wrapper

Институт

Институт

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ПЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ПЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Чун ҳамасола 24. 12. 2023 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хотирмон ироа гардид. Агар ба ҳар як нуқтаи ин паём назар андозем, ба хубӣ дарк хоҳем кард, ки ҳар яки онҳо баҳри созандагии кишвар, беҳбудии шароити ҳар як шаҳрванди кишвар равона гардидаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа Сарвари кишвар баҳри рушди соҳаи саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаҳои ҷолибро баён намудаанд. Ҳунарҳои мардумӣ як бахши фарҳанги маънавии миллати тоҷик буда, тавассути онҳо арзишҳои маънавӣ ва тамаддуни чандинҳазорсолаи тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мегардад, зеро ки ҳунарманд аз номи насл, халқ ва миллат эҷод мекунад.

Таи солҳои охир аз ҷониби Сарвари давлат ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ диққати махсус равона гардида, дар натиҷа он рушду нумуъ ёфта истодааст. Ин масъала дар айни замон хеле ҷолиб ба ҳисоб меравад, зеро аз як тараф агар, ҳунарҳои бостонии мардумӣ эҳё ва рушд ёбанд ва ҳунармандон аз ҳисоби заҳматашон метавонанд зиндагиашонро беҳтар гардонанд, аз тарафи дигар эҳё ва барқарор намудани ҳунарҳои мардумӣ ин як воситаи муҳими ҷалби соҳаи саёҳӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷиҳат ҳам ин масъала пайваста зери назари Сарвари давлат қарор гирифтааст.

Дар солҳои 2018 – 2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст. Пас аз эълон гардидани соли 2018 – соли эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳунарҳои зиёди аз байнрафта аз сари нав эҳё гардида, рушд ёфтаанд. Ин ҳунарҳо аз қабили бофандагӣ, дузандагӣ, дуредгарӣ, заргарӣ ба ҳисоб мераванд. Бояд қайд кард, ки бархе аз онҳо аз қабили адрасу атласбофӣ, чакандузӣ аллакай ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО дохил гардидаанд ва ин боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид. Аз ҷониби дигар ин пешравӣ як муваффақияти маҳсули ҳунармандон ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гўшаҳои ҳунармандӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, аз ҷумла дар ҳамаи мағозаву бозорҳо ба роҳ мондани фурўши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, хусусан, маҳсулоту маснуоти ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шаванд.

Иқдоми дигари хеле бамаврид, ки аз ҷониби Сарвари давлат ба роҳ монда шуд, ин бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад.

      

                         Қурбонхонова Н.-ходими калони илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти ИИГ, Азорабекова Ш. – ходими илмии шуъбаи таърих ва мардумшиносии ИИГ.

 

Муфассал ...

Ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санадҳои муҳими такондиҳандаи рушду нумӯи давлат ба ҳисоб рафта, дар он ҳамаи ҷанбаҳои сиёсию иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар шакли таҳлили воқеӣ муҳокима гардида, зимни ироаи он аз ҷониби Президенти мамлакат ҷиҳати таъмини рушди босуръати кишвар ҳадафҳои муайян гузошта мешаванд. 

Ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, чун анъана, барномаи рушди ҷомеа ва давлатро баҳри  беҳбудӣ бахшидан ба  самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат, муайян менамояд.  Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аслан ҳисобот оид ба натиҷагирӣ аз соли сипаришуда ва дурнамо барои соли минбаъда ба мардуми мамлакат тавассути органии Олии қонунбарор буда, ифодакунандаи принсипҳои муҳими давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. 

Мӯҳтавои асосии Паёми имсола низ ба амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар заминаи ин зиёдтар истифода бурдани имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат, ҳифзи мероси таърихӣ, маориф, ҳифзулсиҳат, сармояи инсонӣ, таъмини амният ва волоияти қонун равона гардид.

Ба хотири расидан ба ҳадафҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди «иқтисоди сабз», Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва ташаббусҳои Сарвари давлат дар арсаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаи тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ба Вазорату идораҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас супорида шудаанд.  

