wrapper

Мақолаҳо

ХУРОФОТ ҶУЗЪИ ЗИНДАГӢ ВА Ё ОФАТИ ОН АСТ?

ИМОМНАЗАР ҲАҚНАЗАР – ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ

ХУРОФОТ ҶУЗЪИ ЗИНДАГӢ ВА Ё ОФАТИ ОН АСТ?

Назари сотсиологӣ ба моҳият, сабабҳо ва мондагории хурофот дар ҷомеаи мудерни тоҷикистонӣ

ТАЪРИФИ ХУРОФОТ ВА МАФҲУМҲОИ БА ОН ПАЙВАНД

   Дар мавриди ҷаҳонбиниҳои иррратсионалӣ, хурофотӣ тадқиқотҳо фаровон анҷом шудаанд, вале мо аз зовияи сотсиология, кӯшиданием, ки ба хирмани бузургони дар ин маврид анбошта, як хӯшаякеро афзоем.

   Хурофот (ҷамъи арабии “хурофа”) яъне эътиқоди ғайримантиқӣ ва собитнашудаест, ки дар асари ҷойивазкунии ғалати мафҳумҳои табиат бо мовари табиат ва акси он пайдо мешавад. Бовару эътиқодоти аҷибу ғариб ва ғайри воқеӣ, берун аз мабнои ақл, мантиқ, илм, воқеият, ҳатто дин, ки аксаран дар эътиқодмандони авом ривоҷ доранд, “хурофа”( “хурофот”) номида мешавад. “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, “хурофот”-ро сафсата, гапи бемаънӣ, ақида ва фикри мавҳуми беасос” тафсир мекунад [15].

   Хурофот ва андешаву амалҳои марбут ба он (таассубварзии ифротӣ, офоти иҷтимоӣ ва ғайра ), дар ҳар яке аз ҷомеаҳои башарӣ, вобаста ба сатҳи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ва дар робита ба онҳо, решаҳои хоси худро дошта, дар тӯли таърих, ба ҳар шаклу тарзи ба замонҳо “мутобиқшуда” боқӣ мондаанд.

   Дар қадим, одамон дар баробари ҳаводиси ваҳшатзою даҳшатовари табиат (заминларза, хушксолӣ, вабо в ғайра), барои пайдо кардани як навъ оромиши “равонӣ”, онҳоро ба асоси эътиқодоти худ таъбиру тафсир мекарданд. Ба ин ҳодисаҳо “хусусиятҳои инсонӣ”медоданд, ки гӯё дорои “ҳис, дарк, ҳуш ва қаҳру ғазаб мебошанд, яъне онҳоро “шахсиятсозӣ, шахсиятпардозӣ” (“персонификасия”, “personification”), мекарданд ва пас динҳои ниҳодинашуда, барои манфиатҳо, онҳоро ба рушди фарогир расонданд. Ҳамин тавр, манбаи асосии хурофот, ин моварои табиатро ба воситаи назму қонунҳои табиат шарҳ додан ва аз тарафи дигар, қонунҳои воқеии табиатро ҳам бо мафҳумҳои мовароӣ таъбир кардан мебошад, яъне ҳардуи ин мафҳумро иштибоҳан ва ба тавр ифротӣ ҷойгузини ҳам кардан аст[1], ки моҳияти афйкори хурофотӣ мебошад.

   Бо таърифи фалсафӣ, “хурофот таваҷўҳ ба воқеияти замон бар асоси ривоят, ё хаёлоти равонӣ, бидуни таҷриба буда, зеҳни инсон аз ҳар як падида метавонад, бардоштҳои нодуруст дошта бошад”, ки ба таърифи илмӣ наздиктар аст. Иддае аз файласуфон, дарки оламро “махсуси ҳар кас” меҳисобанд.

   Шарҳи илмии хурофот мушаххастар  аст, яъне“ҳар чизе бо илм созгор набошад ва бо илм бархўрд (мухолифати комил) дорад ва илм онро дар таҷрибаҳо собит карда наметавонад, хурофот аст”.

   Поягузори сотсиология муосир Огоюст Конт (1798- 1857), хурофотро “яке аз мароҳили рушди зеҳнӣ, ки аз назари сатҳӣ, аз маҷмўи фаҳму амалҳои ақлонӣ поёнтар аст ва он дар зинаи аввали протсесси тафаккурронӣ қарор дорад”, таъриф кардааст.

   Дар адабиёти илмии русӣ ҳам таърифҳои зиёд дучор меоянд, ки ба назари мо, дутои зерин нисбатан дақиқтар мебошанд; ба ақидаи таҳлилгари масъала, олим, нависандаи украинӣ Почепцов Г.Г., “Хурофот кӯшиш мекунад, ки воқеиятро ба ягон маъное тобеъ созад”. Сотсиологи рус Степанов А.М., менависад, ки“хурофот ин хоҳиши маънӣ бахшидан ба чизест, ки аслан маъное надорад”[14].

   Дар ҷомеаҳои мухталиф, аз ҷумла, ҷомеаи тоҷикистонӣ, хурофот бештар дар шаклҳои зерин мавқеъ дорад:

  1. Хурофоти “инфиродӣ”, боварҳои мухталифи беасосе, ки фардҳо, ё ақаллиятҳои хоси як ҷомеа ба онҳо пойбанданд ва бинобар бар “фардӣ” буданашон то ҳадде “безарар” ҳам ҳисобида мешавад.
  2. Хурофаҳои ҷамъӣ, умумӣ, ақидаву боварҳо ва эҳсосоти ғайримантиқӣ, ғайри ақлонӣ ва эҳсосоти ирратсионалии вобаста ба онҳо мебошанд, ки аслан аз ҷониби ходимони гуногунсатҳи динӣ, ё ҳизбу созмонҳои иртиҷоӣ ҳадафмандона пароканда мешаванд. Хурофоти ҷамъӣ монеаи рушди ҳар ҷомеа буда, ҳамчунон ба маротиб хатарноктарнд, зеро ба таассуби ҷамъӣ табдил ёфта, иддаи одамони осебпазир (диндорони оммиёна, ашхоси дорои мушкилоти равонӣ, ҷавонони ноогоҳ ва ғ.а)- ро ба шакли зомби (zombie),ё “биоробот” расонда, ба қурбониҳо, ба амалҳои ифротӣ,терроистӣ(худкушӣ, худ тарконӣ, худсӯзӣ, инфиҷору тахриби ҷамъӣ ва ғайра) такон медиҳанд.
  3. Хурофоти “сиёсӣ”, ки алҳол дар ҷомеаҳои мудерн, ҳамчун зодаи динҳои “сиёсӣ” бештар ба назар мерасанд, аз тарафи гурӯҳҳои мухталифи ифротӣ, аҳзобу ҳаракатҳои сиёсӣ, сиёсатмадорон ва дасисагарони сиёсӣ, барои дастрасӣ ба ҳадафҳои худ, шиорҳои динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ ва миллии авомфиребонаро пароканда мекунанд ва бо ваъдаҳои ғайримантиқӣ иддаеро барои замоне ва ҳадафҳои сиёсиашон мутаассибу ифротӣ сохта, ба натиҷае ҳам мерасанд[3]. Инқилоби исломии Ирон (1979), ғасби ҳукумат дар Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи террористии толибон (2022), таҳаввулоти бо оқибатҳои норавшан дар Сурия (2023), ҳамчунон кӯшиши номуваффақонаи ғасби ҳокимият дар Тоҷикистон (с. 2015), аз ҷониби ҲНИТ ва кишварҳои дигар, намунаҳои равшан, вале бо оқибатҳои норавшани навъи хурофотҳои сиёсӣ-динӣ мебошанд.

Омилҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии хурофот ва тааассуботи вобаста ба он.

   Заминаи асосиии хурофот зеҳни худогоҳ ва нохудогоҳи инсонҳо мебошад, ки аз замонҳои хеле қадим, ҳамчун дарку тафсири хоси муҳити атроф, табиат ташаккул ёфта ва то сатҳе дар идома ҳам мебошад. Хурофот натиҷаи бевоситаи қувваи хайёли одамон аст, ки дар инсонҳои камогоҳтар, ба сатҳҳои гуногуни тахайюл (фантазия) расида, дар маҷмӯъ ба ақл, илм, мантиқ ва воқеияти ҷаҳон созгорӣ надорад [1].

