Институт
- Сешанбе, 09 Январ 2024
ПАЁМ - ПАЙҒОМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ, СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ПАЙҒОМИ УМЕДҲОСТ
ПАЁМ - ПАЙҒОМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ, СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ПАЙҒОМИ УМЕДҲОСТ
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аввалтар аз ҳама, як пайғоми муҳимтарини як кишвари соҳибистиқлол, ба номи Тоҷикистон буд, ки бо Пешвои сарсупурда ва мардуми бостониаш барои ҳар фарди мамлакат ва ба хусус, ҷаҳони берун нигаронида шуда, умеди ҳамаи сокинони онро барои фардои боз ҳам равшантари мамлакат қавитар мекунад. Ин аст моҳияти аслӣ, муҳиммияти асосии Паёми имсола барои камина ва ашхосе, ки мисли мо фикр мекунанд ва онро дарк мекунанд.
Паём тавре шунидем, як таҳлили мукаммали ҳаёти давлату мамлакати мо дар тӯли боз як соли сипаришудаи тақвимӣ аст, як навъ ҳисоботи Роҳбари давлат дар назди мардуми кишвари худ аст, ки дар давоми он ба чӣ дастовардҳо расидаем ва чӣ гуна вазифаҳои дигар дар баробари мо қарор доранд, то давлати худии мо боз ҳам қавитар ва зиндагии сокинони он ба маротиб беҳтар шавад.
Муҳимияти асосиии Паёми имсола, ба амсоли Паёмҳои дигар, ин ба тамоми мардуми мамлакат дар миён гузоштани таҳлилҳои амиқ дар мавриди вазъи кунунии кишвар, мавқеи кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар ҷаҳони пурҳаводиси кунунӣ, дастовардҳои беназири дар фурсати кӯтоҳтарини замони истиқлолият, ба хусус замони барои тавсеа ва рушди босубот, ки танҳо 23 сол зиёдтар нест, ҳамчунон таҳлили марҳилаи нави сатҳи рушди он мебошад. Дар мабнои ин воқеият, бо тамоми сокинони кишвар ва ҷаҳони хориҷ эълом доштани сиёсати иҷтимоии дохилӣ ва сиёсати дарҳои кушоди хориҷии Тоҷикистон, ба ҳайси як кишвари мустақил, соҳибихтиёр ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ аз дигар навъҳои суханронии Пешвои миллат, Сарвари давлат бо он фарқ мекунад, ки дар Паём тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳамаҷониба таҳлил шуда, ҳамзамон ба мушкилотҳо ва монеаҳои дохилӣ ва берунии дар сари роҳи он қарор дошта, ҳамчунон вазифаҳои дар баробари давлату миллат қарор гирифта, таъкид карда шуданд. Паём як навъ ҳисоботи муқоисавӣ-таърихии роҳбари олии кишвар назди мардуми худ ва дар айни ҳол, як тарзи муроҷиат ба тамоми тоҷикистониён, ҷиҳати огоҳии бештар аз воқеиятҳои замон мебошад.
Дар мӯҳтавои Паёми имсола, барои камина, мавзуоти хоси зиёд ҷолиби таваҷҷуҳ, ки бештарашон хоси ин кишвари саропо кӯҳсоранд, ба назар расиданд, ки ба таври мухтасар, дар мавриди баъзе аз онҳо изҳори назар карданием.
Пешвои миллат сари мавзуи асосии ҷаҳони кунунӣ таъкидоти хос ироа карданд, ки барои ҳар сокини мамлакат қобили андешаронии ҷиддӣ мебошанд. Аз ҷумла, вазъи ҷаҳони зуд тағйирёбанда ва ғайри қобили пешгӯиҳо, афзоиши босуръати мусаллаҳшавии бошитоб, хуруҷи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, бархурдҳои чандстандартии мутобиқ ба манфиатҳои кишварҳои абарқудрат, ба намоиш гузоштани қудрату бартарии худ ба хотири тақсимоти нави ҷаҳон, чанд намунаи он мебошанд. Барои Тоҷикистони кӯҳистон, ба асари тағйирёбии иқлим, хатарҳои муҳитӣ, аз қабили офатҳои табиӣ ҳар сол ба иқтисоди кишвар ва сатҳи зисти мардум хисороти зиёд воридкунанда, авзои ноором дар манотиқи ба мо наздик ва масъалаҳои дигар, зарурат ба ҷораҷӯиҳои иловагӣ доранд.
Дар баробари он, Пешвои миллат, барои омӯхтану бозомӯзии канданиҳои фоиданоки кашфшуд ва кашфшаванда, рушди бештари энергияи сабз, вусъати бештари хоҷагии қишлоқ, ҷиҳати расидан ба мустақилияти ғизоии аҳолии кишвар, ба содирот нигарондани он ва дигар имконоти фаровони кишвари хос, вале ҳанӯз пурра истифоданашудаи Тоҷикистон, таҳлилҳои асоснок ироа доштанд.
