wrapper

Институт

Институт

Паёми Пешвои миллат – омили муваффақият

Паёми Пешвои миллат – омили муваффақият

(мусоҳибаи муовини сардори идораи телевизион ва радиои ВМКБ Тоҷинисо Файзуллобекова бо директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ Қаландариён Ҳ.С.)

Т.Ф.: Лутфан бигўед, ки аз назари Шумо Паём чӣ ҳуҷҷатесту чӣ барномаест?

Ҳ.Қ.: Паём ин як ҳуҷҷати барномавӣ аст. Чун ҳуҷҷат аст, пас, далелу бурҳон дорад, муҳру имзо дорад, қонунӣ ҳаст, қудрати ҳимояту ҳифозат дорад ва аз назари юридикӣ ҳуқуқи талабу дархост кардан низ дорад.

Ва чун барнома аст, барнома омўхта мешаваду омўзонда мешавад; барнома нақша дораду вазифаҳо; нақшаҳо иҷро мешаванду вазифаҳо амалӣ.

Аз ин рў, Паём ҳуҷҷаи барномавиест, ки фарогири тамоми ҷабҳаҳои давлатдорӣ буда, дар он оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шудаанд.

Т.Ф.: Дар оғози Паём Пешвои миллат ба вазъи ҷаҳони муосир ишора намуда, эълон намуданд, ки соли 2023 дар умум барои мардуми шарифи Тоҷикистон соли пурбарор буд. Дар ин мавзуъ чӣ гуфтаниҳое доред?

Ҳ.Қ.: Пешвои миллат дар ду паллаи тарозўи сол – дар яке мураккабшавии вазъи ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим, хушксоливу камобӣ ва дар дигаре заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар мегузорад ва ғалабаи заҳмату меҳнат бар машаққатро эълом дошта, ҷамъбасти як соли бобарору бомуваффақиятро эълон менамояд. Барои тасдиқи ин сухан Пешвои миллат ба чанд нишондодҳои рақамӣ ишора менамоянд, ки дар ҳақиқат Ҳукумати ҶТ бо сарварии Роҳбари Давлат дар доираи андешаву арзишҳову ормонҳои миллӣ кору фаъолият намуда, ба муваффақиятҳо назаррас ноил гардид.

Махсусан, нисбат ба соли гузашта ба андозаи 8,3 фоиз зиёд гардидани маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар ва ба беш аз ба 130 млрд. сомонӣ расонидани он ва ҳамчунин таъмин гардидани қисми даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 102,5 фоиз баёнгари рушди босуботи кишвар дар соли ҷамъбастӣ мебошад. 

Танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар беш аз 40 млрд сомонӣ равона шудааст, ки нисбат ба соли 2022 5,3 млрд сомонӣ зиёдтар мебошад.

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки новобаста аз вазъи номусоиди ҷаҳони муосир, паҳншавии бемории сироятӣ КОВИД-19, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ ва халалдор гардидани низоми муносибатҳои молиявӣ ва таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ НИШОНДИҲАНДАҲОИ РУШД дар ин марҳалаи ҳассос таъмин гардиданд.

Даромади пулии аҳолӣ соли 2023 дар нисбати 2017 3,3 баробар афзоиш ёфта, музди миёнаи меҳнат 2 баробар ва нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардида бошад, сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоизи соли 2023 коҳиш дода шуд. Ба илова, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд, супориш дода шуд, ки дар ҳафт соли минбаъда сатҳи камбизоатӣ бодя ба 10 фоиз паст карда шуда, суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда шавад.

Т.Ф.: Ба фикри Шумо меҳвари усулии Паёмро чӣ ташкил медиҳад?

Ҳ.Қ.: Паём фарогири тамоми масоили иҷтимоиву иқтисодии кишвар буда, ба навъе саргузашти таърихии миллату мардуми тоҷик мебошад. Ва бешак меҳвари усулии Паёмро боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, ҳалли мушкилоти мавҷуда, фароҳам овардани шароити мусоиди кориву зиндагӣ ва расидан ба ҳаёти шоиста ташкил медиҳад.

Сарвари давлат дар доираи Паёми имсола низ барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандони кишвар супориш доданд, ки аз якуми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 дар сад зиёд мешавад. Ҳамзамон бо ин, Сарвари давлат масъалаи аз 1 июли соли 2024-ум 30 дар сад боло рафтани нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ, инчунин иловапулии онҳоро ба миён гузошта, дар ин замина ба тасвиб расидани дастуру фармоишоти заруриро ёдовар шуданд. Сарвари давлат, ҳамчунин бар он афзуданд, ки аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо 40 дар сад зиёд мегардад. Бояд изҳор намуд, ки ин тарзи масъалагузории иҷтимоию молиявӣ дар мамлакат собиқа надорад.

