wrapper

Назрӣ Офаридаев, сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирии

Институти илмҳои гуманитарии ба номи

Б. Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ

 

ИЛМ – ТАҲКИМБАХШИ  САТҲИ  МАЪРИФАТИ ҶОМЕА

       Илм  яке аз омилҳои калидии рушди ҳар як мамлакат мебошад ва чун унсури шуури ҷамъиятӣ дар рушду такомули афкори созандаи иҷтимоӣ нақши назаррас дорад. Таърихи афкори илмӣ роҳи пурпечутобе тай намуда вобаста ба таҳаввулоти иҷтимоӣ тадриҷан инкишоф ёфта, ба нерўи тавонои  инкишофи иқтисодӣ ва техникӣ  табдил ёфт. Аз ин рӯ, тараққиёти илм дар сиёсати давлатҳо масъалаи марказӣ ба шумор меравад.

       Лозим ба ёдоварист, ки халқи тоҷик бо афкори илмии мутафаккирони худ дар илми ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро ишғол мекунад ва имрӯз ҳам мо бояд дар пешрафти илм саҳми сазоворро гузорем. Ин нукта дар суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар борҳо таъкид гардид. Пас аз пошхӯрии Шўравӣ аксар кишварҳои ба мо наздик академияҳои илмиро барҳам доданд ё ба ниҳодҳои ҷамъиятӣ табдил доданд.  Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат Академияи миллии илмҳо ба сифати муҳимтарин ниҳоди илмии кишвар на танҳо барҳам хӯрд, балки ба шароити вазнини он солҳо нигоҳ накарда, дастгирӣ ёфт ва дар солҳои минбаъда дар сохтори он  муассисаҳои нави илмӣ-таҳқиқотӣ таъсис дода шуданд. Аз ҷумла, таъсиси пажуҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва об, иқисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази Синошиносӣ, Пажуҳишгоҳи масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияи нав, Маркази пиряхҳои Тоҷикистон  дастовардҳои солҳои охири АМИТ мебошанд. Дар баробари ин, дар сохтори Академияҳои соҳавӣ низ муассисаҳои нави илмӣ таъсис ёфтаанд.

       Дар шароити имрӯза олимон бояд дар иҷро намудани барномаҳои стратегии давлат саҳмгузор бошанд ва дар  таъмини рушди босуботи кишвар, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиши  муҳоҷирати меҳнатӣ фаъолияти  густурда дошта бошанд.

       Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд, ки таҳқиқи дастовардҳои модию маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди  халқи тоҷик вусъати  бесобиқа  пайдо намуд.

       Садҳо нафар кормандони илмӣ барои саҳми арзанда дар иќтисодиёт, илм, фарҳанг, адабиёт, фаъолияти босамари давлатӣ, ҷамъиятӣ бо унвонҳо, ҷоизаҳо, мукофотҳои давлатӣ қадр гардиданд.

       Дар баробари ин дар суханронии Пешвои миллат таъкид намуданд, ки натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯйи талаботи замон нест.

       Имрӯз саҳми илми ватанӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1  фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман қонеъкунанда нест. Аз ин рӯ, вазифа гузошта шудааст, ки Ҳукумат фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва таъкид карда шудааст, ки зарурати ислоҳоти ҷиддӣ,  таҷдиди сохтории Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии он  ба миён омадааст.

       Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи кадрҳои илмии дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ зиёд гардидааст. Ҳоло дар мамлакат 5900 нафар кадрҳои илмии дорои дараҷаҳои илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо докторони илм (146 нафар занон, 16 фоиз) 4800 нафар номзадони илм,158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Таъкид гардид, ки ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд. Ихтисосҳое номбар гардиданд, ки вазъи омода нагардидани кадрҳо аз рӯйи ин ихтисосҳо ҷавобгӯйи замон нестанд: зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, металургия, биологияи молекулалӣ, генетикаи тиббӣ, селексия, биотехнология ва экология. Ихтисосҳои номбаршуда  ба рушди иқтисодии мамлакат мусоидат мекунанд.

        Инчунин кишвар имрӯз ба мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология,  ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорад.

        Ҷалби ҷавонон ба илм, рушди бомароми соҳаи маориф ва дарёфти шахсоне, ки таҳқиқоти арзишманди илмӣ анҷом дода метавонанд, аз вазифаҳои аввалиндараҷа  муайян гардиданд.

        Кормандони калонсоли илм бояд давр дар тарбияи донишмандони ҷавони соҳаҳои гуногуни илм  саҳми арзанда гузоранд.

       Гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат дар ин бора барои мо кормандони илм омӯзанда мебошад: “Масалан, имрӯз дар баъзе соҳаҳои илм, бахусус, дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ кормандони калонсол аксариятро ташкил медиҳанд, ки аслан ин падидаи манфӣ нест, зеро расидан ба камолоти зеҳниву илмӣ солҳои тўлонии омӯзишу таҳқиқро талаб мекунанд.

        Аммо дар баробари ин, мо шоҳиди дастгирӣ наёфтани ҷавонон аз ҷониби олимону донишмандони калонсол ва камтаваҷҷуҳӣ нисбат ба  талошҳои онҳо  барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди илмӣ ҳастем.

        Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки барои чӣ баъзе устодону олимони номдори онҳо дар муддати беш аз панҷоҳ соли фаъолияти илмии худ ақалан чор-панҷ шогирди сазовор  тайёр  накардаанд?

        Ба ақидаи ман, идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд”.

