wrapper

Мақолаҳо

АБДУЛАНАЗАРЗОДА А.А. - ходими пешбари илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ, доктори илми филология

                                                                       Ҳампаёмӣ бо Паём

Имрӯз ҷаҳон аз ҳар вақта дида нооромтару шинохтанашаванда гардидааст. Унсурҳое, пайдо шудаанд, ки қаблан дар сайёра ё мавҷуд набуданд, ё дар чунин ҳолати глобалӣ зуҳур накарданд. Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равандҳои геополитикиро “мураккабу печида боқӣ монда” номид. Қаблан роҳбари давлат дар вохӯрӣ бо аҳли илму маориф дар таърихи 1-сентябри соли соли гузашта ҷаҳони феълиро “ҷаҳони пешгуинашаванда” номиданд ва замони имрӯзаро давраи “азнавтақсимкунии сайёра” номид. Нуқтаи дигари муҳими суханронии Президенти кишвар марбут ба ин масъала дар вохӯрии мазкур  ин буд, ки имрӯз  ҳар як сарвари кишварҳои олам танҳо аз неруи бузург ва афзалияти ҳарбии худ ҳарф мезананд.

Бале, мутаассифона авзои кунунии ҷаҳон чунин мураккаб аст, ки чанд сабаб дорад:

  1. Замон замони глобализатсия аст. Давлатҳои бузург давлатҳои хурд, фарҳангҳои бузург фарҳангҳои кучак, забонҳои доманфарох забонҳои доираи маҳдудро зер мекунанд.
  2. Захираҳои табиӣ дар бисёр мамолики дунё тамом шуда истодаанд. Махсусан он давлатҳое, то кунун бештар аз истифодаи ин захираҳо рушд ёфта, ба кишварҳои тараққикарда мубаддал гаштанд. Имрӯз ягона роҳ барои онҳо ин ба ҳар роҳву шакл истифода аз захираҳои табиии давлатҳои рӯ ба инкишоф боқӣ мемонад.
  3. Дар чунин авзои ташвишовари олам, дар қисматҳои алоҳидаи он кишварҳо аз рӯйи идеология, қавму манфиатҳои миллӣ ва минтақавӣ дар шакли ҳар созмонҳои алоҳида ва гурӯҳҳои ошкору пинҳон муттаҳид шуда истодаанд, ки хатарҳои дигареро ба миён оварда истодааст.

Ҳамаи ин, мушкилоту хатарҳо ба он оварда истодааст, ки ҷаҳони мо рӯз аз рӯз ноорому хавфноктар гаштааст. Аз ҳама хатар дар ин давра барои давлатҳои рӯ ба инкишоф таъдид мекунад.

Савол ба миён мебиёяд, ки дар кишвари мо халалдор сохтани вазъи орому осудаи вуҷуд дорад, дар ҳолате, ки сохторҳои қудратӣ, қувваҳои мусаллаҳи кишвар неруи зарурӣ барои ҳифзи хоку буми мамлакат доранд. Ҷавоб ин аст, ки на танҳо мамлакати мо, балки дилхоҳ давлат имрӯз метавонад ноамн гардад, ки ба фикри ин ҷониб чанд замина дошта метавонад:

  1. Мо, мутаассифона бошад ё хушбахтона бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳамсарҳадем, ки таҳи солҳои тӯлонӣ дар вазъияти бидуни оромӣ қарор дорад. Давлате, ки дилхоҳ хонавода яроқ дорад ва қариб беқонунӣ дар он ҳукмфармост. Солҳои зиёд дар хоки давлатҳои абарқудрат дар шакли маҷозӣ бо ҳам қувваозмоӣ доранд ва тавоноии яроқи худро месанҷанд. Бо омадани толибон ба сари давлат бесарусомонӣ дар Афғонистон боз ҳам авҷ гирифтааст. Аз ҳама мудҳиштар ин аст, ки дар ҳамсояи мазкури мо тамоми гурӯҳҳои ифротӣ ва терористӣ, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум гаштаанд, озодона фаъолият доранд, ки барои Тоҷикистони азиз мо метавонад хатари зиёдро эҷод намояд.
  2. Яке аз роҳҳои осонтарин барои ноамн сохтани ин ё он давлат истифодаи шаҳрвандону зодагони он барои манфиати худӣ мебошад. Имрӯзҳо мо шоҳиди он гардида истодаем, ки фарзандони зиёди ин миллат дар хориҷа паноҳ бурда, бар зидди сиёсату масъулони сатҳи баланди ҳукумат баромад доранд, афкори бардурӯғро паҳн менамоянд, мардумро ба мубориза даъват мекунанд, хулоса миёни мардум иғвоангезӣ мекунанд. Аҷиб ин аст, ки ян нафар муҳоҷири қаторӣ дирӯз аз кишвар ба хориҷа сафар намуда, баъди вақти муайян дастрасӣ ба шабакаҳои телевизионии гаронтарини дунё пайдо мекунанд, имрӯз аз ин минбари баланд ва фардо аз дигар баромад мекунад. Дар як ҳафта аз се давлати дунё луқмапартоӣ менамояд. Савол ба миён мебиёяд, ки муҳоҷири одӣ чи тавр метавонад, ин қадар имконият пайдо намояд, хароҷоти калонро пардохт кунад. Ҳол он ки ба аксари чунин ашхос дар мамолики дигар паноҳгоҳ дода мешавад. Ҷавоб хеле одӣ аст. Ин шахсон аз ҷонибҳое, ки оромӣ ва рушди кишварамонро намехоҳанд, маблағгузорӣ карда мешаванд. Барои ин шахсони ба истилоҳ “мухолифин” минбарҳо ва сафарҳо таъмин менамоянд, то мардумро таҳти мафҳумҳои “демократия”, “ҳуқуқи озодии инсон”, “ошкорбаёнкунӣ” ва ғайраҳо ба мубориза мехезонанд. Бояд қайд кард, ки мудҳиштарин хатар маҳз истифодаи шаҳрвандони кишварамон мебошад.
  3. Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳатҳо осебпазир аст. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтиқа холигие ба вуҷуд омад, ки ҳар яке аз абарқудратони дунё мехост онро бо арзишҳои хеш пур кунад. Асосан ин мубориза миёни мамолики Ѓарб, Федератсияи Россия, Хитой ва дигар ҷонибҳо сурат то кунун гирифта истодааст. Ба ин хотир, аз сар задани муноқишаҳо дар дохили ин ё он кишвари минтиқа ё нофаҳмиҳо миёни кишварҳои он аз эҳтимол дур нест.
  4. Мушоҳидаҳо нишон дода истодаанд, дар кишварҳое, ки вазъи нотинҷ ба вуҷуд омадааст, дар он ҳатман дасти сеюм ҷой дорад. Имрӯз шояд сар задани ин ё он нооромӣ дар дилхоҳ кишвар аз аҳолии он вобастагӣ дошта бошад, аммо хомӯш кардани ин аланга ба қувваҳои беруна марбут аст. Мисоли возеҳ вазъияти феълии Украина шуда метавонад. Оғози ҷанг бо Руссия аз Украина вобаста буд, ё худ метаовнист, ки ин нофаҳмиро бо Руссия пешгирӣ намояд. Аммо имрӯз ба гумон аст, ки Украина тавонад дар вақти ба ӯ мувофиқ бо Руссия оташбаст эълон кунад, агар ҳатто хоҳиш ҳам дошта бошад. Зеро аксари мамолики Ғарб барои манфиати худӣ он қадар маблағро дар ин ҷанг масраф намуданд, ки хотимаи ҷанг бе натиҷа барои онҳо қобили қабул нест.

