устод Мирсаид Миршакар баъдтар дар ин бора навишта буданд: « Халқ забонро ифтихори миллии худ медонанд. Дар солҳои сиюм булҳавасоне алифбои шуғнониро ихтироъ карданд. Ихтироъгарон мағрурона мегуфтанд, ки дар осмон ҳар қадар ситора зиёдтар бошад, вай ҳамон қадар зеботар менамояд. Дар давоми панҷ – шаш сол ба ин забон китобҳои дарсӣ мебароварданд, китобҳои сиёсию бадеӣ тарҷима мекарданд ва ба нашр мерасонданд.Барои ин кор меҳнати зиёди одамон ва миллионҳо сум сарф шуд, вале маълум гашт, ки китобҳои ба забон шуғнонӣ нашршуда дар анборҳои мактабу маориф хобидаанд. Талабагон аз рӯи китобҳои тоҷикӣ дарс мехонданд. Кор ба ҷое расид, ки одамон махфӣ ба Душанбе омада, китобҳои дарсӣ харида ба Шуғнон мебаранд. Вақте ки Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон М.Шоҳгадоев ба Шуғнон рафта, сабабро фаҳмиданӣ шудааст, аҳолӣ бо як овоз гуфтааст, ки мо тоҷик будему ҳастем ва барои мо забону миллати нав ихтироъ кардан лозим нест. Ба мунаҷҷимон гӯед, ки дар шаб зебоии осмон аз бисёрии ситораҳост, лекин барои ин зебоӣ шуда. ситораи калони тоҷикро ба ситорапораҳо табдил додан ҷиноят аст» [7,111].
Аз суханони устод Мирсаид Миршакар маълум мешавад,ки оид ба алифбо ва ҷорӣ намудани таълиму тарбия ба забони шуғнонӣ дар Шуғнон ҳамфикрӣ вуҷуд надоштааст. Ҳизбу ҳукумат низ ҷорӣ намудани таълимро ба забонҳои маҳаллӣ иҷборан амалӣ накард ва манъ намудани он низ шояд бо «дархости» иддае аз зиёиён сурат гирифт.
Аз сӯи дигар дар охири солҳои сиюм дар сиёсати забони давлати Шӯравӣ тағйироте ба вуҷуд омад. Ба забонҳои хурд додани ҳуқуқҳои васеъ ба парокандагӣ оварда мерасонд. Таъсири давлати марказиро заиф месозад.Таъқибот ва душманкобӣ низ ба ин масъала таъсир расонд.
Бесабаб нест, ки соли 1939 дар Пленуми Кумитаи вилоятии Ҳизби Коммунист тасмим гирифта шуд, ки ба чопи китобҳои таълимӣ ва тадриси забони шуғнонӣ хотима гузошта шавад, зеро ин кор барои рушди фарҳанги тоҷикони Кӯҳистони Бадахшон монеа эҷод мекунад.Аз ҷумла, дар қарори пленум такид мешавад: «тамоюли нашри китобҳои дарсӣ ва таълим ба забони шуғнонӣ зараровар аст ва барои рушд ва шукуфоии фарҳанги тоҷикони Кӯҳистони Бадахшонро боз медорад» [4].
Тавре дида мешавад, ки қарори ин пленум қарори анҷумани илмии забоншиносонро рад намуда, хилофи он буд. Дар анҷумани илмии забоншиносии соли 1930 таъкид шуда буд, ки «барои ба тезӣ тараққӣ додани маданияти аҳолии пасмондаи кӯҳистон, ки забони махсусе доранд…, «алифбои махсус тайёр карда шавад ва онҳо маданияти худашонро ба забон ва алифбои худ баранд», аммо пленум (с.1939) алифбои шуғнонӣ ва ҷорӣ намудани таълим ба ин забонро ҳамчун монеае дар рушди фарҳангии тоҷикони кӯҳистон баҳогузорӣ намуд. Ба хулосае метавон омад, ки алифбои шуғнонӣ ҳам қурбони таъқиботи охири солҳои сиюм шуд[2].
Ҳамин тариқ, то охири солҳои сиюм тақдири алифбои шуғнонӣ ва таълими он «ҳал шуд». Саволе ба миён меояд,оё ин рӯйдоди фарҳангӣ дархӯри аҳамият маънавию маърифати буд? Бале, он рисолате ки ҷавонони 20-22 солаи шуғнонӣ дар солҳои сиюм ба иҷро расонидаанд, имрӯз метавон бо камоли эҳтиром қадрдонӣ намуд.Нодир Шанбезода, Хусрав Мусрифшоев, Боғшо Бандишоев, Золшо Шонаврӯзов, Баҳодур Искандаров, Сафармаҳмад Амдинов ва дигарон, ки дар таҳияи китобҳои дарсӣ ва тарҷумаи китобҳои таълимию сиёсӣ бевосита саҳмгузорӣ намуданд, хизмати арзандаи онҳоро бояд қадр кард. Аввалан, нахустин маротиба маводи ин забони бехат таввасути хат сабт гардид ва то андозае меъёри катбии он ба вуҷуд омад. Таввасути ашъори шоири чирадаст Н. Шанбезода забони шуғнонӣ бо тамоми дурахшу фасоҳат вориди назм гардид ва бунёди забони шеъри шуғнонӣ гузошта шуд [1]. Сониян, ин китобҳо то ҳол чун сарчашмаи забонӣ арзиши илмиашонро аз даст надодаанд. Дар баробари ин ба рушди забони шуғнонӣ як андоза мусоидат намуданд.