Дастовардҳои иқтисодӣ дар соли гузашта мусбӣ арзёбӣ гардида, қайд шуд, ки “соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.” Пешрафт ва дастоварди иқтисодии ҳар як давлатро нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ муайян мекунанд. Ин нишондиҳандаҳо дар Паём шаҳодати ба даст овардани натиҷаҳои мусбӣ  дар соли 2023 буда, имконияти афзун намудани онҳо дар солҳои минбаъда тариқи меҳнати аҳлона, истифодаи самараноки ҳамаи захираҳои табиӣ, инсонӣ, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо басо зиёд истифоданашуда ниҳоят зиёд аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 2023 дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дастовардҳои бузург ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва андози маблағии он ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Афзун гадидани қисми даромади буҷети давлатӣ  ба андозаи 102,5 фоиз нишонаи нигоҳ доштани устувории соҳаҳои иқтисодии мамлакат ба шумор мераванд.

Ба даст овардани ин нишондиҳандаҳо – ин самаранокии таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва амаликунонии барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат арзёбӣ гардид, ки воқеан назаррас аст.

Таҳлилҳои ҳаматарафаи суръати рушди иқтисоди миллӣ дар ҳафт соли охир нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои манфӣ, аз ҷумла паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19, оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар дар ин мӯҳлати начандон тулонӣ зиёд гардид.

Нишонаи дигар рушди иқтисоди кишвар – ин дар қиёс ба солҳои гузашта зиёд шудани даромади пулии аҳолӣ ба ҳисоб рафта, аз он сифати зиндагии мардум вобастагӣ дорад. Ин нишондиҳанда 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 афзоиш ёфтааст. Дар ин росто, музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.

Таваррум, ё худ беқурбшавии пул, ки яке аз маризиҳои иқтисоди ҳар як давлат ба шумор меравад, бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд. Ин нишонаи таъмини суръати баланди гардиши пулли миллӣ буда, афзун гардидани ҳиссаи истеҳсолоти миллӣ ва содир намудани маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар аст. 

Бояд қайд кард, ки ин дастовардҳои иқтисоди миллӣ мувофиқи талаботи бозори ҷаҳонӣ аз ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, таъмини рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ вобастагии зич дошта, аз он шаҳодат медиҳад, ки афзалияти пешрафти иқтисоди миллӣ дар сиёсати иқтисоди миллӣ ба ин омилҳо нигаронида шудааст .

Ҳамаи тадбирҳои андешидашуда ва пиёдашудаи сиёсати иқтисодии мамлакат ба пастшавии сатҳи камбизоатӣ таъсири амиқ гузошта, ин нишондиҳанда аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Дар ду даҳсолаи охир бошад, сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд.

Дар баробари гузоштани вазифаҳои мушаххас ба хотири ноил шудан ба нишондиҳандаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, дар раванди коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ аз ҷониби Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд ва ишора шуд, ки “зарур аст, ки дар соли 2024 тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда шавад.”

 Ҳамин тариқ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамучун давлати  соҳибистиқлол ба суйи ояндаи нек боз як қадами таърихии  устувор гузошта, собит намуд, ки миллати тоҷик аз азал созандаву ободкор буд ва танҳо бо меҳнати софдилона ва ақлу иродаи нек дастовардҳои азимро метавонад ба даст оварад. Ҳамеша дар маркази сиёсати Сардори давлат беҳбудии сифати зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоии мамлакат, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд.

 

     

Гулша Ҷумахонов – докторанти шуъбаи тадқиқоти иқтисодиёту иҷтимоиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИИТ, вакили маҷлиси вакилони халқи ВМКБ

 

Муфассал ...

Шоинбеков Аловиддин. Шоҳбурҳони Валӣ. - 2023 -70 саҳ.

Шоинбеков Аловиддин. Шоҳбурҳони Валӣ. -  2023 -70 саҳ.