Сарвари давлат, тариқи Паёми имсола, бори дигар, садоқати худро дар мавриди идомаи бештари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар нишон доданд, ки дар натиҷаи он тамоми шохисҳои марбут ба ҳаёти иқтисодӣ- иҷтимоии сокинони кишвар, ба хусус, дастгирии давлат ва ҷомеа аз қишри осебпазири он, бо таъкиди хос ба ятимону бе парасторон ва дигар ниёзмандони қобили таҳсинанд. “Ятимон худро ятим эҳсос намекунанд”, яке аз беҳтарин хислатҳои башарии шахси Пешвои миллат, ки барои тамоми ниҳодҳои давлативу ғайри давлатӣ, сокинони кишвар намунаи хоси пайравӣ мебошад.
Масъалаи дигари вобаста ба истифодаи беҳтари имконоти кишвари офтобӣ, ин рушди иқтидорҳои алтернативии тавлиди неруи барқ мебошад. Бо вуҷуди он, ки дар Тоҷикистон неруи барқ арзонтарин дар ҷаҳон аст, аммо дар асари таъсири бӯҳрони ҷаҳонӣ, қиматҳои афзояндаи бозори ҷаҳонӣ, дар чунин сатҳи паст нигоҳ доштани он хеле душвор хоҳад буд. Аз ҷониби дигар, сохтмони нирӯгоҳи обии бузурги Роғун идома дошта, бо анҷоми он, кишвар ба қатори аввалин кишварҳои “сабз”-и ҷаҳон ворид хоҳад шуд, ки яке аз ифтихороти кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ хоҳад буд.
Барномаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, бо вуҷуди дастовардҳои баланд, ҳанӯз ҳам дар идома буда, дар сатҳи кишвар, аз ҷумла ВМКБ, чанд лоиҳаҳои калону миёнасатҳи он дар ҳоли амалишавӣ мебошанд. Зимни ин таҳлил, Пешвои миллат, ба масъалаи дигари муҳим, яъне сатҳу сифати корҳои анҷомшаванда, дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, хосатан таъкид карданд. Ишора карда шуд, ки ҳар он кореро, ки анҷом медиҳем, барои худ ва наслҳои баъдии худ анҷом медиҳем. Ин як раҳнамоии воқеӣ ва ниҳоят арзишманд барои ҳамаи сокинон, ба хусус, барои ҷавонони кишвар маҳсуб меёбад.
Ҳамчун як шаҳрванди одӣ, барои камина таҳлили оммафаҳми Пешвои миллат, дар мавриди масъалаи монеаэҷодкуниҳои иддае аз волидайни хурофотӣ, дар роҳи саводноккунии духтарон, илму донишомӯзии онон, ки барои фарзандон-духтаронашон дар роҳи омӯзишу таҳсилот монеаҳо эҷод карда, онҳоро як умр мӯҳтоҷи дигарон мекунанд, хеле таъсирбахш буд. Зеро ояндаи духтароне, ки пас аз хатми синфи 9, бо ҳар фишор ба шавҳар дода мешаванд, ё бесавод мемонад, торик мешавад, аз ҳаёти воқеӣ барканор мешаванд, ки оқибати бадтари он болои насли оянда (яъне ин гуна фарзандон, мисли модарони бесаводи худ бе саводу ноогоҳ боқӣ мемонад), таъсири хеле бузурги манфӣ хоҳад дошт. Чунки фарзандони бе донишу маърифат, дар фаъолиятҳо ҷиҳати ободиву шукуфоии Ватани худ, шаҳру ҳатто маҳалли худ бенасиб мемонанд, зеро аз қудрати асосии замони муосир, ки илму донишу огоҳӣ аст, бе баҳра мемонанд.
Дар баробари он, нуктаи дигаре аз Паём, барои камина намунаи беҳтарини садоқатмандии Пешвои миллат, дар баробари сарзамину миллати бостонӣ ва тамаддунофари тоҷик ба назар расид, ки он такя бар покӣ, сарсабзгардонӣ ва шукуфоии ҳар гушаи ин сарзамин буд. Яъне пешрафту шукуфоии Ватани худро моли номуси худ донистан, нишонаи содаи ватанпарастӣ ва фарҳангсолории мардум мебошад, ки он бояд амалан нишон дода шавад.
Пешвои миллат, саҳми соҳибкорони баномуси кишварро дар ободии бештари он бори дигар зикр доштанд ва ба тамоми ниҳодҳои марбута дар мавриди аз байн бурдани ҳар гуна монеаҳои ҷузъӣ, дар роҳи рушди босуръаттари сектори хусусӣ ва соҳибкорӣ, ҷиҳати саҳмгузории бештар дар ободонии сарзамини аҷдодӣ таъкид ва вазифагузорӣ карданд.
Дар Паём рушди саноату инноватсия, аҳамияти хоси он барои мавқеи ояндаи кишвар, ба маврид таҳлил шуда, масъалаҳои асосии он ҳам нишон дода шуданд. Дар зимн ба масъалаи рушди деҳот ва инфрасохтори он дар баробари шаҳрҳо, низ ҳамчун яке аз масъалаҳои появӣ ба миён гузошта шуд, ки нуктаи боарзиштарини он – вобастагии мустақими рушди деҳот ба сатҳи маърифатнокии сокинони деҳот нишон дода шуд.
