Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир
доктори илмҳои филологӣ
БАЪЗЕ НУҚТАҲО АЗ ОЯНДАБИНИИ СТРАТЕГИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ (бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024)
Мардуми мо мисли халқҳои дигар
мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии
зиндагии шоистаро доранд.
Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва
Ҳукумати Тоҷикистон. (порча аз суханронии Президенти мамлакат зимни ироаи Паём дар соли 2024)
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар тамоми соҳаҳо мавриди таҳлилу барасии амиқ қарор дода шуданд. Бо назардошти дастоварду пешравиҳо, камбудиҳои ҷойдошта сарвари давлат ба масъалаи нақшаву вазифаҳои кутоҳ, миёна ва дарозмуҳлати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса равона намуд.
Лозим ба ёдоварист зимни муайян намудани соҳаҳои афзалиятнок, тадбирҳои аввалиндараҷа барои беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум Пешвои миллат диққати ҳамагонро ба хатарҳои имрӯзаи ҷаҳону минтиқа равона намуданд. Яъне ҳамаи самту нақшаҳои стратегии давлатро Роҳбари кишвар бо ба эътибор гирифтани хавфу хатарҳои мавҷуда ва эҳтимолиятҳои дигари манфӣ дар сайёра муайян ва мушаххас намуд. Аз ҷумла Президенти кишвар таъдидҳои ҷиддии ҷаҳони муосирро ба монанди “нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот”-ро дар оғози ироаи Паём қайд карда, дар навбати нахуст вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян намуданд. Дар ин радиф таъмини “амнияти миллӣ», «рушди устувори иқтисодӣ” ва баландбардории “сатҳу сифати зиндагии мардум” марому мақсади асосии Ҳукумати кишвар номбар гардиданд. Дар маҷмуъ ҳадафи ниҳоиро Президенти кишвар “таъмини зиндагии шоистаи мардум” номид.
Дар баробари вазифаҳо барои соли 2025 Ҷаноби Олӣ баъзе ҳадафу нақшаҳоро барои панҷсола ва ва бештар аз он муайян намуданд, ки минбаъд тамоми фаъолиятҳои соҳавӣ дар заминаҳои онҳо нақшабандӣ ва амалӣ мегарданд.
Лозим ба ёдоварист, ки вобаста ба рушди соҳаҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои аввалидараҷа муайян карда шуда, вобаста ба ҳар яки онҳо барномаҳои алоҳидаи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат қабул шудаанд. Яке аз супоришҳои қатъии Роҳбари давлат дар Паёми соли 2024, ин саривақт ва сифатнок иҷро намудани барномаҳои қабулгардида вобаста ба рушди кишвар мебошад. Дар ин замина Президенти мамлакат қайд намуданд, ки “Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд”.
Дар баробари ин, Сарвари кишвар қабули барномаи миёнамуҳлати рушди мамлакатро барои солҳои минбаъда зарур шуморида, супориш доданд, ки “вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо дарназардошти амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида, то охири соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд”.
Барномаи мазкур аз бисёр ҷиҳат фарогири тамоми масъалаҳои муҳим мебошад ва тибқи дастури Роҳбари давлат “дар ҳуҷҷати зикршуда ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”.
Масъалаи дигаре, ки Президенти кишвар онро бо истифодаи факту далелҳои саҳеҳ мавриди таҳлил қарор дода, муҳимияти онро ба такрор таъкид намуданд, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ мебошад. Дар баробари рақамикунони соҳа Роҳбари мамлакат даъват ба амал овард, ки истифодаи васеи технологияи иттилоотии муосир, ҳамзамон вусъати раванди иноватсионӣ дар идоракунӣ таъмин карда шавад. Ба ин хотир, Пешвои миллат пешниҳод намуд, ки “ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд”.
Рушди соҳаи соҳибкориро баҳри баланд бардоштани неруи иқтисодии кишвар ниҳоят муҳим арзёбӣ намуда, барои дастгирии соҳибкорон имтиёзҳои нав, кумаку дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати кишварро аз масъулон талаб намуд. Озод намудани фаъолияти соҳибкориро дар кишвар аз ҳамагуна санҷишҳо, ба ҷуз аз сохторҳои соҳаи андоз таъкид намуда, Сарвари давлат иброз доштанд, ки “дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад”.
Ба замми ин, дар баробари рушди соҳибкорӣ ҷалби сармояро Ҷаноби Олӣ масъалаи муҳим дар фаъолияти сохторҳои иқтисодӣ маънидод намуда, барои фароҳамоварии тамоми имконот ва шароит баҳри таъмини сармоягузорӣ дар фаъолияти соҳибкорон супоришҳои қатъӣ дод. Аз ҷумла, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дастур дода шуд, ки “дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои соҳавӣ бо зикри маълумоти мушаххасу дақиқ оид ба захираву имкониятҳои мавҷуда, соҳаҳои афзалиятнок ва самтҳои асосии беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар дар муҳлати се моҳ Стратегияи ҷалби сармояро барои давраи то соли 2040 таҳия намояд”.
