wrapper

САБАҚ АЗ САРГУЗАШТИ ЗАҲҲОК

БАРОИ ПЕШГИРИИ ГАРОИШИ ҶАВОНОН

БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ

Нашр ва тақсими асари ҷаҳоншумули мубаллиғи хирад Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ – «Шоҳнома» барои ҳар як хонаводаи тоҷик ҳикмати азимеро соҳиб аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар муддати қариб 35 соли роҳбарии давлати тоҷикон ва роҳнамоии миллати тоҷик ба сӯйи фардои сазовор ва ҳаёти шоиста, тамоми неку бад, пастию баландӣ ва дӯсту душманро санҷида, таҳлил намуда ба натиҷае расиданд, ки миллати тоҷикро зарур аст, то  ба асолати худ, ки дар маънавиёту таърих дошт, дигарбора расад. Ин асолат хирадгаро ва инсонмеҳвар будани ҳаёти ӯ аст ва танҳо дар ҳамин замина метавонад асолати таърихии худро, яъне пешгоми илму маориф, иқтисоду иҷтимоъ буданашро боз гардонад. Яке аз василаҳои дарёфти ин асолати таърихӣ бедор намудани ҳофизаи таърихии фарзандони миллат аст, ки он дар қисмати ба маориф ва фарҳанги миллӣ бахшидашудаи Паёми порсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дошт. Пешвои миллат ин масъаларо таъкидкунон изҳор доштанд: «Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад» [3].

Ҳофизаи таърихиро танҳо ва танҳо тавассути мутолиаи мудаввоми бузургтарин осори илмӣ, таърихӣ ва адабии гузаштагонамон бедор карда метавонем. Бедор намудани хотираи таърихӣ барои табдил додани ҳаёти беҳ ба беҳтар ва беҳтар ба беҳтарин зарур аст, яъне як худ мутолиаи ин осор ҳанӯз барои ояндаи хубро сохтан басанда нест, балки аз он сабақ бояд гирифт ва ин сабақро бо ақл омезиш дода дар амал ҷорӣ бояд намуд. Он вақт метавон гуфт, ки ҳаёти мо бар мабнои хирад сохта шудааст.

Дар ин гузориши кучак мо аз як достони «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ёдовар мешавем, ки он сабақи фавқулода ҷиддӣ барои саривақт боздоштани ҳар як нафари наврас, навҷавон ва ҷавон аз мунҳариф шудан аз роҳи рост мебошад. Манзури мо саргузашти Заҳҳоки тиҳимағз аз силсилаи достонҳои «Гуфтор андар достони Мардос» аст, ки муҳтавояш воқеъан ба дарди имрӯзаи мо мехӯрад.

Ҳар рӯзу ҳар ҳафта роҳбарияти олии давлат ва масъулини кор дар ҳар сатҳ ва бо истифода аз тамоми воситаҳо аҳли ҷомеа ва махсусан ҷавонони ноогоҳро аз арзишҳои волои миллӣ огоҳ месозанд, то онҳо ба тамаддуну идеологияи бегона гароиш наёбанд. Ҳарчанд дар ин самт корҳои азиме бо натиҷаҳои назаррас анҷом дода шаванд ҳам, вале таассуф, ки боз ҳам бархе аз навҷавонону ҷавонон қурбони як даста заҳҳоктинатон мегарданд. Омӯзгорону волидайн, муҳаққиқону адибон, ҷомеашиносону уламои дин сабабҳои зиёди ин мушкилотро ошкор сохтаанд ва роҳҳои пурзӯр намудани тарғибу ташвиқи дурустро низ нишон додаанд ва ҳамаи он қобили қабулу истифода аст. Акнун барои ҳамаи мо зарур аст аз воситаҳои дигаре, ки гузаштагони мо бароямон ба мерос гузоштанд, истифода кунем. Бо иҷрои ин амал боз ҳам ба бедор сохтани ҳофизаи таърихии насли нав бар мегардем. Мехоҳам, то бо даст додани камтарин имконият омӯзгорон ва волидайни муҳтарам саргузашти Заҳҳокро аз «Шоҳонома» барои фарзандону толибилмонашон хонанд, нақл кунанд ва фаҳмонда диҳанд. Барои ин кор камина кӯшиш мекунам дар зимн чанд эпизоди зиндагиномаи Заҳҳокро ба таври сода ба риштаи таҳлил кашам, то хонандаи азиз қодир гардад паёми Фирдавсиро дар ин масъала ба ҷавонон расонда бошад.

