Мақолаҳо
- Сешанбе, 26 Апрел 2022
Носири Хусрави Қубодиёнӣ – шоири озода ва хирадгаро
Ба дасти ману туст некахтарӣ,
Агар бад наҷӯем, некахтарем.
Абумуиниддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар соли 1004 дар Қубодиён дида ба дунё кушодааст. Ӯ дар олами шеър бо тахаллуси «Ҳуҷҷат» машҳур аст. Носири Хусрав таҳсили нахустини худро дар зодгоҳаш гирифта, пасон дар мадрасаи шаҳри Балх илм омӯхтааст. Аз айёми ҷавонӣ ба хидмати давлатӣ дар дарбори Ғазнавиҳо медарояд. Ӯ худ дар ин бора дар «Сафарнома» маълумот медиҳад: «Ман боргоҳи мулук ва салотини Аҷам дидаам, чун Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва писараш Масъуд».
Муфассал ...- Сешанбе, 26 Апрел 2022
Фарҳанги миллӣ дар баробари воқеиятҳои имрӯзӣ
Аз бозе ки инсон худро дар баробари табиат ва ҷаҳони бекарон шинохт, ба эҷод ва офариниш машғул шуд ва аз ин тариқ нахуст мубориза ва муқовиматро барои зинда мондан ва баъдан ба вуҷуд овардани фазои муътадили зистӣ идома дод. Дар масири шинохт ва муқовимат бо ҳаводиси табиӣ инсонро маҷмӯаи донишҳою бинишҳояш, ки аз роҳи таҳрики сохтмони мағзӣ имконпазир шуда, шартан фарҳанг ном гирифтаанд, мадад кард.
Муфассал ...- Сешанбе, 26 Апрел 2022
Устод Рӯдакӣ – падидаи нодири забонӣ ва адабии рӯзгори Сомониён
Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (858-941) на танҳо маъруфтарин сухансарои рӯзгори давлати сомонӣ, балки аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки то ба имрӯз сурудаҳои ширину шево ва ҷаззобу дилкашаш вирди забони мардуми мо ва дигар форсизабонони ҷаҳон қарор гирифтаанд. Ин ҳақиқат, ки «султони шоирони ҷаҳон», «соҳибқирони шоирӣ» ва «падари шеъри форсӣ» устод Рӯдакӣ парвардаи хони давлату неъмати Сомониён аст, ҷойи шакку шубҳа надорад ва худи ӯ ҳам ин матлабро возеҳан таъкид кардааст:
Муфассал ...- Сешанбе, 26 Апрел 2022
Муносибати босалоҳият дар дарсҳои адабиёт
Имрӯз муносибати салоҳиятнокӣ дар таълими фанҳо ба ҳукми анъана даромада истодааст. Доир ба ин масъала қариб ба ҳамаи фанҳои таълимӣ дастур ва роҳнамо таҳия шуда, мавриди амал қарор дода шуддаанд, аммо доир ба ин масъала дар таълими адабиёт ягон дастур ва роҳнамое нест.
Муфассал ...