Барои камина таҳлили оммафаҳм ва ҳушдори самимонаи Пешвои миллат ба мардуми кишвар, дар мавриди ҳар гуна пайомадҳои ғайричашмдошти ҷаҳони душвор пешгӯишаванда ва иттиҳоду омодагӣ дар баробари он, хеле боразиш ба назар расид. Яъне имрӯз, касе чизеро пешгӯӣ карда наметавонад, ки фардо чиро интизор хоҳем буд, аз ҷумла ҳодисаҳои гароноқибат, бӯҳронҳои иқтисодӣ ва ё сиёсӣ, аз қабили ноооромиҳо, ё ҷангҳои дар ҷаҳони печидаи муосир дар ҷараёнбуда ва ғайра, аз ҳар яки мо ҳушёрии сиёсӣ, иттиҳод дар атрофи манофеи миллӣ ва арзишҳои миллиро бо тамоми ҷиддият тақозо мекунад. Аз ин рӯ, ба худ ба имконоти худ ва Ватани худ такя кардан, масъалаи ҳаётӣ боқӣ мемонад, ки ин таъкиди муҳим дар тамоми матни Паём равшан дида мешавад.
Аз ҷониби дигар, Пешвои миллат ба мардуми кишвар умед доданд, ки миллат аз душвортарин мушкилоти замони ҷанги барои он таҳилшуда гузашт ва дигар аз ягон мушкилот нахоҳад ҳаросид, зеро ба ваҳдати воқеӣ ва ба қадри соҳибватанӣ дар сарзамини аҷдодӣ расида тавонист.
Яке аз нукаҳои дигари муҳими дар Паём зикршуда, ин мусоидати ҳамаҷонибаи тамоми сохторҳои давлатӣ ва шарикони давлат дар мавриди таъмини шуғли мардум, тариқи рушди ҳунару касбҳои наву анъанавӣ ва замонавӣ мебошад.
Соли 2023, 15 номгӯи мероси фарҳанги миллӣ ба феҳристи ЮНЕСКО ворид шуд, ки боиси ифтихори баланди миллӣ дар ҷаҳон аст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат, бо дар назардошти муҳимияти ин бахши сарвати миллӣ, “Агентии ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис доданд, ки нақши баъдии худро дар муаррифии ояндаи кишвар дар ҷаҳон, ҷалби бештари сайёҳон ба он ва ниҳоят ҳамчун арзиши хос, барои худшиносии ҷавонони мамлакат хоҳад бозид.
Ба рушди саромояи инсонӣ ҳам дар Паёми имсола таваҷҷуҳ ва таъкиди махсус ихтисос дода шуд. Омодагии Ҳукумат барои рушди сармояи инсонӣ, аз манзари маблағгузорӣ ва дастгириҳои дигар, таъкид гардиданд. Дар баробари он зикр гардид, ки дар ояндаи наздик, бояд таваҷҷуҳи махсус ба сифати кадрҳои салоҳиятнок, донандагони забонҳо, ба хусус омода кардани кадрҳои техникӣ ва ихтироъкорон равона шавад. Ҳадафи тамоми озмунҳои бо дастури Пешвои миллат ташкилшуда, ин дарёфти истеъдодҳои оянда мебошад, хатмкунандаи муассисаҳои таълимӣ набояд фақат соҳиби диплом, балки донишу касби мушаххаси барои имрӯзу фардои Ватан зарурӣ, бошад.
Яке аз масъалаҳои муҳими марҳилаи нави рушди кишвар, ин мубориза бар зидди коррупсия мебошад, ки яке аз монеъаҳои рушд дар тамоми соҳаҳо, ба хусус, дар афзун кардани даромади буҷети кишвар, барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои маорифу илму донишгоҳҳо мебошад ва мубориза бо он, ҳам вазифаи ҳар инсони ватандӯст нишон дода шуд.
Пешвои миллат, бо таъкид ба ҳадафи давлату Ҳукумат, моҳияти иҷтимоии он дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони кишвар, тамоми чораҳои заруриро андешида, барои аз нимаи соли оянда, барои баланд бардоштани музди меҳнати тамоми соҳаҳои буҷетӣ, ба шумули стипендия 40 % ва тамоми намудҳои нафақа 30 % дастур доданд. Ин иқдоми бузург ва ба ин андоза, идомаи ҳамон сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат аст, ки дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ, кори сода намебошад. Дар баробари чунин ғамхории давлат, Роҳбари давлат аз сокинон, кормандони тамоми сохторҳо фақат як чиз, садоқат ва масъулиятро дар баробари анҷоми вазифаву кори худ, дар баробари сарзамини аҷддодӣ ва наслҳои баъдии он тақозо карданд.