    Аммо савол аст, ки чаро дар иддаи ҷомеаҳои ҷаҳони ба таври  бодмонанд пешраванда, хурофот ҳамоно мондагор боқӣ мондааст? Дар посухи кутоҳ, ин баёнгари “буъди (қисми) равонӣ”-и инсонҳо мебошад, ба ибораи дигар, инсон ниёзҳои равонӣ ҳам дорад, ки онро бо ҳамон қуваи бе маҳдудияти хаёли худ, қонеъ месозанд, зеро инсон бино бар табиаташ наметавонанд, “комилан” позитивист, ё материалист бошад.

   Як сабаби дигари пойдории хурофот ин дар ҳаёти ҷомеа, нақшу вазифаи иҷтимоӣ доштани он аст, ки ба як навъ ҳамбастагии  иҷтимоии одамон мусоидат мекунад.

   Таври мисол, ҷукҳо (латифаҳо) дашному ҳақорат, зарбулмасалҳо, ривоятҳо ва қисме аз идеологияҳо ва ғайраро касе қасдан намесозад, балки онҳо барои ниёзҳои равонии ҷомеа, менталитети он ва иҷрои ҳамон функсияи иҷтимоӣ, пайдо шуда, қисми зиёди онҳо пойдор ҳам мемонанд. Масалан, дашномҳо, барои таодули равонӣ, як навъ нақши равонӣ, иҷтимоӣ (“дил холӣ кунанда”) доранд.

   Аммо масъалаи асосӣ, ҳадду сатҳи корбурди қуввваи хаёл (фантазия)-и инсонҳо, ва таносуби он бо воқеият, ақл, илм (ба маънои илми таҷрибӣ, ки дар ҷаҳон ба унвони “science” ва на илме (калом), ки дар фарҳанги исломӣ дар назар дошта мешавад Ҳ.И.)дар ҳаёти фардӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

   Бояд зикр шавад, ки суистифодаи таварумӣ аз қуваи хаёл дар динҳо, эътиқодот, бештар аз ҳамаи дигар соҳаҳо дида мешавад. Зеро пояи асосии эътиқодоти динӣ ба ҷаҳонҳои “дигар”-и ғайбӣ, мовароӣ, ба ҷаҳонҳои хаёл, “рӯҳ”/ӣ ва фантазия сару кор доранд, ки онҳо танҳо ба таври хос, тариқи эҳсосоту ҳолати равонӣ, шарҳ дода мешавад. 

   Дар ибтидо ва дар ҷомеаҳои ба тадриҷ такмилёфта, хурофот ҳамчун абзори мубориза байни табақаҳо, ҷиҳати дастёбӣ ба манобеи табиӣ, неъматҳои моддӣ ба кор гирифта шуда буд. Сардорону сарварон, пешвоёни ин ё он ақида, худро ҳамчун “хосон, баргузидагони қувваҳои фарозаминӣ”, ё “фарқкунанда” аз одамони оддӣ муаррифӣ мекарданд ва сабаби ғолибияти худро бар табақаҳои дигар маҳз “бо худ ҳамтараф будани қувваҳои фарозаминӣ” нишон медоданд, то дигарон аз онҳо бе чуну чаро тобеъият кунанд. Дар тӯли замон, ҳамин навъи боварҳо (хурофот) аз тарафи табақаи ҳоким (чӣ дар қудрати давлатӣ, чӣ динӣ ва чӣ дар мафкураи одамон), бо тағйири шакл, густурдатар шуданд, ки яке аз заминаҳои иҷтимоии муҳими дигари хурофасозии манфиатовар ба шумор меравад [7]. Ҳамчунон дар масири таърих, қудратҳо, сиёсатҳо, салтанатҳо хусусан, адён бо идеологияҳои худ, аз эътиқодоти мардум  барои равнақи бештари манофеашон, хурофотро ҳамчун абзори мафкуравӣ истифода карда, бо тамоми воситаҳои дастрас инсонҳоро аз огоҳиҳои марбут ба асрори ҷаҳон, табиат ва воқеиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, илму донишҳо дар фосила нигоҳ медоштанд, ки моҳияти онро равшантар месозад [3].

   Тавре ишора гардид, тахайюли инсон дар ҷаҳони мовароӣ, яъне динӣ ба маротиб фаъолтар аст, аз ин рӯ, сарчашмаи асосии хурофот, низ эътиқодот ва мушаххасан, хурофоти динҳои ниҳодинашуда, созмон ёфта  (ба анг. Organzed religions) мебошанд. Бино бар ин, ба хотири равшантар дидани решаҳои хурофот, тафкики алҳол ҷо гирифтаи диндорӣ дар байни диндорони тамоми адён, аз нигоҳи файласуфи навандеши исломӣ, дуктур Абдулкарим Суруш манзур мегардад; диндорӣ дар умум ва дар ҳама адён се навъ аст: 1. “маишатӣ, ё омиёна”, ки дар адён, аксари он то 90 % -и пайравон мерасад. 2. Диндории “маърифатандеш, ё олимона”, ки тахминан 8-10 % диндоронро ташкил медиҳад ва 3. Диндории “таҷрибатандеш, ё орифона”, ки танҳо як фоизи диндорони орифро ташкил дода, дар замони муосир тақрибан ба назар намерасад [1].

   Ин тақсимбандӣ ҳамчунон тасдиқ мекунад, ки аксари (90%) қурбониҳои хурофоту таассуботро дар ҳамаи адён, диндорони омиёна ташкил медиҳанданд, ки ду сабаби асосии он ҳам, ҳамон тарс ва ҷаҳолат мебошанд.

   Зарур ба таъкид аст, ки дар умум, навъи диндорӣ, эътиқодот, ба шумули хурофоту тааассуби аз он манбаъ гиранда, як амри “ҷабрӣ” аст. Яъне одам дар кишваре, “бе ихтиёр” и худ таваллуд мешавад, муҳити фарҳангӣ, динӣ ва хурофотии онро ба таври ирсӣ ба мерос мебарад. Ба ҳамин ҷиҳат ҳам, диндорони омммиёна, яъне “ғайриихтиёрӣ”, дар ҳама адён, аксари кулли пайравонашон (беш аз 90% )/ро низ ташкил медиҳанд. 

   Аммо нуктаи таъкид он аст, ки аксари кулли диндорони “маишатандеш”, ё диндорони омиёна, барои дарёфти огоҳӣ ва маълумоти воқеӣ (ки он худ ба худ, ба таври содда ҳам ба даст намеоянд),  умуман чизро зери савол намебаранд ва аз ҳама чиз қонеъанд, яъне талоше намекунанд. Аз он тараф ҳам, тахайюлу тасаввуроти хаёлӣ (хурофотӣ) -ашонро, ки аз ҷониби ҳамон фақеҳону ходимони дин ба шакли “мафкураи хоси шинохти ҷаҳон” шакл дода мешавад, бар дастовардҳои илмӣ, таҷрибаҳои истидлолӣ ва воқеият бартар медонанд, ки ба решаи равонӣ доштани моҳияти он таъкид мекунад. Зеро ҷаҳонҳои мовароӣ, ғайбӣ, ҳамчунон таълимотҳои динӣ, ба қувваи хайёл (“дунёи мовароӣ, ғайбӣ”) поягузорӣ шуда, барои тамоми пурсишҳои бузург (ба мисли хилқат, охират, Худо, шайтон, малоик ва ғайра) ҳам ҷавобҳои содда, вале мутлақ пешниҳод мекунад. Ба ҳамин тариқ,  барои инсон, ба ҳамин соддагӣ оромии равониро ҳам “фароҳам мекунанд”, ки зеҳнияти содда, камогоҳ ва тобеъву қонеъ низ онро боз ба ҳамон соддагӣ, чун ҳақиқати “мутлақ” мепазирад [6].

   Бо истифода аз ин вазъ, гурӯҳҳои судҷӯ ва ҳоким (ки ҳамеша дар саҳнаанд), ба хусус, ходимону арбобони гуногунсатҳи динӣ, бо суистифода аз чунин зеҳният, оммаро аз роҳҳои тарсу таваҳум дар тобеияти доимии “донишҳову робитаҳои ғайбии худ”, яъне хурофаасос нигоҳ дошта, “сиёсатҳои” худро пеш мебаранд. Аз бовару хаёлоти мардум ниҳодҳои дастаҷамъӣ ҳам месозанд (ки як намуди он зиёратгоҳҳо, ибодатгоҳҳои сатҳи мухталиф, мазорҳои бешумор ва ғайра мебошанд), ки аслан хурофотро дар зиндагии рӯзмара ба як “расмиёт”и иҷтимоӣ-фарҳангии манфиатовар табдил медиҳанд. Роҳбарон ва мубалиғони адён одамонро водор месозанд, ки бояд барои ҳама гуна маросимҳои суннатӣ, ҳатман ба онҳо муроҷиат кунанд, дар ҳоле, ки “ҳар инсон бо Худо (и худ) робитаи мустақим” дорад.