Баланд будани нишондиҳандаҳои рақамӣ дар қиёс бо солҳои пеш, аз ҷумла ворид шудани сармояи хориҷӣ, амалӣ шудани шумораи зиёдтари лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, сохта ба истифода дода шудани корхонаҳову коргоҳҳои истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандўсти кишвар, таъсис ёфтани ҷойҳои нави корӣ, таҳкими ҳамкориҳо бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ва ба илова, ба андозаи 40 фоиз зиёд намудани маоши вазифавии кормандон аз он дарак медиҳад, ки Тоҷикистони азизи мо дар кўтоҳтарин давраи рушди худ аз қатори кишварҳои дар ҳоли рушд ба гурўҳи кишварҳои мутараққӣ дохил хоҳад шуд.

Т.Ф.: Роҳбари давлат дар Паём ишора намуданд, ки мо ба рушди иқтисодии мамлакат танҳо аз соли 2000-ум шурўъ кардем. Чаро ба ин мавзуъ дар Паём ишора намуданд ва оё таърихи рушди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз ягон ҷиҳат рабте ба ин сана дорад ё не?

Ҳ.Қ.: Дуруст аст, ки Истиқлолиятро замоне ба даст оварда будем, ки тамоми соҳаҳои ҳокимияти давлатӣ куллан фалаҷ гардида буданд, байни ҷонибдорони ҳукумати марказӣ ва гурўҳҳои мухталифи мухолифон даргириҳои мусаллаҳонаи даруниқавмӣ ба вуқўъ пайваст. Баъд аз имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (1997), се-чор соли дигар зарур буд, то вазъият дар кишвар ором гардад, гурезагон ба ватан баргарданд, шохаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои идоракунии давлат тибқи принсипҳои давлати дунявию ҳуқуқбунёд фаъолияти солими худро ба роҳ монанд. Аз ин рў, Пешвои миллат дар Паём ишора намуда буданд, ки “танҳо пас аз барқарорсозии сулҳу субот ва роҳандозии фаъолияти бонизоми соҳаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ мо имконият пайдо кардем, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат машғул шавем”. Бо ин ишора, аз як тараф, Пешвои миллат сад афсўс мехўрад, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ лаҷоми давлатдорӣ ба дасти фурсатталабони мунофиқу мухолиф афтод ва ногузир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд ва рушди давлати соҳибистиқлолро беш аз даҳ сол ба қафо кашид. Аз ҷониби дигар, Роҳбари Давлат ифтихорманд аз он аст ва башорат аз он медиҳад, ки Ҳукумати ҶТ муваффақ гашт то дар 23 соли оромиву суботи сиёсӣ ба ҳадафҳои стратегии худ расад.

ВМКБ низ чун яке аз гўшаҳои нотакрори кишвари азизамон Истиқлолиятро бо як оғўши кушод пешвоз гирифт ва мардуми бедордили он аз болафшонии байрақи озодӣ дар ин баландиҳо хушҳолӣ мекарданд. Аммо мутаассифона, ба иллати таъмин набудани волоияти қонун дар вилоят мардум аз шуълаи истиқлолу озодиву саодатмандӣ дертар баҳраманд гаштанд. Ин боис гардид, ки дигар қисматҳои кишварамон ба маротиб аз мо пеш гузаштанд. Агар дар дигар гўшаву канори мамлакат 23 соли рушди босубот рафта бошад, ВМКБ танҳо таърихи яксолаи оромиву осудагиро паси сар кардааст. Дар як соли рушду пешрафт бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва саҳмгузориҳои ҳадафмандонаву хизмати шарафмандонаи Раиси вилоят, муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ мо бо натиҷаҳои бузург як ҷаҳиши таърихӣ доштем ва ин ҷаҳиш зиндагии мардумро куллан ба тарафи мусбат тағйир дод.

Т.Ф.: Пас, таъмини волоияти қонун ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлату шаҳрванд мусоидат мекунад ва натиҷааш, албатта, ба рушду инкишофи тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ оварда мерасонад.