Дар даврони бозсозии горбачевӣ вобаста ба набзи ошкорбаёнӣ ва равандҳои сиёсии он замон чанду чуни ин рӯйдоди маърифатию фарҳангӣ аз нав ба майдони баҳс ворид гардид ва аз дидгоҳҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт. Забони шуғнонӣ ва дигар забонҳо аз нав ба арсаи назм ворид гардиданд.Доираи корбурди забонҳои маҳаллӣ ба андозае васеъ гардид. Шоироне мисли Лидуш Ҳабиб, Сардор Раҳдор, Ато Мирхоҷа, Варқа Охонниёз ва дигарон ибтикори устод Н, Шанбезодаро дар эҷоди шеъри шуғнонию рӯшонӣ идома дода, китобҳою маҷмӯаҳои ашъорро ба табъ расонданд ва аз тарафи муштоқони каломи мавзун пазируфта шуданд ва ҷаҳони фарҳангии Тоҷикистонро боз ҳам рангинтар намуданд. Забони шуғнонӣ ба саҳнаи театр роҳ ёфт.Такомули чунин рӯйдодҳои фарҳангӣ дастгирӣ меёбад[9].
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат масъалаи забонҳо ба сатҳи давлатӣ баромада, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғнобӣ ҳамчун мероси фарҳангии халқи тоҷик мақоми қонунӣ пайдо намуданд Ҳифзи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ба сифати мероси фарҳангии миллат дар суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карда мешавад.
Масъалаи дигаре, ки то ба имрӯз қишри умдаи ҷомеа онро қабул намекунад, корбурди забонҳои маҳаллӣ дар соҳаи маориф мебошад. Дар соҳаи илм мактаби илмии забонҳои помирӣ рушд намуда, имрӯз ба сифати як бахши эроншиносӣ дар ҳоли рушду нумуъ аст. Дар замони Шӯравӣ ва ҳам даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон омӯзиши илмии забонҳои помирӣ аз ҷониби давлат дастгирӣ меёбад, мутахассисони соҳибунвоне дар ин соҳаи илм ба камол расидаанд. Сабти маводи фольклорӣ ва ривоятии забонҳои помирӣ, нашри китобҳои илмӣ, луғатномаҳо умри забонҳоро дароз хоҳад кард. Ташкил ва танзими фонд, фаъолияти муассисаи махсуси илмӣ ба равандҳои инкишофи забонҳо мусоидат мекунад.
Дар баробари ин татбиқи забонҳо дар соҳаи маориф то ҳол чун мушкили баҳснок боқӣ мемонад. Вақте ки солҳои бозсозӣ дар фазои ошкорбаён мушкилоти мазкур рӯи об баромад., мақомоти ҳизбию ҳукуматии он давра мавқеи худро оид ба масоили зикршуда тавассути нашри Мактуби кушоди собиқадорони ВМБК [6] баён намуданд, ки боиси баҳсҳои дигар низ гардид. Бозгашт ба қарори анҷумани забоншиносии солҳои сиюм дар шароити имрӯза аз имкон дур аст. Таълим ба забони тоҷикӣ бартарияти худро дар рушди фарҳангу маданияти мардуми Кӯҳистони Бадахшон собит намуд. Аз байни мардуми Шуғнон ва навоҳии дигари Кӯҳистони Бадахшон даҳҳо чеҳраҳои намоёни илму фарҳанги тоҷик ба камол расиданд, ки на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар Иттиҳоди Шӯравӣ низ маъруфият пайдо карда буданд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯйи теъдоди ашхоси маълумоти олидор ба ҳар ҳазор нафар аҳолӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар мақоми аввал буд.
Баҳсҳо дар атрофи мафҳуми забони модарӣ гуногунанд. Бархе аз донишмандон мавҷудияти ду забони модариро дар шароити дузабонӣ ва бисёрзабонӣ инкор намекунанд. Ба он забоне, ки шахс дониш мегирад, ҷаҳонбинии ӯ шакл мегирад, он ҳам забони модарист. [11;12]. Интихоби забони таълим барои фарзандон аз ҷониби волидайн як амри худихтиёрист. Метавон гуфт, ки дар солҳои сиюм аксари мардум забони таълимро забони тоҷикӣ интихоб намуданд. Имрӯз вобаста ба шароити мавҷуда шаҳрвандон ҷиҳати ҳосил намудани дониш ва ташаккули ҷаҳонбинӣ забонеро интихоб менамоянд, ки мақоми иҷтимоии он васеътар буда, мувофиқ ба тақозои ҷомеаи имрӯза бошад ва ба фаъолияту зиндагии ояндаи насли ҷавон таъсири мусбат расонида тавонад.
