wrapper

Шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёту

иқтисодиёти ИИГ АМИТ

ПАЁМ – РАҲНАМОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

(дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.12.2024)

    Чун ҳамеша, Паёми Пешвои муаззами миллат ба таҳлилу баҳодиҳии рушди иқтисодиёти мамлакат ва ҷомеа дар 5 соли охир ва соли гузашта дар алоҳидагӣ, хулосабарорӣ аз амалкардҳо, иҷрои дастуру супоришҳои паёмҳои пешин оид ба таъмини рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, амнияти ватан, сулҳу субот, ягонагию ваҳдат, ҳимояи арзишу манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон бахшида шудааст.

     Дар ин санади роҳнамо махсусан, дар назди соҳаи иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаҳои муҳим ва мушаххас доир ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии молияи давлатӣ, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар ва пешбурди минбаъдаи сиёсати андозу буҷет ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими танзимкунандаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, инчунин, устувор нигоҳ доштани нақши буҷет дар болоравии иқтисодиёт ва дар ин робита зиёд намудани музди кор, нафақа ва стипендия, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар гузошта шудааст.

     Воқеан, Паём ин санади сарнавиштсоз, роҳнамо баҳри иҷрои ҳадафҳои шоиста буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, нақшаҳои рушди устувори минбаъда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тарҳрезӣ гардида, вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас мегардад. Дар Паёми навбатӣ дастоварду пешравиҳои дар зарфи солҳои охир ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол баён гардиданд.

     Сатҳи рушди иқтисодиёт дар ҳама давру замон асос ва гарави ҳастии давлату ҷомеа мебошад ва он аз субот, вазъи сиёсӣ, самаранокии сиёсати иқтисодӣ, ислоҳоти саривақтӣ, сатҳи тахассусии кормандон, сифати идоракунӣ ва дигар омилҳо вобастагӣ дорад.

    «Соли 2024 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешрафтҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,4 дарсад зиёд гардид ва ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расонида шуд.

      Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расонда шуд, яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт.

     Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари таҳлили ҳаматарафаи вазъи сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ ва муайян намудани роҳҳои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёт, барномаи стратегӣ ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имрӯзҳо тамоми аҳли заҳмати ҷумҳуриамон, аз ҷумла кормандони мақомоти молия, аз ин санади барномавӣ руҳу илҳом гирифта, онро дастури кору фаъолият қарор додаанд.

     Дар Паём тамоми самтҳои сиёсати дохилию хориҷии кишвар, роҳҳои рушди молияи давлатӣ ва иқтисодиёт, беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии мардуми ватанамон мушаххас нишон дода шудааст.

     Яке аз рукнҳои асосии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ғамхорӣ ва аҳамият ба соҳаҳои иҷтимоиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва маоши кормандони соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ аст. Пайваста ба афзоиши ҳаҷми буҷети давлатӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ зиёд шуда, барои рушди илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш, баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии шаҳрвандон бо роҳи зиёд намудани музди меҳнат, нафақа, стипендия ва дастгирии оилаҳои камбизоат, бо дарназардошти муқаррар намудани ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад.

     Ҳамон тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон зикр намуданд, сохторҳои давлатии кишвар ҷиҳати таъмин намудани нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ, самаранокии хароҷоти он ва фарогирии пурраи сарчашмаҳои имконпазири даромади буҷет раванди рақамикунонии молияву андозро густариш бахшида, дар муҳлатҳои наздиктарин низоми мукаммали муносибатҳои молияи рақамиро роҳандозӣ намояд.

      Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ бо ғурури баланди миллӣ, ҳисси бузурги ифтихори ватандорӣ ва мардумдӯстии худ машҳур гаштааст. Танҳо ҳамин гуна ғуруру ифтихор доштан, бо меҳнати садоқатмандона саҳм гузоштани ҳар як соҳибватан дар пешрафт ва гулгулшукуфии мамлакати азиз метавонад моро ба субҳи босафои саодат ва ояндаи дурахшон бирасонад.

     Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон бори дигар таъкид намуданд, ки мо бояд манфиатҳои милливу давлатиамонро аз тамоми манфиатҳои дигар болотару афзал дониста, таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли миллиамонро чун неъмати бебаҳо ҳифз намоем ва бо дасту дилу нияти пок ба халқу Ватан хизмат намоем.