Институт
- Чоршанбе, 17 Январ 2024
ИНСОНДӮСТӢ - ЯКЕ АЗ МАВЗУЪҲОИ МЕҲВАРИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Азорабеков С. Қ. - номзади илмҳои филология, ходими калони илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон
ИНСОНДӮСТӢ - ЯКЕ АЗ МАВЗУЪҲОИ МЕҲВАРИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сермуҳтавоии худ аз паёмҳои солҳои қаблӣ бартарӣ дошта, дар он масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакат ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт, ки ироаи он зиёда аз се соат идома ёфт ва аз ҷиҳати давомнокии худ ҳам аз паёмҳои пешин тафовут дорад. Ин бартариятҳои Паём аз он шаҳодат медиҳанд ва аз муҳтавои он ҳам бар меояд, Тоҷикистони азизамон ба таври бесобиқа дар тамоми соҳаҳои ҳаёт рушд карда истодааст ва масъулияту вазифаҳо ҳам, бахусус дар раванди таҳаввулоти ҷаҳонӣ дар оянда зиёдтару мураккабтар мегарданд.
Аз ҷиҳати мавзӯъву муҳтаво ва масъалагузорӣ ҳам Паёми имсола хеле серпаҳлу ва фарогир аст. Яке аз мавзӯъҳои меҳварии Паём, ки банда аз он дарёфтам, ин инсондӯстӣ, инсонсозӣ ва инсонсолорӣ мебошад. Суханронии Пешвои миллат дар ин мавзуъ хеле ҳакимона, падарона ва насиҳатомӯзона манзур гардида, воқеан дилҳои ҳамагонро тасхир намуд ва ҳозирин бо эҳсосоти қалбӣ бо кафкубиҳои бардавом онҳоро истиқбол намуданд. Дар маркази диққати Сарвари давлат чун ҳамешагӣ навозишу дастгирҳои қишри осебпазири ҷомеа, ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ва дигар ниёзмандон қарор дошт. Дар даврони Истиқлолият бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ҷиҳати ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, баҳри амалӣ гаштани онҳо чораю тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар Паёми навбатӣ ҳам ин масъала бори дигар баррасӣ гардида, Пешвои миллат таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба ин амали хайр ва инсондӯстона равона намуд. Ӯ дар ин кори хайру пурсавоб барои ҳамагон ҳамчун намунаи ибрат зикр намуданд, ки “ман ҳар ҷойе, ки сафар мекунам, аввал аз ҳолу аҳволи ятимон хабардор мешавам. Ятимони мо худро ятим ҳам эҳсос намекунанд”.
Дар самти дастгирии қишри осебпазири ҷомеа, ҷиҳати барқарорсозии қобилияти меҳнатии шахсони маъюб, таъминоти онҳо бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ Пешвои миллат андешидани чораҳои мушаххасро зарур донистанд.
Чун дар паёмҳои ҳамасола, дар паёми навбатӣ ҳам ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар ҷомеаи мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Пешвои миллат мақоми занро ҳамчун модар дар тарбияи насли ояндасоз ва ташаккули ҷомеаи мутамаддин хеле муҳим арзёбӣ намуда, бо самимияти хоса зан- модарро чун офаринандаи насли башар ситоиш намуд. Пешвои миллат иброз намуданд, ки модар ҳамеша тайёр аст, ки барои фарзанд тамоми ҳастияшро фидо кунад, то ӯро ба камол расонад. Модар махзани меҳру муҳаббат аст, аз ин рӯ меҳри модар аз дили фарзанд то вопасин нафас ҳам берун намешавад ва дар дами марг ҳам “модар” мегӯяд. Пешвои миллат бо эҳсосоти қалбӣ дар бораи ҳурмати падару модар ҳарф зада, таъкид доштанд, ки файзу баракати инсон аз ҳурмати падару модар сарчашма мегирад. Ҳурмати падару модар ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо қарзи фарзандии ҳар як шахс ва яке аз суннатҳо ва рукнҳои инсондӯстии миллати мутамаддини тоҷик буда, аз гузаштагони мо ба мо мерос мондааст.