   Пӯшида нест, ки “сиёсатҳо”и хурофасозӣ, вале манфиатгаро, тариқи қиссапардозиҳо, ривоятсозиҳо, мафкурасозиҳои динӣ, дар сарзаминҳои исломии асри миёнагӣ, доираи улуми табиию риёзӣ, фалсафиро тадриҷан танг карда, пас аз қарни понздаҳи мелодӣ илм (ба хусус, илми таҷрибӣ)- ро аввал ба радифи поёнӣ (“музир” барои имон, хилофи илми калом, илоҳиёт тафсир карда), ниҳоят ба рукуд расонданд. Ходимону фақеҳони динӣ дар густариши хурофа, таассубот чунон муваффақ ҳам шуданд, ки дар баробари онон қарор гирифтан хатари воқеӣ дошт. Яъне агар касе кунҷковӣ, ё шубҳаеро ифшо мекард, бо часпонданаи тамғаҳои марговар, чун шакку илҳод ва куфр ба хашми нухбагону “доноёни тақаллубӣ”, ки тамоми “донишашон” аз хурофот иборат буд, нобуд мешуданд [3].

   Тавре аз таҳлилҳои мазкур бармеояд, хурофот (-и динӣ) дар ҳама давру замон ва дар умум, монеи асосии рушди илм, дониш ва ақлонияти инсоният ва мутаносибан ҷомеаҳо будааст, ки дар он талоши ходимону арбобони динӣ нақши асосӣ бозида, асари мондагори он ҳам дар ҷомеаҳои исломӣ шадидтар ба назар мерасад. Ҳарчанд бузургони мероси фарҳангии мо, ба мисли Мавлоно, Ҳофиз, Сино, Ҷомӣ ва дигарон дар ин робита таъкидҳои бедоркунанда ҳам доштанд[5], ки Иқболи Лоҳурӣ, онро дақиқ ҷамъбандӣ кардааст;

   Одамӣ аз бебасарӣ бандагии одам кард,

   Ман надидам, ки саге пеши саге сар хам кард...

   Яке аз заминаҳои дигари хурофасозиҳо, эъҷоди ҳар гуна мавҷудоти маръӣ (дида нашаванда), бо истифодаи аз неруи хайёл, ба амсоли деву ҷин, ҳайулои дигар, бо додани ному сифатҳо, дар зеҳни инсонҳо “зинда” кардани онҳо, яъне “шахсиятсозӣ”(персонификатсия) карданашон мебошад. Ба ҳамин тариқ, одамон ҳар чизеро, ё бутеро ва ё ҳатто Худои “худро” дар ҳамон зеҳну хайёл месозанд ва ба он саҷда мекунанд.

   Дар адабиёти классикии мо мисолҳои фаровони “шахсиятсозӣ” мавҷуданд, ба мисли “гул ба булбул гуфт”, “душ девона шудам ишқ маро диду бигуфт...” ва ё махлуқе ба номи шайтон “як касест” ва ғайра. Дар ҳоле, ки ҳамаи ин “махлуқот”, ба шумули шайтон сохтаву пардохтаи тахайюли инсон, яъне ҳамон “шахсиятсозӣ”, “персонификасия” мебошад, ки манбаи фавворазанандаи хурофот ҳам боқӣ мемонад. Мисол, агар Худо шайтонро танҳо барои гумроҳ кардани одамон, “гунаҳкор” кардани онҳо офарида бошад, пас маънию мантиқи он ё рамзист, ё “розест берун аз дарки инсон” ва ё ҷузъ хайёл ягон мантиқу “воқеият”- и хориҷӣ (ақлонӣ) надорад. Зеро агар ҳамон “гуноҳ намебуд”, “одам ба замин намеомад”, ва “нақшаи Худо ҳам дар хилқати одам амалӣ намешуд” [1].

   Орифи сатҳи ҷаҳонӣ, Мавлоно Балхӣ-Румӣ  дар ин робита ду таъкиди хеле дақиқу омӯзанда дорад  (ҳарчанд ходимони динӣ талош мекунанд, ки осори ӯро хилофи таълимоти исломӣ “тафсир” кунанд Ҳ.И.), ки аввалӣ “як будани  нафсу шайтон”, яъне Худо инсонро бо нафси аморааш (амркунанда, ки ҳамон шайтон) офаридааст ва дигарӣ, иллати хайёлсозиҳоро дар зеҳн нишон медиҳад;

   Хештан нақши дев мекарданд,

   Пас зи бимаш ғирев (фарёд) мекарданд.

   Ба ибораи дигар, ба маҷозе (образе), ки худ дар хайёл балое, махлуқе “бо сифоти одам” меофариданд ва пас аз худи он метарсиданду он парастиш мекарданд. Дар ҳоле, ки ба исботи ин мутаффаккири нобиға (Румӣ);

   То бидонӣ к- осмонҳои самӣ(баланд ),

   Ҳаст акси мудракоти (дарк) одамӣ

 Яъне муҳити атроф танҳо инъикоси дарку хайёлоти инсонҳост, ки онро илму фалсафаи муосир ҳам тасдиқ мекунанд [5].

   Яке аз заминаҳои дигари бузургҳаҷми хурофасозӣ, нақли ривоятҳову ҳадисҳо, қиссаҳои фаровони таърихӣ-динианд, ки дар шакли китобҳои бешумор навишта шуда,“зоҳири ҳақнамо ва дилрабо”ҳам доранд. Ба иборае дилу мағзҳои зиёдеро ҳанӯз ҳам мерабоянд, ҳарчанд “Худои асилро ҳам дар хурофот “печонидаанд”. Китоби машҳури «Саҳеҳи Бухорӣ», ки саҳеҳтарин баъди Қуръон дониста мешавад, дар асоси нақлҳои шифоҳии аз даҳон ба даҳон гузашта навишта шуда, (аз 600 ҳазор ҳадиси носаҳеҳ (яъне хурофӣ Ҳ.И.), 6 ҳазор ҳадиси саҳеҳ (дуруст)-ро интихоб кардааст, ки гувоҳи ин иддао мебошад.

   Ё китоби дигаре ба номи “Баҳор-ул -анвор”, иборат аз 111 ҷилд қиссаву ривоятҳост, ки танҳо як қарн пеш онро худи фақеҳони мутассиб, ба 10 ҷилд расондаанд, аммо ҳанӯз ҳам пур аз хурофот боқӣ мондааст.

   Аз сӯи дигар, ба хурофот маҳкум кардани фарҳанги дигарон ва ҷойгузин кардани он бо хурофоти нав, дар намунаи  мероси бостонии табори ориёӣ ( форсҳову тоҷикон, ки  яке аз созандагони нахустини тамаддуни башарӣ ҳам будаанд Ҳ.И. ) аз ҷониби лашкари арабҳо, бо шиорҳои исломӣ мебошад, ки як омили дигари бозтавлиди хурофот мебошад. Дар даврони баъзе аз халифаҳои араб, барои эъҷоди монеа аз таҷлили Наврўз, онро “хурофоти боқимонда” нишон доданӣ шуда, боҷҳои иловагӣ ҳам ҷорӣ карда буданд, вале ба натиҷае нарасиданд [12].

   Таърихи башар ба такрор нишон медиҳад, ки хурофот ҳамчун беминнаттарину муассиртарин абзори сиёсӣ, ҳамеша бозтавлид мешудаст. Ҳар ҳокимият, режимҳои сиёсӣ, идеологӣ, динӣ, онро барои рақобат ва ҳато тасарруфи дигарон, бо ҳар шакл, аксаран ба зери пардаи “эҳёи фарҳанги меросӣ” истифода мебурдаанд, ки имрӯз он дар сиёсати муосири “истеъмории абарқудратон”, дар мисоли Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ (алҳол дар Афғонистон )возеҳтар дида мешавад. Яъне барои манфиатҳо фарҳанги дигаронро, ки дар асл ҷузъи зиндагии қавме, ё миллате будааст, сирф аз дидгоҳи дину фарҳанги худ доварӣ карда, онро “зараровар”, “хурофотӣ” ва ғайра маҳкум мекарданд [17], ки таърихи миллати мо, мутааассифона, онро бо таҳмили бохтанҳои азим, пушти сар кардааст.