Афкори боло моро ба он водор месозад, ки “зиракии сиёсӣ”-ро, ки Ҷаноби Олӣ ба мо такрор ба такрор таъкид мекунад, аз ҳарвақта дида барои ҳар шаҳрванд заруртар аст. Давраи кунунӣ аз ҳар як шаҳрванди қаторӣ мавқеи мустаҳками ватандориро тақозо менамояд. Махсусан, барои онҳое, ки имрӯз зидди сиёсати давлату ҳукумат, роҳбарияти кишвар баромад мекунанд, бояд сари вақт посухи асоснок дода шавад. Агар ин шаҳрвандони ба ном “барои халқу Ватан дилсӯз” воқеан меҳрубон бошанд, чаро танҳо оиди масоили ба назарашон норасогӣ ҳарф мезананду халос. Чаро оиди беҳбудӣ, рушду пешрафт, комёбиҳои кишвар гап намезананд. Чаро онҳо танҳо тарафи ба гумонашон манфиро баррасӣ менамоянд. Чаро оиди хизмати Пешвои миллату халқи Тоҷикистон дар фароҳамоварии сулҳу субот, марҳила ба марҳила беҳтар гаштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ сухан намекунанд?  Посух хело одӣ аст. Чунки барои иғвоангезӣ миёни мардум аз пешрафту комёбӣ набояд ҳарф гуфт, танҳо хабарҳои бардурӯғ паҳн кардан зарур аст, то норомӣ ба вуҷуд ояд.

Аз ин рӯ, набояд бетараф истод. Дар Тоҷикистони азизамон танҳо як сиёсат аст, ки он сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Набояд ягон дудилагӣ миёни аҳолии кишвар эҳсос гардад. Баръакс ба чунин сиёсати адолатпарваронаи Роҳбари давлат эҳтироми хосса гузошта шавад.   

Ба коми чунин ашхос афтидани ин ё он шаҳрванд ба бедории сиёсии он вобастагӣ дорад.

Дар фарҷом мехоҳам, тамоми шаҳрвандони кишварро ба он даъват намоям, ки дар ин давраи асос барои кишвари мо, минтақа ва ҷаҳон ба ин масъалаҳои ба гумонам хеле зарур таваҷҷуҳи бештар равона созанд. Имрӯз ба масъалаи амнияти миллӣ аз тамоми масоли дигари иқтисодиву сиёсӣ, фарҳангиву маданӣ дида бояд бештар афзалият диҳем. Таъмини амнияти миллӣ танҳо вазифаи сохторҳои алоҳида нест, он масъулияти ҳар шаҳрванди қаторӣ аст. 

 

 

 

 

Муфассал ...

ВАРҚА ОХОНИЁЗОВ – ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ФИЛОЛОГӢ, САРХОДИМИ ШУЪБАИ ФОЛКЛОР ВА АДАБИЁТИ БАДАХШОНИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ АМИТ

Чанд андеша оид ба Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Чун анъана, ё дар охир ё дар аввали сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми навбатии хешро ба Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ва албатта, тавассути онҳо ба тамоми мардуми Тоҷикистон ироа менамояд. Ҳадафи Паём ҷамъбасти дастовардҳои сол ва вазифагузорӣ барои соли оянда аст ва аз ин рӯ, ҳар як сохтори давлатию ҳукуматӣ, муассиса ва ташкилот дар партави ҳадафу вазифаҳои Паём нақшаҳои фаъолияти хешро таҳия намуда, ба амалигардонии онҳо сафарбар мегарданд. Ин аст раванди маъмӯлии иҷрои нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат!

Муассисаи мо, ки муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ аст, бояд таваҷҷуҳро ба нуктаҳои ба ин масъала дахлшуда дар Паём равона созад. Дар зимн чанд нуктаи Паёми имсолаи Президенти муҳтарам, ки метавонанд аз тарафи Институти илмҳои гуманитарӣ (ИИГ) ба н. Б.Искандарови АНИТ дар давоми соли 2023 ба кор гирифта ва баъд аз он низ бар онҳо тамаркуз шавад, зикр мегарданд.

Яке аз нуктаҳои аслии Паёми Президент, ки ба рушди иқтисодии кишвар ишора дорад ва бидуни шубҳа, барои таҳкими мавқеи фарҳангию сиёсии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон кумаки назаррас менамояд, ин таъкид ба рушди боз ҳам пурсамартари сайёҳӣ мебошад. Сарвари давлат хотирнишон намуд, ки “Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд ва зарур аст, ки ин раванд ба таври самаранок амалӣ карда шавад”.

