Ҳақназар Имомназар ходими
илмии Институти илмҳои гуманитарии
ба номи академик Б.Искандарови АМИТ
ПАЁМИ СОЛ - ПАЙҒОМИ МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ ВОҚЕИИ ТОҶИКИСТОН - Чанд бардошт аз фалсафаи Паёми соли 2024 ва воқеиятҳои ҷомеаи тоҷикистонӣ
Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳимтарин санади сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, аз як тараф ҷамъбасти як марҳилаи пешрафти кишвар, дар намунаи як соли (2024) бобарори он, бо таҳлилҳои амиқи илмӣ-воқеии тамоми соҳаҳои ҳаёти он, раҳнамоӣ ва пешгӯиҳои хирадмандона барои як соли дигари талошҳо ва қадамҳои устувортар ба самти ҳадафҳои олии миллӣ мебошад. Паёми сол аслан пайғоми ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави воқеии рушди он аст, зеро замони сӣ соли сипаришуда, мамлакат асосан давраи эҳё ва барқарорсозии худро ҳамчун воҳиди сиёсӣ-иқтисодӣ дар ин ҷомеаи ҷаҳонӣ муваффақона паси сар кард.
Аз ҷониби дигар, Паём ин Эъломияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар симои Президенти он, ҳамчун тантанаи пирӯзиҳои навбатӣ дар набардҳои ҷаҳони ба маротиб бесуботгашта ва душворпешгӯишаванда, вале воқеӣ мебошад. Ба ибораи дигар, Президенти мамлакат ба намояндагӣ аз номи мамлакат, миллат ба тамоми тоҷикони дохилу хориҷи кишвар, ҳамзамон ва ба хусус, ба тамоми ҷаҳониён пайғому эълом доштанд, ки чунин мамлакати ҷавоне дар ҷаҳон ба номи Тоҷикистон аст, ки бо сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона (воҳид), бо сиёсати мустақили дохилии самти иҷтимоӣ дошта ва сиёсати “дарҳои боз”-и хориҷии худ, дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам фаъолона саҳмгузор мебошад. Дар Паём махсусан таъкид гардид, ки ҳамаи ин дастовардҳои кишвар ба шарофати яке аз беҳтарин панҷгонаи Конститутсияҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофшуда, ба номи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гаштааст, ки соли гузашта, тамоми мардуми кишвар 30-солагии онро бо ифтихор ва тантана ҷашн гирифтанд.
Новобаста аз авзои бӯҳронии ҷаҳони мудерн, Паём ҳамчунон Эъломияи пешрафти устувори кишвар дар марҳилаи воқеии рушди он, ҳамчунон сарварӣ ва мудирияти муваффақонаи роҳбарияти олии он мебошад, ки дар дастовардҳои беназири он, ваҳдати комили сокинони он, саҳми созандаи мардум барои сарзамини аҷдодӣ равшан инъикос ёфтааст. Зеро дар кӯтоҳтарин фурсати таърихӣ, бахусус, дар шароити рақобатҳои шадидтар гаштаи қудратҳои ҷаҳонӣ, барои бозтақсими нуфус дар ҷаҳон, ба чунин сатҳи рушд ва дастовардҳо расидани Тоҷикистони мустақил, ҳар гуна шубҳаҳоро чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохили кишвар аз байн бардошта аст.
Мо аз баёни муваффақиятҳои назарраси ба даст омада, аз таҳлилу рақамҳои дар ин санади муҳими давлатӣ зикршуда худдорӣ карда, ба моҳияти таҳлилҳои илмӣ-воқеӣ ва оянданигарии мантиқии Пешвои миллат, бо чанд бардоштҳои худ таваҷҷӯҳ карданием. Зеро бо нигоҳи амиқтар, ҳар ҷумлаи Паёми имсола, фалсафаи худро дорад, ки моҳияти он бояд ба таври содда, ба ҳар сокини кишвар расонда шавад, ки мо ҳам онро дар ин маводи кӯтоҳ вазифаи худ қарор додаем.