   Ҳамин тариқ, аз назари ҷомеашиносӣ (сотсиология), омилҳои “муосир”и хурофот, новобаста аз гуногуниашон, барои тамоми ҷомеаҳо, аз ҷумла ҷомеаи тоҷикистонӣ умумиятҳои муштарак доранд[10]:

  1. Инсонҳои камогоҳ (ба хусус, диндорони оммиёна) бино бар табиати ботинӣ, қувваи хайёл ва огоҳии маҳдудашон нисбат ба табиату воқеиятҳои муҳити атроф, ба хусус илм, ҳанӯз ҳам пойбанди таваҳумот, тарсу ҳарос ва нобоварҳо боқӣ мемонанд. Дар ин ҳолат унсурҳои аслии инсонӣ, ба монанди ақл, илм, адолат ва ҳатто худи эътиқоди асил ва ғайра поин андохта шуда, дар тафаккури инсонҳо барои хурофоту тааассуб ҷой “холӣ” мешавад.
  2. Пайравии кӯр-кӯрона (яъне бидуни кӯшише дар дарки иллати ҳодисаҳо), ба ривоёту таблиғоти бе асоси арбобону ходимони гуногунсатҳи динӣ, пазириши бидуни таҳлили онҳо, яке аз заминаҳои асосии хурофот дар байни одамони камогоҳ ва пайравони дини маишатӣ (диндории оммиёна) боқӣ мондааст.
  3. Дар ҳаёти ҳамарӯза одамони “ноком”, “бадшонс”, “бадбахту маъюс” ва ё кори ба майли худашон сурат нагирифтаро бидуни ҷустуҷӯи ақлонӣ, мантиқӣ, илмӣ ва таҷрибавӣ ба омилҳои хайёлӣ, ғайримантиқӣ, яъне хурофот пайванд медиҳанд.
  4. Аз тарафе ҳам, дар дунёи муосири зуд тағйиркунандаву ғайриқобили пешгуиҳо, аксари инсонҳо (бештар дар кишварҳои пешрафта) беш аз пеш дунболи манофеи фардӣ, ба самти худхоҳӣ, эгоизм, ахлоқиёти фоидагаро ва фардгароӣ равонаанд. Аз сӯи дигар, ба назари мо, яке аз сабабҳои авҷи хурофот ва таассубгароӣ дар замони мо, ин “камрангтар” шудани арзиши донишҳои инсонӣ, ё гуманитарӣ ва дар айни ҳол, рушди босуръати улуми технократии барои дарки сатҳӣ душвор, мебошад. Ҳамчунон эҳсоси табъиз, нобаробарӣ, беадолатӣ, ба хусус, ҷаҳолат дар иддае аз ҷомеаҳои марбут ба ҷаҳони саввум, барои равнақи хурофоту таассубот ҷиддан мусоидат мекунад. Ҳамчун натиҷа, дар байни мардум авҷи ноумедиҳо, бемориҳои мухталифи равонӣ (афсурдагӣ, стрес) афзоиш ёфта, ҳамзамон ба омилҳои аслӣ, ба мисли ақл, илм, адолат, маънавиёт ва ғайра, ки барои пойдор нигоҳ доштани зиндагии башарӣ мебошанд”, шубҳаҳоро меафзоянд.
  5. Ҳарчанд ҳар давру замон хурофоту таассуботи худро дошта бошад ҳам, башар аз ин хурофатарошиҳо даст набардоштааст ва ҳоло он ба шаклҳои дигар ва дар соҳаҳои дигар ҳаёт ҳам дучор меояд. Таври мисол, мағзшӯиҳои мухталифи мафкуравӣ аз ҷониби рақибони сиёсӣ, ки дар ВАО, матбуот, шабакаҳои иҷтимоӣ барои манфиатҳо ва ғаразҳои сиёсӣ пароканда мешаванд, оромиши зеҳни инсонҳоро комилан рабудаанд. Ё маълумоту рекламаҳои фаровони муболиғаомези доруҳо, косметика, табобатҳои суннатӣ ва ғайра ҳам ба мағзи одамон фишори равонӣ ворид мекунанд, ки як навъи хурофоту маҷози муосир аст. Фалон дору давои ҳамаи дардҳост, ё фалон маводи косметикӣ одамро чанд сол ҷавон мекунад ва ғайра, ки ҳамроҳ бо истихора ва дуоҳои ашхоси “қудсӣ”, милиардҳо инсонро қурбонии ҳамин таблиғотҳо (хурофоту маҷозоти муосир) месозад.

   Ҳангоми мутолиаи мавзӯъ дар ҷомеаи муосири тоҷикистонӣ, ба як манбаи “пинҳон”- и дигари  хурофасозӣ дар  маводи таълимии илмҳои гуманитарӣ, рӯ ба рӯ шудем, ки дар назари дақиқтар, ба мафкураи хурофотӣ, фаталистӣ ва миллатситезона ҳам расонда метавонад. Дар бисёре аз маводи таълимии дарсии мазмунҳои гуманитарӣ, таври мисол, забону адабиёт, таърих ва ғайра, ки на танҳо ба масири миллӣ созгор нестанд, балки баръакс, то ҷое монеаи ташаккули худшиносии миллӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ҳам мебошанд (Ҳар кас метавонад ба ин тадққотҳо ва китобҳои дарсӣ (ба хусус, забоону адабиёту таърих) муроҷиат кунад). Аммо касе ин асарҳои илмӣ, китобҳои дарсии бо қолаби тафаккуру муқарраротҳои мазҳабии қуруни вустоӣ навишта шударо, ки ҷавононро ба самти андешаҳои ғайриилмӣ-хурофотӣ самт медиҳанд ва муаллифонашон ҳам унвонҳои баландтарини илмӣ (докторону профессорон)-ро гирифтаанд, гӯё намебинанд[6].

   Аслан ин мавзӯи комлан дигар бошад ҳам, як ишораро зарур медонем. Илмҳое, ки аз мафкураи замонҳои нокомии миллати мо қиссаҳо мекунад ва дар ин нокомиҳо фақат дигарон (аҷнабиён)-ро “гунаҳкор” медонанд  ва ё баръакс, аз андоза бештар ва фақат ба гузаштаҳо, баъзан ба сатҳи муболиғаомез руҷӯъ мекунанд, аксаран тафаккури ғайриилмиро дониста ва ё надониста, ба номи илми “баланд”, муарруфӣ мекунанд, ки дар бисёр мавридҳо шибҳа илм, ё бештар аз таҳлили яксӯя чизе намебошанд[8]. Зеро ҳар падидаи “прогрес”, мисли падидаҳои дигари олам аз ду тараф (мусбату манфӣ) иборат аст, ба шумули истиллои бегонагон, ки боду тарзи нигоҳ, яъне хурофотӣ ва воқеӣ, манзараи комилан мухолифи ҳамро нишон медиҳад. Намунаи рашани он кишвари форсизабони ба мурури замон ба кишварҳои ҷудогона тақсимшуда, (Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон) мебошанд. Яъне дар Тоҷикистони озод ҳам бояд ҷаҳонбинии хурофотӣ ҳар чӣ бештар таҳмил шавад, ва прогрессро бо ҳар васила, бо баҳонаи “бозгашт ба фарҳанги худӣ” моли хоси “фарҳанги ғарбии бегона” нишон додан, дида мешавад. Аз ин рӯ, барномаҳои низоми маориф, тавре, ки Пешвои миллат, Роҳбари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такроран дар Паёми имсола[11]низ таъкид доштанд, бо ҷиддияти том ба бозбинии дақиқ ва ҷилавгирӣ аз чунин довариҳои якҷониба ниёз дорад, то самту ориентатсияи миллӣ барои аъзои ҷомеаи тоҷикистонӣ, дар соҳаи илму маориф (ба хусус, омӯзгорон), вале ҳатман дар ҳамоҳангӣ бо ҷаҳони воқеӣ равшантар шавад. Камина аз дидгоҳи шояд маҳдудтари худ дар мақолае ба номи “Илми бе амал арзише надорад”, дар мавриди вазъи воқеии пайванди илм бо ҳаёт ибрози назар карда будам [16].

   Ба асоси тадқиқоти муҳақиқи дақиқназар, Асадзода Назрӣ “Ин гуна маводҳои (илмиву таълимӣ Ҳ. И.) идар қолаби асри миёнагӣ монда, барои талоши мақомотҳои давлатӣ дар роҳи хунсо кардани ҳар гуна ҳаракатҳои зидди давлатӣ, зидди миллӣ ва умуман башарӣ, ин гуна олимони баландунвон, дар аслу воқеият тарбияи зидди зидди масири давлатиро анҷом медиҳанд, яъне бештар рӯҳияи таассубгароӣ ва хурофотиро тақвият медиҳанд[6]. Дар сатҳи бисёре аз оилаҳо, ки волидайни дар ҳамон фазои “ирратсионалӣ” бузург шуда, бо ҷаҳонбинии, яъне бидуни тағйири ҷаҳонбини ирратсионалӣ, насли ояндаро ҷавобгӯи марҳилаи нави рушди кишвар омода карда наметавонанд, аз ин рӯ ,огоҳӣ ва равшаннамоӣ, яке аз масъалаҳоеанд, ки андешаи ҷиддии ҷомеаи ҷавони моро таъкидан тақозо мекунад.  ...