Ҳ.Қ.: Бе ягон шакку тардид! Ҷаноби Олӣ дар Паём дуруст таъкид кардаанд, ки тамоми дастоварду пешравиҳои то имрўз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи парламенти мамлакат мебошад.  “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия, - мегўяд Сарвари Давлат, - ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”. Соли 2024 ба қабули Конститутсияи ҶТ 30 сол пур мешавад. Пешвои миллат ба ифтихори таҷлили ин санаи муҳимми таърихӣ пешниҳод намуданд, ки ин сол “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад. Ин иқдоми хело актуалӣ ва саривақтӣ мебошад, зеро яке аз сабабҳои асосии содиршавии ҷиноят аз тарафи шаҳрвандон ва вайрон кардани меъёрҳои қонун маҳз надонистани худи қонун аст.

Маърифати ҳуқуқӣ – маҷмўаи арзишҳо ва донишҳои ҳуқуқиест, ки барои баланд бардоштани дарку эҳсоси волоияти қонун ва густариш додани донишҳои ҳуқуқӣ нигаронида шудааст.

Т.Ф.: Аз муҳтавои Паём бармеояд, ки Пешвои миллат дар Паём ҷомеаи ҷаҳонӣ ё ҷомеаи башариро мухотаб қарор медиҳад ва ба масъалаҳои муҳимми глобалӣ таваҷҷуҳ мекунад. Дар ин мавзуъ чӣ гуфтаниҳое доред?

Ҳ.Қ.: Пешвои миллат ба мушкилоти давлатдории дохилӣ ишорат намуда, ҷо-ҷо аҳли башар ва ё ҷомеаи башариро низ мухотаб қарор медиҳад. Ин албатта, бесабаб буда наметавонад. Дар замони ҷаҳонишавӣ кишвари Тоҷикистон мисли дигар давлатҳо ҷузъи ҷудонашавандаи олам аст ва ҳатто як мушкилоти ҷузъии кишвари мо масъалаи мавриди ташвиш ва баҳси дигар минтақаҳо аст ва баръакс. 

Масалан, гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он, ба мисли камобӣ, хушксолии паёпай, бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нўшокӣ ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ оварда мерасонад. Барои ҳамин ҳам Пешвои миллат ба аҳли башар муроҷиат намуда, ба хотири наҷоти табиату инсоният андешидани тадбирҳои бетаъхиру муассирро талаб мекунанд.  

Ва чун кишвари мо аз рўи мавқеи ҷуғрофӣ дар қисмати мусоиду муносиб қарор дорад, дар таъмини таносуби мувозинати табиии минтақа саҳмгузору пешсаф будани мо ба нафъи кулли минтақа аст.

Ҳамчунин чун Тоҷикистон минбаъд низ сиёсати дарҳои кушодро пеш мебарад, ногузир бо тамоми кишварҳои дунё, махсусан кишварҳои исломӣ ҳамкории худро боз ҳам густариш медиҳад. Пешвои миллат дар Паём аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоварад, ки ҳамаи низоъҳо, махсусан дар Афғонистон ва Ховари Миёна танҳо бо роҳи музокирот ва муколама ҳал карда шаванд.

Т.Ф.: Шумо чун яке аз роҳбарони муассисаҳои илмӣ-академикӣ дар бораи мақоми олим ва мавқеи илм дар Паём чӣ метавонед гуфт?

Ҳ.Қ.: Бояд иқрор шуд, ки дар тамоми фаъолияти чандсолаи Роҳбари Давлат масъалаи илму маориф ҳамеша дар мадди назарашон буда, таваҷҷуҳи хосса ба ин соҳа дар Паёми навбатӣ низ комилан зоҳир аст. “Рушди илму маориф, - мегўяд Пешвои миллат, - калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.

Роҳбари Давлат дар баробари баланд бардоштани моҳонаи вазифавии кормандони илму маориф ба идораҳои дахлдор ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ роҳандозӣ намудани тадбирҳои муассир ва заруриро супориш намуданд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки ба рушди иқтидори илмии муассисаҳои илмӣ дар доираи лоиҳаҳои давлативу байналмилалӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад.