Ёдовар бояд шуд, ки Пешвои миллат аз рӯзҳои нахстини ба сари роҳбарии давлат омаданашон ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, пайваста таъкид мекунанд, ки танҳо зани бомаърифат ва таҳсилкарда метавонад фарзанди бомаърифату хушахлоқ, худогоҳ ва ватандӯстро тарбия намуда, ба камол расонад. Бинобар ин, ба таҳсилу илмомӯзӣ фаро гирифтани духтарону занон яке аз масъалаҳои муҳим ва талаби замон ба ҳисоб меравад. Дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат аз мақоми зан- модар дар ҷомеа боис шуд, ки бонувони тоҷик имрӯз дар баробари модару ҳамсар будан, дар арсаи сиёсату роҳбарӣ, мақомоти давлатӣ, соҳибкорӣ ва тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, маорифу тандурустӣ фаъолияти босамар доранд.
Дар давоми давлатдории навини тоҷикон бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардондани нақши онҳо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили қарору қонунҳо, Стратегияи миллӣ, барномаҳои давлатӣ, консепсия, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулу ба тасвиб расиданд, ки барои мавқеъ пайдо намудани занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мусоидат намуданд. Ин санадҳо дар самти баланд бардоштани нақши занону духтарон дар идоракунии давлатӣ, зиёд намудани шумораи занону духтарони болаёқат дар вазифаҳои роҳбарикунанда, таҳким бахшидан ба мавқеи сиёсию иҷтимоии ин табақаи аҳолӣ заминаи асосӣ гардиданд.
Дар маҷмуъ, муҳтавои Паём саросар ба мақоми инсон ва озодии ӯ, рушди сармояи инсонӣ нигаронида шудааст, зеро маҳз, ба қавли коршиносон инсон бо қобилияти фитрии худ қодир аст ба рушди тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа таъсиргузор бошад. Ё, ҳар ҷомеае, ки ба сифати сармояи бунёдӣ дар рушди давлатдории худ ба сармояи инсонӣ такя менамояд, қодир аст ба рушди тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа таъсиргузор бошад. Пешвои миллат дар робита ба ин чунин иброз доштанд: “Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бе рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму иноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад”.
Пешвои миллат дар самти рушди сармояи инсонӣ нақши соҳаи маорифро аввалиндараҷа дониста, онро омили муҳими бунёди миллати мутамаддин маҳсуб донист. Ӯ таъкид намуд, ки “дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат, бахусус ба вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд. Бо ин мақсад устувор гардондани минбаъдаи хизматрасонии иҷтимоӣ, рушд додани маориф ва илму маърифат ҳамчун рукнҳои асосии инкишофи нерӯи инсонӣ, ҳифзи саломатии инсон ба ҳайси боигарии давлат, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як инсон ба мақсад мувофиқ аст.
Ғамхорию дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат дар самти рушди бонизоми иқтисоди миллӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум андозаи нафақа, маоши кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот, инчунин стипендияҳо ҳамасола баланд бардошта мешавад. Аз ҷумла, дар Паёми имсола ҳам Пешвои миллат ҷиҳати идома додани ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш доданд:
- аз якуми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шавад;
- аз якуми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шавад;
- инчунин, аз якуми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад;
- ҳамзамон, бо иназ якуми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки дар асоси андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмини зиндагии арзандаи шаҳрвандон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди озодонаи он, рушди бемайлони захираҳои инсонӣ ченаки дарозумрии аҳолӣ батадриҷ боло рафта истодааст. Масалан, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 дарозумрии аҳолӣ, ки яке аз ченакҳои рушди сармояи инсонӣ дониста мешавад, 75 сол арзёбӣ гардида буд ва фавти модару кӯдак дар муқоиса ба соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст гардид.
Дар Паёми соли 2021 Пешвои миллат изҳор доштанд, ки “ соли 2020 дарозумрии аҳолӣ ба 75, 1сол баробар шуд”. Вобаста ба ин масъала дар Паёми навбатии соли 2024 иброз гардид, ки дарозумрии аҳолӣ ба 76, 3 сол расидааст.