ИГН, ки ягона муассисаи илмӣ ва тадқиқотӣ дар самтҳои фарҳанг, таърих, фолклору адабиёт ва расму ойини сокинони бумии Бадахшон аст, метавонад яке аз нақшҳои калидиро дар рушду равнақи сайёҳӣ дар ҳудуди Бадахшони Тоҷикистон ва дар оянда Бадахшони Афғонистон ва Вилояти Син Сиз Яни (Қошғар) Ҷумҳурии Халқии Чин бозӣ кунад. Бо дастгирии Мақомоти ҳокимияти давлатии ВМКБ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва мақомоту ташкилотҳои дигари дахлдор метавон дар заминаи ИГН фаъолиятҳои зеринро ба роҳ монд:

  • таҳияи дастурҳо бо дарбаргирии маълумоти таърихию фарҳангӣ дар бораи Бадахшон-Помир;
  • таҳияи дастурҳои роҳбаладӣ бо дарбаргирии ҷойҳои таърихию фарҳангии минтақа;
  • ташкил намудани курсҳои махсус барои омӯзондани ҷавонони болаёқат дар самти муаррифии таъриху фарҳанги диёр (аз унсурҳои хонаи ориёӣ (помирӣ) сар карда, то ба асбобҳои мусиқӣ, расму таомули мардум, ҷойҳои таърихӣ, ҷашнҳо ва ғайра);
  • омода намудани рӯйнамоҳо бо ҳадафи гузарондани суҳбату мизҳои мудаввари муаррификунанда бо сайёҳон;
  • гузарондани суҳбатҳои алоҳида бо сокинони Вилоят дар хусуси қабули сайёҳон ва муаррифии маконҳои таърихӣ ва унсурҳои фарҳангӣ;
  • омода намудани сабтҳои гуногун ба шакли роликҳои муаррификунанда ва филмҳои кутоҳҳаҷм;
  • ҳаматарафа омода намудани Фонди захираи дастхатҳои ИИГ барои муаррифӣ ба сайёҳон ва дигар меҳмонон.

Нуктаи дигари Паём, ки аз назари ИИГ метавонад мавриди таҳлилу амалишавӣ қарор гирад, таъмини иртиботи он бо муассисаҳои таълимӣ мебошад. Президенти мамлакат дар Паёми хеш таъкид намуд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем”.

Барои бедор намудани шавқу рағбати толибилмони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба илм, зарурати иртиботи қавии ИГН бо онҳо боқӣ мемонад. Ба манфиати ояндаи халқу Ватан мебуд, агар ду фаъолияти зерин дар ин самт амалӣ мешуданд:

  • ба таври мудаввом ташкил намудани вохӯриҳо ва мизҳои мудаввар бо муаллимону толибилмон дар самти фаъолияти ИГН ва арзишу қимати илм барои рушди оянда;
  • ташкил намудани курсҳои махсус барои муаллимони муассисҳои таҳсилоти умумии Вилоят дар самти роҳҳои ҷалби таваҷҷуҳи толибилмон ба таҳқиқу илм;
  • таҳияи ва нашри дастур ва роҳнамоҳо дар ин самт;
  • ба роҳ мондани алоқа бо муассисаҳои илмию тадқиқотии ватанӣ ва хориҷӣ барои ба роҳ мондани масъалаҳои боло. Ҷои зикр аст, ки Президенти мамлакат ин масъаларо ба тарзи равшану возеҳ дар Паём таъкид намуд, чунончи: “Ҳамзамон бо ин, вобаста ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд”.

Дуруст аст, ки ҳамаи ин гуфтаҳо ва андешаҳо ба таҳияи як нақшаи мукаммал, кадрҳои болаёқат, буҷаи махсус ва дастгирии расмӣ вобаста ҳастанд, аммо онҳо хаёлӣ набуда, балки заминаи дурусти воқеӣ доранд.

 

Муфассал ...

НЕКУШОЕВА Ш.С. – ДОКТОРАНТ ИНСТИТУТА ГУМАНИТАРНЫХ НАУК ИМ. АКАДЕМИКА БАХОДУРА ИСКАНДАРОВА НАНТ

«Создание цивилизованной нации начинается с образования»!