Ҳамин тариқ, ба вуҷуд омадани хату алафбои шуғнонӣ иқдоми ормонгароии ҷавонон дар партави навсозиҳои инқилоби мадании Шуравӣ дар солҳои сиюми асри гузашта буд, ки амали воқеӣ пайдо накард. Бозгашт ба хату алифбои шуғнонӣ, дар шароити имрӯза низ як орзӯи ормонгароёнаест, ки аз сӯйи бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғу тарғиб карда мешавад. Ормонгароӣ ва воқеиятгароӣ ду мафҳумеанд, ки аз ҳамдигар тафовут доранд. Дар татбиқи хату алифбои забони шуғнонӣ аз иқдомоти воқеиятгароӣ ва шароити имрӯза бояд кор гирифт.
Китобнома
- Абдулназаров А.Нодир Шанбезода ва эҳёи шеъри помиризабон\ \А. Абдулназаров. –Душанбе: Эр-граф, 2017. 190 с.
- Аламшоев Қ. Китобҳои таъқибшуда\ Қ. Аламшоев.\\ Чатри симин, №1, марти соли 1999.
- Дар анҷумани нахустини илмии Тоҷикистон \\ Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо. – Душанбе:Бухоро, 2007 – С.671-672.
- Қаландаров Т. Памирские языки:между прошлым и будущем ( на примере шугнанского языка) \Т. Каландаров. \\ УЦА Высщая школа развития Отдел культурного наследия и гуманитарных наук Научный доклад, 2020,№6
- Маводи анҷумани нахустини илмиӣ-забоншиносии тоҷик оид ба забони тоҷикӣ ва масъалаҳои ҳалталаби он \\ Забоншиносӣ, №1, –С.126-137.
- Мактуби кушоди собиқадорон \\ Тоҷикистони Советӣ, 1988, 24 июн.
- Миршакар М. Ёди ёри меҳрубон.\М.Миршакар. –Душанбе: Ирфон, 1979. -183 с.
- Набавӣ А. Баҳсҳои илмӣ оид ба забони тоҷикӣ дар солҳои 20-ум Тоҷикистон \А. Набавӣ. \\ Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо. – Душанбе:Бухоро, 2007 – С.9- 38.
- Отчёт секретаря Российского политического агенства в Бухаре А. Черкасова о командровке в Припамирские бекства Бухарского ханства в 1904 \\ Очерки по истории Советского Бадахшана.-Душанбе:Дониш, 1985.-С.427.
10.Охонниёзов В. Пайдоиш ва ташаккули шеъри муаллифӣ ба забонҳои помирӣ.\ В. Охонниёзов. –Душанбе:Эр-граф, 2017. – 328 с.
- Тишков В.А.Язык нации \В. А. Тишков. \\ Вестник Российской Академии Наук, 2016, том 86, № 4. –С.291-303.
- Тишков В.А. Родной язык \ В.А. Тишков.\\ Этнокультурный облик России: перепись 2002 года. – М.: Наука, – С.50-63.
- Шилд Х. Дар бораи забонҳои кӯҳистони Тоҷикистон\ Х. Шилд\\ Забони тоҷикӣ бар мабнои мубоҳисаҳо. – Душанбе, – С.189-172.
Назрӣ Офаридаев, доктори илмхои филология, сарходими илмии шуъбаи забонхои помирии ИИГ ба номи Б. Искандарови АМИТ
Муфассал ...
- Ҷумъа, 19 Май 2023
БАЪЗЕ МУЛОҲИЗАҲО ДАР ХУСУСИ ТАБУ МАРБУТ БА ТАВАЛЛУДИ КӮДАК ДАР МАРДУМИ ШУҒНОН
Ба миқдори зиёди расму одатҳои мардумӣ нигоҳ накарда, дар зиндагии ҳар як инсон, ҳар як халқияту нажод расму одатҳои моҳиятан муҳим арзи вуҷуд доранд ва онҳоро ба се марҳилаи гузариш ҷудо кардан бамаврид аст: инҳо ҳомиладорӣ ва таваллуд, никоҳ ва туй, марг ва дафн ё ба хок супоридан. Бинобар ин ҳам боиси тааҷҷуб нест, ки гузариш аз як ҳолат ба ҳолати дигар амали бисёр муҳим ба шумор меравад, ки ба ҷо овардани онҳо ба эҳтиёткорӣ эҳтиёҷ дорад. Аввалин русуме, ки ҳар як инсон дар марҳилаи ҳаёташ аз он гузаштааст, ин таваллуд аст. Дар мақолаи мазкур мо тасмим гирифтем дар бобати таваллуд ва расму анъанаҳо вобаста ба онро бо воҳидҳои лексикии гуногун, ки бештари онҳо дар урфу одати тоҷикони Помир, аз ҷумла мардуми Шуғнон дар шакли табу арзи вуҷуд доранд, таҳлилу баррасӣ намоем. Худи истилоҳи табу аз яке аз забонҳои полинезӣ баромадааст, ки маънояш пурра ҷудокардашуда, ё махсус нишон додашуда, буда мафҳуми этнографӣ аст ва ба забон ҳам алоқамандӣ дорад. Пас он амал
- он сухане, ки истифодааш мамнуъ ҳаст, табу ҳисобида мешавад. Табу аз лиҳози этнографӣ агар мамнуъ будани баъзе амалҳоро дар расму анъанаи мардум таҷассум кунад, аз ҷиҳати забонӣ мамнуъ будани воҳидҳои лексикии махсус вобаста ба омилҳои сиёсӣ - иҷтимоӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, эҳсосотӣ - мардумӣ мебошад.