Тавре аз ин маълумот бармеояд, натиҷаҳо дар самти беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум назаррас буда, тадриҷан боз ҳам беҳтар шуда истодааст. Пешвои миллат дар ин маврид аз табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз, боду ҳавои тоза ва обҳои мусаффои зулулоли он ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки истифодаи оқилонаи одамон аз ин неъмати бебаҳои худод метавонад ба саломатии онҳо таъсири мусбию ҷонбахш расонад ва имкон дорад, ки дарозумрии аҳолӣ дар кишвар ба 100 ҳам сол расад.
Соли 2024 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахтномаи миллат ва сарчашмаи ҳамаи саодатҳои мардуми кишвар аст, таҷлил мегардад. Сарвари давлат дар робита ба ин зикр намуданд, ки “амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ ва вадати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иҷтимоии мамлакатамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ дар мамлакат “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шавад”.
Маврид ба зикр аст, ки чунин тадбир ҳам барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар ин замина барои таъмин намудани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як инсон ва инкишофи озодонаи ӯ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ мусоидат мекунад.
Муфассал ...
- Сешанбе, 16 Январ 2024
НУҚТАҲОИ КАЛИДИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САМТИ ИҚТИСОДИ МАМЛАКАТ
ИСКАНДАРШОЕВА З.К.
Мудири шуъбаи тадқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодии Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
НУҚТАҲОИ КАЛИДИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САМТИ ИҚТИСОДИ МАМЛАКАТ
Паёми имсолаи Пешвои миллат, дар замоне ироа гардид, ки кишвари азиизи мо, новобаста аз тамоми мушкилоти ҷаҳони муосир, ба шумули бӯҳронҳои шадиди сиёсӣ иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, барои ҳар сокини кишвар як пайғом аз суботу шукуфоии кишвар мебошад.
Қабл аз ҳама, хотиронишон бояд шавад, ки хоҷагии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар солҳои аввали ба истиқлолияти комил расидани худ, бо сабабҳои зиёди дохиливу берунӣ, ба хусус кашмакашҳои дохилии таҳмилшуда, ба сатҳи сифр расонда шуд. Иқтисоди комилан вобастаи берун ва харобшуда, сатҳи таварруми ба 200% расонида шуда, аз кор бозмондани тамоми сохторҳои иқтисодӣ, ки ба худи боқӣ мондани он ҳамчун давлат таҳдидҳои воқеӣ ва ҷиддӣ овард. Дар чунин шароити аз ҳар ҷиҳат бӯҳронӣ шахсияте бо ватанпарастии хос бо садоқату шарофати хос ба сарзамини аҷдодӣ ва миллати бостонӣ, ба номи Эмомалӣ Раҳмон вориди майдони сиёсат гардид. Ин шахсияти таърихӣ дар кӯтоҳтарин муддат муввафақ шуд, ки кишварро аз нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшад ва онро ба самти дунёи мутамаддин, ба самти истиқлолият, аз ҷумла истиқлолияти иқтисодӣ, дар такя бар мардуми фарҳангии худ раҳнамоӣ кунад. Дар илми иқтисод назарияи илмие ҳаст, ки тибқи он, барои ҳар гуна кишвар, ба хотири аз бӯҳронҳои шадиди сиёсиву иқтисодӣ берун омадан, ба муддати муайяни замонӣ, ки ҳадди ақали он 25 сол мебошад. Агар ба таърихи кӯтоҳи ҳаёти иқтисодии кишварамон дар замони истиқлолияти он назаре афканем, он нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳё ва сипас рушди иқтисодии худ ҳанӯз ҳам танҳо 23 сол доштааст. Зеро то соли 2000 тамоми нерӯи ҳукумати кишвар масруфи ҳалли масоили сиёсӣ ва дохилӣ буд ва имкони пурра ба ҳаёти иқтисодии кишвар рӯ оварданро надошт. Вале сарфи назар аз норомиҳои дар дохили кишвар боқӣ монда, ки аз ҷониби душманони истиқлоллияту давлатдории худӣ, ҳар замон таҳрик мешуданд, роҳбарияти олии кишвар тавонист, вазифаҳои афзалиятноки иқтисоди худиро дар давлти худӣ, бо такя бар сокинони ватандӯсти худӣ мушаххас намояд, ҳадафҳои стратегии рушди онро муайян созад. Натиҷаи чунин роҳбарии оқилона буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари дорои иқтисоди заиф ва комилан мӯҳтоҷи кумакҳои берун, ба қатори кишварҳои дар ҳоли рушд дохил ва дар сатҳи ҷаҳон яке аз кишварҳои ташаббускори лоиҳаҳои байналмилалӣ ҳам эътироф гардид.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, дар баробари бахшҳои дигари муҳими ҳаёти кишвар, ба рушди марҳилаи баъдии иқтисодӣ, дар вазъи мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, пайомадҳои зиёди дигари он, мақоми хос дорад.