Дар баробари дастгириҳои пай дар пайи Сарвари давлат аз соҳаи илму маориф дар амал татбиқ намудани корҳои илмиро аз муҳимтарин вазифаҳои олимон баршумурданд. Имрўз фурсате фаро расидааст, ки олимони мо бо тадқиқотҳои арзишманди худ дар пешрафту тавсеаи минтақа саҳми босамари худро расонанд. Имрўз коршиносон маълум намуданд, ки 60 дарсади ҳудуди Тоҷикистон дар мавзеъҳои баландкўҳ, 21 дарсад дар ҳудуди миёнакўҳ, 10 дарсад дар доманакўҳҳо ҷойгир буда, танҳо 9 фоизи он барои рушди кишоварзӣ имконияти мусоид дораду халос. Пас, дастгирии бесобиқа дар ҷаҳон аз соҳаи илму маориф моро ҳам водор месозад, ки вобаста ба густариши иқтисодиёту мавқеи ҷуғрофии кишварамон тадқиқотеро ба анҷом расонем, ки дар ҳамин вазъияти мавҷуда рушди иқтисоди мамлакатро ба даст оварда тавонем.      

 

Муфассал ...

Маориф – рушди устувори давлат

Тошмамадова Ф. – докторант (Phd)-и шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Маориф – рушди устувори давлат

Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноку муҳим ба шумор рафта, дар пешрафту тараққиёти мамлакат бениҳоят саҳми калон дорад. Чунки агар миллат босаводу бомаърифат ва донишманд бошад он миллат дорои ояндаи басо дурахшону дуру дароз хоҳад буд. Яқин аст, ки соҳаи маориф дар ҳар давлат нишондиҳандаи тараққиёти соҳаҳои дигари ҷомеа мебошад.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ бар он таъкид кардаанд, ки давлатро бояд бо кадрҳои баландихтисос таъмин намуд. Дар бобати ин масъала сарвари кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар Вазорату идораҳоро бо мақсади тадбиқи ин лоиҳа вазифадор намуд, ки «Сармоягузории давлатии муҳити таълим, асоси таҳсилоти босифат, чаҳорчубаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намоянд. Барои амалӣ кардани ин лоиҳа муҳити мусоид ва барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шавад». Дар ин маврид бояд омўзгорон аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзии доимӣ гузаранд, ки танҳо тавассути пешкаш намудани чунин курсҳо барои муаллимон воқеӣ хоҳад буд

Инчунини дигар Пешвои Миллат ба президенти Академияи Миллии илҳои Тоҷикистон муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки дар самти тайёр намудани донишмандони соҳибихтисос ва ихтироъкор кўшиш намоянд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ маблағи лозимӣ барои чунин иқдомро дареғ намекунад. Дар ин хусус Пешвои миллат фармуданд, ки “Ҳадафи баргузор намудани озмунҳо ҳам дар ҳамин аст, ки нафарони дорои донишу малакаи махсусро пайдо намуда, онҳоро дар самти лозимӣ тарбия намоеду ҳамчун мутахассиси касбӣ омода кунед”.

Бояд зикр намуд, ки дар кишвари мо дар самти маориф - яке аз самтҳои муҳими ҷомеа, раванди таъмини хонандагон бо муассисаҳои нави таълимӣ, муҷаҳҳаз намудани онҳо бо технологияи муосир бо суръат ба роҳ монда шудааст. Тибқи таҳлилҳо ва нишондодҳо дар Паёми соли 2023, муссисаҳои миёнаи умумиро 130 000 нафар хатм намуданд, ба синфи якум бошад 261 000 нафар дохил шуданд. Барои 48000 нафар хонанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 200 муассисаҳои нави таълимӣ бунёд ва ба истифода дода шуд. Сарфи назар аз ин ба истифода додани ин қадар муассисаҳои таълимӣ, дар кишвар барои 73000 кўдак норасоии ҷои нишаст ба назар мерасад. Яъне бо чунин афзоиши аҳолӣ бояд ҳарсола 400 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шаванд. Ба қавли Пешвои Миллат «бесавод мондани миллат боиси бадбахтии давлат хоҳад буд». Пас кўшиш бояд дар самти ҳар чӣ бештар фаро гирифтани наслиҳои минбаъда дар таълиму тарбияи босифат ба харҷ дода шаваду насли наврасро ҳар чӣ бештар аз илмҳои замони муосир бохабар намоем.

Сарвари давлат дар паёми навбатии худ қайд карданд, ки мутобиқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон ба гурўҳӣ кишварҳое дохил шудааст, ки барои саҳаи маориф аз тарафи ҳукумат маблағгузории ҳаҷман калон ҷудо карда мешавад. Дар байни 183 кишвари таҳти омўзиш қарор дошта, Тоҷикистон дар ҷои 21–ум меистад, ки албатта,.чунин ҷойгоҳро дар рейтинги умумиҷаҳонӣ касб намудан боиси фахру ифтихори кишварамон мебошад.