Роҳбари давлат дар оғози Паёмашон аз мушкилоти афзудаи ҷаҳони муосир, аз мухолифатҳо ва хатарҳои дар он суръату шиддати бештар пайдо карда, зикр намуда, дар айни ҳол, таъкиди махсусе доштанд, ки “...мардуми Тоҷикистон, мисли тамоми дигар кишварҳои пешрафта, ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро дорад, ки ин ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат мебошад...”. Бояд зикр шавад, ки барои ноил шудан ба ин ҳадафҳои олии давлат, заминаҳои мустаҳкам низ гузошта шудаанд, ки як тасдиқи он, дар тӯли панҷ соли охир таъмин шудани суръати рушди ММД ба 7,7 фоиз мебошад. Дар ин замон, яъне панҷ соли охир, музди меҳнати кормандони тамоми соҳаҳо, ба шумули нафақаву стипендияҳо, чор маротиба баланд бардошта шуда, ба сад фоиз расонда шуд, ки намунае аз қадамҳои мушаххас дар роҳи ҳадафи олии Ҳукумати кишвар, яъне таъмини зиндагии шоиста барои тамоми сокинони он мебошад.
Рақамикунонии иқтисоди кишвар, инноватсияи он (навоварӣ), ҳамчун яке аз талаботҳои воқеии замони муосир, ҳамзамон яке аз авлавиятҳои Ҳукумати мамлакат дар марҳилаи навбатии рушд мушаххас шудааст, ки дар мавриди заминаҳои он, амалӣ кардани онҳо чораҳои зарурӣ ҳам андешида шудаанд. Таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар ш. Кулоб ва дар пояи он таъсиси марказҳои илмӣ дар қаламрави тамоми кишвар, боло бурдани маърифати молиявии шаҳрвандон, масъулияти андозсупорӣ ҳамчун нишонаи маърифату масъулияти шаҳрвандӣ, аз ҷумлаи нуктаҳои калидии Паёми имсола мебошанд.
Роҳбари давлат бо дилсӯзӣ ва мардумсолории хос зикр доштанд, ки; “Ман ташвиши мардумамонро дарк мекунам”, ки ин нишонаи огоҳӣ аз тамоми мушкилоти муваққатии мардум ва дар айни замон баёнгари ғамхорӣ ва пайваста дар андешаи беҳбудии зиндагии мардуми кишвар будани Сарвари давлат мебошад, ки ҳамзамон тамоми кормандони масъули ниҳодҳои давлатиро барои анҷоми хизмати софдилона ба сокинони кишвар, ҳамчун вазифа ва масъулияти асосӣ даъват карданд. Пешвои миллат вазифагузорӣ карданд, ки суръат додани сохтмони неругоҳи бузурги Роғун, неругоҳи Себзор, тақвияти иқтидори неругоҳҳои дигари кишвар, ва дар маҷмӯъ истифодаи захираҳои обии кишвар, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ду соли оянда мебошанд, ки барои комилан бартараф кардани норасогии неруи барқ дар тамоми қаламрави кишвар то соли 2027 равона шудаанд.
Яке аз нуктаҳои қобили зикри Паём ин таваҷҷуҳи хоси Роҳбари давлат ба мақоми занон дар мамлакат аст, ки шоистаи таҳсин мебошад. Фалсафаи ин таъкиди оқилонаи Пешвои милат дар он аст, ки саҳми занон дар ҷомеа, пояи қавии имрӯзу фардои мамлакат боқӣ мемонад. Зеро занон пеш аз ҳама, тарбиятгарони наслҳоянд ва дар ин кор мисли фаъолиятҳои дигар эҳсоси масъулияти баландтар доранд. Ояндаи давлати худӣ, пешрафти он, ба давлати пешрафтаву маданӣ табдил додани он, парвардани эҳсоси миллӣ ва ватанмеҳварӣ дар мафкураи ҷавонон, ки фардои давлатро ба даст хоҳанд гирифт, маҳз ба занону модарон вобастагӣ дорад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали эҳёи давлатдории тоҷикон, самти маорифро дар қадами аввали афзалятҳои давлат қарор доданд. Чунин сиёсати дурбинонаи роҳбарияти олии кишвар имкон дод, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар соҳа корҳои бузург анҷом шаванд. Аз ҷумла, биноҳои аксари кулли макотиби мамлакат азнавсозӣ шуда, беш аз 1000 адад мактаби замонавӣ аз нав сохта шуданд, шароити иҷтимоии кормандони соҳа, ҳар сол беҳтар фароҳам шуда истодааст. Дар Паёми соли 2024, аз ҷониби Роҳбари давлат ба таври мушаххас вазифагузорӣ шуд, ки дар тамоми нуқтаҳои аҳолинишине, ки беш аз 100 оила истиқомат доранд, мактабҳои типи нав сохта шаванд. Ҳадафи ниҳоии тамоми ин чорабиниҳо, тақвияти низоми маорифи кишвар аст, ки ба таври куллӣ тағйир, бознигарӣ ва такмил барномаҳои таълимии низоми маориф, муҳтавои маводи дарсӣ ва ба ҷаҳонбинии муосир созгор кардани он мебошад.