   

ИДОМА ДОРАД

                                                                                       

АДАБИЁТ

  1. Абдулкарим Суруш, Офоту хурофот, Мадрасаи Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ/Румӣ, School of Rumi, www.youtube.com/@schoolofrumi2794,21.03.2020
  2. Абдуллоҳи Раҳнамо. «Хатари гурӯҳҳои ифротгарои динӣ чист?» Душанбе 2021(чопи сеюм), С.43
  3. Алӣ Ризоқулӣ, Ҷомеашиносии нухбакушӣ, Теҳрон:Нашри Най,(1377) 1998
  4. Амирҳусайни Лодан, Худосолорӣ ва дармондагӣ, Лос­- Анҷелес, 2014, с. 71
  5. Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти форсу тоҷик. Душанбе, 2023, https:www//merosikhati.tj/tj
  6. Асадзода Назрӣ, Маҷаллаи академии илмию оммавӣ “Илм ва Ҷомеа”-№1 (19),2020
  7. Богданов А.И., Исаков И.В. МИФ И СУЕВЕРИЕ // Современные проблемы науки и образования. – 2015. – № 1-1. ;URL: https://science-education.ru/ru/article/view?id=19139 (дата обращения: 16.01.2025).
  8. Исомиддин Шарифзода, Паёмадҳои хушунатборе, ки аз сиёсикунонии дину бовар маншаъ мегиранд. Бознашр: https://farazh.tj/sahifai-asosy/jomea/pajomadhoi-hushunatbore-ki-az-sijosikunonii-dinu-bovar-mansha-megirand/
  9. Муҳаммад Ғиёсуддин, “Ғиёс- ул- луғот”, Душанбе, “Адиб”, китобхонаи электронии ДДОТ,lib.tgpu.tj,санаи дохилкунӣ12.2020
  10. Муҳамадзода Н.Д., Заминаҳои паҳншавии таассубгароӣ дар марҳилаи муосири инкишофи Тоҷикистон, https://phlosophical.tnu.tj
  11. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ,28.12. 2024
  12. Сайфулло Муллоҷон, Хурофот ва илми таърих, https://qalamonline.net/
  13. Саенко Ю.В. Психология суеверий/Саенко Ю.В.-М: Академия, 2008, 201 с.
  14. Степанов А.М.,Клоков К.Б., «Оценка потенциальной конфликтогенности… с местным населением» // Научные труды Северо-Западного института управления РАНХиГС. 2019. Т. 10. № 4 (41). С. 61–69
  15. Фарҳанги забони тоҷикӣ» (Нашриёти «Советская энсиклопедия, Москва, 1969
  16. Ҳақназар И., “Илми бе амал арзише надорад”, Маҷалаи илмҳои гуманитарӣ, № , 2024, саҳ. 86 ва рӯзномаи “Минбари халқ”, № 35, аз 08. 2024
  17. Ятимов С.  , “Илм ва амният”, Маҷаллаи академии илмию оммавии “Илм ва ҷомеа”, №2 (6), 2017
  18. https: //youtube.com/BBCNesPersianstudbooks. net/1348755 /psihologiya/natsionalnyy_ mentalitet_ predmet_sotsialno_ psihologicheskogo_ issledovaniya)

 

 

Муфассал ...

Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Тошмамадова Фарзона - Ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ АМИТ

Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Тарбияи фарзанд аз падару модар оғоз аст,

Ояндаи равшанаш зери дасти онҳо соз аст.

   Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамасола муждаовар ва фараҳбахш аст. Дар он аз комёбиҳову дастовардҳои солонаи кишварамон дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, маориф, иҷтимоиёт ва фарҳанг сухан рафтааст. Ин гузориш нақшаҳои стратегии пешбинӣ шударо барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум муаррифӣ мекунад, ки он масъалаҳои таъсиси мактабҳои нави замонавӣ ва барномаҳои омӯзишии рақамӣ барои беҳтар кардани дастрасии ба таҳсилоти сифатнок, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои рушди саноат ва кишоварзӣ, ки ба коҳиши сатҳи бекорӣ ва афзоиши даромади мардум мусоидат мекунанд. Инчунин тақвияти барномаҳои ҳифзи мероси фарҳангӣ, беҳдошти хизматрасониҳои тандурустиро дар бар мегиранд.

   Яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳаётан муфиди ҷомеа ин таълиму тарбияи фарзандон аст, ки солҳои зиёд дар Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳанд. Сарвари давлат бо таваҷҷуҳи беандоза ба соҳаи маориф, аз ҷумла аз навсозии муассисаҳои таълимӣ мувофиқ ба талаботи замон, бунёди иншооти нави таҳсилотӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва боло бурдани сатҳи забономӯзӣ аз қабили забони англисӣ ва русӣ дар муассисаҳои таълимӣ ибрози назар кардаанд.

   Дар ин замина таъкид гардид, ки нақши калидии падару модар дар тарбияи насли ҷавон наметавонад инкор шавад. Ҳамзамон, қайд кардан зарур аст, ки омӯзгорон ва аъзои ҷомеа низ дар таълиму тарбияи фарзандон набояд бетараф бошанд ва бо масъулияти худ дар ин раванд саҳми арзанда гузоранд.

   Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон дар хусуси дарёфт намудани кӯдакони дорои лаёқатҳои худододӣ ва дорои донишҳои мукаммали замони муосирро аз ҳар гушаву канори мамлакат ҷамъ карда, бо онҳо кору фаъолият намуд, то ки дар оянда аз ӯ як мутахассиси варзида барояд ва таъкид бар он доштанд, ки “Ба насли ҷавон бахилӣ накунем, онҳоро тарбия кунем, гулчин кунем. Дар кадом сатҳе набошанд – маҳал,ҷамоат, деҳа...”

   Албатта, мо бояд дар ҳамаи самтҳо садоқатмандона ва фидокорона дастгири насли наврас ва ҷавон бошем. Онҳоро бо донишу таҷриба роҳнамоӣ кунем, мададгорашон бошем, то дар оянда ба инсонҳои баору номус, содиқ ба халқу миллати худ табдил ёбанд ва барои давлати азизамон хизмат намоянд. Дар ин роҳ, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ҷойгоҳи аввалиндараҷа ва муқаддасро ишғол мекунад, зеро онҳо асоси тарбияи наслҳои оянда мебошанд.

   Лозим ба ёдоварист, ки оила муҳити нахустинест, ки дар он ҷаҳонбинӣ ва рафтору кирдори кӯдак шакл мегирад ва кӯдак пайваста дар тақлиди муносибатҳои аъзои оилаашон бо якдигар мебошад. Падару модар устодони нахустини фарзандонашон буда, тарзи муомилаи онҳо бо ҳамдигар ва бо дигарон, муомилаи онҳо бо ҷомеа барои кӯдакон намунаи ибрат мебошад. Меҳрубонӣ, ҳурмату эҳтиром, росткориву ростқавлӣ ва масъулиятшиносии кӯдак аз падару модар сарчашма мегирад. Дар ин бора Муҳаммад Ғаззолӣ чунин ақидаеро баён кардааст:

   “ Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расид, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун.”

    Бояд зикр кард, ки дар боби 4 - уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, моддаи 13 омадааст: “Падару модар, ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.”

   Дар Паёми имсола Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ҷиддият таъкид намуданд, ки таълиму тарбияи дуруст ва сифатноки насли ҷавон бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор гирад. Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар ин раванд масъулияти падару модар ва омӯзгорон дар сатҳи баланд бояд бошад. Ҳар як шаҳрванд, хусусан волидон ва мураббиён, бояд ба пуррагӣ масъулияти худро дар таълиму тарбияи кӯдакон ҳис кунанд ва дар амал вазифаҳои муқаддаси худро иҷро намоянд, то ки насли оянда ба сифати шаҳрвандони бомаърифат ва масъулиятшинос тарбия ёбанд. Ин таъкид на танҳо барои рушди ҷомеа ва ояндаи миллат хеле муҳим мебошад.

   Ба ин маънӣ Пешвои миллат қайд карданд, ки “Мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намояд, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд”.