 

Муҳаррири илмӣ:

номзади илмҳои фалсафа

Отамбек Мастибеков

 

Зери назари доктори илми филология

Қаландариён Ҳоким Сафар

 

МуҚарризон:

Л. Мирзоҳасанов

Ҷ.Улфатшоев

 

Соли 2022 бо ташаббуси бевоситаи МИҲД-ии ВМКБ ва кумаки молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ тармиму таҷдиди яке аз ёдгориҳои калони таърихии н. Роштқалъа  мазори Шоҳбурҳони Валӣ дар ҷамоати деҳоти Тусиён оғоз ёфт. Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ тасмим гирифт, ки дар пайравии ин иқдоми нек китоберо таҳти унвони «Шоҳбурҳони Валӣ» нашр намояд.

Исми Шоҳбурҳони Валӣ дар Бадахшон, бахусус, дар ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим, Шуғнон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ хеле машҳур буда, бисёр мавзеъҳо ва нақлу ривоятҳоро ба номи ў мансуб медонанд. Аз ин Ҷо зарурате ба миён омад, ки дар мавриди ин шахсият ва маконҳои ба номи ў марбут маводе гирдоварӣ гардад, то кӣ будани ин фарди номдор ва зиндагиномаи вай маълум шавад.

 Дар ноҳияҳои Ишкошиму РоштҚалъа хонаю оромгоҳ, зиёратгоҳу Қадамгоҳи ин ориф зиёданд ва онҳо чун мавзеъҳои таърихӣ Қимати баланди илмӣ доранд. 

 Китобча барои сайёҳон, кишваршиносон, таърихшиносон, мардумшиносон, фолклоршиносон ва доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.   

 

      Оид ба зарурияти нашри ин китоб, муаллифаш чунин маълумот додааст: «То кунун доир ба Шоҳбурҳони Валӣ ривоятҳои зиёд дар шакли шифоҳию пароканда дар миёни мардуми водиҳои Шохдара, Вахон, Ғорон ва ш. Хоруғу ноҳияи Шуғнон боқӣ мондаанд. Кори нахустамон он буд, ки ин ривоятҳоро Ҷамъ оварда маълум намудем, ки оид ба омадани Шоҳбурҳон ба Бадахшон ду хел (дар ду шакл) маълумоти шифоҳӣ ва   бо ҳам мухолиф мавҶуданд.

Тибқи як қатор маълумотҳо ва ривоятҳо Шоҳбурҳони Валӣ бо чор Қаландар Шоҳ Қамбари Офтоб, Шоҳ Исомиддин, Сайид Ҳасан, Шоҳ Мубораки Валӣ аз сарзамини Сабзавори Эрон ба мақсади паҳн намудани дини ислом ба Бадахшон тавассути Қошғар ба Вахон омадааст. Аз рӯйи маълумотҳои дигар Шоҳбурҳони Валӣ бо ин маҚсад бо се Қаландар Шоҳи Хомўш, Шоҳ Маланг ва Шоҳи Кошон тавассути кули Шева ба Шуғнон омадааст. Бинобар ин, дар ин китобча вобаста ба ҳар ду шакл маълумоти шифоҳӣ ва намунаи ривоятҳоро баррасӣ менамоем. Дуюм, оид ба омадани Шоҳбурҳон бо дигар мубаллиғон , ба кадом равияи ислом мутааллиқ будани ин мубаллиғон, дар кадом аср омадани онҳо миёни донишмандон баҳсу фикрҳои мухталиф мавҷуданд,  ки дар ин китоб қисмате аз онҳо зикр ёфтаанд. Сеюм, аз рўйи мавқеи Ҷойгиршавии зиёратгоҳҳою Қадамгоҳҳои Шоҳбурҳон дар Бадахшон ва мазмуну мундариҶаи ривоятҳоро ба як тартибу низом даровардем. Чаҳорум, азбаски шахсияти Шоҳбурҳони Валӣ тамоман мифологӣ шуда буд ва давраи ҳаёти Шоҳбурҳон аниҚ нест, то он Ҷое ки имкон доштем, дар асоси методҳои муқоисавӣ дар кадом қарн зиндагӣ доштани Шоҳбурҳонро муайян кардем. Муайян шудани давраи Шоҳбурҳон аҳамияти хоса дорад, зеро ки таърихи маскуншавии бисёр авлодҳо тавассути давраю ҳаёти Шоҳбурҳон маълум мегардад. Панҷум, бо истифода аз баъзе сарчашмаҳои хаттӣ ва адабиёти илмӣ ривоятҳоро аз ҳақиқат Ҷудо карда, симои таърихии Шоҳбурҳонро каму беш ошкор сохтем. Шашум, тамоми нишонаҳою қадамгоҳҳои Шоҳбурҳонро дар Вахону Ғорон, Шуғнону Шохдара шахсан дидан кардем, Ҷою макони онҳоро муайян карда ба қайд гирифтем ва аксбардорӣ намудем. Ҳафтум, бори нахуст шаҷараи (насабномаи) Шоҳбурҳонро ба хонандагон пешкаш мекунем, ки он низ хеле ҷолиб аст, гарчанде ин шаҷара дар оянда ба аниҚ кардани баъзе масъалаҳои баҳснок эҳтиёҷ дорад.