Нуктаи муҳими дигаре, ки аз тарафи Пешвои муаззами миллат на танҳо дар Паёми соли 2023, балки дар Паёмҳои пешина ҳам иброз мегардад, ин донистани забони давлатӣ ба дараҷаи олӣ ва аз тарафи ҳамаи табақаҳои ҷомеа омӯхтани забонҳои хориҷӣ мебошад. Дар ин хусус Президенти кишвар таъкид намуданд, ки сарфи назар аз ихтисос барои ҳар як мутахассис донистани на кам аз ду забони хориҷӣ зарур аст. Барои ҳамин дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз боғчаи бачагона сар карда то дигар зинаҳо омўзиши забони хориҷӣ ба роҳ монда шавад. Бояд гуфт, ки чунин талаботу пешниҳодоти оқилона танҳо ва танҳо барои пешрафти шахсии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муҳим хоҳад буд, зеро як шахсияти боистеъдо на танҳо ҷомеаро пеш мебарад, вале сифати зиндагии шахсиву оилавии худро беҳтар намояд.

Хулоса, агар чунин иқдомҳои пешниҳод гардида дар кишварамон бо як дастгирии ҳамаҷониба ба роҳ монда шаванд, соҳаи маорифи Тоҷикистон дар оянда қуллаҳои баландтареро фатҳ хоҳад намуд. Ва мо боварии комил дорем, ки таҳти роҳбарии Пешвои Миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо рўз аз рўз ба дастовардҳои беназир ноил хоҳад гашт.

Муфассал ...

ҶАЛБИ САРМОЯГУЗОРИҲО БАРОИ РУШДИ “СОҲИБКОРИИ ЭКОЛОГӢ” ВА “СОҲИБКОРИИ САБЗ” ДАР РАВАНДИ РОҲАНДОЗИИ СТРАТЕГИЯИ “ИҚТИСОДИ САБЗ”

 

ҶАЛБИ САРМОЯГУЗОРИҲО БАРОИ РУШДИ “СОҲИБКОРИИ ЭКОЛОГӢ” ВА “СОҲИБКОРИИ САБЗ” ДАР РАВАНДИ РОҲАНДОЗИИ СТРАТЕГИЯИ  “ИҚТИСОДИ САБЗ”

 

докторанти PhD – и шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ Ҷумахонов Г.Д.

 

Шурӯъ аз солҳои 70-уми қарни XX ҷиҳати дигаргун шудани авзо дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии аҳолии саёра бо таъсири дигаргуншавии иқлим миёни олимон, сиёсатмадорон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ, энергетика, иқтисод, пизишк, ҳамчунин фарди инфиродӣ (individual) ибораи “иқтисоди сабз” вирди забонҳост ва  баҳсу андеша перомуни моҳияти ҳарчӣ тезтару бештар муввафақ шудан ба роҳандозии принсипҳо ва моделҳои он рӯз то рӯз зиёдтар гардида, кӯшишҳои амалӣ шудани ташаббусҳои мухталиф аз тарафи ҷонибҳои ҳадафманд аз қабили созмонҳои бонуфузи умумибашарӣ, давлатҳо, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, сектори хусусӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ, аз ҳама муҳим - наҷоти башарият аз ин падидаи муосири экзистенсиалӣ мушоҳида мегардад. Зеро, хулосаи амиқи олимон ва мушоҳидаҳои илмӣ бар онанд кӣ, таъсироти манфии таӯйирёбии иқлим рӯз аз рӯз зиёдтар ба мушоҳида расида, ба ҳаёти башарият хатарҳо ва таҳдидҳои ҷиддиеро то нестшавӣ ба бор оварда истодааст.

Гарчанде, таърифи мафҳуми “иқтисоди сабз” ҳанӯз хулосаи дақиқи худро наёфтааст, аммо таҷрибаи амалӣ намудани он хулосаи илмии худро мушаххас кардааст. Тибқи хулосаи муҳақиқони “Oxford Economics” дар гузориши “Иқтисоди ҷаҳонии сабз: Фаҳмидан ва ба даст овардани имконият” зери ин мафҳум чунин хулоса пешниҳод гардидааст: Иқтисоди сабз - иқтисодиётест, ки ҳадафи он коҳиш додани хатарҳои экологӣ ва норасоии экологӣ, инчунин рушди устувор бидуни таназзули муҳити зист мебошад. Иқтисоди сабз бо иқтисоди экологӣ зич алоқаманд аст, аммо таваҷҷӯҳи бештари сиёсӣ дорад.[1, 7-10] Ин гузориш таъкид мекунад, ки "барои сабз будан, иқтисод бояд на танҳо муассир, балки одилона ҳам бошад. Инсоф эътирофи ченакҳои баробарӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва кишварро дар назар дорад, бахусус дар таъмини гузариши одилона ба иқтисоди камкарбон, тавлид ва истифодаи самараноки захираҳо ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ фарогир."[1, 7-10]

