Умед Мамадшерзодшоев, ходими илмии
шуъбаи таърих ва мардумшиносии
Институти илмҳои гуманитарии АМИТ
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НИЗОМИ СИЁСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ваҳдати миллӣ ба маънои ҳамоҳангӣ ва ҳамбастагӣ миёни аъзоёни ҷомеа мебошад, ки онҳо ташкилдиҳандагони низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва кафолатдиҳандагони қудрат ва амнияти миллӣ ба шумор мераванд. Тақвият додани ваҳдат ва ҳамбастагии миллӣ боиси коҳиши таҳдидоти дохилӣ ва хориҷӣ мешавад ва заминаҳои муносибро барои рушд ва инкишофи кишвар фароҳам месозад.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқотҳои хеш бо қишрҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшон, доир ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон иброз доштанд: “Мардуми Тоҷикистон ин санаи фархундаву сарнавиштсозро ҳар сол бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ, давлатдории миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта ва имрӯзаву ояндаи кишвар таҷлил менамоянд”.
Аз ин суханони пурмуҳтавои Пешвои миллат маълум мегардад, ки фалсафаи асосии Ваҳдати миллӣ ин шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ, шукргузорӣ аз давлатдории миллӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу суботи пойдор мебошад.
Тавре маълум аст, пас аз пошхӯрии давлати Сомониён тоҷикон дар тӯли чанд аср соҳибистиқлол набуда, зери салтаи миллатҳои бегона қарор гирифтанд. Тоҷикон маҳз бо саъйу кӯшишҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон танҳо баъд аз аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти комили давлатӣ ва давлатдории миллиро ба даст оварданд. Пас барои тоҷикон шарт ва зарур аст, ки ин истиқлолият ва давлатдории миллии худро бояд мисли гавҳараки чашм нигаҳ доранд.
Чуноне ки маълум аст, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳизбу ҳаракатҳои гуногун арзи вуҷуд намуда, онҳо таҳти таъсири созмонҳои террористӣ қарор гирифтанд ва вазъияти Тоҷикистонро ноором сохтанд. Дар натиҷа дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омад, ки он ҷони ҳазорҳо нафар тоҷикро аз байн бурд ва ба кишвар миллиардҳо доллар хисорот овард. Душманони миллат қариб буд дар ин мубориза давлатдории тоҷиконро аз байн мебурданд. Дар ин вазъияти ногувор Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон алангаи ин оташи ҷангро хомӯш намуда, дар Тоҷикистон сулҳу суботи ба маънои томро ба вуҷуд оварданд. Имрӯз тибқи гузоришоти созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон яке аз амнтарин кишварҳои Осиёи марказӣ ба ҳисоб меравад.
Албатта, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҳаёти ҳар кишвар нақши аввалиндараҷаро бозӣ мекунад ва имрӯз на ба ҳар як миллат ин неъматҳои муқаддас муяссар мегарданд. Зеро имрӯз кишварҳои дар ҳоли рушд ба ин мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд ва онҳо бо вуҷуди ихтилофоти васеи қавмӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ ваҳдати миллии худро аз даст додаанд. Дар ин вазъият онҳо мудирияти воқеотро аз даст дода, имкон пайдо намекунанд, ки аз буҳрони таҳдидкунанда ҷилавгирӣ кунанд.
Пас барои мо тоҷикон зарур аст, ки аз ҳидоёти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, ба ин заҳматҳои Сарвари давлат арҷ гузорем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, дар Тоҷикистони азизи худ ваҳдати комил ва сулҳу суботро фароҳам оварем ва нагузорем касе вазъи ороми ҷомеаи моро халалдор созад.