Маҷмуаи мақолаҳо бахшида ба суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки дар таърихи 09.03.2024 ба вуқуъ пайваста буд, таҳти унвони "СОХТИ ДУНЯВИИ ДАВЛАТ - САНГАРИ ҲИФОЗАТИ АРЗИШҲОИ СОЗАНДАИ ДИНӢ" нашр гардид.
Зери назари профессор Саломиён Муҳаммаддовуд
Муҳаррири масъул: доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар
Мураттиб ва мусаҳҳеҳ: номзади илмҳои филологӣ Назаршоева Чилла Раҳимбековна
СОХТИ ДУНЯВИИ ДАВЛАТ - САНГАРИ ҲИФОЗАТИ АРЗИШҲОИ СОЗАНДАИ ДИНӢ
Дар ҷаҳони муосир афзоиши бесуботӣ дар ҷаҳон, аз ҳам чудо кардани фарҳангҳо, халқҳо, динҳои ҷаҳонӣ ва барангехтани низоъҳо дар заминаи динӣ танҳо ба як самт тибқи принсипи маъруфи "тақсим кун ва забт кун" нигаронида шудааст, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ғараздор устокорона кор фармуда мешаванд. Бо ин мақсад аз тамоми имконоти мавҷуда: дурӯғу иғво, омилҳои дохиливу хориҷӣ барои заиф ва пароканда кардани ҷомеа, барангехтани низоъҳои миллӣ ва динӣ истифода хоҳанд шуд. Дар расидан ба ин ҳадаф ба онхо таассубу хурофот ва тасаввуроти нодурусти мо фаъолона ёрӣ мерасонанд.
Тоҷикистони муосир кишварест дорои низоми дунявии арзишҳо, ки таҳти роҳбарии пурсамари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар чизе, ки метавонад ба рушди минбаъдаи кишвар монеа эҷод кунад, муқобил аст.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар тамоми муҳаққиқон, магистрантон ва докторантони PhD-и Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ-ро водор намуд, ки ба суханронии мазкури Президенти мамлакат диду андешаҳои худро баён намоянд, ки онҳоро таҳиягарони маҷмуа дар шакли фишурда ба хонандагон пешкаш намуданд.