Пеш аз ҳама, Заҳҳок фарзанди оилаи нодор ва ҷавони ба луқами нон  муҳтоҷ набуд, балки ӯ фарзанди подшоҳ буд ва падараш – Мардос аз шоҳони бунуфузи даври хеш ва худотарс маҳсуб меёфт, чунончи:

 

Яке мард буд андар он рӯзгор,

Зи дашти саворони найзагузор.

Гаронмоя ҳам шоҳу ҳам некмард,

Зи тарси ҷаҳондор бо боди сард.

Ки Мардос номи гаронмоя буд,

Ба доду диҳиш бартаринпоя буд.

[1, с. 23].

Мардосро аз чаҳорпоён ҳазор-ҳазор дар хизмат буд ва мардумро бо уштуру мешу говҳои ҷӯшоӣ таъмин мекард. Касе агар эҳтиёҷ ба ширу равған дошт, аз ҷониби ӯ дастгирӣ меёфт ва мардум дар замони ҳукмрониаш осуда буданд. Аммо ӯро писаре буд бо исми Заҳҳок, ки далер, вале сабуксору нопок. Фирдавсӣ ӯро ҳанӯз дар ибтидои достон «нопок» ҳукм кардаст:

 

Ҷаҳонҷӯйро ном Заҳҳок буд,

Далеру сабуксору нопок буд.

[1, с. 23].

Чунин тарзи иттило додан ба хонанда, ки дар аксари достонҳои «Шоҳнома» мушоҳида мегардад, услуби нигориши Фирдавсӣ аст. Маҳз тавассути як-ду байт достонсаро, аз як тараф муносибати худро нисбат ба персонажҳои асосӣ ва вазъу ҳоли тасвиршаванда изҳор медорад ва аз ҷониби дигар, хонандаашро барои дарки минбаъдаи ҳолу вазъ омода месозад. Дар асл бошад, дар айёми навҷавонӣ далериву сабуксори Заҳҳок маълум буд, вале нопокии ӯ ҳанӯз барои хонанда рӯшан набуд. Ҳарчанд, ба он нигоҳ накарда, ки дар айёми навҷавонӣ Заҳҳок шабу рӯз дар болои зин буд ва зинсавориву аспдавонии ӯ на аз роҳи дину ойин, балки аз бузургманишӣ будааст:

 

Шабу рӯз будӣ дубаҳра ба зин,

Зи роҳӣ бузургӣ на аз роҳи дин.

[1, с. 23].

Пеш аз ин Ҳаким Фирдавсӣ барои хонандааш аз давлату иштиёқи Заҳҳок иттило медиҳад, ки бинобар соҳиби даҳ ҳазор асп буданаш ӯро «Беварасп» ном мебурданд. «Бевар» аз забони паҳлавӣ  ба дарӣ «даҳ ҳазор» будаст. Ана ҳамин ҷавони соҳиби даҳ ҳазор аспи тозӣ қурбони дасисаҳои Иблис мегардад.

Иблис рӯзе дар шакли марде хайрандеш ва некхоҳ як саҳар ба пеши Заҳҳок меояд ва бо сухани бисёр ширин ва лаҳни аз ҳадд гуворо бо ӯ суҳбат оғоз мекунад. Заҳҳок дилдодаи хушгуфтории ӯ шуд, вале бадеҳист, ки аз кирдори бадаш огоҳӣ надошт:

 

Чу Иблис дид, он ки ӯ дил ба бод

Барафканд, аз он гашт бисёр шод.