   Роҳбари давлат дар Паёми худ бо таъкид иброз доштанд, ки ба хондану соҳибкасб намудани насли наврас диққати ҷиддӣ ва пайваста равона кардан, яке аз муҳимтарин вазифаҳои зиндагии ҷонӣ ва ҷамъиятии ҳар яки мост. Ба хусус, падару модар бояд дар соҳибкасб намудани фарзандони худ бетараф набошанд ва бо масъулияти баланд ва иштироки фаъол саҳм гузор бошанд, ки насли ҷавон ба ҷомеаи муосир ва пешрафта хидмат кунад.

   Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар ин замони пурталотум ва босуръати тараққиёти илму техника шароитҳои муносибу имкониятҳои васеъро барои насли наврас фароҳам оварем. Ба ин восита онҳо на танҳо аз дастовардҳои муосир ба хубӣ истифода мебаранд, балки таҳсилоти босифатро дар барномаҳои пешрафта ба даст оранд ва бо донишу малакаҳои навин ба рушди устувори ҷомеа саҳми арзишманд гузоранд. Дар ин раванд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Мо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳаёти кӯдакон ва наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо, яъне наслҳои ояндасози миллат ва Ватан минбаъд низ чораҷӯйӣ менамоем”. Падару модар вазифадоранд, ки ба фарзанд таърихи миллат, урфу одат, анъана, фарҳанг ва забонро омӯзонад. Арзишҳои миллӣ дар робита бо илмҳои муосир қодир ҳастанд, ки шахсияти мутавозин ва худшиносро ба камол расонад. Далели равшан он аст, ки ояндаи давлат ба насли босаводу ватандӯст вобастагии комил дорад.

   Ва муҳтарам Пешвои миллат иброз карданд, ки:

  “ Вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад.”

   Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон бузург ва ҳалкунанда аст, зеро онҳо асоси бунёди ҷомеаи дурахшон мебошанд. Фарзанди боадабу босавод, ки номбардори миллат мегардад, натиҷаи заҳматҳои пайвастаи падару модар ва омӯзгорон аст. Бо таълиму тарбияи дуруст, мо на танҳо фардои равшани фарзандонамонро месозем, балки ҷомеаро ба сўи ояндаи пур аз шодию нишот ҳидоят мекунем. Зеро ояндаи неки миллату давлат сахт ба тарбияи мо падарону модарон ва омӯзгорон вобаста аст. Мо бояд барои фарзандонамон ояндаеро созем, ки пур аз сулҳу салоҳ бошад.

 

Муфассал ...

ПАЁМИ ВАҲДАТ ВА БОЗТОБИ ОН ДАР АНДЕШАИ МИЛЛӢ

Қаландариён Ҳоким Сафар - директори Институти илмҳои
гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ,
доктори илмҳои филологӣ
 
ПАЁМИ ВАҲДАТ ВА БОЗТОБИ ОН ДАР АНДЕШАИ МИЛЛӢ
 
     Вазъияти шаҳрвандӣ таъкид бар он дорад, ки новобаста аз масъалаҳо ва пойгоҳҳои қавмиву нажодӣ ва эътиқодӣ кулли мардум аз арзишҳои моддиву маънавии як ҷомеа баробар баҳраманд шаванд ва зиндагии худро дар доираи ҳамоҳангӣ пеш бубаранд. Агар ин вазъият ороста бошад, ваҳдати миллӣ дар дилхоҳ ҷомеа таъмин аст. Яъне гап дар бораи якрангии гурӯҳҳову қавмҳо намеравад, балки таъкиди мо бар ин аст, ки ҳамаи қавмҳои як сарзамин ба гунае мусолиматомез, новобаста аз тафовутҳои қавмиву нажодиву забониву мазҳабии ҳамдигар, дар канори ҳам зиндагӣ намуда, ба тафовутҳои шаҳрвандӣ арҷ мегузоранд. Пас, муҳимтарин рукн дар таъмини ваҳдати миллӣ маҳз поймол нагаштани ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва арҷ гузоштани давлат ба ҳаққу ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд будааст. Чун дар давлатҳои мутараққӣ манзалати шаҳрванд ва мақоми шаҳрвандӣ арзишмандтар асту сохти конститутсионии демократӣ пойдортар, тафовутҳои рангиву қавмиву мазҳабиву забонӣ аз мақоми арзиш фуромадаанд ва ваҳдат ба маънои томаш дар он давлатҳо ҳукм меронад. Шояд ба ин хотир бошад, ки дар чунин кишварҳо мафҳуми ваҳдати миллӣ кайҳо аз забонҳову килкҳо фаромӯш шудааст ва ба он андозае, ки дар давлатҳои рӯбатараққӣ аз он ёду бо он фарёд мекашанд, ба он таваҷҷуҳ надоранд ва даргири он ҳам нестанд. Масалан, барои амрикоиҳо сарзамини Америка ҳувияти миллиашонро дар давоми асрҳо ташкил додааст ва дигар ҳисси бартарихоҳиву фузунталабӣ дар миёни шаҳрвандонашон дида намешавад ва дигар ҷаҳонбиниашон бар асоси рангу бӯйи қавмиву таборӣ устувор нест. Нобаробарии адолат, мавҷудияти зердасту забардаст, қавмияти асилу ноасил, мазҳаби ҳаққу ноҳақ, халқияти муқимиву омада ва амсоли ин мавзуъҳо барномаҳои зиёдеро тарҳрезӣ мекунанд ва бо ин роҳҳо дардҳои гурӯҳҳову қавмҳои алоҳида мудово мегардад ва агар дар ҷомеаҳое, ки ин нишонаҳо боқӣ хоҳанд монд, бӯйи ваҳдати миллӣ ба машоми кулли маскунони он ҷомеа даҳсолаҳо мобаъд низ нахоҳад расид.
      Шояд Тоҷикистони азиз яке аз маҳдудкишварҳои ҷаҳон бошад, ки аз мафҳуми «ваҳдати миллӣ» барои баҳамориву сарҷамъкунии мардум ва наҷот аз сардаргумӣ бисёр оқилонаву огоҳона истифода намуд ва имрӯз ҳам дарахте, ки ба номи Ваҳдати миллӣ вирди забонҳо аст, решаи он об аз дуои кулли тоҷикистониён мехӯрад. Албатта, ин аз чанд омил вобастагӣ дошт.
       Аввалан, интиқоли паёми иттиҳоду ваҳдат аз ҷониби манбаъҳои огоҳӣ, аз ҷумла зиёиён, уламои дин, омӯзгорон, расонаҳо ва роҳбарони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бояд ҳамчун як рисолати миллӣ ва масъулияти ахлоқӣ ба ҳисоб равад. Иҷрои содиқона ва боҳушмандонаи ин рисолат на танҳо нишони сарбаландии фикрӣ ва фарҳангии онҳо аст, балки асоси бедории иҷтимоӣ ва ҳамбастагии миллӣ мебошад. Он гоҳ ки овози ваҳдат аз забони афроди боэътимод ва манбаъҳои огоҳ бармеояд, дар ҷомеа таъсири амиқ мегузорад ва метавонад пеши роҳи ихтилоф, шубҳа ва тафриқаро бигирад.
       Пешвои миллат баъд аз интихоб шудан ба ҳайси Сарвари давлат бо такя ба зеҳни худододиву андешаи солим, рафтори оқилонаву гуфтори ҳакимона рисолати пешвоӣ ва ҳадафи инсонии худро ба ҳадде иҷро намуд, ки ҷаҳониён ва сарварони давлатҳои абадқудратро шефта гардонда буд. Ва бар касе имрӯз пинҳон намемонад, ки таваллуди ин шахсияти бузурги таърихӣ як амре тасодуфӣ набуда, бар асоси назму ҳадафу ғояе будааст, ки истеъдоди бартариро касб намуда, бо наҷоти як миллат ва сохтани як давлат муҳимтарин минтақаи ноамнро бо файзи амонӣ баҳраманд гардонд. Бо истифода аз лаёқату қобилияту шоистагӣ мардумро бовар кунонид, ки сарвариро ба хотири озодии миллату давлат қабул хоҳад кард ва лаҷоми мустақиливу соҳибихтиёриро ба дасти онҳо хоҳад супурд.
 
Туро расад ба ҷаҳон сарварӣ ба истеҳқоқ,
Туро расад ба ҷаҳон хоҷагӣ ба истиқлол.
 