Дар Паём нақшу мақоми занон ва ҷавонон дар ҳаёти кишвар, бо таъкиди махсус ва баҳои баланду сазовор нишон дода шуд ва ба нақши мусбати онҳо дар рушди ояндаи неки Ватани аҷдодӣ изҳори умедворӣ карда шуд, ки шоистаи таҳсин мебошад.
Яке аз нуктаҳои муҳими дигаре, ки дар Паёми Президенти мамлакат ба он таъкиди хос гардид, ин муҳимияти мафҳуми волоияти қонун, эҳтиром ва риояи он, ба хусус, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир ва барои таҷлили 30-юмин солгарди Конститутсияи Тоҷикистони озоду мустақил, ки яке аз беҳтарин конститутсияҳои сатҳи ҷаҳонӣ низ эътироф шудааст, Пешвои миллат, соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карданад.
Пешвои миллат дар мавриди мушкилоту вазифаҳое, ки дар марҳилаи нави рушд дар баробари давлату ҳукумат ва миллат қарор доранд, изҳори назар намуда, саҳмгирии содиқонаи ҳар сокини кишварро дар амалӣ кардани онҳо, ҳамчун вазифаи ҷонии ҳар сокини баору номус мушаххас карданд.
Дар Паёмашон Пешвои миллат, ба шароити норром ва душвори замони муосир, хатару таҳдидҳои зиёди вобаста ба он, таҳлилҳои амиқи дурандешона пешкаш карда, роҳи ҳалли берун омаданро дар сабру таҳҳаммул ва муттаҳидӣ дар атрофи манофеи миллӣ ва арзишҳои он нишон доданд. Изҳор додштанд, тамоми фаъолияти давлату ҳукумат, ба хотири манофеи миллӣ барои ба сатҳу сифати баландтар ва зиндагии шоистатар расондани сокинони кишвар, ҳамчун ҳадафи ниҳоӣ равона шудааст.
Пешвои миллат, бо арзи сипос ба мардуми кишвар, ба хотири саҳмгирӣ ва ҳиссагузории ҷонибдоронаи ҳар шаҳрванд дар самти рушду ободонии бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол, дастовардҳои бузурги замони исиқлолияти он ва саҳмгирии дилсӯзонаи ҳар фарди кишварро дар ободтару пешрафтатар кардани Тоҷикистони азиз тақозо карданд. Таъкид доштанд, ки мо бояд бори дигар ба ҷаҳониён он воқеияти таърихӣ, ки тоҷикистониён таърихан ва ҳақиқатан мардумони бостониву фарҳангӣ мебошанд, собит кунем.
Моҳияти раҳнамунсоз ва пайғоми аслии Паёми имсола ба тамоми мардуми кишвар ва тамоми ҷаҳониён ин аст, ки он санади сиёсии мамлакат, рамзу нишони давлати соҳибистиқлол ба номи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Аз ин рӯ ҳам, Паёми имсола - пайғоми Истиқлолияти давлати худӣ, пайғоми соҳибдавлатӣ ва ниҳоят пайғоми умедҳои нав барои фардои равшантари Тоҷикистони азиз ва сокинони он аст.
Имомназар Ҳақназар, ходими илмии ИИГ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
Муфассал ...
- Сешанбе, 09 Январ 2024
ДАВЛАТБЕКОВ ЛОЛО МИРЗОЕВИЧ
ДАВЛАТБЕКОВ ЛОЛО МИРЗОЕВИЧ
Яке аз чеҳраҳои шинохтаи илми Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, ходими пешбари шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ, устоди муҳтарам Давлатбеков Лоло Мирзоевич имрӯз рӯзи мавлуд доранд. Устоди муҳтарам дар давоми умри бобаракаташ чандин мутахасисони соҳаи филологияро барои ҷомеа омода намуда, дар ҷодаи илм як қатор дастовардҳои арзишмандеро эҷод намудаанд. Раёсати Институт, ҳамаи ходимони илмӣ ва кормандони он устоди муҳтарамро бо ин сана аз самими қалб табрику таҳният намуда, барояш пеш аз ҳама сиҳативу саломатии бардавом, ҳамчунин дар фаъолияти илмиаш комёбиҳои беназирро хоҳонанд. Устоди меҳрубон, ҳамеша сарбаланду пирӯз бошед ва қуллаҳои нав ба нави илмро фатҳ намоед!
Муфассал ...