Фаровон сухан гуфт зебову нағз,

Ҷавонро зи дониш тиҳӣ буд мағз.

                  [1, с. 23].

Дар ин ҷо як муқоисаро раво мебинем: аз рӯи он иттилое, ки роҷеъ ба ҷалби ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ва тундрав дастраси омма аст, маълум мегардад, ки мусоҳибони мағзшӯйи ҷавонон мутахассисони дараҷаи олӣ ҳастанд ва онҳо аз илмҳои равоншиносиву диншиносиву чашмбандӣ (гипноз) пурра бохабар мебошанд. «Иделогҳои ифротгароӣ моҳияти синнусолӣ ва дарки давраи гузариши ин даврони пурмаҳсулро хуб ҳис намуда, кӯшиш мекунанд, ки ғояҳои нопоку зишти худро, пеш аз ҳама, дар байни ҷавонону наврасон паҳн карда, онҳоро ба ҳар роҳу восита ба худ моил созанд» [2, с. 9]. Дар воқеъ, онҳо ба сатҳи омодагии ҷавонони камҳуш ва сустирода диққати алоҳидаро зоҳир мекунанд ва ҳамоно кори Иблисро анҷом медиҳанд. Иблис низ тамоми ҳунарашро барои аз роҳи рост мунҳариф сохтани Заҳҳок истифода бурд ва аввалин коре, ки кард дили ӯро бо суханҳои нарм ва лафзи ширин моили хеш сохт.

Аз ҷониби дигар, барои муваффақ гаштани Иблис тиҳимағзӣ, яъне бедонишии Заҳҳок кумак кард. Аз ин хотир, кӯдаконро набояд бедониш гузошт! Дар рӯзгоре, ки барои ҷамъоварии ҳама гуна дониш шароит мавҷуд аст, чаро бояд аз он истифодаи васеъ накард?!

Дуюмин қадаме, ки Иблис андар тасхири зеҳну ҳушу дили Заҳҳок анҷом дод, аҳду паймони ӯро гирифтан буд. Иблис мегӯяд, ки ман аҷоибтар суханҳо дорам, вале наметавонам онҳоро бе бастани аҳду паймон ба ту иброз ва ифшо намоям:

Ҳамегуфт: «Дорам суханҳо басе,

Ки онро ҷуз аз ман надонад касе!»

Ҷавон гуфт: «Баргӯю чандин мапой,

Биёмӯз моро, ту эй некрой!»

[1, с. 23].

Заҳҳок, ки як ҷавони аз олами иблисӣ ва бади ҷаҳон бехабар, аз муомилаи айёрона ва дар зоҳир ширини Иблис ба ваҷд омада ӯро «некрой» пиндошт, аммо Иблис махлуқе нест, ки бидуни аҳду паймон ҳадафашро иброз намояд:

Бад-ӯ гуфт: «Паймон-т хоҳам нахуст,

Пас он гаҳ сухан баркушоям дуруст!»

[1, с. 23].

Ҷавони тиҳимағз бидуни андеша ваъдаи вафо медиҳад ва савганди иҷрои ҳар фармони Иблисро мехӯрад:

Ҷавон некдил гашту фармон-ш кард,

Чунон чун бифармуд савганд х(в)ард,

Ки «Рози ту бо кас нагӯям зи бун,

Зи ту бишнавам, ҳар чи гӯӣ сухун»

[1, с. 23].