Президенти кишвар аз рушди соҳаи саноат ҳамчун яке аз ҳадафи стратегии давлат дар соли гузашта бо қаноатмандӣ ёд карда, оиди таъсис ёфтани бештар аз 2040 корхонаи саноатӣ бо ташкили 76 ҷойи корӣ маълумот манзур намуд. Ҳамзамон, суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз баҳогузорӣ намуд ва супориш дод, ки суръати рушди соҳа ҳар сол на кам аз 20 фоиз бояд таъмин карда шавад.
Чун ҳарвақта Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи асосиро барои соҳаи маориф, таълиму тарбияи насли наврас равона намуда, барои анҷоми корҳои сохтмонии иншоотҳои соҳа масъулинро муваззаф намуданд. Рушди соҳаи мазкурро Президенти кишвар яке аз вазифаҳои калидии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ тамоми сокинони кишвар номида, масъулонро вазифадор намуд, ки “дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд”.
Ҳамзамон, Сарвари давлат аҳли илму маорифро нерӯи пешбарандаи ҷомеа унвон карда, барои муосиркунонии соҳаҳо бо назардошти талаботи замон ва бозори меҳнат, бархурди илму истеҳсолотро аз ҳарвақта дида зарур арзёбӣ намуд. Бо дарназардошти зарурияти баамаломада суоприш дода шуд, ки “ба вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбутаро зарур аст, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд”.
Фарҳанг аз назари Роҳбари давлат “ҳастии миллат” буда, корбарӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангии шаҳрвандон, дар мадҳи назари доимии роҳбарияти олии мамлакат қарор доштани соҳа дар Паём таъкид гардид. Дар баробари таъсиси муассисаву сохторҳои нави соҳа ба монанди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва таъмиру аз навсозии садҳо иншоотҳои фарҳангӣ, Ҷанои Олӣ барои дар оянда ҳам роҳандозӣ намудани корҳои барқарорсозӣ ва таъсисдиҳиву сохтмони иншоотҳои соҳа вазифаҳои амиқ ба миён гузошт. Алалхусус, Президенти мамлакат оиди камбудиҳои ҷойдоштаро дар масъалаи таъмиру азнавсозӣ баррасӣ намуд ва дар оянда анҷоми корҳои сохтмониву азнавсозии иншоотҳои соҳаро ба таври зайл супориш дод: “Бо вуҷуди корҳои амалигардида, ҳоло дар кишвар 75 муассисаи садамавӣ ва 368 муассисаи таъмирталаби соҳаи фарҳанг вуҷуд дорад, ки ин масъала ҳалли фавриро тақозо менамояд.
Ба Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода мешавад, ки то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро пурра бартараф намоянд”.
Такя ба таъриху фарҳанги бузурги миллат, ҳифзу муқаддас шуморидани онро Пешвои миллат таъкид намуда, барои ҳимояи арзишҳои таърихии он иброз дошт, ки “вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд”. Яке аз мушкилоти кишварҳои минтиқа ин имрӯз таъсис додани ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандон мебошад, ки кишвари мо дар солҳои охир тариқи ташкили корхонаҳои мухталиф аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ ин ҳадафи стратегиро марҳила ба марҳила ҳаллу фасл намуда истодааст. Бо вуҷуди ин, дар Паёми соли 2024 дар ин бахши фаъолият ҳаҷму сифати кор мушахас гардид. Зеро роҳбари давлат қайд намуданд, ки “Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки тамоми имкониятҳоро барои дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав сафарбар созанд”.
Марбут ба соҳаи энергетика, ки соҳаҳои дигари хоҷагии халқ ба он сахт ҳамбастагӣ доранд, дар Паёми Президенти кишвар мароқи зиёд зоҳир гардид. Роҳбарияти олии мамлакат оид ба корҳои дар соли сипаришуда анҷомёфтаи назаррас, алалхусус “корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ” изҳори қаноатмандӣ намуда, бо эътимоди зиед қайд кард, ки “аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.
Ҳамаи нуқтаҳои дар боло зикргардида, ки ба ояндаи наздику дури кишвари мо равона шудаанд, умедбахш буда, Пешвои миллат дар соҳаҳои муҳим нақшаҳои миёнамуҳлатро муайян намуд. Худи Роҳбари давлат Паёми ироашударо як ҳуҷҷати стратегӣ баҳогузорӣ намуд, Чунончӣ иброз доштанд, ки “Дар паёми имрӯзаи Роҳбари давлат дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистон тайи вақтҳои охир, хусусан, дар панҷ соли гузашта баён гардиданд. Ҳамчунин, вазифаҳо барои таҳким бахшидану афзун гардонидани онҳо ва бартараф намудани мушкилоту монеаҳое, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлати мо мавҷуданд, мушаххас карда шуданд”.
Ин ояндабинии васеи Сарвари кишвар умеди шаҳрвандонро ба фардои мамлакат бештар намуда, боварии мардумро нисбати фаъолияти сохторҳои дахлдор дучанд менамояд. Хеле манфиатбахш аст, замоне, ки ҳар соҳа роҳи тайкарда ва роҳи аз пешистодаро бинаду дарк намояд. Маҳз дар Паёми соли 2024 чунин равшанӣ барои тамоми масъулон ва шаҳрвандон дода шуд. Ин аст, муҳимияти Паёми Роҳбари кишвар ва ин аст нақши бузурги Пешвои миллат.