Дар бахши илм, дар Паёми Президенти муҳтарами мамлакат ба таври мушаххас таъкид гардид, ки бо вуҷуди нишондодҳои қисмати миқдорӣ, зарурати ҷидии ворид кардани тағйироти сифатӣ дар илм ба миён омадааст. Ба хусус, масъалаи таҳия ва омода кардани мутахассисони соҳаҳои барои талаботи марҳилаи кунунии рушди кишвар ва ҳаёти ҷомеаи он зарурӣ дар радифи вазифаҳои афзалиятнок қарор дода шуданд. Ба таври дигар, сифати натиҷаҳои илмӣ ба таваҷҷуҳи махсус, аз ҷумла, омода кардани кадрҳои босалоҳияту дорои касбу ҳунар, маҳорати ихтирокорӣ, донандаи забонҳои маъмули хориҷӣ ва ғайра зарурати бештар мешавад. Дар ин маврид ишораи дурандешонаи Пешвои миллат ба масъалаи ҳамгироии кишвар, дар марҳилаи нави рушди он бо ҷаҳони мудерн аст, ки дар он касбият, салоҳият, доштани донишҳои замонавӣ ва рақобат шарти муҳимтарин боқӣ мемонанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои аввали эҳёи давлатдории худӣ дар тамоми суханрониҳои муҳимашон, соҳаи маорифро ҳамеша ҳамчун калиди ҳалли тамоми мушкилиҳо ва ҳамзамон роҳи асосии дастрасии бештар ба дастовардҳои бузургтар нишон доданд. Дар Паёми имсола таъкиди кӯтоҳ, вале хеле пурмаъноашон, “...ки ҳама гуна пешрафтро маориф ва илм таъмин мекунад, на чизи дигар...” посухи ҳамаи саволҳои ҷомеа мебошад. Тамоми ин дастуру раҳнамоиҳои дар Паёми имсола ироа шуда, тадбирҳои дигари амалӣ шуда ва дар маҷмӯъ, сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ба он равона шудаанд, то ки раванди пайвасташавии кишвар бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба монеаҳо рӯ ба рӯ нашавад, зеро рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва ҳамқадамӣ бо замон барои кишвари ҷавони мо, як амри зарурӣ ва ногузир буда, омодагии ҷиддитарро талаб мекунад.
Муҳимтарин талаботе, ки муҳтавои Паёми сол назди аҳли илм гузоштааст, ин ба ниёзҳои замони муосир мутобиқ кардани худи илм, яъне ба ҳаёти воқеӣ наздик кардани тадқиқотҳо ва дастовардҳои илмӣ мебошад. Ба ибораи дигар, ба хотири таъмини ҳамгироии мамлакати ҷавони мо бо ҷаҳони воқеии муосир, аз низоми маориф ва илми кишвар бо тамоми ҷиддият тақозо мешавад, ки аз ҷараёнҳои мухталифи замони мудерн, бахусус, раванди печидаи ҷаҳонишавӣ ва ба самти чандқутбӣ равандаи ҷаҳон дар канор намонад. Фалсафаи ин таъкидоти Пешвои миллат, тамоми талошҳояшон содда, вале хеле арзишманданд, яъне Тоҷикистонро бидуни бохтҳои бузург, ба қатори кишварҳои пешрафта расондан аст, ки қобили қадрдонии хос ва дар айни замон саҳмгирии ҳавасмандонаи ҳар фарди кишварро талаб мекунад.