Дар ин ҷо аллакай ҳамон чоҳе аст, ки ҷавонони корнодида ва донишнаандӯхта аксаран дар он меафтанд ва ягон намуди пушаймонӣ дигар ба онҳо суде намебахшад. Онҳо бозичаи дасти Иблиси ба сурати инсон пайдошуда мегарданд ва иблиссиратҳо дигар ҳар чи хоҳанд нисбати онҳо раво мебинанд. Пеш аз ҳама, ин ҷавононро тавассути мағзшӯйӣ душмани ашаддии миллат, ҳаммиллатон, Ватан, ҳамватанон, арзишҳои аҷдодӣ ва миллӣ месозанд. Онҳоро барои қатлу ғорату террори ҳамватанонашон таҳрик медиҳанд, ақлу ҳуши инсонии онҳоро маҳв сохта, аз онҳо робот месозанд.

Иблис бо Заҳҳок чунин корро раво дид ва баъд аз гирифтани ваъдаву шунидани қасами Заҳҳок нахустин коре, ки барои амалӣ намудани андешаҳои нопоки хеш анҷом дод, андешаи подшоҳ ва фарморавои кишвар шуданро дар мағз ва васвасаи онро дар дилаш ҷо дод:

 

Бад-ӯ гуфт: «Ҷуз ту касе кадхудой,

Чӣ бояд ҳаме бо ту андар сарой?!»

                                                                           [1, с. 24].

Ва Иблис дар роҳнамоии разилонаи хеш ба он нуктае мерасад, ки рӯирост Заҳҳокро ба қатли падараш таҳрик медиҳад:

 

«Бигир ин сари моя даргоҳи ӯй,

Туро зебад андар ҷаҳон ҷоҳи ӯй.

Гар ин гуфтаи ман ту орӣ баҷой,

Ҷаҳонро ту бошӣ яке кадхудой!»

                                              [1, с. 24].

Дар ин маврид дил ва андешаи Заҳҳок то ба дараҷаи пастарини андешаву ҳис ҳанӯз нарасида буданд, аммо ин замон мавқеъе дар ҳаёти Заҳҳок буд, ки ӯ худ аллакай қудрати андеша кардан надошт. Аз ин ба пас андеша ва амали ӯ дар дасти Иблис буд.

Чу Заҳҳок бишнид, андеша кард,

Зи хуни падар шуд дилаш пур зи дард.

Ба Иблис гуфт: «Ин сазовор нест,

Дигар гӯй, к-ин аз дари кор нест!»

                                               [1, с. 24].

Аммо, чуноне ки мардум мегӯяд, «кор аллакай аз кор гузашта буд», зеро Иблис Заҳҳокро ба ваъдаи додагӣ ва савганди хурдагиаш тарсонд:

 

Бад-ӯ гуфт: «Агар бигзарӣ з-ин сухан,

Битобӣ зи савганду паймони ман,

Бимонда ба гардан-т савганду банд,

Шавӣ хору монад падар-т арҷманд!»

                                              [1, с. 24].

Ҳар як навҷавону ҷавон бояд бидонад, ки савганду ваъдаи ӯ танҳо барои ҳифзи ҳарами хонаводагӣ, марзу буми Ватан, эҳтирому арҷгузории волидайн ва арзишҳои миллӣ аст, на барои ба дӯш гирифтани ваъдаи хиёнат бар ин арзишҳо! Дар акси ҳол, иблисҳо ҷавононро ба савганди хӯрдагӣ, бори охират будани ваъдаву паймони додагӣ ва бенасиб мондан аз роҳату маишати ҷаннат метарсонанд ва бо ин восита амалҳои разилонаи худро анҷом медиҳанд.