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди дастгирии ташабусҳои ҷаҳонӣ, ҷиҳати расидан ба ҳадафи амалӣ сохтани барномаҳои стратегии “Иқтисоди сабз” дар қадами нахуст қарор дошта, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 юми сентябри соли 2022 “Дар бораи стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2037” раванди иқтисоди «сабз»-ро ҳамчун низоми томи муносибатҳо тавсиф намуда, ба принсипҳои зерин такя мекунад:

  • адолат (баробарӣ дар дастрасӣ ба табиат);
  • эҳтиром (ба шукуфоӣ ва некӯаҳволӣ);
  • принсипи эҳтиёткорӣ (баҳисобгирии сарбориҳои ҳудудӣ ба сайёра);
  • иштирок (иштироки васеъ ҳангоми қабул кардани қарорҳо);
  • идоракунӣ (ҳисоботдиҳӣ);
  • устуворӣ (ноил гардидан ба устувории иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ);
  • самаранокӣ (истеҳсоли устувор ва истеъмоли босубот);
  • робитаи байни наслҳо (сармоягузорӣ барои оянд .[3, 28 - 30]

Дар заминаи пайдоиши ва густариши мафҳуми “иқтисоди сабз” дар шароити муосир ду мафҳуми ба ҳам алоқаманд, яке “соҳибкории экологӣ” ва “соҳибкории сабз” низ пайдо шудаанд, ки заминаи таъмини рақобатпазирӣ ва таъминии тиҷорати устувор барои соҳибкорон шуда метавонанд.

Ҳамбастагии “соҳибкории сабз” ва тиҷорати устувор аз ҳуҷҷати Комиссияи ҷаҳонии СММ оид ба муҳити зист ва рушд дар соли 1987 бо номи «Ояндаи умумии мо» сарчашма мегирад. [4]

Дар як катор мамлакатхои аз ҷиҳати иктисодиёти бозорӣ пешрафта раванди ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкорӣ бо муҳити зист, махсусан экология ҳамроҳ буда, заминаи ҳуқуқӣ барои мухофизати мухити зист таҳким меёбад. Ин далел тамоюли фаъолро дар раванди сармоягузорӣ ба иқтисодиёт, махсусан дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои миллӣ ва трансмиллӣ зиёд намуда истодааст. Ҳамин тариқ, масъалаи соҳибкории экологӣ вуҷуд дорад ва ҷанбаҳои таҳқиқнашудаи ин мушкилот вуҷуд дорад.

Дар “иқтисоди сабз”, махсусан дар раванди вусъати “соҳибкории экологӣ” ва “соҳибкории сабз” афзоиши шуғл ва даромад аз ҳисоби сармоягузории давлатӣ ва хусусӣ ҳар гуна фаъолиятҳои иқтисодӣ, инфрасохтор ва дороиҳо сурат мегирад, ки ба коҳиш додани партовҳои карбон ва ифлосшавӣ, баланд бардоштани самаранокии энергия ва захираҳо ва пешгирии талафоти гуногунии биологӣ ва хадамоти экосистема имкон медиҳад.

Истилоҳи "соҳибкории сабз",  инчунин "соҳибкории экологӣ" ё қабули таҷрибаҳои аз ҷиҳати экологӣ ҳассос аз ҷониби ҳама гуна намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ – тавлидот, хариду фурӯш ва хизматрасониро дар бар мегирад. Соҳибкории сабз аксар вақт ба:

  • кам кардани зарар ба табиат,
  • баҳисобгирии партовҳои истеҳсолӣ ва коркард ё безараргардонии онҳо,
  • маҳсулоте, ки метавонанд дубора, зиёда аз ду бор ва такроран истифода шаванд,
  • ба махсулоте, ки аз масолехи истеҳсолшуда сохта шудаанд, нигаронида шудааст.

