Мақолаҳо
- Панҷшанбе, 30 Март 2023
ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД
Бо ташаббусҳои оқилонаву дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2018 ин ҷониб Тоҷикистони кучаки мо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид барои ҷаҳониён муаррифӣ шуда истодааст.
Бисту дуюми марти соли 2018 дар рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об « Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид, ки дар ин бора Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон аз 26 декабри оли 2018 чунин иброз доштанд:
«Соли 2018 дар аёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об-22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз гардид».
Дар ин замина бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид. Бинобар ин мутобиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” муайян гардида, аз соли 2025 дар саросари ҷаҳон се рӯз, аз 21 то 23 март ҷашнҳои вобаста ба об, яъне Рӯзи пиряхҳо, Рӯзи захираҳои об ва Рӯзи обуҳавошиносиро таҷлил хоҳад кард.
Қобили зикр ва ифтихор аст, ки солҳои пеш, агар бештари мамолики дунё шояд, ки дар бораи кишвари мо маълумот андаке доштанд, дар даврони на чандон тӯлонии истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро бо сарварии хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми дунё мешиносанд ва ташаббусҳои ӯро дастури амал қарор медиҳанд.
Ҳарчанд пешниҳоди Президенти кишвар ба Созмони Милали Муттаҳид дар мадҳи аввал ҳамчун ба об ва ҳифзи пиряхҳо равона шуда бошад, вале аз тарафи дигар онҳо як ҷаҳон маъниро таҷассум мекунанд.
Бо ин пешниҳодҳо Пешвои миллат сарони давлатҳои абарқудратро ҳушдор медиҳад, ки бидуни нишон додани қудрат ба тариқи силоҳ, ҷанг ва қисмати ҳудуд, башаррият ба ҳалли масъалҳое ниёз дорад, ки оқибати онҳо барои на фақкат умри инсон, балки тамоми мавҷудоти зинда низ хатари ҷиддиро эҷод мекунад.
Бинобар ин муттаҳид шудани мамолики ҷаҳон дар гириди ҳалли чунин мушкилот дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳои судманд тарафайнро ба бор меорад. Чунончи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023 иброз доштанд: «Об дар ҳақиқат ҳам сарчашмаи ҳамаи мавҷудоти зинда дар олам аст. Бинобар ин об қудрати муттаҳидсозии ҳамаи моро дорад».
Оре:
Паркандагӣ аз нифоқ хезад,
Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.
Хулоса Пешвои миллат бо чунин ташаббусҳои хирадмандонаи худ сарони мамолики дунёро ба сулҳу ваҳдат ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ба қавли худашон «Биёед мо дар атрофи об муттаҳид бошем!», даъват мекунад.
Корҳо рост кунад оқили комил ба сухан,
Ки ба сад лашкари ҷаррор муяссар нашавад.
Охонниёзов Қ.Д - ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ, АМИТ
Муфассал ...- Чоршанбе, 29 Март 2023
ТАШАББУСҲОИ ОЯНДАСОЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПЕШБУРДИ РӮЗНОМАИ ОБИ СММ (дар ҳошияи сафари кории Пешвои Миллат ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико)
“Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Беҳтарин неъмате, ки Худованд барои инсоният ва тамоми махлуқоти зинда офаридааст, ин об аст. Об ҳаёт аст, об ободӣ аст. Об тамизиву зебогӣ аст.
Об яке аз чор унсури табиат ба шумор меравад. Дар хусуси ин муъҷиза бузургон панду ҳикматҳои зиёде навиштаанд ва ин неъмати бебаҳоро васфу ситоиш кардаанд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати воҳид ва дорои захираҳои бузурги обӣ дар ҷаҳон машҳур аст ва оламиён низ онро пазируфтанд. Албатта, барои шиносоии ин давлати бузургу тамаддунофар ва воқиф гардондани аҳолии ҷаҳон аз рушду тараққиёт, осори ниёгон, ҳунару истеъдод, боигариҳои табиат, рушди захираҳои инсониву шахсиятҳои бузурги ин диёр, шахсиятҳое лозим будаанд, ки ғурури баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳувияти баланди ватандорӣ дошта бошанд ва дар ин радиф тавонанд давлату миллатро муаррифӣ намоянд.