Дар забони шуғнонӣ мамнуъ будан бо калимаи keẋ ифода карда мешавад. Масалан, tar zečā xez ẋabind-i dedow-keẋ ‘ба назди зани нав таваллудкарда баъди шом даромадан мамнуъ аст’ [4, 115]. Ин калима дар луғати шуғнонӣ - русии Д. Карамшоев ба ду маъно омадааст: 1. Урфу одат, русум, нишона; 2. Мамнуъ. Аз ин ҷо ибораи xu keẋ anjīvdov, ки риоя кардани анъана ва расму одатҳо ва ба маънои дигараш манъ будани амалҳои берун аз расму анъана дар ин луғат шарҳ дода шудааст. Калимаи keẋ шояд аз форсии keš- 1. Дин, мазҳаб, оин. 2. Расму одат, атвор [8, 609] ба забони шуғнонӣ ворид шудааст ва ба талаффузи забони шуғнонӣ мутобиқ гардидааст, яъне овози ш ва ẋ мубаддал гардидааст. Дар забони шуғнонӣ бо калимаи parez “парҳез” дар шакли муродиф истифода шудани он ҳам хеле маъмул аст. Xu keẋ-at parez-at di anjūvd xub-ta saw-i “агар парҳезатро гирӣ, сиҳат мешавӣ”.
Аз се марҳилаи гузариши ҳаёти инсон мо дар мақолаамон расму анъанаҳои маросими вобаста ба давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд дар мардуми Шуғнон, ҳамчунин амалҳое, ки анҷом додани онҳо дар ҳамин марҳила ҳамчун табу дониста мешаванд, мавриди таҳлил қарор мегирем.
Дар мардуми Шуғнон ба монанди дигар тоҷикони Помир ва умуман мардуми куҳистон аз давраи ҳомиладорӣ оғоз шуда, то таваллуд кардан ва чил рўзи аввали баъди таваллуд, русумҳои зиёди манъшуда роиҷ ҳастанд. Муқаррароти асосии маҷмӯи русумҳои вобаста ба таваллуд ин мусоидат кардан ба таваллуди бомуваффақият, таъмин кардани саломатии хуб ва беҳбудӣ бахшидан ба зани нав таваллудкарда ва кӯдакаш мебошад. Яке аз донишмандони маъруфи бритониёӣ Ҷ. Фрэзер дар китобаш «Шохаи тиллоӣ» (“Золотая ветвь”) дар бораи табу навиштааст: «табу дар зеҳни мардум аз ибтидои пайдоиши инсоният шакл гирифтааст. Бо риоя кардани табу, инсон кўшиш мекард, худро аз бадбахтӣ раҳо кунад ва ҷаҳд мекард, то аз қаҳру ғазаби руҳҳо худро дар канор гирад» [8, 188]. Худи табу ҳам аввалин бор аз бархўрди тасодуфии инсон бо нобарорӣ ба амал омадааст ва то ҳол ин тарсу эхтиёткорӣ дар зеҳни инсоният ҷой гирифтааст. Ба ақидаи Ҷ. Фрэзер дар зеҳни одами ибтидоӣ тарс аз ҷазои руҳҳо чунон бузург буд, ки баъзан бо шикастани табу аз даҳшат ҷон месупориданд ва ҳамин гуна воқеаҳои фоҷианок то ҳадде қувваи (ё иқтидор) табуро нисбат ба инсонҳо мустаҳкам кард [ҳамон ҷо]. Пас чун оғози амалҳо вобаста ба расму анъанаҳои мардум аз ибтидои инсоният бошанд, то кунун ин эҳтиёткорӣ дар тасаввури мардум дар шакли хурофотӣ, ки ҳам хусусияти манъ кардан ва ҳам ҳидоят карданро дар бар мегирад, боқӣ мондааст. Тамоми амалҳои манъшуда вобаста ба русуми таваллуди кӯдак дар мардуми куҳистон асосан хусусияти табобатӣ ва динӣ-сеҳргароиро дар худ таҷассум мекарданд ва бо ҳамдигар алоқаи зич доштанд.