Роҳбари давлат Ҷаноби олӣ дар мавриди зарурати рушди ҳамаҷонибаи низоми маориф, бо дилсӯзии хоси худашон, як ҷамъбандии дақиқро дар шакли ҳушдори раҳнамоикунанда ва воқеӣ карданд, ки “... то ба маориф ҷомеа рӯ наорад, дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҷиноятҳо ва корҳои пешгӯинашаванда хоҳанд буд”, ки аз ҳар як сокини кишвар, бозандешии амиқи воқеиятҳо ва оянданигариро тақозо мекунад. Аз дидгоҳи мо, фалсафаи ин таъкиди дурнигаронаи Роҳбари давлат хеле амиқтар аз он аст, ки тасаввур мешавад. Мушоҳидаву мутолиаҳо нишон медиҳанд, ки ҷомеаи мо, алҳол бештар аз ҳама, ба тағйироти ҷиддӣ дар ҷаҳонбинӣ эҳтиёҷ дорад, яъне ба ҷаҳонбинии комилан нави илмӣ, воқеӣ ва на тақдиргароёна ва на таваккалӣ, ки ҳанӯз қисме аз аъзои ҷомеаамон дар гирифтории он мондаанд. Воқеият чунин аст, ки ҷаҳонбинии як қисме аз ҷомеаамон дар замони ба ном гузариш зери таъсироти гуногун, ба хусус, ҷаҳонбинии хурофотиву тааассубгароёнаи ҳизбу ҳаракатҳои мухталифи сиёсии зери чатри адён паноҳ бурда, қарор дода мешаванд, ки барои рушди ояндаи кишвар монеа ва ҳатто таҳдиди ҷиддӣ ҳам шуда метавонад. Дар чунин ҳолат, роҳи ягонаи берунрафт аз вазъи ҷаҳолату эҳсосот, ноогоҳӣ ва ҷаҳонбинии ақибмонда, маҳз ҷомеаи нави донишбунёд, донишмеҳвар аст, ки зарурати низоми қавӣ ва муосири маорифро бори дигар таъкид месозад. Ба яке аз таъкидоти хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат таваҷҷӯҳ шавад, ки фармудаанд; “...сабаби асосии бадбахтиҳо, эътибор надодан ба мактабу маориф, фароҳам насохтани муҳити зарурӣ аст...”. Албатта тарбия аз оила оғоз меёбад, ки дар пояи он мафҳуми хеле дақиқ воридкардаи Роҳбари давлат “сифати аҳолӣ”ташаккул меёбад.
Пешвои миллат, Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон такроран ва хеле ба мавқеъ таъкид карданд, ки “...бори дигар мегӯям, ки хурофот ҷаҳолат аст. Ҷаҳолат танҳо бадбахтӣ меорад”, ки маънои набудани донишу огоҳӣ буда, ба шарҳе ҳам эҳтиёҷ надорад.
Аз диди мо, таъкидоти ҳамешагии Пешвои миллат ба соҳаи маориф, ҳадафу фалсафаи мушаххас доранд, ки хулосаи он таъкиди такрорӣ боз ба ҳамон мафҳуми ҷаҳонбинии қисме аз аъзои ҷомеа мебошад. Ба ибораи дигар, замони ҷаҳонбинии суннатӣ, анъанавӣ хеле гузаштааст ва зарурати замон ҷаҳонбинии илмии муосир аст, ҳарчанд тағйири он кори содда ва яклаҳзаина ҳам намебошад. Аммо агар ҷомеаи тоҷикистонӣ ҳам мисли миллатҳо ва кишварҳои тараққӣ карда, хоҳони пешрафт, мавқеи муносиб, шарафу номус, эътирофу эҳтироми сазовори гузаштаи худ ва хоҳони ҳамқадамӣ бо ҷаҳони пешрафта бошад, роҳи ягонаи он аз масири маориф, илму дониш, яъне ҷаҳонбинии муосир мегузарад.
Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунон ишора карданд, ки “... ҳамаи мо як масъулият дорем, дар ҳар вазифаву мақоме, ки бошем, ин хизмат ба мардуми худ аст, ба мардум роҳи дуруст нишон додан аст”. Яъне 80% аҳолии кишварро сокинони деҳот ташкил медиҳанд, ки бештар ба раҳнамоии дурусти воқеӣ, илмӣ эҳтиёҷ доранд, то аз ҷониби ҳар гуна неруҳо, ба манфиатҳои хилофи миллӣ ва башарӣ суистифода нашаванд, то “... давлатҳои орому осуда ва дар ҳоли рушдро қурбони як ғаразу ҳадафи маҳдуди сиёсии худ нагардонанд, аз байн набаранд.”