Тавре аз Паём дарефтем, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои қобили зикр ба даст омаданд, ки афзоиши ММД ба 8,3%, иҷрои буҷети давлатӣ (102,5%), ташаккули “иқтисоди сабз, таъмини суръати миёнаи рушди иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми 7,5% ва ғайра нишондодҳои макроиқтисоди он, намунаҳои умедворкунандаи устувории иқтисоди кишвар мебошанд. Ҳукумати кишвар, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми неруву имконоти мавҷудаи худро ба ҳадафи ниҳоӣ, яъне ҳифзи дастовардҳои бесобиқаи замони кӯтоҳи истиқлолият ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони он самт дода шудааст. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатии мардум дар муддати панҷ соли охир ба 21,2 фоиз расонда шуд, ки дар ояндаи кишвар яке аз масъалаҳои марказии Ҳукумати кишвар боқӣ мемонад.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар рушди иқтисоди кишвар нақши хоси он такроран таъкид шудааст, ин рушди минбаъдаи сектори хусусӣ ва соҳибкорӣ мебошад. Пешвои миллат нақши ин секторро дар рушди иқтисоди кишвар хосатан зикр карда, бо дар назардошти мақоми хоси он дар рушди кишвар ва шуғли пурмаҳсули сокинони кишвар, дар мавриди аз байн бурдани монеаҳои мавҷудаи маъмуриву маснуӣ дар баробари он ба сохторҳои марбута дастурҳои мушаххас доданд.
Соҳаи саноат ва инноватсия яке аз самтҳои асосиии иқтисоди миллӣ мушаххас гардидааст. Новобаста аз он ки кишвари кӯҳистони Тоҷикистон, то замони истиқлолят як ҷумҳурии аграрии дар самти тавлиди маводи хом мавқеъ дошт, роҳбарияти олии кишвар ба хулоса расиданд, ки дар сатҳи рақобати шадиди ҷаҳонӣ, таъмини рушди босуботи кишвар, ба хусус таъмини ояндаи он ҳамчун кишвари аз лиҳози иқтисодӣ мустақил танҳо бо ин сектор ғайриимкон аст. Аз ин рӯ барои соҳаи саноат ва инноватсия заминаҳои моддӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам шуда, онро ҳамчун стратегияи миллӣ эълон карданд. Бо дар назардошти аҳамияти хоси он барои рушди ояндаи Тоҷикистони соҳибисиқлол солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон карданд, ки нишонаи дурандешии хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад. Танҳо дар муддати ду соли охир дар мамлакат беш аз 1200 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуданд, ки дар тӯли 28 соли охир ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 4,6 баробар зиёд шуд, аз ҷумла дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда ба 2,4 баробар афзуд, ки гувоҳи дурусти сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакатро нишон медиҳад.
Пешвои миллат дар фарҷоми Паём бо садоқати хоси ватандорӣ ва мардумсолорӣ ба мардуми шарифи кишвар муроҷиат карданд, ки “Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯсти, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил дорам. Бо итминон изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.”
Паёми имсола ҳамчунон як навъи ҷамъбасти боз як соли ҳаёти Тоҷикистони мустақил ба тамоми сокинони дохилу хориҷ ва вазифаҳои нави дар баробари он қарор дошта мебошад. Аз ин рӯ ҳам Паёми имсола як раҳнамоии мукаммал барои ҳар сокини соҳибдавлат аст, ҳамзамон раҳнамоӣ барои баландтар бардоштани масъулияти ҳар фарди ҷомеа, ба хотирии ободонии бештари сарзамини аҷдодӣ ва масъулият дар баробари расидан ба ҳаёти шоистатари наслҳои кунунӣ ва ояндаи он мебошад.
Муфассал ...