Вобаста ба мазмуну иҷроиши амалҳои табу, ки дар забони шуғнонӣ бо ифодаҳои забонӣ баён мешаванд, дар мақолаи мазкур чунин гуруҳбандӣ гардиданд:
- ифодаҳое, ки амалҳои гуногуни манъшударо нисбат ба зани ҳомиладор мефаҳмонанд ва анҷом додани онҳо боиси зарар овардани қувваҳои бадӣ ба тифли дар батнбуда ё ба саломатии худи зани ҳомиладор оварда мерасонанд. Ифодаҳои δujůnῨinik toqā mā-lākčīdow “зани ҳомиладорро танҳо нагузоштан”, ẋůmindi tar wêδgāl mā-sitow “дар шомгоҳон ба лаби об нарафтан’’, kāl-bisxůδ mā-naẋtīdow “сари луч набаромадан”, tarῨām na-sitow “ба азохона нарафтани зани ҳомиладор” ба таври возеҳ нишон медиҳанд, ки соҳибони забон боварӣ бар он доранд, ки амалҳои дар онҳо инъикосшуда дар сурати риоя нашудан боиси ба зани ҳомиладор офат расидан ва дар бисёр мавридҳо ба фавтидани кўдакаш оварда мерасонад. Дар сурати шикастани табу тибқи боварии мардум агар тифл дар батни модар зинда монад ва инкишоф ёбад, бо ягон нуқси ҷисмонӣ ё руҳӣ таваллуд мешавад. Ифодаи δujůn Ῠinik yo zečā toqā mā-lākčīdow “зани ҳомиладор ё навзоидаро танҳо нагузоштан” бештар бо яке аз қувваҳои бадӣ алмастӣ, ки душмани доимии зани ҳомиладор ё навзоида аст, вобаста мебошад.
Муҳаққиқони маъруф аз қабилиА.Н. Троицкая, Е.М. Пещерева, М.С.Андреев ва дигарон ҳам ба ин ишора кардаанд, ки алмастӣ мудомулвақт аз пайи сайди зани ҳомиладор ё навзоида аст. Дар бобати хусумати almastи нисбат ба zečā “зани нав таваллудкарда” муҳаққиқ М.С. Андреев чунин навиштааст, ки «тибқи ривояти мардумӣ, дар замонҳои қадим яке аз занон баъди шустани косаву табақ мағзобаро берун аз остонаи дар партофтаст. Ин ба он вақт рост омадааст, ки almastи кӯдак таваллуд карда, ӯро дар остонаи дар гузоштааст ва мағзобаи гарми партофта кӯдаки алмасти–ро сӯзондааст. Аз ҳамин сабаб алмастӣ доим дар қасдгирии инсон, бахусус занони нав таваллудкарда мебошад» [1.C.53]. Баръакси ин ифодаҳои růӡ-ti ẋīn šūδ ribīdow “дар равзани хона хор гузоштан”, piδīn-ti mêx juktow “дар остонаи дар мех кӯбидан”, buč-kaγīj-ard vorj lajům weδdow “дар чӯби байни ду сутуни хонаи Помирӣ лаҷоми аспро овехтан” маънои муҳофизатиро нисбат ба ҳар гуна руҳҳои бадхоҳ ифода мекунанд. Муҳаққиқи маъруф И.И.Зарубин қайд кардааст, ки лаҷоми аспро дар хона то 7 рӯз нигоҳ медоштанд, чунки ин рӯзҳо махсусан барои зану кӯдакаш хавфнок ба шумор мерафтанд. Дар мардуми Рӯшон се рӯзи аввали баъди таваллуд дар бари зани нав таваллудкарда камарбанди шикорӣ ва китоби дуоҳоро гузоштаанд [3. С. 363]. Stiraxm weδdow “дуд кардани алафи хушбӯй” ҳар шом ва yoc na-wizidow “хомӯш накардани алови хона” дар муддати ҳафт рӯзи баъди таваллуд амалҳои муҳофизатӣ ба шумор рафта, маънои аз офат нигоҳ доштани нав таваллудкарда ва тифлашро ифода мекунанд.