                                                                                               Э. Рахмон

      Слова Президента Таджикистана Эмомали Рахмона в обращении к народу от 23.12.2022г. относительно образования в качестве фундаментальной основы для созидания цивилизованной нации являются весьма релевантными. Очень своевременно подчеркнута роль образования в формировании просвещенной нации и высокоразвитой страны. Все рычаги государственности испокон веков зиждились на образовании, а продвинутые нации и народности всегда преследовали цель развития и укрепления образования и науки своей страны, ибо только постигшие определенного ментального развития нации понимают, что системная прочность страны зависит от общей образованности его жителей. Точным и верным является утверждение Уважаемого Президента нашей страны относительно личности учителя, который в его обращении приравнивается к лицу «формирующий мировоззрение и воспитывающий новые поколения».  Между строк высказываний Президента страны прослеживаются глубокие мысли относительно того, что учителем может быть только тот человек, который обучая других сам является высококвалифицированным специалистом своей области. С этой точки зрения принципиально важно обратить внимание именно на качество образования нашей страны, что и прослеживается в каждом слове Уважаемого Эмомали Рахмона. Ибо страна и государство, которые выделяют необходимое внимание и ресурсы на образование, на деле поддерживают культурную, демократическую и мирную жизнь для отдельных людей и общества в целом. Именно в этом социально-политическом аспекте лежит не только проблема образованности населения, но и проблема его занятости, стабильности социально-экономической жизни страны, которое может быть решен только путем внедрения устойчивой системы образования на всех ее стадиях. Исходя из такой ключевой роли образования и науки в речи Президента страны было подчеркнуто, что «забота о науке и образовании, решение проблем в данном направлении, путем капиталовложения имеет место с целью развития человеческих ресурсов страны».

     Слова Президента страны о том, что «поэтапное развитие сферы образования, роль и значимость преподавателя, а также создание соответствующих условий для подростков и молодежи являются приоритетными направлениями социальной политики страны и правительства» не расходятся с нынешней деятельностью государственных образовательных структур. Следует отметить, что правительством в течении продолжительного периода неоднократно предпринимались шаги для осуществления целей и задач развития образования и науки страны. Только за последние годы такие предпринятые шаги как соглашение между Правительством Российской Федерации и Правительством Республики Таджикистан об организации обеспечения педагогической деятельности, осуществляемой российскими педагогическими работниками в образовательных учреждениях системы общего образования Республики Таджикистан от 30 ноября 2021 года, вступившую в силу 18 мая 2022 года, а также внедрение государственного Проекта «Повышения социально-экономической устойчивости Таджикистана», который в данный момент осуществляется также в трех районах Горно-Бадахшанской автономной области, являются сильными аргументами относительно заботы государства и правительства в деле укрепления науки и образования страны.

     Именно четкое понимание того факта, что «… необразованность, невежество и фанатизм являются источником всех бед человека, а также причиной отсталости общества и застоя страны» Президент Эмомали Рахмон перед Министерством образования и науки страны ставит важную задачу предпринять эффективные меры по внедрению образовательных программ по освоению современных профессий и знаний.

      Слова Президента страны относительно образования и науки всецело проникнуты заботой о благополучии и благосостоянии каждого гражданина Таджикистана и всей страны в целом. Страна, которая не подозревает, что необразованность, невежество - мать злобы, зависти, алчности и всех прочих низких и грубых пороков, а также грехов (Г.Галилей), так и не поймет, что только просвещение становится противоядием от всех бедствий человечества. 

 

Муфассал ...