       Ин байти шоири маҳбуби миллат Убайди Зоконӣ даъво дорад, ки лаёқат бояд дошт то сарварӣ кард ва истиқлол бояд дошт, то роҳбарӣ кард. Яъне лаёқати Роҳбари давлат сароғози даъват ба истиқлол ва роҳбарии кишвари соҳибистиқлол. Дар ин ҷо агар ҷаҳон ба маънии давлат фаҳмем, лаёқати пешвоӣ лозим аст, то ба давлат расид ва соҳибистиқлолии давлатро ба даст овард, то хоҷагӣ кард. Пас, лаёқату қобилияту шоистагии шахсият чи қадар муҳим будаст дар давлатдорӣ.
       Дувум, мардуми таъриху фарҳангдошта, ки биёбоннишинон аз он пора-пора ғундошта, дар ҳошияти замини таърихиву фарҳангии он бегонагон донаи давлатдорӣ кошта, номи сохтаи худро ба осмонҳо бардоштаанд, бо дарёфти фурсати муғтанам ба гирди Роҳбари муҳтарам даст ба дасти ҳам зада, пеши гуноҳи ҳамдигар сар хам оварда, баҳри якдилии мардуму якпорчагии сарзамин аввалин қадамҳо ниҳоданду сарбозиҳо намуданд. Шоистақавлии Роҳбари ҷавон дар он замони пур аз дудилагиву гумон гули муродро ба боғи умеди мардум шукуфонд. Фитнаамалону фитнасанҷон саранҷом ба шикасти худ даст доданд, муллоҳои риёкору донишбезор бо ваъдаҳои сараспакии худ лоилоҷ пеши фармонгузорони худ шитофтанду барои амалисозии нақшаҳои ихтилоливу ихтилофӣ дигар мулкҳоро кофтанд. Нахустин дарси хештаншиносиро мардум аз пиндору гуфтору рафтори Сарвари давлат, ки бо огоҳдиливу ошноӣ бо таъриху фарҳанги аҷдодӣ таҷассумгари тоҷики асилу тоҷикият буду ба қавли Мавлоно «панди феълӣ халқро ҷаззобтар», омӯхтанд. Фарҳахтагию фарҳехтагӣ ва фарҳангии ӯ ниҳоят дӯсту душманро ба худ кашид ва синаи кибру ғуруру қаҳру ғазабро дарид. Ҳатто душманони дохилӣ ҳам пеши ин ҷавонмардӣ сар фуруд оварданду сари ин ҳимматбаландӣ дасти адаб бар сина ниҳоданд.
       Севум, тоҷикони таърихан тамаддунофару фарҳанггустар дигар тахрибкорони дохиливу беруниро фурсати амал надоданд. Огоҳдилони раҳнамо мардумро огоҳонидаанд, то омилҳои тафриқаро ҳар чи бояд кам карду мардумро сарҷамъ намуд. Ихтилофҳо, албатта, дар қобилияту назарҳову равишҳо вуҷуд доштанд, аммо ба ҷабҳагирӣ ба муқобили ҳамдигар дигар наанҷомид, баръакс рӯҳияи ҳамдилӣ ва ваҳдати миллиро ба вуҷуд оварданд.
       Аз ин ҷиҳат аст, бо таъкид ба забону таъриху фарҳанг ва орзӯю ормонҳои миллӣ метавон заминаи ваҳдати устувори миллиро фароҳам овард. Ҳар вақте ки нерӯҳои бо рукнҳои фавқуззикр фаъолиятбурда манофеи миллатро аз фоидаҳои маҳдуди худ болотар қарор диҳанд, ба таҳкиму тақвияти ваҳдат мусоидат хоҳанд намуд.
      Талоши душманон ва ситезакорон барои ноамнсозӣ ва эҷоди бесуботӣ дар кишвар, асосан тавассути барангехтани ихтилоф ва фаъолсозии гусастагиҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ сурат мегирад. Онҳо мекӯшанд, ки бо таҳрики эҳсосоти мазҳабӣ, қавмӣ ва маҳаллӣ дар ҷомеа нифоқ эҷод кунанд ва бо ин васила заминаи ноамнӣ ва бесуботиро фароҳам созанд. Ин гуна амалҳо на танҳо ба якпорчагии миллӣ зарба мезананд, балки боиси заъфи суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ мешаванд. Аз ин рӯ, бедории сиёсӣ ва ҳушёрии шаҳрвандон, инчунин нақши муассир ва пешгирикунандаи ниҳодҳои давлатӣ ва шаҳрвандӣ дар ин раванд басо муҳим аст.
       Ин роҳ на танҳо пешгирии ҷудоӣ ва низоъро осон мекунад, балки ҷомеаро ба сӯи ҳамфикрӣ, сабру таҳаммул ва ҳамкорӣ мебарад. Дар натиҷа, як ҷомеаи муттаҳид метавонад дар баробари хатарҳои дохилӣ ва хориҷӣ бо қувваттар муқовимат кунад.
       Ин маҷмӯи нерӯҳо - аз зиёиён, муҳаққиқон, журналистон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ то омӯзгорону фарҳангиён, ҳар кадом ба ҳайси элитаи фикрӣ мухотабони хоси худро доранд, ки метавонанд онҳоро нисбат ба аҳаммияти ваҳдати миллӣ, сабаби аслии субот ва рушд ва хатароти эҳтимолии ихтилофу тафриқа огоҳ, ҳушдор ва ё қонеъ намоянд.
     Ташкили заминаҳои барномавии муколама, таблиғи таҷрибаҳои муваффақ ва ҳамоҳангии нерӯҳои фикрӣ замоне, ки самти марказии сиёсати ҷамъиятӣ ва фарҳангии кишварро ташкил доданд ва нухбагони фикрӣ тавассути барномаҳои тарбиявӣ, расонаӣ, фарҳангӣ ва маърифати сиёсӣ сатҳи шуур ва ҳушёрии ҷамъиятиро боло бурда, мардум дарк намуд, ки ваҳдати миллӣ танҳо шиор нест, балки шарти зинда мондан ва рушд кардани ҳар миллат аст, пойдории ваҳдат то ба ҳазорсолаҳо ҳифз хоҳад шуд.
Муфассал ...