Масъалаи оби тоза ва мушкилоти вобаста ба он аз зумраи он масоили мубраме мебошад, ки вобаста ба муҳиммияти гуногунпаҳлӯии худ дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мадди назари доимии сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Бо назардошти маҷмӯи масъалаҳое, ки тайи чанд даҳсолаи охир дар иртибот ба коҳиши захираҳои обӣ, афзоиши истеъмоли он, тағйироти иқлим, обшавии пиряхҳо ва дигар омилҳо дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мушоҳида мегарданд, Сарвари Тоҷикистон кӯшиш менамояд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо ҷалб созад.
Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси аввалини худро оид ба эълон кардани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза” пешниҳод карда буд... Баъдан, дар ҳамин доира бо ташаббуси кишвари мо соли 2013 “Соли ҳамкориҳо дар соҳаи об”, солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан даҳсолаҳои байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор” эълон гардиданд... Ҳадафи асосии ин иқдом ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти глобалии обшавии босуръати пиряхҳо мебошад.
(Иқтибос аз мусоҳибаи Пешвои миллат бо хабарнигори телевизиони СММ)
Воқеaн, дaр дaврaе, ки зиндaгии инсониятро ҳaр лaҳзa як хaтaр тaҳдид мекунaд, чорaaндешӣ вa бaҳри беҳрӯзии бaшaрият рaвонa сохтaни бaрномaву дурнaмоҳо боиси тaҳсини тaмоми олaмиён мегaрдaд. Бо бa дaст овaрдaни Истиқлоли дaвлaтӣ дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон тaҳти сиёсaти инсонпaрвaронaю бaшaрдӯстонaи Пешвои миллaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон тaвaҷҷуҳи Ҳукумaти мaмлaкaт бa сaмти ҳифзи тaбиaт, хосaтaн неъмaти бузургу гaронaрзиши ҳaёт, гaнҷинaи кaмёбу нодири тaбиaт – об хело aфзун гaшт.
Сaрвaри дaвлaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон aз минбaрҳои бонуфузи олaм пaйвaстa тaъкид месозaнд, ки об неъмaти нодиртaрини ҳaёт, aсоси мaвҷудияти олaми зиндa вa мaҳзaни волои тaбиaт мебошaд. Пешвои миллaти тоҷик ҳaнуз aз соли 2003 пешниҳодҳои шоёни худро вобaстa бa рaфъи мушкилоти глобaлӣ дaр сaмти об мaнзури ҷомеaи ҷaҳонӣ кaрдa будaнд.
Президенти мaмлaкaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон соли 2013-ро “Соли ҳaмкориҳои бaйнaлмилaлӣ дaр соҳaи об” пешниҳод нaмудaнд, ки aз ҷониби Мaҷмaи умумии Созмони Милaли Муттaҳид вa кулли дaвлaтҳои сaйёрa, ки aъзои ин созмони бонуфузaнд, бa хушӣ пaзируфтa шуд. Пешвои миллaт тaшaббуси чaҳоруми хешро тaҳти унвони Дaҳсолaи бaйнaлмилaлии aмaл “Об бaрои рушди устувор” солҳои 2018-2028 дaр aрaфaи тaҷлил aз ҷaшни бaйнaлмилaлии Нaврӯзи Aҷaм 22 мaрти соли 2018 дaр минбaри бонуфузи СММ мaвриди aмaл қaрор додaнд вa ин тaшaббуси бузургро 193 кишвaри ҷaҳон дaстгирӣ нaмудa, aз тaрaфи СММ пaзируфтa шуд.
Ҳамин тавр, ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасиву изҳори мақсад ва эълони уҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ баргардонданд. Ташаббусҳои мазкур дар маҷмуъ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳадафи стратегии навро барои инсоният ва таъмини ҳаёти арзандаи одамон эҷод намуданд.
Чи гунае, ки ба ҳамагон маълум аст, рӯзҳои 22-24 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Конфронси оби СММ баргузор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд мизбонони ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ ба шумор мерафтанд.
Чорабинии мазкур ҳам барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ санаи муҳимми таърихӣ ба шумор меравад.
Зимни суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ - 2023, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 ҷараён дошт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, дар тӯли се рӯзи охир Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об, ки пас аз 46 сол бори аввал баргузор гардид, ҳазорон нафарро ҷамъ овард. Ин ҳамоиш, ҳамчунин, барои таҳияи уҳдадории муштараки ҷонибҳо оид ба мавзуъ ва сабти он дар Рӯзномаи амал дар соҳаи об ҳамчун саҳми муносиби мо дар натиҷаҳои ин Конфронси таърихӣ хидмат хоҳад кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист тавассути мавқеи фаъолонаи худ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи мубрами рӯз ҷалб намуда, барои дастрасӣ ба пешравии назаррас ҷиҳати дарки ҳамаҷонибаи мушкилоти марбут ба об, инчунин зарурати муттаҳид намудани сайъу кӯшишҳо барои рафъи мусолиматомези онҳо мусоидат намояд.