Роҳбари давлат дар мавриди фарҳанг низ таъкидоти хеле нишонрас ва пурмуҳтаво баён доштанд, ба монанди; “Фарҳанг ҳастии миллат аст”, “Наврӯз буд, ки моро ҳамчун миллати фарҳангӣ то ба имрӯз расонд” ва ғайра, ки моҳияташон хеле равшан аст.
Як нуқтаи дигари муҳими Паёми сол ин саҳмгузории пешоҳангонаи Тоҷикистони ҷавон, дар арсаи фаъолиятҳои байналмиллалӣ, дар муқоиса бо бештар аз 220 кишварҳои собиқадори бузургу кӯчаки дунё аст. Тоҷикистони соҳибистиқлол, шурӯъ аз соли 2003, бо ибтикори бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чандин пешниҳодҳои сатҳи давлатиро дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ба ҷаҳониён ва ба манфиати кишварҳои минтақа, аз тариқи СММ ироа карданд. Бар илова, пешниҳодоти дигари сатҳи ҷаҳонӣ, ба хотири эҳё ва муаррифии фарҳангу тамаддуни миллат, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускору сазовор муаррифӣ карда, эҳтирому эътибори ҷаҳонии онро дар арсаи байналмиллалӣ ба сатҳи баландтар бардоштанд.
Яке аз нуқтаи хеле муҳими дигари Паёми имсола, пешниҳоди нави дигари сатҳи ҷаҳонии Роҳбари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созмони байналмилалии фарҳангии СММ, ЮНЕСКО, дар мавриди таҷлили сатҳи ҷаҳонии 2500-умин солгарди нахустин “Эъломияи ҳуқуқи башар”-и Куруши Кабир мебошад, ки аз тарафе қобили ифтихори миллӣ ва аз ҷониби дигар, боиси баландтар шудани маҳбубияти хоси миллат нисбати шахси худи Пешвои мардумии миллат мебошад. Пешвои миллате, ки гузаштагони он дар саргаҳи тамаддуни башарӣ саҳми бузург доштаанд, ба хусус, бори нахуст дар таърихи башар барои ҷаҳониён тарзи давлатдориро дар пояи низоми ҳуқуқ ва қонун нишон доданду омӯзонданд, маҳз бо хиради сиёсии хоси худ, бо истифода аз мавқеи лидери эътирофшуда дар доираҳо байналмилалӣ ва дарки амиқ аз воқеият ва адолати таърихӣ, мероси ин аҷдоди пурифтихори миллат, Куруши Кабирро дар ҷаҳон ба сатҳи сазовор бардоштанд. Ин Эъломияи машҳур, намунаи аввалин ва беҳтарини модели давалатдорӣ ва намунаи ҳамзистии халқу миллатҳои гуногун, бо мансубиятҳои мухталифи нажодӣ, ақидатӣ буд, ки Куруши Кабир тавонист, тамоми халқияту миллатҳо, эътиқодмандони адёни мухталифро дар аввалин империяи бузурги ҷаҳон, дар асоси ҳуқуқу қонун муттаҳид кунад. Ҳамчун шаҳрванди кишвар, бо ифтихору эҳтироми фавқуллода ин иқдоми бузургу санҷидашудаи Пешвои мардумии худро, ҳамчун барқароркунандаи адолати таърихи башарӣ ва хеле дурнигарона медонам, ки барои мақому эътибори миллату сарзамини куҳантамаддуну бостонӣ ва ҳар як сокини ин кишвар мояи бузургтарин ифтихор ва рӯҳбаландӣ хоҳад буд.
Ҳамин тариқ, агар фалсафаи ин санади муҳим, ба номи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли ҷорӣ ҷамъбандӣ кунем, он як пайғоми таҳлилӣ-стратегӣ барои ворид шудани мамлакат аз марҳилаи эҳёву барқарорсозии давлати худӣ ба марҳилаи рушди воқеӣ мебошад. Дар ин марҳилаи нав ҳам, ҳифзу таҳкими минбаъдаи дастовардҳои беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун заминаи боэътимоди рушду шукуфоии ояндаи он боқӣ мемонанд. Дар таъкиди такрор ба такрори Пешвои миллат омадааст, ки барои расидан ба он ҳадафҳои олии давлату миллат “мо бояд сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро соҳибӣ кунему сидқан дӯст дорем, дар фикри фарзандони худ, хушбахтии онҳо бошем”. Яъне ибораи калидӣ дар ин таъкид, бо тамоми маъно “соҳибӣ кардани Ватани аҷдодии худ” ва барои фарзандону ояндагони худ, ба мерос мондани Ватани ободу озоду шукуфо аст. Ба ҳар гуна бозиҳои иғвоангезонаи гурӯҳҳои ранҷидаву мухолиф ва ҳасуди ҳама гуна пешрафтҳои кишвар, ташкилотҳои ғаразноку шубҳаноку беоқибат, ки зери ниқобҳои “демократия“ ,”озодии ғарбиёна”, “исломи ноб” ва ё “мудҳо”и дигари машкуки замон ва бо оқибатҳои торику номаълум, ки ба хатари воқеӣ, ҳатто аз байнравии давлатдориҳо ҳам анҷом ёфтаанд, бояд муқовимати ҷиддӣ нишон диҳем.