МУНДАРИҶАИ КИТОБ 

Пешгуфтор

Боби 1. Хонаю мазор, остонҳою  Қадамгоҳҳои Шоҳбурҳони Валӣ

  • Хонаи Шоҳбурҳони Валӣ
  • Мазори Шоҳбурҳони Валӣ
  • Остонҳо, Қадамгоҳҳо, Ҷӯйборҳо ва дигар нишонаҳои Шоҳбурҳон дар Вахону, Ғорон, Хоруғу Шуғнон ва Шохдара

Боби 2. Ривоятҳо доир ба Шоҳбурҳони Валӣ

Ривоят №1   Омадани панҶ Қаландар ба Қошғари Чин

Ривоят № 2.  Кароматҳои Қаландарон дар Қошғар ва Қизил-работ

Ривоят № 3. Маскуншавии Қаландарон дар Вахон 

Ривоят № 4. Хешони Шоҳбурҳон дар Вахон

Ривоят № 5. Каромати ХоҶа Риндон

Ривоят № 6. Ғайб задани Шоҳбурҳон

Ривоят №7  Ҷӯйбори Шоҳбурҳон дар Шанбедеҳи Ғорон

Ривоят № 8   Гузаштани Шоҳбурҳон ба воситаи БиҶондара ба Шохдара

Ривоят № 9. Маскуншавии Шоҳбурҳон дар Тусиён

Ривоят № 10. Ҷорўбкаши Шоҳбурҳон

Ривоят № 11. Ҷўйбори Шоҳбурҳон дар Тусиён

Ривоят № 12. Санги фалахмон   (wиздоҶжир)

Ривоят № 13. Реҳлати мўъҶизавии Шоҳ Ҳисомиддин

Ривоят № 14. Каромоти Шоҳ Маланг ва Шоҳбурҳон

Ривоят № 15. Зўғу адовати Шоҳбурҳон

Ривоят № 16. Ҷавонамарг шудани писари Шоҳбурҳон

Ривоят №17. Дарахти Шоҳбурҳон дар ẋичиẋ

Ривоят №18. Каромотҳои Шоҳбурҳон дар БароҶ

Ривоят № 19. Деги Шоҳбурҳон

Ривоят № 20.  Аждаҳосанги Анҷин

Ривоят № 21. Чашма ва остони Шоҳбурҳон дар Тингхон

 Боби 3. Симои ҳаҚиҚии таърихии Шоҳбурҳони Валӣ.

3.1. Асотири гаштани шахсияти Шоҳбурҳони Валӣ

3.2. Нишон додани каромот тавассути асо.

3.3. Парастиши об 

  1. 4. Парастиши санг Набард бо аждаҳо
  2. 6. Деги каромотӣ

Боби 4.ТадҚиҚу таҳлили сарчашмаҳои хаттӣ ва баъзе хулосаҳо оид ба шахсияти Шоҳбурҳонӣ Валӣ.           

4.1. Давраи Шоҳбурҳони Валӣ

4.2. Мақсаду зарурияти омадани Шоҳбурҳони Валӣ ба Бадахшон. 

4.3. Шаҷараи Шоҳбурҳони Валӣ.                                                                  

Охирсухан

 

 

 

Муфассал ...