Ҳамин тариқ, Иблис розигии Заҳҳокро барои аз байн бурдани падараш гирифта, дар сари роҳи Мардос чоҳ меканад ва ӯро туъмаи он чоҳ месозад. Заҳҳоки падаркуш бар тахти падар мешинад ва Иблис боз ҳам дар қолаби марди ошпаз омада хизматашро барои подшоҳ пешниҳод мекунад. Бо ҳамон разолату ноинсониаш таъомҳои ҳархеларо пухта, барои подшоҳ се маротиба дар як рӯз пешниҳод мекунад то даме, ки подшоҳ подоши хизматашро мепурсад, ки чӣ мехоҳад. Иблис дар ҳамин лаҳза қадам ба сӯи ҳадафи охиринаш мениҳад, яъне барои нест кардани насли инсон талаби аз ду бари китфи Заҳҳок зиёрат карданро пеш мегузорад. Заҳҳок иҷозат медиҳад ва Иблис ду китфи ӯро бӯса карда, баромада ғайб мезанад.

Аз ду китфи Заҳҳок бошад ду мори афъӣ мебароянд ва даҳшати ин ҳолатро метавон тасаввур кард. Дар ин маврид Иблис дар қолаб ва ҷомаи табиб аз нав ба дарбори Заҳҳок ҳозир мешавад ва хизмати худро барои ором бахшидани морҳои афъӣ пешниҳод мекунад. Чунон ки маълум аст, каллаи морҳоро ҳар бор мебуриданд, вале онҳо аз нав пайдо шуда қасди мағзи сари Заҳҳок мекарданд. Барои Иблис ин имконияти аз насли одам халос шудан даст дод ва вай баҳри ором гардондани он ду мор мағзи сари ҷавонони нерумандро тавсия медиҳад. Ҳамин тариқ, ҳар рӯз дунафар-дунафар ҷавонони тануманд ва нерумандро оварда қурбони морони Заҳҳок мекарданд, то ба он вақте ки Коваи Оҳангар барои писари 18-умаш пархошу шӯриш бардошт ва рафта аз кӯҳи Албурз Фаридуни аз нажоди подшоҳони Кайро оварда, Заҳҳокро бо моронаш ба азоби ҷаҳаннам гирифтор намуданд.

Ҳарчанд оқибати Заҳҳоки мордор ва сари мардони майдонро хӯранда сазовори рафтори разилонаи ӯ анҷом ёфта бошад ҳам, вале бояд донист, ки Заҳҳок дар ин вазъият як махлуқе буд, ки қурбони дассисаву разолати Иблис гардид. Тиҳимағзӣ, яъне бедонишию беҷаросатии давраи ҷавониаш ӯро туъмаи морони Иблис сохт.

Иблис ҳанӯз ҳам мавҷуд аст ва он ҳар бор ва дар ҳар ҷо дар қолаби махлуқони одамшакли хушмуомилаву нармсухану чарбзабон зуҳур мекунад. Вале навҷавонону ҷавонон бояд огоҳ бошанд, ки дар олам ба ҷуз аз волидайн, аҳли оила ва ҳамватанонашон барои онҳо касе наздиктар ва ғамхортар пайдо нест.

Аз зиндагинома ва рафтори Заҳҳок бояд бохабар буд ва сабақ гирифт!

Ӯ нахуст дар куштани қиблагоҳаш даст дошт ва пас аз он тамоми бадиҳоро барои фарзанди инсоният раво дид. Ин махлуқи пастфитрат бозичаи дасти Иблиси буд! Барои он, ки кас фирефтаи иблиссифатон нагардад, хоҳ ӯ ҷавон ва хоҳ ӯ калонсол бошад, бояд аз дониш баҳра ва аз хирад кор гирад. Паёми Ҳаким Фирдавсӣ барои мо дар ин достони сабоқомӯз маҳз ҳамин аст.

 

Манобеи истифодашуда:

 

  1. Абулқосими Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди 1. – Душанбе: Шарқи озод, 2025. – 792 с.
  2. Комилов Д.Р., Забиров Ҷ.В. Шинохти ифротгароӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ. – Душанбе: «Соҳибкор», 2020. – 48 с.
  3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар», шаҳри Душанбе, 16.12.2025.

                                                                          

 

Варқа Охонниёзов - доктори илмҳои филологӣ, сарходими шуъбаи фолклор ва адабиёти ИИГ АМИТ