Таъсиси корхонаҳои сабз ғояи асосии роҳандозии соҳибкории сабз буда, соҳибкорони сабз кӯшиш мекунанд, ки фоида бидуни зарар ба муҳити зист (маҳаллӣ ё ҷаҳонӣ) фаъолиятро ба роҳ монанд. Намунаҳои олии, чӣ гуна тиҷорати сабз муҳити зистро муҳофизат мекунад, инҳоянд:

  • коҳиш додани партовҳои тавлидотӣ;
  • кам ё тамоман истифода набурдани масолеҳи кимиёӣ ва зараровар;
  • таъсис додани ҷойҳои кории сабз;
  • бехавф партофтани чизҳо ва дороиҳои хавфнок;
  • истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия;
  • истифодаи теъдоди камтарини коғаз ва бастабандӣ аз коғазу пласмаса ва резинӣ;
  • такроран истифода бурдани масолеҳи ва истифодаи такрории масолеҳ.

Пас, пешбурди “соҳибкории экологӣ”  ва “соҳибкории сабз” тақозои давр буда, моҳияти асосии сармоягузорӣ ба ин намуди фаъолият аз чунин самтҳо иборат аст:

Аввалан, сармоягузорӣ барои гузариш ба иқтисоди сабз дар раванди рушди соҳибкории экологӣ қодир аст, ки ҳифзи захираҳо, аз қабили сармояи табиӣ, ҷисмонӣ ва инсониро афзоиш диҳад. Афзун кардан ва ҳифзи хосилнокии сарватхои табиӣ (ҷангал, моҳӣ, заминхои хоҷагии қишлок ва ғайра) аз хисоби самаранок идора кардани сармояи табиӣ, бехтар намудани сифати неруи инсонӣ аз ҳисоби бехбудии саломатӣ ва кам кардани ҳар гуна касалиҳо миёни аҳолӣ аз ҳисоби бехтар намудани шароити муҳити зист ва ниҳоят, кам кардани зарари иқтисодӣ аз ҳисоби талафоти сармояи ҷисмонӣ (давомнокии умри инсон, муҳоҷират) аз ҳисоби идоракунии беҳтари хатарҳои экологӣ, аз ҷумла сӯхторҳои ҷангал, обхезӣ, аз байн рафтани прияхҳо, нарасидани оби ошомиданӣ, камҳосил гардинаи заминҳои киштшаванда ва дигар офатҳои табиӣ.

Сониян, гузариш ба иқтисодиёти сабз ва сармоягузорӣ дар соҳибкориии экологӣ ва соҳибкории сабз, барои тағйироти сохторҳои иқтисодӣ шароити мусоиди фароҳам оварда, ба рушд ва пешрафти як қатор соҳаҳои муҳими системавӣ, аз ҷумла энергетика, сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ғайра, ки ба навсозии дастгоҳи истеҳсолӣ, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, гузаштан ба истифодаи технологияи тавлиди қувваи барқ аз ҳисоби энергияи алтернативӣ мусоидат намуда, ҷалби сармояи назаррасро дар бар гирад. Манфиати сармоягузорӣ дар ин самт ба афзун намудани манбаъҳои энергияи сабз тавлдшаванда оварда, кам кардани партовҳо аз ҳисоби таъсири газҳои гармхонаӣ оварда мерасонад. Ҳамаи ин натичахо дар баланд шудани самаранокии сохахои асосии иктисодиёт (efficiency effect) ифода меёбанд.

Дар баробари ин, сеюм, сармоягузорӣ ба рушди инфрасохтори «соҳибкории экологӣ» ва “соҳибкории сабз”, аз ҷумла системаи обтаъминкунӣ ва канализатсия, нақлиёти ҷамъиятӣ, ки ба манбаъҳои алтернативии сӯзишворӣ нигаронида шудааст, дар алоҳидагӣ ҳамчун омили муҳими рушди ин соҳаҳо мегардад. Ин сармоягузориҳо метавонанд ба рушди иқтисодӣ ҳам аз ҷониби арза ва ҳам аз ҷониби тақозо мусоидат намуда, ҳамзамон шуғлро васеъ намоянд ва барои коҳиш додани (хусусан дар давраи бӯҳрон) бекорӣ мусоидат кунанд. Дар ин ҳолат сухан дар бораи таъсири ҳавасмандкунанда (stimulus effects) меравад.