- Душанбе, 08 Январ 2024
ПАЁМИ СОЗАНДАГӢ ВА БУНЁДКОРӢ
ПАЁМИ СОЗАНДАГӢ ВА БУНЁДКОРӢ
Назрӣ Офаридаев, доктори илмҳои филологӣ, сарходими илмии шуъбаи помиршиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ, профессори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ як навиди фараҳбахши созандагию бунёдкриҳои азим мебошад. Кафкӯбиҳои бардавом ва изҳороти ҷонибдориҳои ширкаткунандагони ин ҷаласаи бошукуҳ рамзи аз тарафи мардуми Тоҷикистон ҷонибдорӣ намудани сиёсати мардумпарварона, фарҳангпарварона, маорифпарварона ва башардӯстонаи давлати Тоҷикистонро таҳти сарварии Пешвои Миллат маҳсуб меёбад. Бархе расонаҳои иттилоотии хориҷӣ (Радиои Озодӣ) ҷонибдории вакилони ширкаткунанда дар Паёмро тавре ғаразолуд инъикос намуда, то андозае мехоҳанд суботу якпорчагии ҷомеаи тоҷикро таҳти шубҳа қарор диҳанд. Мардуми Тоҷикистон бартарии сиёсати мустақилона ва ҷавобгӯ ба манфиати халқ будани Презеденти маҳбуби кишварро якдилона ҷонибдорӣ менамоянд, зеро ҳар як фарди солимфикри ҷомеаи тоҷик ба қадри Истиқлолу Озодӣ мерасад ва ба хизматҳои Пешвои миллат арҷгузорӣ менамояд.
Таҳлили амиқи Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои муаззами миллат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мамалакат сол то сол дар арсаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба пешравиҳои қобили қабул ноил мегардад. Дар доираи ҳадафҳои стратегии рушди кишвар барномаҳои азиме амалӣ гардиданд, ки пешрафти мамлакаро таъмин намудаанд.
Дар низоми молиявӣ ва бонкдории мамлакат суботу устувории комил дида мешавад, ки новобаста ба вазъи тезутунди байналхалқӣ, таҳримҳои мухталифи иқтисодӣ, низоъҳои мусаллаҳона, мубориза барои тақсисми захоири табиӣ, рақобати оштинопазири арзҳои мамолики пешрафта арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ устувории нисбии худро нишон медиҳад. Нақши соҳибкорӣ дар рушди иқтисодии мамлакат торафт амиқ гардида, дар иҷрои тарҳҳои гуногуни омулманфиа ширкати фаъол доранд. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ солҳои охир ба андозаи 1, 5 баробар тамоюли зиёдшавӣ дорад. Даромади пулии аҳолӣ сол то сол зиёд гардида, афзоиши он 3,3 баробарро ташкил медиҳад. Сатҳи камбизотӣ ба 21,2 фоиз коҳиш ёфт. Солҳои охир 3 ҳазор корхонаҳои саноатӣ бо 54000 ҷойи кор таъсис ёфтаанд, ки ба коҳиши муҳоҷират ва беҳбуди некуаҳволии сокинони мамлакат мусоидат менамоянд.
Тибқи ҳадафҳои стратегии рушди кишвар барномаҳои бузурги соҳаҳои гуногун амалӣ мегарданд. Мардуми Тоҷикистон дар пиёда сохтани аҳдофи стратегии рушд: дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонӣ ба дастовардҳои азим ноил гардид.
Маълум аст, ки энергетика яке аз соҳаҳои муҳимми рушди иҷтисоди ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Захираҳои энергитикӣ муҳаррики асосии иқтисоди ҳар як мамлакат мебошад. Бархе аз кишварҳои дунё ба буҳрони энергетикӣ дучор шудаанд ва дар ҷустуҷӯйи захираҳои таҷдидшавандаи энергия мебошанд. Қувваи барқе, ки аз манбаъҳои ҳароратӣ истеҳсол мешавад, ҷойи худро ба неругоҳҳои атомӣ ва бодию офтобӣ медиҳад. Илова бар ин, саддамаҳои гуногун дар неругоҳҳои атомӣ дар сатҳи ҷаҳон нигарониро ба вуҷуд овардааст. Аз ин рӯ, Тоҷикистон низ чун кишвари дар ҳоли рушд дар ҳоли таҳкими низоми энергитикии худӣ мебошад ва самарнок истифода намудани захоири обии Тоҷикистон барои рушди соҳа аз ҷумла, тавлиди “энергияи сабз” аз масоили муҳим ва аввалиндараҷа мебошанд ва дар ин самт тадбирҳои зиёде андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар Паём таъкид карда шудааст, ки барои таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 86,7 миллиард сомонӣ равона карда мешавад. Неругоҳҳои мавҷуда ба таъмиру таҷдид ниёз доранд, зеро аз замони ба баҳрабардори доданашон аз 50 то 70 сол гузаштааст. Дар натиҷаи таъмиру таҷдид дар асоси технологияи нав иқтидору тавоноии ин неругоҳҳо зиёд гардида, боз солҳои зиёд метавонанд барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро тавлид мекунанд.
Сохтмони иншооти бузурги аср- НБО-и Роғун идома дошта, соли 2025 агрегати сеюми ин нерӯгоҳ ба истифода дода мешавад. Дар ноҳияи Роштқалъаи ВМБК сохтмони неругоҳи обии Себзор идома дошта, соли 2025 ба истифода додани он дар назар дошта шудааст. Илова бар ин бунёди неругоҳҳои барқи обии Шӯроб, Санообод ва Чарсем дар оянда оғоз хоҳад ёфт. Бунёди неругоҳҳои офтобиӣ низ дар оянда идома пайдо мекунад, зеро Тоҷикистон барои сохтмони чунин нерӯгоҳҳо имконият дорад.