Дар баробари ин, ташаббусҳои Пешвои миллат барои ҳалли мушкилоти об боис гаштанд, ки шахсияти сиёсии Президенти Тоҷикистон дар доираҳои сиёсии ҷаҳон ва миёни кишварҳои хурду бузурги сайёраи мо ҳамчун сарвар ва пешвое шинохта шавад, ки дар сиёсат ва корсозиҳои хирадмандонааш миёни арзишу ормонҳои миллии кишвараш ва ниёзҳои дунёи муосир таносуб ва тавозуни оқилона эҷод намудааст.
Феълан ғояи созандаву бунёдии ҷониби Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии “ Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон қабул гардида, аҳамияти ин неъмати бузурги табииро барои инсоният амиқан дарк намудаанд. Ва моҳияту муҳиммияти ин пешниҳодоти Сарвари давлатамонро барои рушди инсонӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои одамон арзёбӣ намудаанд.
Дар ин замина ҳамкориҳои давлатҳои ҷаҳон дар соҳаи об муҳаррики асосӣ барои Рушди ҳадафҳои устувору ҳазорсола гардида, заминаи мусоид барои муносибатҳои дипломативу иқтисодӣ ва маърифативу иҷтимоии давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид хохад шуд.
Муфассал ...- Чоршанбе, 29 Март 2023
Конфронси таърихӣ
Дар мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ Шакунтала Санзиран Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 зикр кард, ки Конфронси мазкур таърихӣ аст. Ҳақиқатан ҳам ин конфронс таърихӣ аст, зеро ки он дар таърихи Созмони милали Муттаҳид бори дувум - баъди 46 сол ба вуқуъ пайваст.
Ин конфронс таърихи гузашта, имрӯза ва оянда дорад.
- Дар гузаштаи начандон дур, бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии СММ тайи 20 соли охир 9 қатъномаи марбут ба масъалаҳои обро қабул кард, ки заминаи муносибро барои эълон кардани соли 2003 – Соли оби тоза, соли 2013 - соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ва солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан эълон кардани ду даҳсолаи байналмилалии амал - “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор”-ро фароҳам оварданд.
- Имрӯз, диққати тамоми давлатҳои дунёро мизбонони асосии конфронс Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр ба масъалаи муҳимтарини дунё «об манбаи ҳаёт» ҷалб намуданд, ки ин ҳақиқатан ҳам як воқеаи муҳими таърихӣ аст. Чуноне ки Пешвои миллат дар суханронии худ иброз намудааст: «Ин се рӯз дар ҳақиқат моро нерӯи наве бахшид: мо аҳли ҷаҳонро ба шаҳри Ню-Йорк овардем, акнун мо метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳон расонем». Конфронси мазкур қадами аввал дар роҳи татбиқи қатъномаи нави Созмони Милал оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба шумор меравад.
- Дар оянда, ҳар сол 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” муайян шудааст ва шурӯъ аз соли 2025 ҷаҳон се рӯз пайи ҳам аз 21 то 23 март ҷашнҳои марбут ба об, яъне Рӯзи пиряхҳо, Рӯзи захираҳои об ва Рӯзи обуҳавошиносиро таҷлил хоҳад кард.
- Соли 2024 Конференсияи навбатӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии об дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт.
- Соли 2025 аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид ва тибқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо хоҳад гашт. Ва мо ҳамагон умеди калон дорем, ки Тоҷикистон дар ин самт дар оянда ҳамеша пешсаф хоҳад буд ва бо ин васила боз ҳам обод хоҳад гашт.
- Саммити Оянда-2024 ва Саммити ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ-2025 ва ҳадафҳои рушди устувор тавассути Форумҳо амалӣ хоҳанд гашт.
- Дар оянда Бунёди махсус ҷиҳати дастгирии амалҳои вобаста ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад, ки метавонад барои пиёда намудани иқдомоти зарурӣ ва татбиқи ҳадафҳо дар ин ҷода захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун сафарбар намояд.
- Бонки ҷаҳонӣ, Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (МАГАТЭ), Иттиҳоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи табиат, Эътилофи обу иқлим ва дигар шарикон дар муваффақ гаштани ин ташаббус саҳмгузорӣ хоҳанд намуд.