Ифодаҳое, ки амалҳои гуногуни вобаста ба саломатии зану кӯдак дар давраи ҳомиладорӣ ва баъди таваллудро мефаҳмонанд ва дар мардуми Шуғнон мамнуъ ҳисоб мешаванд: ифодаҳои δujůn γinik-ta na-woft “зани ҳомиладор бояд набофад”, na-ancīvd “надӯзад”, čīd garginůẋā na-nêγdow “гирдогирди хона нагаштан” амалҳоеро инъикос мекунанд, ки ҳам дар давраи ҳомиладорӣ ва ҳам баъди таваллуд кардан барои саломатии зану кӯдак зарар мерасонанд, бинобар ҳамин барои зани ҳомиладор ва нав таваллудкарда табу мебошанд. Nof zarwin sitow “печидани нофи кӯдак дар гарданаш”-ро тоҷикони Помир ва халқиятҳои дигари дунё низ аз ҳамин амалҳо вобаста медонанд ва дар дигар халқиятҳо низ ин амалҳо барои зани ҳомиладор табу ҳисоб мешаванд. Инро дар мисоли халқиятҳои қирғизу тотор ва халқиятҳои Аврупо нишон додан бамаврид аст [5, 327; 6, 73]. Дар мавриди аввал, яъне дар давраи ҳомиладорӣ аз он парҳез мекунанд, ки нофи кўдак дар гарданаш печида таваллуд кардан душвор мегардад ва ҳатто метавонад кӯдакро ҳангоми таваллуд ба ҳалокат расонад. Ду ифодаи аввал, яъне бо риштаву сȳзан сарукор доштан, то баромадани зани нав таваллудкарда аз чилрӯзагӣ барои саломатии ӯ зарар дорад. Маънои ифодаи γinik-idi xu zeč-gindi wīft-at ancūvd-i, yā-ta yi umr-i arqa-dārδ-in sůd “зане, ки дар давраи аввали баъди таваллуд кардан ба бофтану дӯхтан машғул шавад, вай як умр миёндард мешавад” манъ будани ин амалҳоро мефаҳмонад. Ифодаҳои δujůn γinik-ard wazmin mā-sentow “чизи вазминро набардоштани зани ҳомиладор”, wazmin kor mā-čīdow “кори вазнинро накардан” маънои афтидани кӯдакро медиҳанд, ки дар забони шуғнонӣ он бо ибораи az důmān čīdow “аз доман кардан” ё kůdak wêẋtow“афтидани кӯдак” баён карда мешавад;
ифодаҳое, ки амалҳои манъшударо вобаста ба синамаконии зани нав таваллудкарда мефаҳмонанд: ифодаҳои мазкур аз қабили tar zečā xez xoli na-dedow “ба назди зани навзоида бо дасти холӣ надаромадан”, zečā tar δār mā-čīẋtow “нигоҳ накардани зани нав таваллудкарда ба дурӣ” дар мардуми Шуғнон ҳамчун як намуди табу, ки шикастани он аз як тараф агар ба саломатии зани нав таваллудкарда оварда мерасонад, яъне зани нав таваллудкарда ба дарди сина ‘biš-dārδ’ ё ба истилоҳи тиб «мастит» дучор мегардад, аз тарафи дигар боиси кам гардидан ё гум шудани шири нав таваллудкарда мегардад. Барои пешгирӣ аз ин ҳолатҳо ба зани нав таваллудкарда ҳатман ягон хӯрданӣ дароз мекарданд ва зан аз он тановул мекард. Ҳатто дар забони шуғнонӣ ифодаи zečā xu ziv-ti i-čīz δīd wām biš-and mā-δed “навзоида ҳатман ягон хȳрдани (-и овардагиро)-ро бояд чашад, то ки синаҳояш дардманд нашаванд”, роиҷ ҳаст ва онро ҳар як зани нав таваллудкарда риоя мекунад; ифодаҳои вобаста ба ғизои зани ҳомиладор ва навзоида мамнуъбуда. Дар забони шуғнонӣ як қатор ифодаҳо роиҷанд, ки мамнуъ будани баъзе ғизоҳо барои зани ҳомиладор ва давраи чил рӯзи аввали баъди таваллудро мефаҳмонанд. Масалан, δujůn γinik-ard ar čīz-aϑ xīdow mumkin nist “барои зани ҳомиладор ҳар чиз (хȳрок)-ро хӯрдан мумкин нест” дар умум нишон дадани ғизоҳои манъшударо барои зани ҳомиладор ва навзоида мефаҳмонад. Муҳаққиқон ба он ишора кардаанд, ки дар вақти ҳомиладорӣ аз кадом намуди ғизоҳо тановул кардан барои зани ҳомиладор ва нав таваллудкарда манъ шудааст. Барои зани ҳомиладор аз гӯшт ё равғани як қатор ҳайвоноту паррандагон истифода кардан манъ мебошад. Ин табуҳоро муҳаққиқ З. Юсуфбекова чунин шарҳ додааст: «Барои зани ҳомиладор истеъмол кардани гӯшти нахчир, паррандаҳои соҳибчангол, уштур ва моҳӣ мумкин нест. Сабаб дар он аст, ки тифл ба монанди нахчир ва паррандаҳои соҳибчангол ҷангара, ба монанди моҳӣ даҳонкалон ба дунё меояд. Аз истеъмоли гӯшти уштур бошад, ҳомиладории зан тӯлонӣ мешавад ва аз 9 моҳ то ба 12 моҳ тӯл мекашад» [10, 70]. Сабаби дигари аз гӯшт ё равғани буз (naxčīr-and, vizneč-and) ба ақидаи мардуми куҳистони Помир дар хусусияти ҷодуӣ доштани он аст. Чунин мепиндоштанд, ки қувваҳои бадӣ худро одатан дар шакли буз нишон медиҳанд аз ҳамин ҷиҳат нисбат ба истифодаи ғизо аз гӯшти ин ҳайвон боэҳтиёт мебошанд [10, 67]. Яке аз ҳамсуҳбатамон Мамадпаноева Назархотун (с.т. 1940, истиқоматкунандаи ш. Хоруғ) иброз дошт, ки дар хонае, ки зани ҳомиладор ё нав таваллудкарда буд, ҳатто даровардани гӯшти бузи куҳӣ (naxčīr)-ро мамнуъ мешумориданд, чунки деву ҷин метавонистанд бо ин гӯшт ба хона ворид шуда, зиёни худро расонанд zalūlmand γinik di xůnan-di vad, naxčīr-and-en taram ačaϑ na-weδd;