Самти дигари стратегии рушди мамлакат сохтмони роҳҳо мебошад. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо сохтани мамлакат яке аз барномаҳои стратегӣ эълон гардида буд ва дар ин самт барномаҳои бузурге иҷро шуданд. Дар Паёми имсола сохтмону аз навсозии роҳҳои сатҳи байналмилалӣ ва роҳҳои маҳаллӣ аз вазифаҳои муҳим арзёбӣ гардида, вазифаҳои стратегии ин самт муайян гардиданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки сохтмону аз навсозии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ- даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон идома дошта, дар солҳои наздик ба истифода дода мешавад. Сохтмони пули замонавӣ дар шаҳри Хоруғ идома дошта, ба итмом расондани он шиддати ҳаракати нақлиёт ва танбашавии онро дар шаҳр кам мекунад. Дар яке аз қитъаҳои роҳи байналмилалии Душанбе –Кулма – Барсем сохтмони долонҳои зидитармавӣ идома дорад. Барои бунёду азнавсозии қитъаҳои Рушон – Варшез ва Варшез – Кулмаи шоҳроҳи байналмилалии Тоҷикистон – Чин лоиҳакашӣ ва корҳои омодагӣ рафта истодааст. Аз ҷумла, дар тули 5-6 соли охир бояд ин барномаҳои азим ба иҷро расанд ва Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ табдил ёбад, ки чунин самтҳоро дар бар хоҳад гирифт: Чин-Тоҷикистон- Афғонистон, Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия –Аврупо, Тоҷикистон – Чин – Покистон.
Ёдовар намудан ба марид аст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) бо сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 километр ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ, сохтмони ду пул бо дарозии 283 метр аз болои дарёҳои Ғунд ва Шорфдара, 4,5 километр роҳ ва долонҳои зидди тарма (550 метр) ба маблағи 342 миллион сомонӣ солҳои наздик ба итмом мерасанд..
Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат масъалаҳои глобалии тағйироти иқлим ва вазъи экологии кишвар матраҳ гардиданд, ки мушкилоти ҷаҳонӣ мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки масъалаи мазкурро дар сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ сохта, пешниҳодҳои созандаро дар ин маврид манзур намудааст. Мсъалаи ҳифзи пиряхҳо, эълон гардидани рӯзи байналмилии ҳифзи пиряхҳо, доир намудани конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе аз ҷумлаи муҳимтарин пешниҳодҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Суханони ҳакимонаи Пешвои миллат дар ин маврид омӯзанда ва дархӯри зиндагии шоиста ва муҳайё амудани шароити беҳтар ва мусоиди зист барои мардуми Тоҷикистон мебошанд: “Бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии кишвар, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишварро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд.Таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем.Яъне мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем.... “Бинобар ин, аҳли башар, аз ҷумла мо маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешад”.
Паёми имсолаи Пешвои миллат масъалаҳои дар бар гирифтааст, ки инсонмеҳвар ва башардустона буда, оид ба рушди сармояи инсонӣ вазифаҳои калидиро ба миён гузоштааст Махсусан, беҳбуд бахшидани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ ва илму муассисоти илмӣ дар марҳалаи имрӯза аз ҳар вақта дида саъю талоши зиёдро талаб мекунад, зеро рушди илму маориф омили муҳимтарини рушду суботи давлат ва фардои неки ҷомеа маҳсуб меёбад. Раҳнамоии Пешвои муаззами миллат дар ин маврид аз кормандони илму маориф тақозо дорад, ки баҳри дар амал татбиқ намудани ҳидоятҳои Паёми имсола тамоми саъю кӯшиши хастанопазирро ба харҷ диҳанд. Давлат барои рушди илм дар оянда низ тадбирҳои мушахассро амалӣ месозад: “Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад.Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд”.
Маориф яке аз масъалаҳои калидии сиёсати дохилии ҳар як мамлакат мебошад. Маориф неруи қувватдиҳандаи рушди мамлакат мебошад. Бояд бо сароҳати комил иброз намоем, ки давлати Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат сиёсати маорифпарвариро дар шароити нави таърихию иҷтимоӣ дар амал ҷорӣ мекунад. Дар шароити имрӯза доираҳои муайяни дохилию хориҷӣ дар талоши онанд, ки тафаккури муосири илмиро бо тафаккуру ҷаҳонбинии динӣ иваз намоянд. Дар шароити мавҷуда моро зарур аст, ки маорифи дунявиро тақвият диҳем, ҷанбаҳои маорифи миллиро густариш диҳем ва насли созандаю бунёдкорро бо ҷаҳонбинии муосир ва малакаи мудирияти равандҳои иҷтимоӣ ва технологӣ тарбия намоем. Аз ин рӯ дар Паём мушкилоти соҳаи маориф дар марҳилаи ҳозира таҳлил шуда, вазифаҳои мушаххас муайян гардидаанд ва иҷрои мувафақонаи ин вазифаҳо дар оянда ба пешрафти маориф мусодат мекунанд. Тавре аз Паёми Пешвои миллат маълум мешавад, ки теъдоди шогирдони батаҳсилфарогирифта сол то сол зиёд мешавад: “Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад”
Табиист, ки бунёди муассисаҳои таълимии нав дар мамлакат бо суръат идома дорад. Дар тамоми манотиқи мамлакат ҳар сол мактабҳо, гимназияҳо, литсейҳои нав ба истифода дода мешаванд. Пойгоҳи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ сол то сол таҳким меёбад. Раванди бунёди мактабҳои нави замонавиро метавон дар мисоли ВМБК мушоҳида намуд. Солҳои охир дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, шаҳри Хоруғ муассисаҳои таҳсилотии типҳои гуногун бунёд гардидиданд, ки шароити муосири таҳсил ва пойгоҳи моддӣ -техникии ба талабот ҷавобгӯ доранд. Дар ноҳияҳои Ишкошим ва Роштқалъа низ сохтмони мактабҳои нав идома дорад. Солҳои охир 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале тибқи нишондоди Паём ин ҳоло ҳам кам аст, ҳанӯз барои73 ҳазор хонанда ҷойи нишаст намерасад.
Ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф сол то сол зиёд гардида, Тоҷикистон дар дар ин самт дар байни кишварҳои дунё мақоми намоёнро касб кардааст, ки заминаро дар самти рушди маорифи миллӣ муҳайё месозад. Вале бо тақозои замони имрӯза, рушди воситаҳои гуногуни технологӣ, шароити зудтағйирёбанда низоми маориф бояд таҳким ёфта, ба талаботи рузафзуни ҷомеа мутобиқ гардад. Низоми маориф бидуни кадрҳои баландихтисос рушд ёфта наметавонад. Дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ таълиму тарбияи шогирдон ба заҳмати хастанопазири омӯзгорон, маҳорату малака ва дониши онҳо вобастагии қавӣ дорад. Агар шогирдони хуб баъди хатми мактаб ба муассисаҳои олии касбӣ дохил шаванд, аз онҳо мутахассисони хуб дар соҳаҳои гуногун ба воя мерасанд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.
Аз тарафи дигар таълиму тарбияи донишҷӯён ба фаъолияти пурсамари омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ вобастагӣ доранд. Аз ин рӯ, барои такмили омода намудани кадрҳои илмию омӯзгории муасисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ тадбирҳои муайянеро бояд амалӣ намуд. Вазифаҳои дар ин самт гузошташуда моро водор мекунад, ки дар иҷрои чунин вазифаҳо саъю талоши хастанопазирро ба харҷ диҳем: “Дар ин раванд,қайд гардидааст дар Паём, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намоянд. Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, ҳамчунин, вазифадор карда мешаванд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”
Бояд ёдовар шуд, ки илм шакли шуури ҷамъиятӣ буда, омили муҳимми пешрафти ҷомеа мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ барои рушду тавсиаи донишҳои илмӣ тадбирҳои гуногун меандешад. Рушди илм ба тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа мусоидат мекунад. Ба шаклгирӣ ва матраҳсозии сиёсати давлат дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ илм таъсири назаррас мерасонад. Дар баробари ин илм дар тақвияти ҷаҳонбинии сиёсии мардум низ нақши муайян метавонад дошта бошад ва заковати сиёсии мардумро низ инкишоф медиҳад. Рушди ҷаҳонбинии илмӣ ба таҳкими низоми дунявии давалат мусоидат мекунад ва қишри муайяни ҷомеаро аз банди таассубу ҷаҳолат метавонад раҳо созад. Ба ҷуз аз ин, илм сарчашмаи ихтирооти нав мебошад. Илми тоҷик низ бояд ихтирокоронро тарбия намояд. Дар ин бора дар Паём вазифагузорӣ шудааст, ки мо бояд олимони ихтироъкорро тарбия намоем.Пешвои муаззами миллат дар замина мисоле оварданд, ки аз растаниҳои доругии дар ҳудуди кишвар мавҷуд буда метавон чандин навъи доруро тайёр намуд, вале ин захираи муҳими табиӣ аз кишвар баромада, дар кишварҳои хориҷӣ аз он дору омода намуда, ба мо мефурӯшанд.
Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.
Яке аз масоили муҳимми иҷтимоӣ бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии дорои қобилияти меҳнат мебошад. Дар ин маврид вазифа гузошта шудааст, ки ҷиҳати қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ба шуғл зарур аст, ки дар соҳаҳои иқтисоди кишвар ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад. Андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба омӯзонидани касбҳои коргарӣ, саросар соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат ва ҳарчи бештар дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон низ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат мебошад.
Рушди захираи инсонӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ аз вазифаҳои афзалиятноки сиёсати дохилии давлат ба шумор рафта, далелҳо дар Паём овардашуда аз он шаҳодат медиҳад, ки шумораи аҳолии мамлакат ду баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафари соли 1991 то ба 10 миллион дар соли 2023 расид, афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ хар сол ба ҳисоби миёна 2,1 фоизро ташкил медиҳад, дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расидааст. Нишондиҳандаҳои мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошанд.
