Маҷмуаи мазкур бо карори Шӯрои олимони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ аз 26-уми апрели соли 2024, таҳти рақами 4 ба чоп тавсия гардид.
Зери назари доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар
Мураттиб ва муҳаррири маъсул: номзади илми фалсафа Ниёзбеков Давлат Толибекович
Мусаҳҳеҳ: котиби илмии ИИГ АМИТ Ризвоншоева Нуринисо Нуралишоевна
Муқарризон: доктори (PhD) илми таърих Ақсақолов С. номзади илми таърих Аламшоев ҚМ.
МАҶМУАИ МАҚОЛОТИ БАХШИДА БА 90-УМИН СОЛГАРДИ ЯКЕ АЗ ТАЪРИХНИГОРОНИ ШИНОХТАИ ВАТАНӢ ТАҲТИ УНВОНИ “О. БОҚИЕВ – ТАЪРИХНИГОРИ БАРҶАСТАИ ТОҶИК” НАШР ГАРДИД
Ин ҷашнома ба ифтихори 90-умин солгарди таърихнигори мумтоз, муҳаққиқи нуқтасанҷу, олими маъруфи тоҷик устод Боқиев Олуболу Боқиевич таҳияву таълиф шудааст. Дар он чанде аз мақолаҳои донишмандони шинохтаи кишвар дар бораи ҷойгоҳи илмӣ ва нақши муассири ӯ дар рушди илми таърихнигории тоҷик, арзиши алмӣ ва амалии таълифоти ӯ, меҳрномаҳои манзуму мансури ҳамкорон, шогирдону хешу табор, чанде аз мақолаҳои профессор ба унвони "Қатрае аз осор" ва ба илова аксҳои хотиравӣ гирдоварӣ шудаанд. Маҷмуа барои доираи васеи олимон, аспирантҳо, донишҷӯён ва инчунин ҳаводорони илми таърихнигорӣ пешбинӣ шудааст.
ISBN 978-99985-77-28-2