ифодаҳои вобаста ба амалҳои гуногуни нисбат ба кӯдак мамнуъро мефаҳмонанд ва дар мардуми Шуғнон хеле зиёданд. Дар тамоми мардуми дунё кӯдакро ба фаришта шабоҳат медиҳанд, чунки вай ба монанди фаришта поку бегуноҳ аст. Қувваҳои бадӣ, аз қабили деву парӣ доим мехоҳанд ба кӯдаки навзод осеб расонанд. Вобаста ба ин бисёр амалҳое роиҷ ҳастанд, ки иҷро кардани онҳо хусусан дар давраи чилрӯзагӣ, ё чил рӯзи баъди таваллуд мумкин нест. Бояд гуфт, ки анҷом додани амалҳои гуногун на танҳо баҳри аз қувваҳои бадӣ эмин нигоҳ доштани кӯдак мамнуъ ҳисоб мешаванд, балки барои аз одамони руҳан нопоку аз чашми бади онҳо ҳифз кардани тифлони навзод низ роиҷ буданд. Ифодаи kūdak toqā na-lākčīdow “тифли навзодро танҳо нагузоштан” дар забони шуғнонӣ чунин боварии мардумиро инъикос мекунад, ки деву ҷин дар ин ҳангом метавонанд онро бо кӯдаки худашон иваз кунанд. Дар забони шуғнонӣ чунин кӯдаки ивазшуда бо калимаи wiẋtak-bidāl маъмул аст. Муҳаққиқ Броимшоева М. дар бобати тифли ивазшуда “wiẋtak-bidāl’” навиштааст, ки ин қабил кӯдакон ноқисулақл ба воя мерасанд ва онҳо қиёфаи ба ҳам монанд доранд [2, 69]. Барои ҳамин дар таги сари тифл ягон ашёи оҳанӣ, аз ҷумла корд, пораи нон ё растании бадбӯй, ки дар забони шуғнонӣ бо номи rov маъмул аст, мегузоранд, ки ҳамчун муҳофиз ё ба истилоҳи забони шуғнонӣ ẋoj-bůn дониста мешаванд. Дар бобати баъзе олоти муҳофизӣ муҳаққиқон шарҳу тавзеҳи гуногун доранд. Фрезер Ҷ. шаклҳои гуногуни табуро таҳлил карда навиштааст, ки бадбинии руҳҳои бадӣ нисбат ба оҳан ва олотҳои оҳанӣ чунон зиёд аст, ки онҳо ҳатто ҷуръат намекунанд ба ашёи оҳанӣ наздик шаванд [9,69]. Пас чунин ашёҳоро барои рондани ҳар гуна қувваҳои бадӣ ва ҳамчун муҳофизи кӯдаки навзод истифода кардан хеле муфид аст. Муҳаққиқи дигар Г.П. Снесарев роҷеъ ба баъзе ашёҳои муҳофизатӣ аз қабили пиёз, сирпиёз ва қаламфур дар бораи тасаввуроти дутарафаи муҳофизӣ доштани онҳо навиштааст: «дар қатори муътақид будани он, ки қувваҳои бадӣ аз ин ашёҳо тарс доранд, чунин таъбир ҳам вуҷуд дорад, ки худи ин ашёҳо (бахусус бӯйи онҳо) ба доираи руҳҳои бадхоҳ тааллуқ доранд. Ва дар ҳолате ки ин руҳҳо бӯйи ин ашёҳоро ҳис мекунанд, ба он ҷо наздик намешаванд. Чунки фикр мекунанд, ки дар ин ҷо ба ғайр аз ҳамҷинсонашон дигар махлуқе нест» [7, 40].
Аз рӯи таҳлили воҳидҳои забонӣ ба чунин хулоса омадем, ки ибораҳои ифодакунандаи ҳар як амали анҷом дода ё мамнуъ барои иҷрои амале, ки марбут ба русуми ин се марҳила, яъне аз давраи дар батни модар пайдо шудани тифл (qād-and δêdow), марҳилаи ҳомиладорӣ, дар ҷараёни таваллуд (ziryot vīd) ва баъди таваллуд (zeč-gi) ибораҳои инъикоскунандаи табуҳомебошанд. Ин русумҳои гуногун ҳам дар шакли табу ва ҳам дар шакли ҳидоят амал мекарданд. Дар мақолаамон танҳо дар бораи чанде аз ин амалҳои муҳими манъшударо бо ифодаҳои забонӣ таҳлилу баррасӣ кардем ва онҳоро ба гуруҳҳои алоҳида тақсимбандӣ намудем. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳар як амалу одат, ки дар мардуми Помир, аз ҷумла мардуми Шуғнону Рӯшон табу ба ҳисоб меравад, қисме агар баҳри аз қувваҳои бадӣ нигоҳ доштани зану кӯдак равона шуда бошанд, дигарашон барои ҳифзи саломатии онҳо роиҷ гардидаанд. Шояд аз сабаби дастрасӣ надоштан ба соҳаи тиб гузаштагони мо бо роҳи боварию ҳидоятҳои динию сеҳрона зани нав таваллудкарда ва кȳдакашро аз хатарҳо ва офат эмин нигоҳ медоштанд.