Дар мавриди тарғиби ин ҳуҷҷати раҳнамоикунанда, ба назари мо муҳим аст, ки аз ҳар гуна куллигӯиҳо, шиорпартоиҳо, суханҳову ибораҳои умумӣ ва абстрактӣ, такрори таҳлилу дастуроти мушаххасу мантиқии Пешвои миллат худдорӣ шавад, зеро тамоми он дар сатҳи олӣ анҷом шуда, ба зикри такрорӣ ва намоишкорӣ ягон зарурате надоранд. Коре, ки бояд ҳар ватанпараст анҷом диҳад, ин шарҳи соддаи раҳнамоиҳо ва дастуроти Пешвои мардумии миллат аст, ки бояд ба тарзи барои дарки омма дастрас анҷом дода шавад, ки ин саҳми ҳар яки мо хоҳад буд. Ба таври дигар, ҳар фарди огоҳ бояд ба ташвиқу маъруфгардонии ҷаҳонбинии ба донишу огоҳӣ, илми амалӣ асосдошта таваҷҷуҳу такя кунад. Яъне ба таври содда ба мардум расонда шавад, ки то донишҳои замонавиро таври бояду шояд наомӯзем, тафаккури тақдиргароёна ва хурофоту тааассуби дар ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа боқӣ монадро пок карда наметавонем. Ва то замоне, ки мо ҳаёти худро дар дасти худамон нагирему онро ба қисмату сарнавишту хурофоти мавҳум ҳавола кунем ва ба ҷойи дуову фолу сеҳру ҷоду ва истихора ва ё ба умед ба дигарон бандему кору амали мушаххас анҷом надиҳем, дар зиндагии фардӣ ва ҷамъӣ ҳамеша ба монеаҳо рӯ ба рӯ хоҳем шуд ва аз ҷаҳони воқеӣ ақиб хоҳем монд. Бояд возеҳ дарк шавад, ки сарнавиштамонро чӣ дар сатҳи фардӣ ва чӣ ҷамъӣ танҳову танҳо худамон месозем, на каси дигар ва на тарзи дигар, ба ибораи дақиқе” сарнавиштро бояд (ҳар яки мо) дар сар ва аз сар навишт”.
Ба ҳайси як шаҳрванди оддӣ ва бо каме таҷрибаи ҳаётиву корӣ дар сохторҳои гуногун, аз ҷумла, хориҷ аз қаламрави кишвар, бори дигар, бо истифода аз фурсат, ба ҳамватанони муҳтарам гуфтанием, ки роҳбарияти олии кишвар, таҳти раҳнамоии дурбинона ва ғамхоронаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, тамоми фаъолияти пешвоиву сарвариашонро ба дараҷаи олӣ ва ба маротиб бештар аз тамоми интизороти миллат анҷом додаанд ва анҷом медиҳанд, ки он як воқеияти эътирофшуда мебошад. Дар ивази тамоми он корҳои бузургу бесобиқае, ки аз ҷониби Пешвои мардумии миллат барои эҳё ва барқарорсозии ин сарзамини аҷдодӣ ва рушди минбаъдаи он анҷом шудаанд ва ҳамеша ҳам дар кӯшишу талошҳои хастанопазир, заҳматҳои шабонарӯзӣ дар роҳи ободиву шукуфоии Ватани азизамон мебошанд, аз ҳар яки мо танҳо як чиз талаб карда мешавад ва он ҳам, ба қадри имкони худ дар ҳаёти Ватани азиз саҳм гирифтан аст, ки он ҳам фардо ба манфиати ояндагони боз ҳам хушбахттари худи мо хоҳад буд.