wrapper

Муҳаррири масъул доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаев
Муқарризон д.и.ф., профессор М. Аламшоев н.и.ф., дотсент М. Броимшоева
Монография бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев аз 26.10.2023, суратҷаласаи №3 ба чоп тавсия шудааст.
ҶУМЪАЕВА БАҲОР ДАВЛАТХОНОВНА
ИФОДАИ СЕМАНТИКАИ ҶАМЪ ВА ЗИЁДИ ДАР РОМАНИ «ФИРДАВСӣ» - И СОТИМ УЛУҒЗОДА
      Муҳтавои рисолаи мазкурро баррасии вижагиҳои ифодаи семантикаи ҷамъ дар заминаи маводи романи "Фирдавсӣ" и Сотим Улуғзода ташкил медиҳад. Рисола масъалаҳои таҳқиқи ташаккули семантикии категорияи ҷамъ, ифодаи семантикаи категорияи ҷамъ, тарзҳои ҷамъбандии исмҳо бо пасвандҳои -ҳо, -он, таснифи семантикии исмҳое, ки бо пасванди -ҳо ҷамъ баста мешаванд, таснифи семантикии исмҳо бо пасванди -он, ҷамъбандии исмҳои чида; ҷамъбандии исмҳо дар ибораҳои исмии изофӣ, таҳлили хусусиятҳои лексикӣ-грамматикии ҷамъбандии солими арабӣ, гурӯҳҳои лексикӣ-семантикии исмҳое, ки ба тарзи шикаста ё мукассари арабӣ ҷамъбандӣ шудаанд, воситаҳои лексикӣ-грамматикии ифодаи ҷамъ хусусиятҳои семантикии исмҳои ҷомеъ, ифодаи семантикаи зиёдии аломати исмҳои ҷамъ, ифодаи маънои ҷамъ тавассути шумора, ифодаи семантикаи категорияи ҷамъ дар ҷонишинҳо, роҳҳои предикативии ифодаи категория ва семантикаи ҷамъро дар бар гирифтааст.
       Барои донишҷӯён, аспирантон ва доктарантони ихтисосҳои забоншиносӣ пешниҳод мешавад.