МАН АЗ УСТОД НИСОРМАМАД ШАКАРМАМАДОВ ИЛМИ ОДАМГАРӢ ОМӮХТАМ

ОХОННИЁЗОВ Варқа - доктори илмҳои филологӣ
 
 
МАН АЗ УСТОД НИСОРМАМАД ШАКАРМАМАДОВ
ИЛМИ ОДАМГАРӢ ОМӮХТАМ
     Исми Нисормамад Шакармамадовро борҳо аз устодони донишгоҳиям мешунидам, вале нахустин дидорбинии ман бо устоди зиндаёд моҳи августи соли 1990 рух дода буд. Дар ҳамин сол ман Донишгоҳро хатм карда будам ва дар он замонҳо анъана ин буд, ки муассисаҳои илмӣ, донишкадаҳо ва донишгоҳҳои олӣ ба таври пешакӣ ба донишгоҳҳои дигар мактубҳои дархостӣ баҳри ҷалби мутахассисони ҷавон мефиристоданд. Ман, дар қатори дигар бародарону хоҳарони бадахшонӣ, кайҳо зери назари устод Додхудо Карамшоев қарор гирифта будам, зеро ҳамагӣ як сол пеш, яъне соли 1989 шуъбаи помиршиносии назди Институти забону адабиёти ба номи устод Рӯдакиро ба маркази маъмурии ВМКБ – ш. Хоруғ кӯчонда буданд ва ин шуъба ҳам моил ба ҷалби мутахассиони ҷавон буд.
     Устод Карамшоев, ки пешакӣ бо ӯ шиносоӣ доштам, ин пешниҳодро бароям карда буданд. Банда, ки мисли аксари бачаҳои кӯҳистон азм доштам то ба деҳа баргардам ва модари яккаву танҳоямро ҳамроҳ бошам, аз ин пешниҳод қаноатманд будам. Аммо, пас аз ҳимояи рисолаи хатми Донишгоҳ маро ба аспирантура тавсия доданд. Бар замми ин, чанд рӯз пас аз дифои рисолаи хатм, устодамон Мукаррама Набиевна Қосимова, ки роҳбарии кафедраи забони тоҷикии факултетро ба уҳда доштанд, маро ба кафедра даъват намуда, изҳор карданд, ки Донишкадаи Самарқанд аз факултети мо дархости мутахассисони ҷавон намудаст, чӣ шавад агар ман розигиамро барои ин кор диҳам. Бадеҳист, ки ман сарпечӣ кардам ва иснод бар танҳо будани модарам дар деҳа овардам.
      Алқисса, роҳхате, ки ба ман дода буданд, бояд ба шањри Хоруғ ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 1, ба қавле мактаби аэропорт, равам. Ҳангоме ки ба Хоруғ омадам, боз ҳам устод Карамшоев миёнрав шуданд ва бо раёсати маорифи вилоят маслиҳатҳо карда, роҳхати маро лағв карданд ва ман ҳамчун лабаранти калони шуъбаи помиршиносии Базаи помирии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намудам. Ана дар ҳамин ҷо миёни устодон Карамшоев ва Шакармамадов роҷеъ ба самти фаъолияти банда баҳс ба миён омад, яъне ман бояд ба кадом равия - забон ё фолклор ҷалб шавам. Албатта, устод Карамшоев шавқи маро ба адабиёт ва шеършиносию шеъргӯӣ, хосса эҷоди шеър ба забонҳои маҳаллӣ, ки аллакай дар он то ҷое шуҳратёр ҳам будам, медонист ва ба осонӣ маро таслими устод Шакармамадов намуд. Аз тақдир ва аз устод Карамшоев андар ду ҷаҳон миннатдорам, ки маро ба дасти шахсе чун Шакрамамадов Нисормамад супориданд. Ман аз он кас натанҳо илм, ҳамчунин одамгариро омӯхтам.
      9 - уми сентябри соли 1991, бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва миллӣ, Институти илмҳои гуманитарӣ низ ифтитоҳ гардид ва самтҳои фаъолияташ афзуд. Аз ҷумла, шуъбаҳои забонҳо ва фолклору адабиёт ба таври мустақил фаъолият кардан гирифтанд. Баракат ва файзи шуъбаи фолклору адабиёт устод Шакармамадов буданд. Банда ифтихори онро дорам, ки нахустин шогирди устод будам ва зери роҳбариву роҳнамоии бевоситаи он кас ҳам рисолаи номзадӣ ва ҳам рисолаи докториамро кор карда дифоъ намудам. Дар радифи камина, устод шогирдони болаёқаттареро мисли марҳум Гулнисои Ризвоншо (номзади илмҳои филологӣ), Ҳайдармамад Таваккалов (докторанти Донишгоҳи давлатии Хоруғ), Нуриҷаҳон Қурбонхонова (номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти ИИГ АМИТ), Ориф Шакармамадов (номзади илмҳои филологӣ) ва даҳҳо магистрону аспирантонро ба камол расонд.
      Яке аз хислатҳои наҷиби устод ин буд, ки он кас шогирдонро пойбанди хеш намесохт, балки ба қавле, дасташонро дар илми фолклоршиносӣ рост карда, онҳоро ба устодону муҳаққиқони дигар месупорид. Новобаста аз он, ки ин шогирдон таҳти роҳбарии кадом олиму муҳаққиқ рисолаҳошонро дифоъ намуда ба ҷодаи илм раҳсипор мешуданд, онҳо нахуст тарбияи мактаби фолклоршиносии устодро мегузаштанд.
     Воқеъан, Шакармамадов Нисормамад олими соҳибмактаб буданд. Риштаи илмро аз даст надодан ва тавассути эҷоду тарбия ба вуҷуд овардани мактаби фолклоршиносии Бадахшон дар замон ва дар муҳите, ки устод ба сар мебурданд, хеле мушкил буд. Ҳангоме ки устод Шакармамадов ҳамчун олими комил ва пухта ба воя расиданд, дар кишвари азизамон бесарусомониҳо ба вуқуъ пайвастанд ва дар як муддати муайян илмро силоҳ иваз намуда буд. Бовуҷуди ин, шахсиятҳое чун устод Нисормамад нагузоштанд, ки занҷири илми тоҷик канда шавад ва завол ёбад.
       Муҳаққиқ Нисормамад Шакармамадов инсоне буданд ба зоҳир хоксор, вале ба ботин пурҷӯши ташнаи илм. Ӯ бо заҳматҳои бемислаш дар раддаи аввали фолклоршиносони тоҷик ҷой гирифтааст. Ба қалами ӯ то 300 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мансуб буда, монографияҳо ва маҷмуи мақолаҳои барои илми филологияи тоҷик пешниҳодкардаи ӯ: “Назми халқии Бадахшон” (Душанбе: Дониш, 1975), “Даргилик – жанри махсуси фолклор” (Душанбе: Адиб, 1992), “Сурудҳои тӯии Помир” (Хоруғ, 1993), “Бадахшон - дар масири таърихи тамаддуни умумибашарӣ” (Душанбе: Дониш, 2007), “Остонҳо - осори таърих ва фарҳанги мардум (Хоруғ: Логос, 2011), “Оинҳои наврӯзӣ дар Бадахшон” (Душанбе, 2012) аз нодиртарин осори таҳқиқӣ дар илми фолклоршиносӣ ба ҳисоб мераванд.
     Чанд муддат пештар, банда бо маҳсули сафарҳои ду нафар намояндаи кишвари Лаҳистон Б. Белкевич ва З. Блайет ба Тоҷикистон ва пажӯҳишҳои онҳо тавассути интернет шиносоӣ пайдо намудам. Ин пажӯҳиши онҳо асосан ба фолклор ва махсусан зиёратгоҳҳои ҳудуди Бадахшони Тоҷикистон иртибот доштанд ва бадеҳист, ки бе зикри исми устод онҳо ноқис мебуданд. Боз ҳам, мушк он, ки худ бибӯяд на он ки аттор бигӯяд ва ман аз зикри ном ва хизматҳои ин симои бузурги илми тоҷик дар пажӯҳишҳои олам ифтихор кардам.
      Хислату рафторе, ки устод доштанд, аз ҳазор яктоаш мансуби мо нест. Яке аз хислатҳое, ки устод Шакармамадов ҳамчун олими асил ва пухтакор аз худ нишон медод, дақиқ, тозакор ва аз рӯи виҷдон оғозу анҷом бахшидани ҳар амале, ки пеша менамуд, буд. Муносибати поквиҷдонона дар кори таҳқиқ яке аз талабот ба кори илм мебошад, ки барои Нисормамад Шакармамадов хислати азалӣ маҳсуб мешуд. Ӯ намунаи ибрат барои ҳамаи мо дигарон, ки шогирд ва пайравонашон ҳастем, дар роҳи илми воқеӣ ва таҳқиқи ҳақиқӣ буд.
     Соли 1910 рисолаи докториамро омода намуда барои таҳриру тавсия ба устод фирситодам. Тавсияҳо ва пешниҳодҳое, ки аз устод гирифтам, воқеъан арзиши илмии корамро тақвият доданд. Устод маслиҳату тавсияҳояшро бо чунон як муҳаббате дар шакли мактуб изҳор дошта буданд, ки тасвираш мушкил аст. Ният аст, ки роҷеъ ба он мактуби пур аз муҳаббат ва садоқати устод, ки боз ҳам шоҳиди инсони наҷиб буданаш аст, дар вақтҳои наздик як мақоларо таҳия кунам. Дар ин ҷо бошад, аз охирин дидорбинӣ бо устод ёдовар мешавам, ки ҳам бароям ширин ва ҳам талх аст.
       Бо устод дар тамос шудам ва барои ширкат дар раванди дифои рисола он касро даъват кардам. Гуфтанд, ки тоқати роҳи Хоруғ-Душанберо надорад. Гуфтам, тавасути ҳавопаймо биёед, гуфтанд, фишори хун баъзан ҳуҷум мекунад ва гумон аст, ки баландиро тоб оварда тавонам. Зиқ шудам, вале боз ҳам саломатии устод бароям қиматтар аз ҳузурашон дар раванди дифоъ буд. Аммо дили меҳрубон ва хайрхоҳии устод ӯро нагузоштанд, ки дар чунин рӯзи барои ҳардуи мо муҳим ӯ дар Хоруғ бошаду ман дар Душанбе.
       Омаданд, бо мо буданд, чанд рӯзи дигар ҳам ҳамроҳ чойнӯшӣ кардем. Раванди дифои камина сари забонашон буд ва касеро медид, фақат аз ҳамин ҷода сухан мекард. Баъдтар ҳам дӯстон бо ҳазл мегуфтанд, ки устод Нисормамад гӯё дар Душанбе ба ҷуз аз дар дифои рисолаи шумо будан, дигар ҷое нарафта бошанд; фақат дар ҳамин бора сухан мегӯянд.
Пас аз он вақт дигар дидани устод ба ман муяссар нагардид ва ҳамагӣ баъд аз 5 моҳ хабари марги нобаҳангомашон расид...
Имрӯз бояд устоди зиндаёди мо 90-умин баҳори умрашонро паси сар меандохтанд, вале афсӯс ин санаро мо бе ӯ қайд мекунем. Агар худашон мебуданд, боз чӣ қадар осорро таҳия ва чӣ қадар шогирдро дар ҷодаи илм роҳнамоӣ мекарданд.
Дар ҳар сурат, ному осори устоди азиз Нисормамад Шакармамадов намирандаанд!
Руҳашон орому манзили охираташон обод бошад!
Муфассал ...