Боз як тадқиқоти илмӣ дар соҳаи забоншиносии тоҷик таҳти унвони «ГЕМЕРОНИМИЯИ ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОН» аз чоп баромад.
Амирбекзода Назира. Душанбе: «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ» ҶДММ "Сифат-чоп", 2024. – 176 с.
Бо қарори шурои илмӣ-методии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.04.2024, №5 барои нашр тавсия дода шудааст.
Муҳаррири масъул доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаев
Муқарризон: Ҷумъахон Алимӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Тӯраев Бурҳон Бузургович, номзади илмҳои филологӣ, дотсент
ГЕМЕРОНИМИЯИ ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОН
Монография ба таҳлилу таҳқиқи гемеронимияи фазои иттилоотии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар монография номи ВАО аз назари забоншиносӣ ба риштаи таҳқик кашида шудааст.
Таҳқиқи мазкур ба бахшҳои омӯхташудаи исмҳои хос - номи расонаҳои гуногуни ахбор, ки дар истилоҳи номшиносӣ - геморонимия ном дорад, бахшида шудааст. Вижагиҳои луғавию семантикӣ ва сохторию дастурин гемеронимияи забони тоҷикӣ муайян карда шудааст.
Маводи илмии монографияро ба ғайр аз забоншиносон, инчунин, метавонанд магистрантону аспирантони бахши забоншиносӣ, ҷомеашиносон, фарҳангшиносон, рӯзноманигорон ва кормандони Воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ мавриди истифода қарор диҳанд.
ISBN:978-99985-819-7-5