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони малакат ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чунин тадбирҳо амалӣ мегарданд:
- аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд;
– аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд;
– инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад;
- аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар Паём масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ – нақши занону духтарон дар ҷомеа мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Занони тоҷик имрӯз қишри фаъоли ҷомеа буда, дар баробари мардон дар вазифаҳои баланди давлатӣ ифои вазифа менамоянд. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имконият дод, ки чандин ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ қабул гардидаанд ва ба тақвияти ҳуқуқу озодиҳои занон, балки ба баланд бардоштани саҳми занон дар рушди давлат, дар инкишофи соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ мусоидат намуданд. Дар тарбия ва таълими ҷавондухтарон, махсусан ҷудо намудани квотаи президентӣ барои духтарони деҳот барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нақши назаррас бозид. Ба ибораи дигар, занони тоҷик дар таҳкими истиқлолият, бунёди давлати милии дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ дар баробари мардон саҳми бузург гузоштаанд.
Қишри бузурги ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар Паёми имсола Пешвои миллат зикр карданд, ки Тоҷикистон давлати ҷавон мебошад ва синни миёнаи сокинони мамлакат ба 24 сол мерасад. Сиёсати давлатии ҷавонон ба шароити мусоид фароҳам овардан барои таҳсилу фаъолияти ин қишри осебпазири ҷомеа нигаронда шудааст. Бо ин мақсад дар мамлакт садҳо иншоотҳои варзишӣ, муассисаҳои таълимӣ маҳз барои ҷавонон бунёд гардидаанд.Ҳазорҳо ҷавони кишвар дар мамолики хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки ба дараҷаи донишу ҷаҳонбинии созандагони ояндаи Ватан мусоидат мекунад. Дар авзои ноороми ҷаҳони имрӯза доираҳои иртиҷоӣ аз нерӯи ҷавонон истифода мебаранд Дар чунин шароит зарур аст, ки ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватанпарастӣ ва афкори солими созанда тарбия шаванд, то ба гуруҳҳои экстримистию террористӣ шомил нашаванд. Дар Паёми имсола низ мушкилоти ҷавонон таҳти таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифтааст ва дар ин самт вазифаҳои муайян гузошта шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Танзими ҳуқуқии ҷомеа ба рушди устувор ва босуръати кишвар мусоидат мекунад. Такмили дониши ҳуқуқии аҳолӣ, аз як тараф равандҳои қонунвайронкуниро боз медорад, аз тарафи дигар, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин менамояд. Ин дар навбати худ такмили қонуқгузориро талаб карда, мутобиқ намудани қонунҳоро ба равандҳои иҷтимоӣ тақозо дорад. Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.
Қабул гардидани Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумӣ омили муҳимми таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад. Конститутсия барои рушди ояндаи давлат, устувор намудани пояҳои давлати миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда равандҳои муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро танзим намуда , обрую нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвият бахшид. Имсол ба қабули Қонуни асосии давлат 30 – сол пур мешавад. Бинобар ин соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид, ки ба таҳкими ҳуқуқбунёдии давлат, такмили донишу маърифати ҳуқуқии сокинони кишвар, таъмини ҳуқуқу озодиҳои мардум, такмили суботу муносибатҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунад.
Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати “дарҳои кушод” афзалият дорад. Кишвари мо бо тамоми мамлакатҳои дунё вобаста ба манфиати миллии худ ҳамкориро ба роҳ мемонад. Имрӯз Тоҷикистон бо 180 мамлакати дунё робитаҳои иқтисодию сиёсӣ дорад. Дар Паёми имсола Пешвои миллат дар авзои мураккаби байналмилалиро таҳлил намуда, чун роҳбари хирадманду дурандеш мавқеи Тоҷикистонро дар ҷаҳони зудтағйирёбанда муайян намуда, сиёсати хирадгароёнаи хориҷиро чунин арзёбӣ намудаанд: “Мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо зимни пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон моро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор месозанд. Кишвари мо ба сифати авлавияти сиёсати хориҷии худ минбаъд низ ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи эҳтирому эътимоди мутақобила таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҷойгоҳи хосса дорад “.
Далелу рақамҳои дар Паёми имсола овардашуда бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон ба шоҳроҳи тараққиёт устувор ворид гардида, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри инкишофи ҷомеаи босаодат ва шукуфоии кишвар, таъмини зиндагии шоиста барои шаҳрвандони мамлакат устуворона гом бардошта, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ торафт мустаҳкам мнеамояд. Тоҷикистон чун кишвари соҳибистиқлол, миллати тоҷик бо таърихи бостонӣ ва фарҳанги тавоно тавонист дар тули даврони соҳибистиқлолӣ худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ чун миллати фарҳангӣ муаррифӣ созад. Пешвои ммуззами миллат бори дигар хотиррасон намудаданд, ки ҳамаи пешравиҳо маҳз бо заҳмати содиқонаву софдилона ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарифи кишвар ва дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ба даст омадаанд.
Муфассал ...