       Олимон як қишри муҳимми зиёиёни кишварро ташкил медиҳанд. Дар шароити имрӯзаи набардҳои иттилоотӣ зиёиён, махсусан олимон бояд мавқеи солими шаҳрвандӣ дошта бошанд. Бетарафии донишмандону олимон, норозигии доимии баъзе кормандони илмӣ барои фаъолияти нерўҳои бадхоҳи давлату миллат роҳ мекушояд. Яке аз сабабҳои бесуботӣ ва нооромӣ  маҳз бетарафӣ, хусумат, бепарвоӣ ва ҳатто дастгирии қувваҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби баъзе олимону донишмандони тангназар мебошад.

        Эълон  гардидани  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” ба рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсиаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, мусоидат намуда, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад.

        Инчунин дар суханронии Пешвои миллат масъалаҳои муҳимми пешрафти илми тоҷик матраҳ гардиданд. Сифати омода намудани диссертатсияҳои номзадию докторӣ, мубрамии мавзуъҳои илмӣ, беҳтар намудани кору фаъолияти шўроҳои диссертатсионӣ, комиссияи олии аттестатсионӣ, таъмин намудани муассисаҳои илмӣ бо кадрҳои илмӣ – аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки бояд дар сари ин масъалаҳо дар оянда кор бурда шавад. Дар баъзе муассисаҳои илмӣ  ҳимояи рисолаҳои номзадии аспирантон ва докторантону унвонҷӯён нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар ин маврид муроҷиати Пешвои миллатро бояд ҳар як роҳбари муассисаи илмӣ ва роҳбарони илмӣ сармашқи кори худ намоянд: “Муҳтарам намояндагон ва кормандони муассисаҳои илмӣ, хусусан роҳбарони илмии унвонҷӯён, аспирантону докторантҳо! Бо назардошти вазъе, ки гуфта шуд, ман аз шумо мепурсам, ки чунин муносибат илми тоҷикро ба куҷо мебарад?

          Ин гуна хунукназарӣ нисбат ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ метавонад дар оянда оқибатҳои бисёр ногувор, аз ҷумла, паст гардидани сатҳи маърифатро дар байни ҷомеа оварад”.

          Дар муҳит ва ҷомеаи илмӣ бояд фазои солими корӣ таъмин бошад, ки то андозае рақобати солимро фароҳам оварад. Дар ҷое ки фориғболӣ, бемасъулиятӣ, хусумати шахсӣ, рӯйихотирбинӣ, маҳалгароӣ, нотавонбинӣ носбат ба якдигар, рақобати носолим ҳукмфармо бошад, он ҷо илм пеш намеравад.  Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат моро ҳушдор медиҳанд: “ ...... аз роҳбарони муассисаҳо ва роҳбарони илмӣ қатъиян талаб менамоям, ки ба фориғболию бемасъулиятӣ, хусумати шахсӣ, рӯйихотирбинӣ, нотавонбинӣ нисбат ба якдигар ва рақобати носолим нисбат ба якдигар ва рақобати носолим миёни  муассисаҳои илмии кишвар ҳар чӣ зудтар хотима бахшанд”.

        Лозим ба ёдоварист, ки тайёр кардани кадрҳои илмӣ ба фаъолияти илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ робитаи зич дорад. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беш аз 12 ҳазор нафар омӯзгор фаъолият менамоянд, ки зиёда аз 5 ҳазору 500 нафар, яъне  қариб 45 фоизи онҳо  дорои  дарачаҳои илмӣ мебошанд.

          Таъкид гардид, ки барои равнақи корҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ танзими сарбории таълимӣ ва илмии омӯзгоронро амалӣ намудан лозим аст. Сарбории таълимии омӯзгорон нисбатан зиёд буда, ба фаъолияти илмии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

          Дар баробари мушкилоти таҳлилшуда дар суханронии Пешвои миллат ва ислоҳи камбудиҳои мавҷуда метавон чунин мулоҳизаҳоро дар ин замина пешниҳод намуд:

  1. Ҳангоми нашри мақолаҳо дар нашрияҳои академии тақризшавандаи ба қайдгирифташуда дар КОА – и Федератсияи Русия ва Тоҷикистон баррасӣ ва тақризи мутахассисонро ба инобат бояд гирифт. Зеро вақтҳои охир дар баъзе чунин нашрияҳо мақолаҳои аз ҷиҳати илмӣ бепоя ва ба талабот ҷавобгӯ набуда нашр мешаванд.
  2. Таъсиси китобхонаҳои ихтисосии электронӣ дар назди Институтҳои АМИТ. Иҷрои корҳои ҷиддии илмӣ бидуни шиносоӣ бо дастовардҳои самтҳои гуногуни илм ғайриимкон аст.
  3. Ташкили экспедитсияҳои илмӣ оид ба самти илмҳое, ки таҳқиқу омӯзиши таърих, археология, мардумшиносӣ, фолклоршиносӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва соҳаҳои дигари фарҳанги моддӣ ва маънавии халқи тоҷик машғуланд. Ҷудо намудани маблағ барои ташкили чунин экспедитсияҳо ба институтҳое, ки ба омӯзиши масъалаҳои зикршуда машғуланд.
  4. Таҳти назорати ҷиддӣ қарор додани кори Шўроҳои диссертатсиони КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия.

       Илм таҳкимбахши маърифати миллат ва василаи рушди мамлакат мебошад. Кормадони соҳаи илм мутаккои давлат ва амалисозони сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд. Олимон рисолати бузурги миллатсозӣ ва давлатсозиро дар давраи тақдирсози мамлакат, дар шоҳроҳи Истиқлол бар дӯш дошта, таърихи давраи нави тоҷиконро  меофаранд.