Китобнома:
- Андреев, М. С. Таджики долины Хуф (Верховья Аму-Дарьи) Вып 1 / М.С.Андреев. - Сталинабад: Из-во Академии наук Таджикской ССР, 1953. –522 с.
- Броимшоева, М. Қ. Боварҳо ва таъбирҳо дар забонҳои шуғнонӣ-рӯшонӣ: таҳлили этнолингвистӣ / М.Қ. Броимшоева. - Душанбе: Дониш, 2012. – 191 с.
- Зарубин, И. И. Рождение шугнанского ребёнка и его первые шаги / И.И. Зарубин. – Ташкент, 1927. - 556 с.
- Карамшоев, Д. Шугнанско – русский словарь. Т. 3. / Д. Карамшоев. – М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 1999. - 567 c.
- Рождение ребенка в обычаях и обрядах. Страны Европы / под редакции Н.Н. Грацианской, А.Н. Кожановского. - М.: Наука, 1999. – 518 с.
- Сапалова, Д.У. Традиционная родильная обрядность якутов и киргизов / Д. Сапалов // Ойкумена. 2010. - № 2. – С. 72-77.
- Снесарев, Г.П. Реликты до мусульманских верований и обрядов узбеков Хорезма / Г.П. Снесарев. – М.: Наука, 1969. – 336 с.
- Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ.1. / Фарҳанги забони тоҷикӣ. – Душанбе, 2008. – 950 с.
- Фрезер,. Дж. Золотая ветвь. Выпуск 2. / Дж. Фрэзер. - М.: Политиздат, 1980. – 285 с.
- Юсуфбекова, З. Семья и семейный быт шугнанцев конец ХIX – начало XX века / З.Юсуфбекова. – М.: Институт этнологии и антропологии РАН, 2015. – 220 c.
Назаршоева Чилла - мудири шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
https://babylux.by/stati/kogda-rebenok-nachinaet-sidet.html
Муфассал ...- Панҷшанбе, 18 Май 2023
Осорхонаҳо кошонаҳои муқаддасанд! (бахшида ба рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо).
Осорхонаҳо кошонаҳои муқаддасанд! (бахшида ба рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо).
Қаблан тамоми кормандони собиқ ва кунунии осорхонаҳои Тоҷикистонро бо рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо табрику таҳният мегӯям ва барои ҳар яки онҳо тансиҳатӣ, рӯзгори хушу обод, хонаободӣ, фазои сулҳу салоҳ ва хушбахтии ҳамарӯзаро таманно дорам.
Баъдан мехоҳам, ки ба таври хеле кӯтоҳ ёдрас аз он кунам, ки осорхонаҳо ҳамчун кошонаҳои муқаддас, посдоранда ва муаррифкунандаи фарҳанги моддию маънавии ҳар як халқу миллат ҳастанд. Бинобар ин дар бойу ғанӣ гардондани осорхонаҳо, рушду нумӯъи онҳо, тарғибу ташвиқи фарҳанги бойи ниёгон муваффақ шудан ба комёбиҳою дастовардҳои нав ба нав, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Хушбахтона, дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Ҷаноби олӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, раиси ш. Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ, раисони вилоятҳою шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони муассисаҳои алоҳида чандин осорхонаҳои нави замонавӣ бунёд ёфта, ба истифода дода шуданд. Ҳар яки ин осорхонаҳо вобаста ба сохтор, вазифаю шакл дар ҳифзу эҳё, тарғибу ташвиқи фарҳанги бойу рангини халқи тоҷик саҳми худро гузошта истодаанд.
Тоҷикистон бо табиати зебою нотакрораш, бо сокинони муқимии қадимии гуногунзабону гуногунфарҳангаш, осорхонаи зиндаи таърих аст. Ҳар як ноҳияю водӣ ва ҳатто ҳар як дараю деҳаи он бо хусусиятҳои хосаш хеле ҷоллибанд. Аз ин хотир мо ҳамагон бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки вобаста ба хусусиятҳои хоси ҷуғрофӣ, таърихию фарҳангӣ, дастовардҳои сиёсию, иқтисодӣ ва умуман дар тамоми самтҳо дар шаклҳои гуногун осорхонаҳо ташкил кунем. Осорхона таъриху фарҳангӣ гузашта, дастовардҳои ҳар як халқу миллат, вилояту ноҳия ва ҳатто ҳар як муассисаю идора ва ё як соҳаро муаррифӣ мекунад. Бинобар ин ба фикрам агар дар Тоҷикистон ҳар қадар ба осорхонашиносӣ ва рушди осорхонаҳо диққати ҷиддӣ диҳем, ҳамон қадар барои ҷаҳониён бештару хубтар ва ҷоллибтар ҳамчун як халқи бофарҳангу тамаддунофар рӯйнамо хоҳем гашт.
Шоинбеков А. А. Мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ.
Муфассал ...