wrapper

Шакармамадов О. – ходими илмии шуъбаи

 фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ

 ба номи академик Б. Искандаров

 

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       Маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеаи муосир, аз ҷумла дар Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Донистани смараноки қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ, инчунин барои дуруст истифода бурдани онҳо, барои таъминии риояи ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон ва рушди давлат ва таъмини волоияти қонун зарур аст. Сарфи назар аз аҳамияти маърифати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон як қатор мушкилоте вуҷуд доранд, ки ба рушди он монеа эчод мекунанд. Аз ҷумла:

       - дастраси нокифояи иттилооти ҳуқуқӣ барои шаҳрвандон. Аксари онҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои худро намедонанд, инчунин дар ҳолати зарурӣ кӯмаки босифати ҳуқуқӣ гирифта наметавонанд;

       - паст будани маданияти ҳуқуқии аҳолӣ. Аксар вақт шаҳрвандон аз сабаби надонистан ва нафаҳмидани мазмуни қонунҳо онҳоро риоя намекунанд, ки боиси қонунвайронкуниҳои гуногун ва низоъҳои мухталиф мегардад;

       - мураккабӣ ва норавшан будани баъзе қонунҳо. Барои шахси оддӣ фаҳмидани истилоҳоти мураккаби ҳуқуқӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ душвор буда метавонанд.

       Барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон бояд тадбирҳои зерин андешида шаванд.

  1. Васеъ намудани дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ барои шаҳрвандон тавассути ташкил намудани барномаҳои махсуси таълимӣ, гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ ва таҳияи курсҳои қулай тариқи сомонаҳо.
  2. Баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ тавассути чорабиниҳои тарбиявӣ ва курсҳои саводнокии ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ.
  3. Соддагардонии қонунгузорӣ бо мақсади осонтар дарк ва истифодаи он аз ҷониби шаҳрвандон.

       Саводнокии ҳуқуқӣ қобилияти дарк намудани қонунҳо, қоидаҳо ва муқаррарот мебошад. Хусусиятҳои асосии саводнокии ҳуқуқӣ инхоянд:

  1. Қобилияти таҳлил ва тафсири санадҳои меъёрӣ. Маърифати ҳуқуқӣ аз шаҳрвандон талаб мекунад, ки қобилияти фаҳмидани қонунҳо, қарорҳо, муқаррарот ва дигар санадҳои меъёриро дошта бошанд.
  2. Қобилияти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ дар доираи қонун. Саводнокии ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои худро самаранок ҳимоя намуда, ихтилофҳоро бо истифода аз воситаҳои ҳуқуқӣ ҳал намояд.
  3. Риояи волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи дигарон. Маърифати ҳуқуқӣ иборат аст аз эҳтиром нисбат ба қонун ва нисбат ба қоидаҳо ва меъёрҳои ҷомеа.

       Маърифати ҳуқуқӣ дар рушди ҷомеаи муосир нақши муҳим дошта барои давлат зарур аст, ки барои тарғибу дастгирии он таваҷҷуҳи  хоса зоҳир намояд. Беҳтар шудани дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва соддагардонии қонунгузорӣ дар ин самт ба беҳбудиҳои назаррас ноил шудан мумкин аст.