Паёми Пешвои миллат – марҳилаи нави стратегияи миллӣ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сиёсӣ ва стратегӣ маҳсуб мешавад, ки самти инкишофи сиёсати давлатро дар марҳилаи ояндаи наздик ва дур муайян месозад. Маҳз тавассути Паёми ҳарсола, Пешвои миллат  нуқтаҳои асосии сиёсати давлатро барои доираи васеи аҳолии мамлакат, аз он ҷумла барои фаъолон, сиёсатмадорон ва  аҳли илму фарҳанг баррасӣ менамояд.  Аммо муҳимтарин  вазифаи Паёми Пешвои миллат  дар он аст, ки тавассути он ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзоёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумат, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ самти стратегии рушди мамлакатро дар шароити рушди суръатноки ҷаҳони глобалӣ муайян менамояд. Дар асоси вазифаҳои дар Паёми Пешвои миллат гузошташуда, Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳокимияти қонунгузор фаъолияти қонунгузориро барои амалӣ намудани мақсадҳои стратегии давлат мушаххас мегардонад  ва  дар ин масир Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ, ҳамвора, ҳамчун барномаи фаъолият дар самти раванди қонунгузорӣ дониста мешавад.

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи инкишофи мамлакат ва дастовардҳои он таҳлил шуда,  дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси  таҳлили илмӣ воқеъбинона  муайян гардид. Самтҳои асосии паёмро  масъалаҳои рушди иқтисодии мамлакат, амалисозии  ҳадафҳои стратегии давлат, рушди илму маориф,  соҳаи  тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди  фарҳанги миллӣ, таҳкими волоияти қонун,  таъмини амнияти миллӣ  ва    стратегияи сиёсати хориҷии мамлакат  дар бар гирифт. Аммо хусусияти муҳими Паёми имсола дар хулосаи умумии он дар бораи ҳуввияти миллӣ ва тарбияи ватандӯстӣ инъикос гардид.

Вобаста ба вазифаҳои  стратегӣ, Тоҷикистон дар самти иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020 4,5 фоиз ва дар соли  2021 9,2 фоиз афзоиш ёфт. Ин нишондоди баландтарин  миёни давлатҳои ҷаҳон гардид. Дар муқоиса дар соли 2021 ҳаҷми афзоиши маҳсулоти дохилии Чин 8,1 фоиз, ИМА 5,7 фоиз ва Россия 4,8 фоизро ташкил дод.  Пешвои миллат дар назди сохторҳои давлатӣ вазифа гузошт, ки сатҳи афзоиши маҳсулоти дохилии мамлакат дар соли оянда дар  ҳудуди  на кам аз 8 фоиз нигоҳ дошта шавад. Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд. Дар ин давра зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт. Танҳо дар соли 2022 190 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.

  Вобаста ба рушди маориф ҳаминро бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати маърифатпарвар  дар арсаи минтақа ва ҷаҳон  шинохта шуд, зеро зиёда аз 40 фоизи буҷети онро барномаҳои иҷтимоӣ ва  маориф  ташкил медиҳанд. Дар си соли истиқлолият  3430  бинои таълимӣ сохта шуданд, ки дар онҳо 15 миллион хонандагон таҳсил мекунанд. Бинобар афзоиши аҳолии мамлакат, Пешвои миллат вазифа гузоштанд, ки минбаъд ҳар сол бояд на кам аз 200 бинои таълимӣ мавриди истифода карор дода шавад. Аммо дар ин самт Пешвои миллат бори дигар ба масъулияти волидайн ишорат карданд, зеро маҳз дар хона, дар шароити тарбияи волидон, фарзанд метавонад роҳи дурурсти зиндагиро барои худ муайян созад.

Ҳамин тавр мо ба хулоса омадем, ки дар Паёми Пешвои миллат таҳлили амиқи вазъи иқтисодии мамлакат, дастовардҳои он, вазифаҳои стратегӣ барои оянда, амалисозии барномаҳои иҷтимоӣ ва  инкишофи сатҳи тарбияи ватандустӣ ва ҳуввияти миллӣ  ҳамчун вазифаҳои минбаъдаи сохторҳои давлатӣ   ва тамоми шаҳрвандони мамлакат  муайян карда шуданд. Аз ҳамин лиҳоз мо  шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки  дар иҷро ва амалисозии барномаҳо ва нуқтаҳои ин ҳуҷҷати  стратегӣ саҳми худро гузорем.

 

САИДАСАНОВ ЮСУФ – НОМЗАДИ ИЛМИ ТАЪРИХ, ХОДИМИ ИЛМИИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ БАҲОДУР ИСКАНДАРОВИ АМИТ

Муфассал ...