Чаҳорум, гузариш ба иқтисоди сабз ва роҳандозии сармоягузории “соҳибкории экологӣ” ва “соҳибкории cабз” фаъолияти инноватсиониро ҳавасманд мекунад, аз ҷумла дар пешрафти сектори хусусӣ (аз ҳисоби афзун намудани хароҷоти илмӣ-таҳқиқотӣ ва харидорӣ намудани патентҳои ҳаргуна барори роҳандозии технологияи нави истеҳсолот), кӣ бояд дар баробари фароҳам овардани муҳити мусоиди рақобат, инчунин ҷорӣ намудани стандарту қоидаҳони нав дастгирӣ карда шавад. Дар ин маврид сухан дар бораи таъсири инноватсия (innovation effects) меравад.

Таъсири эҳтимолии иқлим ба мизоҷ ва хислати инсон чанд даҳсола пеш таваҷҷӯҳи хоса пайдо карда буд. Ҳамин тариқ, классики генетикаи рус В.П.Эфроимсон (1908-1989) дар китоби худ «Генетикаи этика ва эстетика» дар бораи робитаи байни муҳити зист (аз ҷумла иқлим) ва мубодилаи моддаҳо, истеъмоли энергия, ки ба рафтори инсон таъсир мерасонад, тахминҳо кардааст.  Гарчанде ин пешниҳод то кунун тасдиқоти илмии худро пайдо накардааст, аммо ворид шудани бехатарӣ ва амният дар Саёра ба масоили аввалиндараҷаи мубрами башарият дар заминаи пайдо шудани хатарҳои ҷадид дар шароити муосир ва пешбинӣ шудани чорабиниҳои муқовимат зидди ин падидаҳои номталуб, ҷомеаи ҷаҳонӣ зарурияти сармоягузоро дар ин самт авзалиятнок мешуморад. Ҳамин тариқ, ин шакли сармоягузорӣ ба “соҳибкории сабз” раванди таъсири бехатарӣ ва амниятро (security effect) касб мекунад ва моҳияти панҷумро ба худ касб мекунад.    

Ҳамин тавр, ба роҳ мондани низоми пурраи “иқтисоди сабз” дар заминаи сармоягузорӣ дар “соҳибкории сабз” бояд мувофиқи манфиатҳои ҳар як манфиатгиранда сурат гирад, то ки стратегияҳои фаъолияти иқтисодии худро ташаккул диҳад ва ба пешрафти устувории иқтисодӣ ва таъмини “экологияи сабз”мусоидат кунад.

Хулоса: Соҳибкории сабз метавонад маҳаки асосии таъмини устувории иқтисодӣ бошад, ки тағйироти дилхоҳро дар ҷомеаи бозорӣ ба вуҷуд орад ва илова бар ин, рафтори ширкатҳои мавҷударо дар бозор тағир диҳад. Дар ҳамин замина, сармоягузорӣ дар соҳибкории экологӣ ва соҳибкории сабз – имконияти бузургест, барои таъмини рақобатпазирӣ, банақшагирии ояндаи соҳибкорӣ, тасмимгирии дуруст ва саривақтӣ, баланд бардоштани сифати мудирият дар раванди соҳикорӣ, саҳмгузорӣ дар роҳандозии стратегияҳои иҷтимоиву иқтисодии миллӣ ва ғ..

 

Китобнома:

  1. Анисимов, А.П. Экологическое предпринимательство: проблемы и перспективы / А.П. Анисимов, А.Я. Рыженков, А.Е. Черноморец // Правовое пространство России: опыт и современность. Сб. научных трудов памяти профессора В.Г. Тимофеева. Книга 2 / Гражданское право и процесс. Уголовное право и процесс. – Чебоксары: Чувашский государственный университет, 2008. – 300с.
  2. UNEP, 2011, Towards a Green Economy: Pathways to Sustainable Development and Poverty Eradication, . unep.org/greeneconomy
  3. Смагулова Ж.Б., Муханова А.Е., Мусаева Г.И. АНАЛИЗ МИРОВОГО ОПЫТА ПЕРЕХОДА К ЗЕЛЕНОЙ ЭКОНОМИКЕ: ПРЕДПОСЫЛКИ И НАПРАВЛЕНИЯ // Международный журнал прикладных и фундаментальных исследований. – 2015. – № 1-1. – 250с.
  4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 юми сентябри соли 2023 “Дар бораи стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2037”
  5. Коваленко, В.И. Исследование рынка экологических услуг / В.И. Коваленко, Л.М. Кузнецов. – СПб.: СПбГИЭУ, 2007. – 170 с.
  6. https://laboratoria.by/stati/zelenaja-jekonomika-i-predprijatija

 

 

 

Муфассал ...