- Душанбе, 15 Январ 2024
ПЕРОМУНИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Броимшоева Муслима- ходими калони илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б. Искандаров
ПЕРОМУНИПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Ҳамасола ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун ҳуҷҷати муқаддас ва тақдирсози миллӣ бо умеду ормони бепоён интизор мешавад, зеро пас аз ҳар Паёми Пешвои миллат, нақшаҳои зиёде барои пешрафту рушди ҳамаҷонибаи мамлакат тарҳрезӣ гардида, сол аз сол Тоҷикистон ба як мамлакати зебою тараққикарда табдил меёбад. Дар баробари ин ҳаёт ва шароити рўзгузаронии мардуми кишвар низ беҳтар мешавад ва зисту зиндагонии шаҳрвандони мамлакакат низ комилан беҳтар гардида, бо ҷойҳои нави корӣ низ таъмин мешаванд.
Паёми Пешвои миллат дар баробари ҳуҷҷати раҳнамоҳ барои ободию созандагӣ ва пешрафту рушди мамлакат будан, ҳисси масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванди кишварро баланд мебардорад. Ҳар як шаҳрванд низ барояш нақшаеро барои кору фаъолияташ тарҳрезӣ намуда, барои баланд бардоштани сатҳи ҳаёти худ ва наздиконаш кўшиш ба харҷ дода, барои мардум ва ободии диёраш саҳми арзанда мегузорад.
Дар Паёми соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки Тоҷикистон акнун мушкилиҳои зиёдро паси сар намуда, ба марҳидаи нави созандагию ободкориҳо расид. Ободию созандагӣ дар деҳаҳои дурдасти мамдакат низ ба роҳ монда шавад ва ҳар як сокини кишвар бояд дар ободию сабзгардонии мамалакатамон саҳмгузор бошад. Танҳо одамони бомаърифат ва боилму дониш суханони Ҷаноби Олиро сармашқи кору амали худ намуда, аз рўйи он кору фаъолияташонро пеш бурда метавонанд. Бинобар ин Пешвои миллат қайд намуданд: «Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. »
Имрўз дар назди маорифчиён ва олимони тоҷик масъалаи муҳими боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия ва ба роҳи ихтирокорию таҳқиқот раҳнамун намудани шогирдони болаёқат мебошад. Зеро барои пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва ояндаи босуботи давлат мутахассисони бомаҳорат ва навовар заруранд.
Баланд бардоштани маоши маорифчиён яке аз иқдомҳои неки Президенти кишвар мебошад, зеро агар маорифчиён аз ҷиҳати моддӣ пурра таъмин бошанд, дилгармиашон ба касбу корашон зиёдтар гардида, сифати корашон боз беҳтар хоҳад шуд. Рушди ҳамаҷонибаи мамлакат ба маорифчиён вобастагии зич дорад, зеро танҳо шогирдони дурусттарбияёфтаи бодонишу бомаърифат, ватандўсту меҳнатқарин ва навовар дар рушди илму ихтирокорӣ, пешрафти иқтисодиёти кишварашон, беҳтар намудани зиндагии ҳамватанонашон саҳми бориз хоҳанд гузошт.
Пешвои миллат қайд менамоянд, ки ҳамчунин, ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, аз ҷумла дар ҳамаи мағозаву бозорҳо ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, хусусан, маҳсулоту маснуоти ҳунарҳои мардумӣ масъалаҳое мебошанд, ки бояд зери назорати гурӯҳи корӣ қарор дода шаванд. Пас, барои инкишофи ҳунармандию косибӣ, рассомию бофандагӣ, дўзандагию кандакорӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ тамоми шароитҳо муҳайё аст, танҳо иқдоми худи мардум зарур аст, ки омўзанду кору фаъолият намоянд ва ҳам корафтода ба мақсадаш ноил мегардаду ҳам соҳибкор ризқу рўзии ҳалолашро пайдо мекунад.
Дар замони муосир бояд ҳар яки мо суханони Пешвои Миллатро сармашқи кори хеш намуда, барои пешбурди ҳаётамон саъю кўшиш намоем, зеро танҳо бо кўшишу ғайрат ва фаъолияти мунтазам дар ободию гулгулшукуфоии ватанамон саҳми хешро гузошта метавонем.
Муфассал ...