- Минбаъд зарурати ба кулли тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии об ба миён меояд, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос мекунад.
- Дар якҷоягӣ бо кишварҳо ва ҷонибҳои манфиатдор Харитаи роҳ барои соли 2025 таҳия карда мешавад.
- Ҳамкорӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо ва об байни тамоми кишварҳо оғоз меёбад. Хулоса, қудрати бузурги об, дар оянда дар он дида мешавад, ки қитъаҳо, кишварҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳонро муттаҳид месозад.
Ҳақиқатан ҳам тамоми кишварҳою халқҳо барои ҳал кардани масъалаҳои глобалии ҷаҳон бояд гирди ҳам оянду муттаҳид шаванд, на ин ки баръакс, кишварҳои абарқудрат ба манфиати геополитикии худ шуда ҷаҳонро ноором созанд.
Муфассал ...- Сешанбе, 28 Март 2023
Дежавю
Ризвоншоева Н. – научный сотрудник
Института гуманитарных наук имени
академика Б.Искандарова АМИТ
Всегда была уверена, что чем дольше живёт человек, тем меньше будет удивляться поступкам и действиям людей, так как уже многое повидал, приобрёл жизненный опыт и постепенно приобретал своего рода дара предвидения. С годами каждый человек больше начинает интересоваться историей, так как по личному опыту во многих жизненных перипетиях у него нередко случаются дежавю – ощущение, что переживаемое в настоящее время состояние уже имело место в прошлом и не является новым и неизвестным. Однако, к огромному сожалению, глядя на многие нынешние ситуации приходится сомневаться в своих постулатах. Ведь маломальский грамотный человек знает, что история движется не по кругу, а по спирали и вступает в каждую новую фазу в иной форме, которую определяет предшествующее развитие.
Сегодня слушая людей грамотных, опытных, закалённых жизнью удивляешься как они не поняли, пропустили или что самое ужасное, не знают, что всё возвращается на круги своя. Или же наоборот, хорошо зная, опять хотят сыграть в игру 33 летней давности. Они вновь хотят творить свою историю, не понимая историю, которую творят, несмотря на то, что из неё, казалось бы, за столько лет черпали всё: опыт, крах, победы, поражения, славу и бесславие. Так что же вновь собрав всего 20-25 человек вокруг себя заговорили о своей миссии и вновь во главу поставили вопрос бадахшанцев и Горного Бадахшана?! Теперь нас вновь называют «Бадахшони азиз», нам «сочувствуют», нас «жалеют» и несомненно хотят всеми силами акцентировать внимание именно на нас. Почему-то «Радиои озодї», говорить об участии 30-и жителей Горного Бадахшана в протестной акции, когда выступавшие говорят, что участники – это представители всех регионов Таджикистана, то есть из 25 собравшихся человек - 30 выходцев из Бадахшана?! Или вы не только забыли историю, но и элементарный счёт? Наверно это не позволительно тем, кто проецирует себя как журналист международного уровня. Если же ваша задача была предъявить своему зрителю статистические данные, то почему не была предъявлена статистика, сколько жителей Согда, Бохтара, Куляба, Гарма и т.д. были участниками данной акции? Почему ваша статистика определяет только количество жителей Бадахшана? Разве это профессиональный подход к освещению вашей темы?
Несомненно, сегодня история повторяется вновь, и главный акцент делается на бадахшанцев и все вопросы, связанные с ними. Хотелось бы напомнить вам - учредителям и вдохновителям, слова великого философа К. Маркса: «История повторяется дважды – сначала в виде трагедии, потом в виде фарса». Хотелось бы обратиться к господину М.Кабири, не пытайтесь вновь вступить в ту же воду, там уже лежат сотни наших погибших, не превращайте нашу историю в фарс, мы уже из неё почерпнули опыт и на основе этого опыта уже образовалась самая живая часть нашего практического ума. Обычно люди пытаясь творить свою историю, и вы, в том числе, как показывает время, часто заодно и фальсифицируете её. Мы, помним и хорошо знаем ваше отношение к бадахшанцам и некогда не забудем ее последствия. Говорят, что «уроки истории заключаются в том, что люди ничего не извлекают из её уроков» - очень надеюсь, что это не будет относиться больше к жителям Бадахшана. Каждый из нас должен помнить, что история – это всемирный суд, так как именно она свидетель прошлого, свет истины, живая, неуничтожаемая память и учитель жизни!!!
Муфассал ...